Баргузории ҳамоиш зери унвони «Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ» дар Суғд

Ахбороти технологияҳо Навид

Баргузории ҳамоиш зери унвони «Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ» дар Суғд

29 апрел дар доираи Форуми ҷавонон таҳти унвони «Дарёфти роҳҳо ва абзори истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» дар Кохи фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ»  ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ҷараёни он бо ташаббуси Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аксияи тарғиботи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» доир шуда, ба иштирокчиён шумораи махсуси 70- саҳифагии рӯзнома тақдим карда шуд.

Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ маъруза намуда, нақши ҷавонон, бахусус блогеронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Дар идома сиёсатшиносону коршиносони мамлакат сухан гуфта, блогерони ҷавонро ба таблиғи дурусти манфиатҳои милливу давлатдорӣ даъват намуданд.

Чорабинии мазкур бо саволу ҷавоб ва мубоҳисаҳои блогерону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бобати истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи форуми мазкур ҷавонон аз 26 то 30 апрел аз шаҳру ноҳияҳои  Душанбе, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистони вилояти Суғд дидан намуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин ҷойҳоро тавассути саҳифаҳои худ таблиғу ташвиқ намуданд.