Интернети устувор вориди кӯҳистон мешавад
Ширкатҳои тоҷик дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар шаҳрҳо, марказҳои ноҳияҳо ва ноҳияҳои камаҳолии кӯҳистон фаъолият мекунанд. Дар бисёр мавзеъҳо пайдо кардани провайдери боэътимоди интернет душвор аст. Пас дар хусуси пайвасткунии дастрасии собити баландсуръат (ТМСБ), ки бидуни он ташкилотҳои давлатӣ кор карда наметавонанд ва пешбарии тиҷорат ғайриимкон аст, бояд ба кӣ муроҷиат намоем? Якчанд мисолро дар бораи чӣ тавр фаъолият кардани оператори имкониятҳои нави рақамӣ бо муштариёни худ шарҳ медиҳем.
Интернет барои киберварзишгарон
Пайваст кардани интернети собит дар пойтахт мушкиле нест. Танҳо гузаронидани кабели нахӣ-нурӣ ба бинои лозимӣ ё идораи муайян кифоя аст. Аммо шояд мушкилоти дигари техникӣ вуҷуд дошта бошад. Масалан, як клуби бузурги киберварзишӣ дар шаҳри Душанбе бо он ҳолат дучор омад, ки 99% каналҳои интернетӣ бо навсозии мунтазами бозиҳо банд шуданд. Қариб тамоми трафик ба ин сарф шуд, бозиҳо суст амал мекарданд ва ин ба бозигарон (геймерҳо) монеъ мешуд.
Мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, пас аз таҳлили вазъият, барои мизоҷон пешниҳоди барномавии махсусро, аз қабили трафики бозӣ ва тақсимот ба ду канали мустақил, таҳия намуданд. Дар натиҷа, раванди навгардонии барномаҳо дигар ба корбарон таъсир намерасонад. Масъалаи мушкил ҳалли худро пайдо кард ва ин ҳам дар ҳоле, ки нархи шартномаи байни клуб ва оператор басташуда бетағйир боқӣ монд.
…барои танзимгарони ҳавопаймоҳо
Технологияи M2M ( Machine-to-Machine) , ки барои мубодилаи маълумот тариқи таҷҳизот бидуни дахолати инсон мусоидат менамояд, дар автоматикунонии парвозҳои ҳавопаймоҳо истифода мешавад. Интернети боэътимод барои муайян кардани ҷойгиршавии дақиқи ҳавопаймоҳо аз ҷониби як ташкилоти давлатӣ талаб карда шуд, ки дар он лоиҳаи навсозии системаҳои назоратӣ оғоз ёфтааст. Яке аз нуқтаҳои назоратй дар деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷойгир шудааст. Аммо провайдерон натавонистанд, ки ба он ҷо ноқил гузаронанд. Кӯҳҳо хеле баланд буда, хусусиятҳои маҳал бениҳоят мураккабанд.
Роҳи ҳалро ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пешниҳод кардааст: канали интиқоли маълумот тавассути моҳвораи кайҳонӣ ташкил карда шуд. Ҳоло ин созмон дар як минтақаи баландкӯҳе, ки ҳавопаймоҳои ширкатҳои бузурги ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвоз мекунанд, аз интернети бефосила бархӯрдор аст. Шабакаи радифӣ ҳамчунин Мурғобро бо вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе мепайвандад.
…барои сокинони ноҳияҳо
Ҳалли мушкилоти муштариёни тиҷоратӣ ба алоқа дар умум таъсири судманд мерасонад. «Ба наздикӣ мо дар ноҳияи Сангвор интернети собит пайваст кардем. Корҳо дар ҳудуде, ки аз маҳалҳои аҳолинишини калон дур аст, гузаронида шуданд. Дар баробари ин, антеннаҳои алоқаи кандуӣ насб карда шуданд. Ба шарофати инфрасохтори бунёдшуда сифати тамоми хизматрасониҳо дар ин ноҳия тадриҷан беҳтар гардид», – мегӯяд Директор оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон ҒАНИЕВ.
Дастрасии собити фароҳаҷм ба интернети ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар байни ташкилотҳои давлатӣ, соҳибкорони хурду миёна ва бузурги кишварамон талаботпазир аст, зеро хизматрасонӣ маҳдудияти географӣ надорад. Ҳар як шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ метавонад муштарии корпоративии оператор гардад. Тафсилот оид ба хизматрасонии «Интернети собит» – бо телефони +992-90 200 08 77 ё бо рақами 4747 (шабонарӯзӣ кор мекунад). Дархостро барои пайвасткунӣ дар сомонаи ширкат гузошта метавонед.