Дар Душанбе хона бурд кардан хоҳӣ, дар “Чархи иқбол” иштирок намо! 

Ахбороти технологияҳо Навид

Дар Душанбе хона бурд кардан хоҳӣ, дар “Чархи иқбол” иштирок намо! 

Ширкати ZET-MOBILE анъанаи неки худро идома дода, аз оғози бозии бурдноки “Чархи иқбол” хабар медиҳад! 

Иқдом мазкур дар байни мардум шӯҳрату маҳбубияти хоса дошта, диққати иштирокчиёни зиёдеро аз тамои гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ ба худ ҷалб мекунад. Бозии бурноки  “Чархи иқбол” ба майдони мӯъҷизаҳо табдил ёфтааст.  Дар давоми се соли охир беш аз 50 нафар иштирокчиёни ин бозӣ тариқи лотореяи “Чархи иқбол” соҳиби тӯҳфаҳои қиматбаҳо аз қабили хона, мошин, техникаи маишӣ ва телефонҳои мобилӣ гаштанд.

Имсол низ ширкати ZET-MOBILE  хонаи зебои барҳавоеро дар қалби Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, 3 электромобил, 4 адад Iphone-14,  ҳамчунин 2 ноутбук, телевизор ва дигар туҳфаҳои қиматбаҳоро ба бозӣ гузоштааст. 10 нафар иштирокчиёни фаъоли иқдом соҳиби телефонҳои мобилии тамғаи SAMSUNG хоҳанд гашт.

Барои иштирок дар бозии бурдноки “Чархи иқбол” муштариёнро лозим аст, ки замимаи мобилии ZET-MOBILE-ро боргирӣ намоянд, ба рақами кӯтоҳи 2929 ва ё  USSD командаи *2929# -ро дар телефонашон бичинанд ва ID-рақам харидорӣ намоянд. Арзиши як ID ҳамагӣ 2, 5 сомонӣ мебошад. Шумо метавонед ҳар қадаре, ки мехоҳед, ID бигиред.

Фаромӯш насозед, ки ҳар қадар ID бештар бошад, ҳамон қадар имконияти бурд кардани туҳфаҳои қимматбаҳо зиёдтар мегардад!

Ёдовар мешавем, ки бозии бурдноки “Чархи иқбол” ҳамасола тариқи пахши мустақим аз телевизиони “Сафина” баргузор гашта, ғолибон бо воситаи лототрон-чархаи шафофе, ки тамоми рақамҳои иштирокчиёни бозӣ дар он ҷойгир карда шудаанд, муайян карда мешаванд. Ин кор ба он хотир карда мешавад, ки бозӣ шаффоф гузашта, натиҷаи лоторея ба ягон омили беруна вобастагӣ надошта бошад.

Соли гузашта сокини шаҳри Ваҳдат Хуршед Холматов аз бозии бурдноки “Чархи иқбол” хонаи зебою барҳавоеро дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бурд намуд. Маълум шуд, ки оилаи ғолиб дар манзили хешу таборашон зиндагӣ мекардаанд, чунки онҳо хонаи шахсии худро надоштаанд.

Хуршед Холматов ҳамагӣ 4 адад ID-ро бо нархи 2 сомонӣ харидорӣ намуда, бар ивази 8 сомонӣ соҳиби хонаи зебои замонавӣ дар яке аз биноҳои навсохти шаҳри Душанбе гашт!

«Шоме, ки пахши мустақим мерафт, мо ҳама сарҷамъ дар сари дастурхон нишаста, бо шавқ телевизор тамошо мекардем, то бубинем, ки кадом одамони хушбахт соҳиби хонаю мошин ва дигар туҳфаҳои қимматбаҳо мегашта бошанд. Вақте ки навбати бурди хона расид ва рақамҳоро як-як номбар кардан гирифтанд, ба ҳолати “шок” афтидам, чунки ададҳои рақами ID-и ман пай дар пай мувофиқ меомаданд. Боварам намеомад, ки дар ҳақиқат ин рақамҳои ман ҳасту  ғолиб омада, соҳиби хона мегардам. Вақте аз пахши мустақим ровии барнома ба ман занг зад, хурсандиам интиҳо надошт. Дар ҳақиқат бозии шаффоф будааст. Ман ба ҳамагон маслиҳат медиҳам, ки ҳатман дар лотореяи “Чархи иқбол” иштирок намуда, бахти худро бисанҷанд”-мегӯяд Хуршед Холматов, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар бозии “Чархи иқбол” ғолиб омада, соҳиби хонаи наву зебои замонавӣ дар маркази шаҳри Душанбе  гаштааст.

Хотиррасон мекунем, ки дар бозии бурдноки “Чархи иқбол” танҳо муштариёни ширкати мобилии ZET-MOBILE аз тамоми гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида метавонанд.

Лоторея то санаи  5-январи соли 2024 идома хоҳад ёфт. Ҳарчи бештар ID харадорӣ карда, имконияти бурд кардани хонаи нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе, 3 мошини электромобил ва дигар туҳфаҳои қимматбаҳоро аз даст надиҳед!

Маълумоти муфассалро дар бораи ин бозии бурднок шумо метавонед дар ссилкаи зерин пайдо кунед: https://clc.to/charhi-iqbol