Интернети ройгон аз “Вавилон-Т” дар рӯзҳои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба “Гӯштингирӣ”
Дар остонаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 то 31 август дар пойтахт нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид.
Ширкати «Вавилон-Т» ҳамаи иштирокчиён, тамошобинон ва меҳмонони чемпионатро бо Интернети баландсуръати ройгон таъмин намуд. Ин ба шарофати ҳамкорӣ бо Раёсати технология ва коммуникатсияи шаҳрдории Душанбе, Муассисаи давлатии «Шаҳри Ҳушманд (Smart citi)» ва Федератсияи «Гуштингири Тоҷикистон» имконпазир гардид..
Дар рафти мусобиқа Wi-Fi –и ройгон дар ҳудуди Қасри “Тенис”, ки дар он муҳорибаҳо сурат гирифтанд, дастрас буданд. Зиёда аз 200 варзишгар аз 63 кишвари ҷаҳон, инчунин ҳамаи меҳмононону иштирокчиён тавонистанд на танҳо муҳорибаҳои ҷолибро тамошо кунанд, балки аз дастрасии муносиб ба интернет баҳра бурданд.