Ҳисобот

Бо Фармоиши

Директори Агентии

омори назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «23» июни соли 2016 №38

тасдиқ карда шудааст

 

Дастурамал

оид ба пур намудани шаклҳои ҳисоботӣ

дар соҳаи алоқаи барқӣ

Муқаррароти умумӣ

Шаклҳои ҳисоботи молиявию оморӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бандҳои 7, 10 боби 58 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои  иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2007 №172 тасдиқ гардидааст, таҳия карда шудааст.

Дастурамали мазкур шаклҳои ҳисобҳои молиявии оморӣ ва тартиби пур кардани онҳоро (Замимаи 1) муқаррар менамояд.

Ҳисоботии молиявию омориро шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунанда новобаста аз шакли моликияташон пешниҳод менамоянд. Ҳисоботҳоро шахси пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ ва ё шахси дигари ваколатдоркардашуда пешниҳод менамояд.

Ҳисоботи зикргардида барои ҳар як намуди фаъолият (иҷозатнома) мувофиқи шаклҳои тасдиқшуда аз рӯи маълумотҳои воқеии фаъолияти ҳисоботдиҳанда ҷудогона пур карда мешавад.

Дар сурати пешниҳод накардани хизматрасонӣ сутунҳои ҳисобот, ки метавонанд пур карда шаванд, бо маълумотҳои зарурӣ пур карда шуда, дигар сутунҳо бо аломати «-» пур карда мешаванд. Инчунин якҷоя бо ҳисобот маълумотномаи асосноккунандаи ҳисобот замима мегардад.

Ҳамаи сутунҳои шаклҳои муқарраршудаи ҳисобот бояд пурра бо навиштаҷотҳо оид ба фаъолият мувофиқи намуна пур карда шуда, дар варақи андозаи А4, бо ширифти Times New Roman Tajik 1.0., на кам аз андозаи 10 пур карда шуда, бо ранги сиёҳи равшан чоп карда мешаванд.

Ҳисоботи мазкур на дертар аз санаи 10 моҳи якуми семоҳаи бадина (дар ҳар як семоҳа як маротиба) ба як сохтори дахлдори мақоми ваколатдор (раёсат, шӯъба ва ё бахш) пешниҳод карда мешаванд.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки зиёда аз як адад иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ гирифтаанд, сутуни “Шумораи кормандон”-ро (ба ду зерсутуни “аз рӯи басти корӣ” ва “ба тарзи шартномавӣ” тақсим мешавад) танҳо дар яке