Хадамоти алоқа натиҷаи фаъолиятҳои худро дар соли 2023 ҷамъбаст кард
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии солона оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур бо иштироки Зайнуддин Авазхон Ҷамъамурод, сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Илҳомҷон Атоев, муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳо ва дастовардҳои соҳаи алоқаи барқӣ дар соли 2023 таҳти муҳокимронӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои соли 2024 муайян карда шуданд.
Дар ҷаласаи ҷаласаи ҷамъбастии солона оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар соли 2023 сардорони сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳои Хадамот ва ҳамчунин сардорону муҳосибони соҳаи алоқаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи марказ ба таври фосилавӣ ширкат варзиданд.
Илҳомҷон Атоев, муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти алоқа дар соли 2023 ҳисобот дода, дар идома оид ба мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳи ҳалли онҳо масъулагузорӣ карда шуд.