Хадамоти алоқа: Истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол азнавбақайдгириро нагузаштаанд, беш аз 2 миллион нафаранд

Хабарҳои Хадамот

Хадамоти алоқа: Истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол азнавбақайдгириро нагузаштаанд, беш аз 2 миллион нафаранд

«Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо операторони  алоқаи мобилӣ то имрӯз чорабиниҳои азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро бо шиносномаи  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 5 миллиону 416 ҳазору 345 адад ба қайд гирифтаанд», иброз намуд муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» барои аз нав ба қайд гирифтани SIM-кортҳои  алоқаи мобилӣ дар асоси шиносномаи  ID намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2022 ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро аз нав ба қайд гиранд.

Мавсуф афзуд, ки айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштаанд, 2 миллиону 412 ҳазору 465 ададро ташкил медиҳад.

Инчунин дар  нишаст зикр шуд, ки  мутобиқи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии корхонаҳои зерсохтории Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ, дар ин давра аз рӯи ҳисоботи пешакӣ даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа 3,1 миллиард сомониро ташкил намуд.

«Ҳоло барқарорсозии шабакаи ҳукумати электронӣ миёни вазорату идораҳои давлатӣ идома дошта, 51 вазорату идораҳои ба шабакаи мазкур пайваст барои роҳандозии сегменти якум, яъне миёни  шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор меандешанд»,-гуфт муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев.