ГУЗАРИШ БА ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ – ЗАМИНАИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ КОРГУЗОРӢ

Ахбороти технологияҳо Навид ТИК

ГУЗАРИШ БА ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ – ЗАМИНАИ АСОСИИ ТАШАККУЛИ КОРГУЗОРӢ

Коргузорӣ – фаъолият доир ба сохтани ҳуҷҷатҳо мутобиқ ба стандартҳои давлатӣ ва ташкили кор бо онҳо (фароҳам овардани шароит барои ҳаракат, ҷустуҷӯ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо) мебошад.

Ташкили дурусти коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ яке аз унсурҳои муҳимми таъмини самаранокии фаъолияти онҳо мебошад. Аввал, ин ки идоракунии муваффақ, баланд бардоштани сатҳи ташкили хизматрасонӣ ва ҳалли масъалаҳо дар сатҳи мақомотҳои давлатӣ аз бисёр ҷиҳат дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ вобаста мебошад. Дуюм, иҷрои функсияҳои давлатии ба мақомоти давлатӣ додашуда ва пешниҳоди ҳисобот аз рӯи онҳо, ҳамкории самаранок ба мақомотҳои давлатӣ, иҷрои босифат, ботартиб ва барасмиятдарории хуҷҷатҳоро талаб мекунад. Сеюм, ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ, мақомоти давлатӣ қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии худи мақоми давлатиро ба роҳбарӣ мегиранд. Таҳия, қабул ва иҷрои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии маҳаллӣ, инчунин бо ташкили дурусти таъиноти ҳуҷҷати мақомоти давлатӣ вобаста мебошад.

Аҳамияти бо ҳуҷҷатҳо таъмин намудани идоракунӣ дар ҳамбастагӣ ба инкишофи ҷамъият, алоқаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ , фарҳангӣ, иҷтимоии он, зиёд шудани ҳаҷмҳои иттилоотии ҳуҷҷатӣ пайваста меафзояд.

Тараққиёти техникаи электронии ҳисоббарор ва ҷорӣ намудани системаҳои автоматонидашудаи идоракунӣ ба якрангӣ овардани ҳуҷҷатҳоро ҳам аз рӯи шакл ва ҳам аз рӯи мунтазамии дар онҳо ҷой гардонидани ахборотро тақозо намуд. Бинобар ин зарурати кор карда баромадани системаҳои якрангкардашудаи ҳуҷҷатҳо, яъне системаҳои ҳуҷҷатҳои аз рӯи қоидаҳо ва талаботҳои ягона офаридашуда, барои идоракунии соҳаи муайяни фаъолият ба миён омад. Дар айни замон 20 системаи якрангкардашудаи ҳуҷҷатҳо амал мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳуҷҷати электронӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияте, ки дар онҳо воситаҳои барномавӣ ва техникӣ барои тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот заруранд, истифода шуда метавонад.

Маҳдудият дар истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда метавонад. Ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути ҳамаи воситаҳои алоқа, аз ҷумла системаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ, агар ин ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад, фиристода мешаванд.

Иттилоонӣ имрӯз, дар баробари он, ки босамар ва зарур аст, балки раванди ногузир, зуҳуроти ҳатмии глобализатсия аст ва аз ин сабаб паҳлӯҳое низ дорад, ки донистану огоҳ будан аз он шарти зарурии таъмини амнияти иттилоотист.

  1. Иттилоотонӣ барои боз ҳам чуқуртар шудани тафовути байни давлатҳои мутараққӣ ва давлатҳои дар зинаи гузариш қарордошта, мусоидат менамояд.
  2. Иттилоотонӣ ба муттаҳидсозии гурӯҳҳои мухталифи одамон аз давлатҳои гуногун ва ташкили “иттиҳодияҳои иттилоотӣ” оварда мерасонад. Ин иттиҳодия, ки ба ягон давлат мансуб нест, дар баъзе мавридҳо метавонад ҳамчун қуввае зуҳур ёбад ва вобаста аз сохтору ҳадафҳои дохилии худ алайҳи ягон давлат ё гурӯҳи давлатҳо истифода шавад.

Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) хусусиятҳои тарҳрезӣ ва ҳимояи фазои иттилоотии кишварро дар шароити экспансияи иттилоотӣ ва маҳдудияти таъмини самаранокии сиёсати давлатии иттилоотӣ махсус қайд ва муайян кардааст. Дар он махсус қайд шудааст, ки хусусиятҳои ҷамъияти иттилоотии ҷаҳонӣ ба назар гирифта шуда, сиёсати давлатии иттилоотӣ вобаста аз он амалӣ карда мешавад.

Донистани масъалаҳои ҳуҷҷатноккунонии муосири фаъолияти идоракунӣ ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ имкон медиҳад, ки диққати асосӣ ба хизматрасонии босифат ва ҳалли мушкилот дар сатҳи маҳал равона гардад.

Ҳуҷҷат – ин маҳсули усули бо тарзҳои гуногун дар маводи махсус сабт намудани иттилоот дар бораи факту амалҳо ва падидаҳои воқеӣ ва фаъолияти боақлонаи инсон мебошад.

Ҳамин тавр, таъмини автоматикунонии ҳуҷҷатии идоракунӣ (коргузорӣ) қисми муҳимтарин ва ҷудонашавандаи низоми фаъолияти мақомоти маҳаллӣ мебошад. Мақсади асосии таъмини автоматикуонии ҳуҷҷати идоракунӣ ин танзими гардиши ҳуҷҷатҳо, кам кардани миқдор ва баланд бардоштани сифати ҳуҷҷатҳо, фароҳам овардани шароит барои истифодаи самараноки воситаҳои техникӣ, пешрафта ва технологияи ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоот, такмили кори дастгоҳи идоракунӣ мебошад.

Мирсабур АБДУЛЛОЕВ