Форуми байналмилалии «Ифтитоҳи шабакаҳои насли ояндаи алоқаи мобилӣ» оғоз шуд

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

Форуми байналмилалии «Ифтитоҳи шабакаҳои насли ояндаи алоқаи мобилӣ» оғоз шуд

Дар пойтахти мамлакат Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Ифтитоҳи шабакаҳои насли ояндаи алоқаи мобилӣ» ба кори худ оғоз гардида, то 20 октябр идома хоҳад ёфт.

Ин чорабинӣ аз ҷониби оператори мобилии ZET-MOBILE дар якҷоягӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳӣ шудааст. Ин ҳамоиши муҳим ба ҷашни Қарори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани сифат ва дастрасии интернети мобилӣ, инчунин яке аз технологияҳои муосир ва инноватсионии замони муосир – насли алоқаи мобилии оянда, бахшида шудааст.

Яке аз самтҳои асосии форум омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар роҳандозии шабакаи 5G хоҳад буд. Коршиносони ҷаҳонӣ аз таҷрибаи худ хоҳанд гуфт ва ин таҷрибаи пешқадам ба иштирокчиёни тоҷик имкон медиҳанд, донишҳои худро дар шароити маҳаллӣ татбиқ намоянд.

Дар ин чорабинӣ коршиносони варзида аз хориҷи кишвар маърӯзачиён хоҳанд намуд.

Ҳадафҳои омӯзиш аз шиносоии ширкаткунандагон бо технологияҳо ва консепсияҳои асосии 5G, муайян кардани фарқиятҳои калидӣ байни 5G ва наслҳои қаблии технологияи мобилӣ, омӯхтани таҷрибаҳои ҷаҳонӣ барои роҳандозии шабакаҳои 5G ва омӯхтани роҳҳое, ки ҳукуматҳо ва танзимгарон метавонанд ба суръатбахшии қабули 5G кӯмак расонанд, иборат аст.

Ин форум барои муайян кардани иқтидори технологияҳои нав барои тиҷорат ва ҷомеа пешбинӣ шудааст. Чорабинии мазкур як қадами муҳим дар рушди алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон буда, ба кишвари мо барои пешсафӣ барои баҳрабардорӣ аз рушди технологияи мобилӣ кӯмак хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Форум бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони маҳаллии соҳаи телекоммуникатсия, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, намояндагони донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ низ мизҳои мудаввар ташкил карда мешаванд, ки барои табодули дониш ва тачриба муҳиманд.

Ёдовар мешавем, ки Ширкати мобилии ZET-MOBILE дар соли 2021 расман 5G-и мукаммалро ба истифодаи тиҷоратӣ оғоз намуд. Алоқаҳои насли панҷум ҳоло дар масири протоколӣ дар шаҳри Душанбе, дар наздикии Барқи тоҷик, дар маркази Хуҷанд ва ҳамчунин дар маркази шаҳри Бохтар дастрасанд.

Барои пайваст шудан ба шабакаи 5G ба корбарон лозим нест, ки сим-кортро иваз кунанд ё танзимоти иловагиро пайваст кунанд. Агар смартфон 5G-ро дастгирӣ кунад, муштарӣ бояд барои сабти ном ба офисҳои хидматрасонӣ муроҷиат кунад.