FINTECH, QR, SUPER APP: ДОНИШҶӮЁНИ ХУҶАНД ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МОЛИЯВИИ РАҚАМИРО АЗ ХУД КАРДАНД
Зиёда аз 40 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар як машғулияти ғайриоддӣ иштирок карданд: бо мусоидати коршиносони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» онҳо тарзи истифодаи fintech-хизматрасониҳоро омӯхтанд.
Соҳаи молия ба мисли тамоми иқтисодиёти кишвар вориди даври рақамикунонӣ шудааст, аз ин рӯ, мавзӯи машғулият таваҷҷӯҳи нисбатан бештари донишҷӯёни ДДҲБСТ-ро ҷалб намуд. Онҳо доир ба он, ки кадом намуди хиизматрасониҳо ва харидҳоро айни замон метавон тариқи онлайн пардохт намуд, маълумот пайдо намуданд, бо принсипҳои кори технологияҳое, ки дар рушди бахши fintech истифода мешаванд, шинос шуданд. Бахусус, намояндагони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар бораи он, ки ҳангоми аз тарафи харидор бо телефон истифода бурдани QR-рамз дар хазинаи супермаркет чӣ ҳолат ба амал меояд, маълумоти муфассал доданд.
Донишҷӯёнро махсусан моли таҳиякардаи худи оператор – “МегаФон Life” ҷалб намуд. Аз рӯи маҷмӯи функсияҳо ин замимаи оддӣ не, балки Super App мебошад, зеро он ба шумо имкон медиҳад, ки ҳаррӯза даҳҳо вазифаҳои гуногунро ҳал кунед – аз интиқоли маблағ то харидани чиптаҳои ҳавопаймо.
“Ман дар бораи системаи пардохти холҳо ҳангоми анҷоми пардохт тавассути “Ҳамён” бисёр чизҳоро фаҳмидам. Бо баъзе функсияҳои алоҳида бошад, бори аввал шинос шудам, зеро онҳо танҳо ба наздикӣ дар замима пайдо шуданд. Ҳатман онро бештар истифода хоҳам кард, он қулай аст”, – мегӯяд донишҷӯ Икром.
«Мулоқот хеле пурсамар ва пурмазмун гузашт. Умедворем, ки чунин машғулиятҳо минбаъд зуд-зуд баргузор хоҳанд шуд, зеро онҳо ба донишҷӯён дар зудтар аз худ кардани технологияҳои пешқадам мусоидат мекунанд», – изҳор дошт Шӯҳратҷон Исмоилов, мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт.
«Мо донишҷӯёни факултети инноватсияҳои технологӣ ва баҳисобгирии муҳосибиро ба машғулият даъват кардем. Баъзеҳо бояд хизматрасониҳои нави финтехро таҳия ва татбиқ кунанд, дигарон бояд онҳоро дар ҳисобҳо истифода баранд. Қобилияти истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ ба онҳо дар ҳаёти шахсӣ муфид хоҳад буд, аммо чизи асосӣ ин аст, ки машғулият ба рушди касбии донишҷӯёни Хуҷанд мусоидат менамояд” – зикр намуд Раҳматҷон Раҳматов, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд.
Машғулият дар ДДҲБСТ дар силсилаи чорабиниҳои шабеҳ аввалин чорабинӣ буд. Кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ният доранд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон вохӯриҳои муфид доир намоянд.