Навид Хабарҳои расмӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои истиқоматии 5-ошёнаро, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконияти маишии он шинос шуданд.Бинои мазкур дорои хонаҳои истиқоматии 1 ва 2-ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмуъ аз 25 ҳуҷра иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои навро ба соҳибонашон супорида, онҳоро ба ин муносибат таҳният гуфтанд.

Масоҳати умумии замини иншоот 8 садяк заминро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2019 оғоз ёфта буданд. Бо дарназардошти баландошёна будани бино дар он лифти замонавӣ насб шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат нисбат ба шахсони маъюб дар бинои мазкур ба як оилаи ниёзманд хонаи истиқоматӣ ҳадя гардид.

Таъкид шуд, ки минбаъд ҳам ғамхориву расонидани кумак ба табақаи эҳтиёҷманд идома ёфта, тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, то онҳо танқисӣ накашанд.

Дар хонаҳои бинои баландошёна барои зиндагии шоиста имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рӯзгор пурра таъмин буда, дохили ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.

Бинои истиқоматӣ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, бо сифат ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.

Хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва кормандони идораву ташкилоти дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъа фаъолиятдошта, ки ба хонаи истиқоматӣ ниёз доштанд, тақдим гардид.

Барои чунин дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ соҳибони хуштолеи хонаҳои хуштарҳу зебо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар партави чунин ғамхориҳо, баҳри иҷрои рисолати бардӯшдошта дар самти таъмини рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат содиқона фаъолият менамоянд.

Лозим ба таъкид аст, ки барои баланд бардоштани сифати зиндагии кормандони касбу кори гуногун ва фароҳам намудани имконияти фаъолият ба онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин робита дар саросари мамлакат ҳамасола чунин биноҳои замонавӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ бунёду ба истифода дода мешаванд.