Фарҳанги интернетӣ – яке аз василаҳои муассири мубориза бо ифротгароию терроризм
Фарҳанги интернетӣ (Интернет-культура) то ҳадде истилоҳи нав дар адабиёти илмӣ аст. Ин истилоҳ замоне пайдо шуд, ки дар шабакаи глабалии Интернет шаклҳои нави фарҳанг ва таҳвили онҳо ба ҳаёти мо арзи ҳастӣ намуд. Маҷмуи ин шаклҳо фарҳанги интернетиро ифода мекунанд. То ҳол маъмулан фарҳанги истифода интернет бештар мавриди корбурд қарор мегирад. Фарҳанги истифодаи Интернет ҷузъе аз фарҳангӣ интернетӣ аст.
Бинобар маъруфияти зудҳангому бошиддати интернет, афзоиши бемайлони корбарони он ва таъсиргузории интренет ба тамоми ҷанбаҳои башарӣ ва ҷомеаҳо, дарки дуруст аз фарҳанги интернетӣ аҳамияти бештареро касб мекунад. Имрӯз фарҳанги интернетӣ ҷанбаҳои зиёде, монанди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, равониро фаро гирифтааст. Дар ҳама маврид истифодаи дурусту бомавриди Интернет метавонад манфиатовар барои ҳар шахс ва ҷомеаву давлатҳо бошад.
Минбаъд ба тартиб паҳлуҳои гуногуни фарҳанги интернетиро барои корбарони ҷомеа шарҳ хоҳем дод ва масъулияти Хадамоти алоқаро ҳам доир ба таҳким бахшидани ҳар ҷанбаи фарҳанги интернетӣ баён менамоем. Дар ин матлаб ба яке аз падидаҳои манфие мепардозем, ки маҳз бо оммавият Интернет оқибатҳои зараровари он беш аз пеш афзудааст.
Падид омадани Интернет ба сифати василаи муосиртарини иротиботи оммавӣ ва пахши ахбор ҷангҳои равониро шиддат бахшида, доираҳои манфиатдор аз он чун воситаи расидан ба ҳадафҳои хеш истифода менамоянд. Ҳадафҳо метавонанд гуногун бошанд, вале мутаассифона дар бештарин маврид ин ҳадафҳо бисёр шум ва ғайриинсонию зиддибашарианд. Махсусан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ ба абзори таблиғоту мағзшӯӣ табдил ёфтани Интерент масъалаи ниҳоят муҳим аст, ки ба ҷомеаи башарӣ таҳдиди воқеӣ ба шумор меравад. Ин гуна таҳдиди ошкоро ба ҷомеаи мо низ амиқан мушоҳида мешавад.
Бинобар ин, аз тамоми корбарони сегменти тоҷикии Интернет эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, то ҳангоми истифода аз манбаъҳои интернетӣ ба ин масъала огоҳона муносибат намоянд. Аз ҷониби сохторҳои интизомии кишвар веб-сайтҳо ва саҳифаҳои тарғибкунандаи мафкураи террористӣ тартиб дода шудааст. Ин рӯйхат дар ВАО ба такрор чоп шудааст, вале шаҳрвандон набояд фаромӯш кунанд, ки рӯйхати мазкур ниҳоӣ нест, зеро ин гуна саҳифаҳои тахрибкор ба шиддат зиёд мешаванд. Ҳарчанд Хадамоти алоқа низ дар доираи салоҳияти худ талош мекунад, ки саҳифаҳои мамнуъ ва тахрибкорро дар ҳудуди кишвар маҳдуд намояд, вале аккаунту саҳифаҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозшуда танҳо аз тарафи мудирони ҳамон шабакаи иҷтимоӣ баста мешавад. Аз нигоҳи дигар шумораи сомонаву саҳифаҳои хусусияти ифротию террористидошта рӯзафзунанд. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки бо анбуҳи иттилооти ғаразолуду зидди манфиатҳои миллии мо ҳадафмандона гузошта мешаванд.
Аз ин рӯ, корбаронро зарур аст, ки дар муносибат бо Интернет аз нусхагирӣ, паҳн кардан ва вокуниш нишон додан ба ҳар гуна маводи интернетӣ эҳтиёкор бошанд. Дар ин ҳолат моро лозим меояд, ки огоҳӣ аз назокати техникии Интернет ва маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ дошта бошем. Огоҳу ногоҳ вуруд ба саҳифаҳои мамнуъ дар Интернет паёмади ҳуқуқӣ дорад, зеро надонистан моро аз ҷавобгарӣ назди қонун истисно намекунад.
Дар баробар ин, мо масъулият дорем, ки натанҳо худро аз паёмадҳои манфии Интернет дур нигоҳ дорем, балки бо ин падидаҳои нангину харобиовар муборизаи беамон барем, то сирояти ин “вабо” дар ҷомеа коҳиш ёбад. Ба ин васила ба боло рафтани ин паҳлуи фарҳанги интернетии ҷомеа муосидат намоем.