Дониш одамонро ба ҳам наздик мекунад: сокинони НТМ оператори алоқаи худро хубтар мефаҳманд
Ман зуд-зуд ба ширкат муроҷиат намуда, фикр мекардам, ки чаро баъзан пешниҳоди ҷавоб якчанд дақиқа вақт мегирад? Акнун ман фаҳмидам, ки тамоми система чӣ гуна кор мекунад ва ба оператор ҳар рӯз чанд ҳазор муроҷиат ворид мегардад. Дигар хавотир намешавам, ки каме интизор шудам”, – мегӯяд муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Соҳиб Раҳматов.
Соҳиб ягона сокини НТМ нест, ки дар мулоқот бо роҳбарияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бозёфтҳои хурде кардааст. Муштариёни фаъол аз шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Турсунзода ва Шаҳринав аз фурсат истифода бурда, бо кори оператор шинос шуданд. Ба онҳо гуфта шуд, ки хадамоти мизоҷон ва шабакаи мобилии ширкат чӣ гуна кор мекунанд ва муҳимтар аз ҳама, чаро ҳеҷ як муроҷиати мизоҷ бе назорат намемонад.
Чуноне таҷрибаи муошират бо муштариён нишон медиҳад, на ҳама хуб дарк мекунанд, ки кори мутахассисони алоқа чй гуна аст. Вохӯрӣ бо роҳбарият ва кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба мо имкон дод, ки ба матлаби сифати муошират ва хизматрасонӣ ба мизоҷон ба таври нав нигоҳ кунем.
«Шояд ягон ширкат дар кишвар чунин вохӯриҳо байни роҳбарият ва мизоҷон ташкил накунад. Имрӯз хамаи таклифҳои мо шунида шуданд. Ман чанд сол боз аз хизматрасониҳои ширкати “Мегафон Тоҷикистон” истифода мебарам. Хушҳолам, ки агар камбудӣ бошад, ширкат онро дарҳол бартараф мекунад”, — мегӯяд Фируза Ҳасанова.
«Сабабҳо барои занг вуҷуд доранд, аммо дар маҷмӯъ ба ман алоқаи оператор писанд аст. Ман ҳар рӯз бо фарзандонам, ки дар Русия истиқомат доранд, суҳбат мекунам. Дар мулоқоти имрӯза ман ба ҳамаи саволҳоям ҷавоб гирифтам, ташаккур!” — илова кард сокини шаҳри Вахдат – Ҳайдар Назаров.
Дар муколама бо мизоҷон кормандони якчанд зерсохтор, аз ҷумла департаментҳои техникӣ ва тиҷоратӣ, намояндагони маркетинг, Хадамоти мизоҷон ва департаменти ҳайати кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон», иштирок намуданд.
«Таклифҳо, хоҳишҳо ва шикоятҳои муштариён ба мо кӯмак мекунанд, ки корҳоро оид ба такмили минбаъдаи хизматрасонӣ ва сифати алоқа ба нақша гирем. Муштариён беҳтарин ёварони мо ҳастанд, санҷиши нақшавии шабака дар ин ё он ҷо ҳар рӯз гузаронида намешавад ва муштариён дар бораи мушкилот фавран хабар медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки чораҳо ба зудӣ андешида шаванд ва истифодабарандагони хизматрасониҳои мо аз сифати онҳо қаноатманд бошанд. Дар маҷлис ҳамаи дархостҳо қайд гардида, ба назар гирифта шуданд. Ташаккур ба муштариён барои фаъолнокӣ ва тафоҳуми онҳо! » – иброз дошт директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон » дар ш. Душанбе ва НТМ Далер Наимов.
Мулоқотҳои ҳайати роҳбарикунандаи ширкат бо муштариён мувофиқи навбат дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон идома меёбанд.