Деҳаи Равмеди водии Бартанг бо алоқаи мобилӣ таъмин гардид
Аз ҷониби ширкати ширкати Tcell деҳаи дурдасти Равмеди водии Бартанг воқеъ дар ноҳияи Рушони ВМКБ аз тариқи моҳвора бо алоқаи мобилӣ таъмин гардид.

Қаблан сокинони маҳаллӣ маҷбур мешуданд, ки бештар аз 20 километр масофаро тай кунанд, дар аксари мавридҳо пиёда рафта, бо наздикон тамос мегирифтанд. Сар додани алоқаи моҳвораӣ ба таъмини дастрасии устувори интернет дар гӯшаҳои дурдаст ва дастнорас мусоидат мекунад.
Ифтитоҳи алоқаи моҳвораӣ дар як минтақаи дурдаст на танҳо сифати алоқаро барои сокинон беҳтар мекунад, балки фарогирии иҷтимоӣ ва дастрасии иттилоотро низ беҳтар мекунад. Ин махсусан дар ҷаҳони имрӯза муҳим аст, ки дар он робита калиди рушди шахсӣ ва касбӣ мебошад.
Ин иқдом дар доираи Нақша-чорабиниҳо барои амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли равон ва супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2023 амалӣ шуда, зери назорати бевоситаи Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа сурат гирифт.