Дар майдонҳои “MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо” шуморо чӣ интизор аст

Навид

Дар майдонҳои “MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо” шуморо чӣ интизор аст

1 сентябр Майдони марказии шаҳри Душанбе ба маконе табдил меёбад, ки дар он варзиш, дилхушиҳо ва технологияҳои баланд муттаҳид мешаванд. “MegaFon Football Day” туҳфае хоҳад буд, ки ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бахшида ба зодрӯзи худ ба сокинон ҳадя мекунад. Дар бораи барномаи чорабинии бошукӯҳ, ки дар он метавон бо бозингарони мунтахаби миллӣ муошират намуда, бозии ғайриоддии футбол ба он хотимаи рангин мебахшад, маълумот медиҳем.

Макони аксгирӣ

Дар назди даромадгоҳ дар пеши маконҳои рангини аксгирӣ таваққуф намоед. Дар ин ҷо метавонед бо наздикону дӯстон аксҳои зебо гиред. Усули беҳтарин барои ба даст овардани лайкҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз дигарон мебошад!

Караоке

Сурудхониро дӯст медоред? Пас ҳангоми гузаштан аз назди караоке бетаваҷҷуҳ набошед, худро ситораи эстрада эҳсос намоед! Барои овозхонҳо – эътирофи тамошобинон, кафкӯбиҳо ва туҳфаҳои дилписанд.

Майдон барои кӯдакон

Хурдтарин меҳмононро бозиҳо, озмунҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ интизоранд. Волидон метавонанд аз тамоми майдонҳо дидан намоянд, дар ҳоле ки кӯдакон таҳти назорати соҳибкасбон вақтро хуш мегузаронанд.

Майдони варзишӣ

Эстафетаҳои оилавӣ, бозии моҳирона бо тӯб, машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба футбол – маҳорати худро нишон диҳед!

Майдони шарикон

Дар озмунҳои шарикони чорабинӣ иштирок намуда, соҳиби туҳфаҳои арзишманд гардед ва дар бораи навгониҳои брендҳои пешқадам маълумот гиред.

Фудкорт

Гурусна мондед? Истироҳат намоед ва нерӯ гиред – барои шумо таомҳо ва нӯшокиҳои болаззат аз беҳтарин тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳои шаҳр омода карда шудаанд.

Макони варзиши кибернетикӣ бо “Интернет барои хона”

Дар мусобиқаҳо иштирок намуда, бо дӯстон рақобат намоед ва суръати баланди “Интернет барои хона”-ро, ки ҷиҳати бозии бемаҳдуд имкон медиҳад, бисанҷед. Дар худи ҳамин майдон – машғулиятҳои омӯзишӣ оид ба танзимкунии шабака ва озмунҳо баргузор мегарданд, ки дар онҳо метавонед сертификат барои пайвасткунии ройгони тарофаи “Интернет барои хона” бурд намоед.

Майдони “МегаФон Тоҷикистон” ва макони мухлисон

Барои вохӯрдан бо бозингарони мунтахаби миллии Тоҷикистон Шервони Мабатшоев, Эхсон Панджшанбе ва Табрез Исломов ва гирифтани соядасти онҳо беҳтарин имконият аст. Дар вақти дигар дар майдон машғулиятҳои омӯзишӣ, озмунҳо ва баромади ҳунармандони тоҷик баргузор мегарданд.

Саҳнаи асосӣ

Дар давоми чорабинӣ дар саҳна Абдулвалӣ Соҳибов ҳамчун ровӣ баромад карда, мусиқии оташини дидҷей Emre Jan садо медиҳад. Соати 18:00 бошад фурсати тамошои ҳунарнамоии маликаи саҳнаи эстрадаи тоҷик – Зулайхоро аз даст надиҳед!

Майдони варзишгоҳ

Дар ин ҷо соати 19:00 рӯйдоди муҳими рӯз оғоз меёбад: футболбозони маъруфи мунтахаби миллӣ, аз қабили Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев бо ситораҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва шоу-бизнес ба рақобат мепардозанд. Даври ниҳоии зебое, ки муддати тӯлонӣ дар хотир мемонад!

Даромад ба “MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо” ройгон аст. Бо аҳли оила биёед ва як рӯзи хотирмонро ҳамроҳ бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гузаронед!

Шарики кулли иттилоотии фестивали “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо” – АМИТ “Ховар”.

Шарики расмии иттилоотии фестивал – Pressa.tj.

Шарикони иттилоотии фестивал – ТВ-Тоҷикистон, ТВ-Ҷаҳоннамо, Love Radio TJ, Sputnik Тоҷикистон.