Чат-боти “Доно” бо мурур ҷои мушовирони «МегаФон Life»-ро мегирад
Истифодабарандагони замимаи «МегаФон Life» ба технологияҳои навтарин барои мустақилона идора кардани хизматрасониҳо ва гирифтани маълумоти муҳим дастрасӣ пайдо намуданд. Бо намунаи нави чатботи оператор – Dono AI шинос шавед!
Бо ёвари ҳушёри онлайн, муштариён метавонанд ба зудӣ тавозуни худро бисанҷанд, холҳои бонусиро дар доираи барномаи «Раҳмат» ба хизматрасониҳои лозимии алоқа иваз кунанд ва интернетро фаъол намоянд. Ивазкунии тарофа, пайваст ва қатъ намудани хизматрасониҳо «бо як пахш» анҷом меёбад. Барои ин, танҳо бо Dono AI дар замимаи «МегаФон Life» ё дар сомонаи расмии оператор тамос гирифтан кофист.
Оё Dono AI-ро дар «МегаФон Life» пайдо накардед? Замимаро нав кунед! Замимаро аз суроғаи боргирӣ карда метавонед. Ё дар замима паёмҳои операторро дар зери тасвири “зангӯла” бубинед, шояд суроға бо пешниҳоди навкунии «МегаФон Life» аллакай ба шумо фиристода шуда бошад.
Муҳим он аст, ки ба шарофати технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) чатбот пайваста махзани дониши худро васеъ карда, барои муштариён боз ҳам муфидтар мешавад. Агар ӯ ба ҳар сурат дар ҷавоб додан мушкилӣ кашад, он гоҳ ба таври автоматӣ кормандони Хадамоти мизоҷони оператор ба суҳбат ҳамроҳ мешаванд. Дар баробари муроҷиат ба чатбот, корбарон аз навгониҳои дигар низ бархӯрдор мегарданд. Машваратҳои онлайн ҳарчи бештар тарҳи муносиби замонавӣ ва имкониятҳои қулай ҷиҳати худхизматрасонӣ пайдо менамоянд. Функсияҳои иловагӣ роҳандозӣ мегарданд. Масалан, ҳангоми пахши тугмае, ки шумораи паёмҳои нохондаро нишон медиҳад, корбар метавонад ба оғози суҳбат гузарад.
Ҷузъи нави Nuxt 3, ки аз ҷониби таҳиякунандагон барои сохтани Dono AI истифода шудааст, барои муштариён низ қулайтар мебошад. Ҳоло коркарди маълумот на дар ҷониби муштарӣ, балки дар сервери ширкати “МегаФон Тоҷикистон” сурат мегирад. Ин маънои онро дорад, ки муштариён ҳатто дар минтақаҳои ноустувори қабули мавҷ, масалан, дар кӯҳҳои баланд ба саволҳои худ ҷавоб пайдо карда метавонанд.
Бо Dono AI дар «МегаФон Life» муошират карда, афзалиятҳои технологияҳои нави рақамиро баҳо диҳед!