Чӣ гуна метавон ба таври фосилавӣ бе асабоният кор кард?
“Кори фосилавӣ” – ин хеле қулай аст, ширкат низ барои идора маблағҳои зиёдатӣ сарф намекунад. Барои ҳамин ин тарзи кор айни замон тренди устуворест, ки корфармоён дастгирӣ менамоянд. Пас барои кори фосилавӣ чӣ лозим аст ва кадом воситаҳо имкон медиҳанд, ки корманд дар хона ҳам худро чун дар корхонаи таҷҳизонидашуда қулай эҳсос менамояд.
Интернети боэътимод
Боэътимод – яъне устувор, бемаҳдуд ва босуръат. Ба ҳамаи ин талабот дастрасии ноқилие, ки айни замон операторони мобилӣ низ пешниҳод менамоянд, ҷавобгӯ мебошад. Масалан, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дорои силсилаи тарофаҳои “Барои хона” мебошад, ки пайвасткунии он дар бисёри ноҳияҳои пойтахт дастрас аст (дар ҳоле, ки бисёри провайдерҳои анъанавӣ чунин имкониятро надоранд). Барои кори фосилавӣ трофаи босуръаттарини силсилаи мазкур – “Барои хона 10 Мбит/с” мувофиқ меояд.
Параметрҳои он чунинанд: дастрасӣ ба манбаъҳои берунии интернетӣ бо суръати 10 Мбит/с, ба манбаъҳои дар ҳудуди домении tj қарордошта бо суръати 100/с ва 20 Мбит/с барои шабакаҳои иҷтимоӣ. Шабона, аз соати 00:00 то 06:59 бошад, истифодабарандагон бо суръати 30 Мбит/c кор карда метавонанд, чунин имконият дар сурати қарор доштани фармоишгарони Шумо дар минтақаи дигари соат хеле қулай аст. Тарофа имкон медиҳад, ки ҳатто файлҳои вазнин фиристода шуда, конфронсҳои видеоӣ баргузор карда шаванд. Арзиш – 280 сомонӣ дар як моҳ. Барои “корманди фосилавӣ” чунин шароит ниҳоят қулай аст. Ҳангоми мавҷуд будани имконияти техникӣ “Интернет барои хона” баъди гузоштани дархост бо рақами 4747 ё дар сомонаи home.megafon.tj дар давоми шабонарӯз пайваст карда мешавад.
Мехоҳед, ки суръати интернет боз ҳам тезтар шавад? Барои ин “турбо-тугма” мавҷуд аст ва он имкон медиҳад, ки ба суръати дастрасӣ то 40 Мбит/c илова карда шавад. Видео дар вақти конфронс аниқ ба монеае дучор намешавад! Муфассалтар дар бораи “Бастаҳои Турбо” бо суроғаи.
Алоқаи конфронсӣ бо ҳамкорон ва шарикон
Зангҳои оддӣ дар ҳоле ба кор меоянд, ки агар ҳамсӯҳбати Шумо як нафар бошад. Вақте муҳокимаи масъалаҳои корӣ бо теъдоди зиёдтари одамон лозим меояд, ташкили чати гурӯҳӣ ё алоқаи коллективии видеоӣ бештар мувофиқи мақсад мебошад. Воситаи қулай – “MegaFon Meet” бо имконияти ташкили ташкили ҳуҷраҳои виртуалӣ барои вохӯриҳо бо ҳамкорону шарикон маҳсуб меёбад. Ин восита имкон медиҳад, ки рафти конфронс сабт карда шуда, сифати видео низ, масалан, бо мақсади намоиши ҳуҷҷатҳо ва нақшаву муаррифиҳо танзим карда шавад.
Ҳар як муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон дорад, ки тавассути “MegaFon Meet” ҳуҷраро барои конфронси видеоӣ ташкил намояд. Барои пайвасткунӣ кофист, ки дар смартфон дархости *525#-ро рақамчинӣ кунед, баъди он аз тавозун маблағ гирифта мешавад. Он 5 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Сипас Шуморо зарур аст, ки ба суроғаи https://megameet.megafon.tj/%20 гузашта, бо дохилкунии рақами телефон худро ба қайд гиред. Дар ҷавоб рамзи нодир барои воридшавӣ ба “MegaFon Meet” ворид мегардад. Пас аз ин дар равзанаи ташкили ҳуҷра лозим аст, ки номи худ ва номи вохӯриро ворид кунед. Соҳиби рақам ба таври автоматӣ модератор мешавад ва пурра ҷараёнро идора менамояд. Барои даъвати иштирокчиён бояд занги видеоӣ анҷом дода шуда, суроғаи нодир нусхабардорӣ карда, ба шахсони лозимӣ фиристода шавад. Вақте онҳо аз рӯи суроға мегузаранд ва номҳои худро ворид менамоянд, ташкилкунандаи вохӯрӣ барои воридшавӣ дархост қабул менамояд, танҳо боқӣ мемонад, ки онҳо қабул ва конфронс шурӯъ карда шавад.
IР-суроғаи ҷудогардида
Он барои бехатарии истифодабаранда – назорати миқдори зиёди маълумот, ҳимоя аз ҳамлаҳои зараровар ва дастрасии ғайриқонунӣ ба файлҳои КШ лозим аст. Хизматрасонии “IP-суроғаи ҷудогардида” аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба таъмини таҳвили устувори видео ва аудио бе таъхиру номураттабиҳо, танзимкунии сатҳҳои иловагии ҳимоя тариқи ташкили монеаҳо ба киберҳамлаҳои эҳтимолӣ мусоидат менамояд.
Барои пайвасткунии хизматрасонӣ зарур аст, ки ба рақами аллакай шиноси 4747 даъват анҷом дода, дархост гузоред. Пардохт барои IP-суроғаи ҷудогардида 200 сомониро дар як сол ташкил дода, он аз ҳисоби абонентӣ гирифта мешавад. Маҳз бо ҳамон рақами 4747 дилхоҳ вақт метавонед саволҳои худро вобаста ба танзимкунии интернети хонагӣ бидиҳед. Дар ҳолатҳои душвор муҳандиси ширкати “МегаФон Тоҷикистон” меояд ва дар бартарафсозии камбудиҳо бо ҷойи корӣ кӯмак намуда, онро тавре танзим мекунад, ки дар худи идора дастрас аст.