Браузери Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ низ тарҷума шуд

Ахбороти технологияҳо Навид ТИК

Браузери Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ низ тарҷума шуд

Мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор кардан бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав Барномаи танзими Mozilla Firefox-ро бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ кардаанд, ки он дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад.

Дар ин бора имрӯз масъулини Кумита зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ доданд. Забони тоҷикӣ бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад.

Мутахассисони барномасози Кумита беш аз 2 сол дар таҳияи Барномаи танзими Mozilla Firefox заҳмат кашида, ниҳоят ба комёбӣ муваффақ шуданд -иброз медорад Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Гуфта мешавад, ки фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи Барномаи танзими Mozilla Firefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, муносиб ва осон буда, дар рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як иқдоми нек ба шумор меравад.