Боздиди Садори Хадамоти алоқа аз истгоҳҳои алоқаи мобилӣ дар Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб ва санҷиши сифати алоқа
Дар доираи Нақша-чорабиниҳо бо мақсади амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли равон ва супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2023 Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони операторони мобилӣ ба шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд. Ҳайати корӣ аз истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ дар ин минтақаҳо дидан намуданд.
Зимни ин сафар мутахассисони Хадамоти алоқа, КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” якҷо бо намояндагони операторони мобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб санҷиш ва мониторинги сифати алоқаи мобилиро гузарониданд.
Мониторинги сифати алоқаи мобилӣ дар ин минтақаҳо чанд рӯз идома ёфта, мақсади асосии он пурра муайян намудани саҳти фарогирии мавҷи истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ дар маҳалҳо ва дақиқ сохтани мушкилоту монеаҳо дар ин самт мебошад.
Дар натиҷаи санҷиши техникӣ маълум гардид, ки на дар ҳама ҷамоату деҳаҳои минтақаҳои мазкур сифати алоқаи мобилӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Ҳамчунин дақиқ сохта шуд, фарогирии мавҷи ширкатҳои алоқаи мобилӣ низ дар маҳалҳо гуногунанд.
Натиҷаи мониторинги сифати алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб ба Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа пешниҳод гардид. Аз рӯйи натиҷаҳои бадастомада роҳбарияти Хадамот ширкати оператрони мобилиро муваззаф намуданд, ки дар баробари таҷдиду навсозии истогоҳҳои фаъоли базавии алоқаи мобилӣ, истогоҳҳои иловагӣ насб намоянд.
Ҳамзамон, бо мақсади шароити мусоид фароҳам оварданд ва интихоби баробари сим-кортҳо ҳамаи ширкати мобилӣ барои сокинон, ба операторони мобилӣ ҳидоят дода шуд, ки дар истогоҳҳои фаъол ва сохташаванда мавҷпаҳкунанҳои худро бо иқтидори яксон фаъол кунанд.
Дар рафти сафари корӣ Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ ва Кӯлоб чандин мулоқот анҷом дода, аз забони онҳо бо вазъи сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ошно шуд.