«Бизнес академия»-и Tcell ва Lerna ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд

Ахбороти технологияҳо Навид

«Бизнес академия»-и Tcell ва Lerna ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд

Lerna – ин маҳсулоти навоварона буда, барои ширкатҳои бузург тарҳрезӣ шуда, имкони омӯзиши кормандонро фароҳам меорад. Зиёда аз 650 барномаҳои таълимӣ аз мактабҳои пешсафи онлайн ба монанди Skillbox, Geekbrains ва SkillFactory бахшҳои гуногуни роҳҳалҳои тиҷоратиро дар платформаи Lerna муҳайё месозад.

Саъю талошҳои муштараки Tcell ва Lerna ба эҷоди қарорҳои ҳамгироишудаи таълимӣ, ки ба пешравии тиҷорат ва рушди шахсии кормандон, инчунин дастрасӣ ба донишҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, нигаронида шудааст.

Ин ҳамшарикӣ – қадами муҳим дар таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва рушди ҷомеаи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон мебошад.