БАШАРИЯТ ДАР ПЕШОРӮИ МУШКИЛОТИ ОБ

Навид Ташаббусҳои Тоҷикистон

БАШАРИЯТ ДАР ПЕШОРӮИ МУШКИЛОТИ ОБ

Башарият дар замоне по ба асри 21 гузошт, ки захираҳои нафту газ поёнпазир будани худро нишон доданд ва ин мавзуъ боиси изтироби кишварҳои ҷаҳон гардид. Ин аст, ки имрўзҳо дар аксар даргириву нооромиҳои олам таъсири мустақим ё ѓайримустақими ҷоҳҳои нафту майдонҳои газ ва талаби ба даст овардани онҳо барои оянда дида мешавад. Вале хоҳ-нохоҳ ин захираҳо дар ҳоли поёнёбианду батадриҷ ҷои худро ба захираҳои гидроэнергетикӣ медиҳанд. Коршиносони ҷаҳонӣ дар ин нукта шубҳа надоранд, ки дар ояндаи наздик дигар на аз нафту газ, балки аз об ва энергияи обӣ  ҳарфи аввалро дар ҷаҳон мезанад, зеро об доимӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву безарар аст.

Имрўз 1 миллиард нафар дар дунё ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,6 миллиарди дигар ба шароити оддитарини санитарӣ дастрасӣ надоранд. Зиёда аз 80 давлат норасоии захираҳои обро эҳсос менамоянд. Дар як ҳафта 42000 нафар дар ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва шароити ѓайрисанитарӣ вобастаанд, мефавтанд, ки беш аз 90 дарсади онҳо кўдакони то 5-сола мебошанд. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ҳаёти 1,2 миллиард мардуми дунёро  таҳдид мекунад. Мувофиқи  маълумоти СММ, то соли 2025 норасоии захираҳои обро аз се ду ҳиссаи мардуми сайёраи Замин эҳсос хоҳанд кард.

Ҳоло дақиқ шудааст, ки аз истеъмоли оби бесифат назар ба  ҷангҳо бештар одамон ба ҳалокат мерасанд. Тибқи иттилои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар як сол ҳудуди 3 миллиону 400 ҳазор нафар аз истифодаи обҳои ифлос ба ҳалокат мерасанд, ки бештари онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Саҳми Тоҷикистон дар масири дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ, хеле назаррас аст. Ҳанӯз, соли  1999 дар 54-умин Иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Президенти ҶТ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро ба ҷаҳониён ироа  карданд, ки соли 2003   ҳамчун соли  байалмилалии “Оби тоза” барои тамоми башарият эълон шавад. Ва ин пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар нимаи дуюми асри бистум ва оѓози асри бисту якум бо афзун гардидани шумораи аҳолии сайёра ва тараққиёти бахшҳои гуногуни иктисодиёт, инсоният тули таърихи бисёрҳазорсолаи хеш бори аввал ба норасоии шадиди оби нўшокӣ дучор омад. Бояд гуфт, ки захираҳои оби ошомиданӣ дар рўи замин танҳо 2,5 фоизи ҳаҷми умумии  обҳои сайёраро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор танҳо 6 фоиз дастраси мардум аст, ки эҳтиёҷоти ҷомеаи ҷаҳониро қонеъ карда наметавонад.

Имрўз беш аз ҳаштод кишвари ҷаҳон аз мамолики Шарқи Наздик, Африқо, Австралия ва қисман Осиё гирифтори мушкилоти шадиди норасоии оби тозаи ошомиданӣ мебошанд, дар ҳоле ки дар ин қаламрав чил фоизи аҳолии сайёра сукунат дорад. Тибқи маълумоти расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳаштод фоизи бемориҳои инсон аз истифодаи обҳои ифлос ба вуҷуд меояд. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти мубрами ҳаёти инсоният худро масъул медонад ва иқдомҳои бузургро амалӣ месозад. Пешвои миллати мо маҳаки асосии  халли  масъалаҳои марбут ба обро, ки имрўз дар баъзе маврид боиси  ихтилофи андеша миёни давлатҳо мегардад, дар ҳамкории байни кишварҳо мебинанд. Ин мавқеъ аз ибтидои ташаббусҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обии сайёра муайяну мушаххас буд ва то ба имрўз идома дорад.

Ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор дар ҳалли мушкилоти башарият эътироф кардааст. Ҳамин аст, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ меёбанд, зеро масъалаи об дар сайёра масъалаи мавҷудияти ҳаёт аст. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии тамоми кишварҳои ҷаҳон СММ Соли 2003-юмро Соли байналмилалии «Оби тоза», Солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», Соли 2013-Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор ва соли 2025-ро соли байналмилалии “Ҳифзи пиряхҳо” эълон намуд. Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо иттифоқи оро қабул кард.

Боиси ифтихор аст, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамовозии 153 кишварҳои узви СММ пазируфта шуд. Қатънома дар Маҷмааи Умуми СММ қатъномаи бесобиқа ба ҳисоб рафта, ҳам Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалиро эълон менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳануз моҳи марти 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим муҳтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад ва метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад, таъкид карда буданд. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати пайваста муҳокимаи масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Акнун бо расман эълон шудани ташаббуси 5-уми ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, тадбирҳои муҳими муштараке дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯи даст гирифта хоҳанд шуд, ки дар раванди тағйирёбии иқлим, гармои бесобиқа ва зиёд шудани партофти газҳо ба фазо пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳифз карда мешаванд.

Нарасидани оби тоза яке аз проблемаҳои ҳазорсолаи нав ба ҳисоб рафта, ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 имкон дод, ки мушкилоти нарасидани об ҳамеша дар маркази  таваҷҷуҳи  ҷомеаи ҷаҳони  қарор гирад, зеро об барои ҳаёт дар рӯйи Замин ва таъмини рушди устувор аҳмияти фавқулода дорад. Илова бар ин, дар давраи татбиқи се ташаббуси қаблии Тоҷикистон  дастрасии мардум ба оби тозаи ошомиданӣ дар қитъаи Африқо аз 10 ба 14 % ва дар Аврупо аз 90 ба 94 % боло рафтааст.  Натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар ҳар кишвари ҷаҳон хеле назаррас арзёби мегардад. Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.  Оид ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018, 2028 ҳар ду сол дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор карда мешавад.

Ба ҳисоби миёна, барои ҳар як одам рўзе 20 литр об барои нӯшидану омодасозии ғизо ва гигиенаи шахсӣ сарф мегардад. Барои бисёри сокинони Африқои шарқи бошад, ҳамагӣ 5 литр дар як рӯз ва ё ҳатто 1 литр рост меояд. Дар замоне, ки масъалаи оби тозаи ошомидани барои ҷаҳониён дар ҳазорсолаи нав мушкилии ҷиддиеро пеши рӯ овард, Тоҷикистон аввалин мамлакате буд, ки масаъалаи таъмини аҳолӣ ва дастраси ба оби тозаи ошомиданиро дар минбари Созмони Миллали Муттаҳид мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи ошомидани буда, дар ҷаҳон ҷои 8-ро  ишғол мекунад. Роҳнамоӣ ва пешсафии мамлакати мо дар тамоми дунё ба хотири таъмини амнияти обӣ, экологӣ ва дурӣ аз низоъ басо назаррас мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз поягузорони асосии ҳамкорӣ дар соҳаи об буда, то имрўз бо чанд иқдоми ҷаҳонӣ, ки истиқболи оламиёнро ба ҳамроҳ доштанд, мавзуи истифодаи оқилонаи обро дар арсаи ҷаҳонӣ ба миён гузоштаанд. Роҳбари давлати мо бо ин ташаббусҳо тавонистанд масъалаи обро, ки як мушкили ҷиддии имрўза ва ояндаи башарият аст, ба сархати мавзуъҳои баррасишаванда дар доираҳои муҳими байналмилалӣ барораданд ва сиёсатгузорони ҷаҳониро огоҳ созаданд, ки бояд имрўз мушкили об дар ҷаҳон ҳал гардад, вагарна фардо дер хоҳад шуд.  Ҷомеаи мутамаддин дарк менамояд, ки ташабусҳои бузург дар самти рафъи мушкилоти  ҳалокатовари марбут ба об, иқдоми башардўстона ва хайрхоҳӣ нисбат ба инсоният аст. Ва соҳиби ин ташаббусҳо шахсиятест, ки на танҳо барои кишвар ва мардуми худ, балки барои ояндаи неки тамоми башарият андеша мекунад. Намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси оби бонуфузтарин ниҳоди байналмилалӣ-Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки дар шаҳри Ню-Йорки ШМА дар ҳамраисӣ бо Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр аз 21-ум то 24-уми марти соли 2023 ҷараён гирифт.

Раёсати Тоҷикистон таҳти роҳабрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои таърихии сатҳи ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои обу экология аз мавқеи шоита пайдо кардани тоҷикону Тоҷикистон дар арсаи олам ва эътирофи расмии ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонист.