Дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ дар мавзуи «Муаммоҳои гузариш ба системаи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо» конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид ки дар он намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Дар ин хусус Донишгоҳи миллӣ хабар додааст.Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Тоҷикистони муосири имрӯзаро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифтаанд, ки таҳти назорат ва идора қарор додани онҳо барои рушди давлату миллат, корхонаву ташкилот ва оилаҳо низ муҳим мебошад. «Давлати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат рушди иқтисодиёти рақамиро бо татбиқи технологияҳои ахборӣ идора намуда, аз ҷумла роҳҳои таъмини бехатарии онро низ коркард намудааст. Барои он ки иқтисоди рақамӣ ба манфиати умум хизмат намояд, он бояд ҳамаҷониба дар ҳамаи самтҳо истифода шавад. Технологияҳои нав, махсусан зеҳни сунъӣ ногузир бо тағйироти назаррас дар бозори меҳнат, аз ҷумла ихтисори ҷойҳои корӣ дар баъзе соҳаҳо ва фароҳам овардани имконияти нав дар миқёси давлат робитаи ногусастанӣ доранд»,-афзуд Ректори донишгоҳ.
Дар ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба мавзуъҳои гуногун, аз қабили таърихи ташаккули кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ, масоили танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар моделсозии иқтисодӣ маъруза пешниҳод гардид.
Иброз гардид, ки вобаста ба таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва бо такя бар арзишҳои ахлоқию маънавии хеш имрӯз ҷомеаи моро зарур аст, ки сари масъалаи истифодаи дурусту оқилонаи интернет ва рушди иқтисоди рақамӣ андеша намоем. Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ин равандҳои ташаккули бахшҳои иқтисодиёти иттилоотӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ шомил аст.
Мақсад аз баргузор намудани чунин конфронс, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, афзоиши номгӯи молҳо ва хизматрасонии электронӣ мебошад.