Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 майи соли 2009 №307
тасдиқ шудааст
- МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Системаи маълумотрасонӣ ба омма воситаи асосии ташаккули афкори умум, омили огоҳонидани ҷомеа оид ба фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, паҳн намудани арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Системаи маълумотрасонӣ ба омма бояд ба ташкили ҷомеаи демократии иттилоотӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодиҳои шаҳрвандон мусоидат намояд.
Суръати пешрафт ба ҷомеаи иттилоотӣ ва иттилоотонии ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт бояд тавассути маблаҷҳое, ки имрӯз давлат барои рушди иттилоотонӣ пешбинӣ менамояд, дастгирӣ карда шаванд. Алалхусус чунин дастгирӣ дар сатҳи аввали рушд зарур аст, ки он дар шакли маблаҷҳои аз буҷети давлатӣ барои вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудошаванда ифода ёбад.
Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Барнома) тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 апрели соли 2008 №451, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолиятро дар соҳаи иттилоотию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд, таҳия шудааст.
- МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
Мақсади асосии Барнома ташаккул ва рушди ҷомеаи демократии иттилоотӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад.
Ноилшавӣ ба ин мақсад ҳалли масъалаҳои зеринро таққозо менамояд:
– таъмин, рушд ва таҷдиди заминаи техникию технологии мавҷудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, низоми иттилоотонӣ ва дастгирии корҳои илмию тадқиқотӣ ва техникии бунёдӣ ва таҷрибавӣ дар ин соҳа, ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба тадқиқот ва коркардҳои амалӣ;
-дастгирии иттилоотии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ дар асоси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир;
-ташаккул ва рушди саноат ва инфраструктураи махсусгардонидашудаи пешниҳоди хизматрасониҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, қабл аз ҳама дар соҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, аз ҷумла ба таври оммавӣ бо компютер муҷаҳҳаз гардонидани хонаҳо, тиҷорати элекронӣ ва системаи рушдёбандаи дастрасӣ ба Интернет;
-тавассути иттилоотонӣ баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, ба муомилоти хоҷагӣ ҷалб кардани захираҳои иттилоотии миллӣ;
-такмил ва рушди сиёсати давлатии иттилоотонӣ, заминаи меъёрии ҳуқуқии таъмини равандҳои иттилоотонӣ;
-ташаккул ва рушди бахшҳои махсуси хизматрасониҳои иттилоотӣ;
-дастгирии давлатии ташаккули захираҳои миллии иттилоотӣ ва таъмини дастрасии васеъ ва озод ба онҳо;
-эҷод, дастгирӣ ва такмили нуфузи иттилоотии Тоҷикистон бо роҳи истифодаи босамари технологияҳои иттилоотӣ;
-рушди системаи таъмини амнияти иттилоотӣ;
-такмили шаклҳои тайёр кадани мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
-таҳияи чорабиниҳое, ки ба ҳавасмандгардонии иттилоотонии корхонаҳо, новобаста ба шакли моликияташон, равона шудааст.
- МӮҲЛАТИ ИҶРОИ БАРНОМА
Ҳангоми муайян кардани мӯҳлати иҷрои Барнома ва давомнокии давраҳои татбиқи он бояд сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ки вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ кардаанд, ба назар гирифта шавад.
Омилҳои асосии муайянкунандаи мӯҳлат ва давраҳои татбиқи Барномаи мазкур инҳо мебошанд:
-рушд ва такмили системаи банақшагирии давлатӣ, ки бо дарназардошти тамоми пешниҳодҳои соҳаҳои иқтисодиёти кишвар пешбинӣ карда мешаванд;
-таъмини иттилоотӣ, иштироки рақибон дар бозори хизматрасонии иттилоотӣ, таъмини ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ ва ташкили муносибатҳои байналимилалӣ ва байнидавлатӣ;
-таҳияи тартиби ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ ҳамчун маҳсулоти иттилоотӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо дарназардошти омилҳои зикршуда, татбиқи Барнома дар се давра амалӣ мегардад:
давраи якум (солҳои 2010 – 2014) – таҳия, такмил мувофиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсис ва ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдоре, ки аз муқаррароти асосии Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд;
давраҳои дуюм ва сеюм (солҳои 2015-2019 ва 2020-2024) – татбиқи амалии нақшаву вазифаҳои пешбинигардида, ноил шудан ба мақсади ниҳоии Барнома.
4.ЛОИҲАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА:
-муайян намудани талаботи воқеии ташкилотҳои давлатӣ ба технология ва воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
-таҳияи талаботи техникию иқтисодӣ ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва воситаҳои татбиқи онҳо;
-таҳияи системаҳои нави иттилоотии интиқол, қабул ва коркарди иттилоот;
-ташкил ва рушди системаи савдо ва тиҷорати электронӣ;
-рушд ва истифодаи системаи ройгон ва қисман пулакии хизматрасонии иттилоотӣ;
-таъсиси системаи дастгирии иттилоотии фаъолияти тарафайни аҳолӣ ва мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, беҳдошти комили паҳн кардану истифода бурдани захираҳои иттилоотии давлатӣ;
-рушди инфрасохтори ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ ва технологияҳои миллие, ки дастрасии оммавиро ба захираҳои иттилоотии давлатии дорои аҳамияти иҷтимоӣ таъмин менамоянд;
-ба аҳолӣ расонидани иттилооти ҳуқуқӣ, тартиби пешниҳоди иттилооти бахшҳо оид ба хизматрасониҳои иттилоотӣ;
-таҳияи системаи ягонаи баҳисобгирии захираҳои иттилоотӣ ва таъсиси бахшҳои хизматрасонии иттилоотӣ, ки ин хизматрасониҳоро тибқи низомномаи тасдиқшуда пешниҳод менамоянд;
-ташкили пойгоҳи тақсимгардидаи давлатии иттилооти дастраси умум;
-таъсис ва рушди системаи давлатии автоматикунонии китобхонаҳо ҳамчун як бахши хизматрасониҳои иттилоотӣ;
-таъсис ва рушди системаи таҳсили фосилавӣ барои тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳо;
-такмил ва рушди сиёсати давлатӣ ва равандҳои иттилоотонӣ;
-пурзӯр намудани таъсири давлат ба равандҳои иттилоотонии хизматрасониҳои иттилоотӣ ва компютеркунонии мамлакат;
-ҳамоҳангсозии самтҳои байнисоҳавӣ ва соҳавии барномаҳои таҷдиди системаҳои иттилоотӣ;
-таҳияи системаи арзёбии экспертӣ ва пешбинӣ намудани вазъи таҷдиди системаҳои иттилоотии давлат;
-таҳлили бозори маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасониҳои иттилоотии давлат;
-таҳияи системаи татбиқи муомилоти электронии ҳуҷҷати дохилӣ ва байниидоравӣ;
-ташаккул ва рушди инфрасохтори пешниҳод намудани маҷмӯи маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасониҳои иттилоотонӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо;
-таҳияи системаи нишондиҳандаҳои истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идораи давлатии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷайра.
Тадбирҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои асосии ба Барномаи мазкур воридшуда бояд талаботи амнияти иттилоотии давлат, ҷомеа ва шахс, рушди системаи иттилоотӣ ва истеҳсолот, самаранок истифода бурдани захираҳои иттилоотии давлатӣ, талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ ба маҳсулоти иттилоотӣ, инчунин рекламаи васеъро дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ба назар гиранд.
Барнома аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, татбиқ мегардад.
- САРЧАШМАҲОИ АСОСИИ МАБЛАҒГУЗОРӢ.
Сарчашмаҳои асосии маблаҷгузорӣ ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома ҳам маблаҷгузории мустақим аз буҷети давлатӣ ва ҳам маблаҷгузорӣ аз маблаҷҳое, ки ба вазорату идораҳо ҷудо мегарданд, инвеститсияҳо, грантҳо, худмаблаҷгузорӣ ва хайрияҳо мебошанд.
- НАТИҶАИ ИҶРОИ БАРНОМА
Дар натиҷаи иҷрои Барнома:
ҳиссаи соҳаҳои истеҳсоли технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ҳаҷми хизматрасониҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хеле афзоиш меёбад;
– иқтисодиёт ҷиҳати рушди устувор ҷанбаҳои нав пайдо мекунад, ҷойҳои иловагии корӣ дар соҳаҳои технологияҳои босифат ва хизматрасонӣ ташкил карда мешаванд;
– рақобатпазирии маҳсулот ва хизматрасониҳои иттилоотии истеҳсоли ватанӣ бештар мегардад, ки барои ба бозори ҷаҳонии иттилоот баромадани он имконият медиҳад;
-самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо аз ҳисоби рушди системаи мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо, беҳтаршавии дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии давлатӣ ва такмили системаи фаъолияти тарафайни иттилоотии аҳолӣ ва мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ афзун мегардад;
-аз ҳисоби такмил ва рушди қонунгузории соҳаи иттилоот барои танзими муносибатҳои иттилоотӣ дар ҷомеа шароити мусоид муҳайё мешавад;
-ҳаҷми истеҳсолу фурӯши маҳсулот ва хизматрасонии иттилооти, аз ҷумла тавассути Интернет, зиёд мегардад, системаи савдои электронӣ инкишоф меёбад, воридоти андоз меафзояд;
-пешниҳоди маҷмӯи васеи хизматрасониҳои иттилоотӣ, компютериву коммуникатсионӣ ва инкишофи компютеркунонии оммавии аҳолӣ дастрасии шаҳрвандон ва ташкилотҳоро ба захираҳои иттилоотии ватанӣ ва ҷаҳонӣ осон ва васеъ менамояд, самаранокии системаи таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ, олӣ ва касбӣ, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоиро баланд мебардорад;
-сатҳи шуҷли аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои қобилияти маҳдуди корӣ, дар натиҷаи ҷорӣ намудани шаклҳои нави кор дар хона ва такмили системаи тайёркунӣ ва бозомӯзии касбии мутахассисон меафзояд;
-ҳифзи манфиатҳои иттилоотии давлат, амнияти иттилоотии давлат, дифоъ аз ҳамлаҳои иттилоотӣ, таҳдидҳо ва амалиёти дигар, бартарафсозии онҳо таъмин карда мешаванд;
-нуфузи мусбии иттилоотии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ташаккул меёбад;
-ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотию фарҳангӣ ҳамчун шарти зарурии ваҳдати сиёсӣ ва маънавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вуруди кишвар ба ҷомеаи иттилоотии чаҳонӣ таъмин мегардад.
НАҚШАИ
ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМА
№ п/п | Номгӯи чорабиниҳо | Мӯҳлати иҷро | Маблаҷ (ҳазор сомонӣ) | Масъулин |
1. | Баҳри таъмини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ташкили як рӯзнома ва як маҷаллаи давлатӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдодӣ кофӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастрас ва паҳн намудани онҳо дар мамлакатҳои бурунмарзӣ | Солҳои 2010-2011 | – | Вазоратҳои фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо |
2. | Таҳияи сиёсати давлатӣ оид ба васеъ намудани домени tj | Солҳои 2010-2011 | – | Хадамоти алоқа ва вазорати, рушди иқтисод ва савдо (ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) |
3. | Таҳия ва беҳдошти таъмини меъёрии ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва ташкилии системаи идораи захираҳои иттилоотӣ ва механизмҳои татбиқи он. | Дар рафти татбиқи Барнома | – | Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти алоқа (ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) |
4. | Қабул ва татбиқи Барномаи ташаккул ва рушди Ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Дар рафти татбиқи Барнома аз соли 2010 сар карда | Хадамоти алоқа ва вазорати, рушди иқтисод ва савдо(ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) | |
5 | Таҳияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идораи иттилоотӣ дар шароитҳои махсус | Солҳои 2010-2012 | Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва коммуникатсия , | |
6. | Таҳия ва қабули Реестри хизматрасониҳои давлатӣ, ки бо воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъминоти барномавии махсусгардондашудаи умдаи дохилиидоравӣ расонда мешаванд | Солҳои 2010-2012 | Хадамоти алоқа ва вазорати, рушди иқтисод ва савдо(ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) | |
7. | Таҳияи Барномаи ташаккул ва рушди сиёсати иттилоотию нуфузӣ барои хориҷиён бо назардошти хусусияту намудҳои фарҳангҳои миллии онҳо | Солҳои 2010-2011 | – | Мақоми ваколатдор |
8. | Таъсиси маркази ягонае, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ҷиҳати истифодаи иттилоот дар роҳи амалигардонии сиёсати иттилоотию нуфузӣ масъул аст | Соли2010 | Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии | |
9. | Бо назардошти раванди ислоҳот дар системаи идораи давлатӣ, таъсиси мақомоти ягонаи идораи давлатӣ оид ба танзими фаъолияти матбуот, телевизиону радио, воситаҳои коммуникатсияи омма | Солҳои 2010-2011 | Комиссияи давлатии ислоҳоти системаи идораи давлатӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио | |
10. | Таъсиси мақомоти ягонаи идораи давлатӣ оид ба танзими иттилоот ва захираҳои иттилоотии давлатӣ. | Солҳои 2010-2011 | 111,1 | Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия |
11. | Ба нигоҳдории электронӣ гузаронидани захираҳои иттилоотии китобхонаҳо | Солҳои 2010-2014 | 139,0 | Вазоратҳои фарҳанг, рушди иқтисод ва савдова Хадамоти алоқа(ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) |
12. | Ташкили шабакаҳо ва марказҳои маърифатии махсусгардонидаи бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир (барномаҳои таълимии компютерӣ, телевизиони кабелӣ ва моҳворавӣ, таҷҳизоти мултимедиавӣ ва ҷайра)ҷиҳозонидашуда | Дар рафти татбиқи Барнома | Аз ҳисоби инвеститсия ва грантҳо | Вазоратҳои маориф, фарҳанг, Хадамоти алоқа, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) |
13. | Таъмини риояи қатъии меъёрҳои луҷавии забони давлатӣ, роҳ надодан ба вайронкунии онҳо, талқини эҳтироми онҳо дар воситаҳои ахбори омма | Дар рафти татбиқи Барнома | Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Комиссияи татбиқи Қонуни Забон | |
14. | Густариши ҳузури мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Интернет аз тариқи истифодаи шаклҳои гуногуни шабакавӣ (сайтҳо, порталҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷайра). | Дар рафти татбиқи Барнома | Аз ҳисоби инвеститсия ва грантҳо | Вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
15. | Таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии матбуоти даврӣ» ва дигар лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба рушди воситаҳои ахбори омма равонагардида | Солҳои 2010-2012 | – | Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио |
16. | Ташкил ва рушди системаи мутамаркази давлатии тарбияи кадрҳои илмӣ ва муҳандисӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ | Доимӣ, аз соли 2010 сар карда | – | Вазоратимаориф, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти алоқа, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ(ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) |
17. | Таъмин ва риояи сатҳи кофии амнияти иттилоотӣ зимни пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалӣ ва системаҳои иттилоотии ташкилотҳои хориҷӣ дар миқёси ҷумҳурӣ | Солҳои 2010-2014 Солҳои 2015-2019 | 92,1
119,1 |
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти алоқа ва вазоратҳои, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи телевизион ва радио(ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) |
18. | Татбиқи чорабиниҳо оид ба таълими дастрасӣ ва истифодаи воситаҳои техникие, ки барои ҳифзи иттилоот таъин шудаанд | Солҳои 2010-2014 | 145,0 | Шӯрои амният, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ |
19. | Таҳия ва татбиқи тадбирҳо оид ба тоза ва ҳифз намудани бозори иттилоотии дохилӣ аз маҳсулоти чопӣ, видео ва аудиои экстремистӣ ва пастҷоя | Доимӣ, аз соли 2010 сар карда | 48,0 | Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио |
20. | Рушди нашри электронии китобҳо | Солҳои 2010-2014 | 178,0 | Вазоратҳои фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо |
21. | Таъсиси бахшҳои махсуси захираҳои иттилоотии электронии дастраси умум | Солҳои 2010-2014 | 158,0 | Вазорату идораҳо дар мувофиқа бо Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ |
22. | Таъсиси феҳристҳои иттилоотии электронии дастраси умум | Солҳои 2010-2014 | 124,6 | Вазорати рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, Хадамоти алоқа, Кумитаи телевизион ва радио(ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) |
23. | Ба нигоҳдории электронӣ гузаронидани бойгониҳои мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ | Солҳои 2010-2014 | 254,2 | Саридораи бойгонӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо |
24. | Таъсиси бахшҳои иттилоотӣ барои кор бо иттилооти ҳуҷҷатишуда дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ | Солҳои 2010-2012 | 181,8 | Вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ |
25. | Таъсиси шабакаи маҳаллии иттилоотии интиқоли захираҳои иттилоотӣ барои таҷдиди системаи бахшҳои иттилоотӣ | Солҳои 2010-2014 Солхои 2013-2015 | 254,2 | Хадамоти алоқа ва вазорати, рушди иқтисод ва савдо якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор(ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) |
26. | Таҳлили раванди аз худ намудани технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ дар ташкилоту муассисаҳои илмӣ | Солҳои 2010-2012 | 15,2 | Мақомоти салоҳиятдор |
27. | Таҳия ва давра ба давра татбиқ намудани Барномаи фарогирии пурраи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ | Солҳои 2010-2014 | Аз ҳисоби маблаҷҳои умумии дар буҷет пешбинишуда ва маблаҷҳои худӣ | Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти алоқа, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) |
28. | Таъсиси маъҳази захираҳои иттилоотии сабтшуда ва ба навор гирифташуда | Солҳои 2010-2012
Солҳои 2013-2015 |
105,3
239,2 |
Кумитаи телевизион ва радио |
29. | Ташаккули шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва технологӣ оид ба сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ | Солҳои 2010-2012
Солҳои 2013-2015 |
15,1
22,0 |
Вазорати фарҳанг, Хадамоти алоқа, Кумитаи телевизион ва радио (ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.) |
30. | Омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи ҷаҳонии сиёсати иттилоотӣ дар шароитҳои махсус | Солҳои 2010-2012 | 45,0 | Маркази тадқиқоти стратегӣ якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор |
31. | Ташкили конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар оид ба рафти татбиқи муқаррароти асосии Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Солҳои 2010-2012 | 30,0 |
Вазорату идораҳо |