Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон «Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қарор ва фармоишҳои Ҳукумат

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни с. 2004 № 290

тасдиқ шудааст

Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Барнома) дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 1175 «Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст.

Барнома барои татбиқ ва дастгирии асосҳои сиёсати давлати ҷиҳати таъмини амнияти иттилооти, ҳамчун қисми асосии таркибии амнияти милли равона карда шудааст.

Сатҳи умумидавлатии аҳмияти масъалаи таъмини амнияти иттилооти аз мақомоти ҳокимияти давлати, корхона, муассиса ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутамарказонии кӯшишҳои иқтидори илми ва техникиро талаб менамояд, ки ин хусусияти давлатии Барномаро муайян мекунад.

  1. АСОСНОКСОЗИИ ЗАРУРАТИ ИҶРОИ БАРНОМА

Системаи амнияти иттилооти қисми таркибии системаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба воситаи такмилдиҳии асосҳои ташкилию ҳуқуқи ва чорабиниҳои муҳандисию техники амнияти умумии давлатиро бояд таъмин кунад.

Ташаккули системаи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нав, вақте амали мегардад, ки механизмҳои қаблан муқарраргардидаи амнияти иттилооти дар ҳаҷми пурра ба он мувофиқат наменамоянд самаранокию аҳамияти худро то андозае гум мекунанд.

Системаи амнияти иттилооти бештар ба воситаи чор самти асоси таъмин карда мешавад: ҳимояи ҷисмони, ҳимояи ташкили, ҳимояи техники ва ҳимояи оперативи. Ҳимояи техникии иттилоот соҳаи муҳими муосири таъмини амнияти иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи корҳои зерин талаб карда мешавад:

-маҷмӯи вазифаҳои техники ва математикии таъмини амнияти иттилооти ва телекоммуникатсионии ба ҳамдигар алоқаманд аз дастгоҳҳои парвозкунандаи баландмадор ва пастмадор ва то хатҳои байнидавлатии рӯизамини ва зеризаминии интиқоли қувваи барқ, қубурҳои шоҳроҳҳо (гази табий), роҳи оҳан ва ғ.;

-таъмини системаи боэътимоди техникии амнияти иттилооти;

-таъмини ҳифзи иқтисоди ва технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истифодаи технологияҳои навтарин дар соҳаи ҳуҷҷатҳои электрони, пайвастшавии системаҳои иттилооти ба шабакаҳои иттилоотии глобали ба таҳдидҳои ғайриқонунии дастраси ба иттилоот, инчунин мушкилшавии ташкили назорати ҳолати амнияти иттилооти аз тарафи давлат мусоидат менамояд.

Дар ҳолати номувофиқатии сатҳи ҳифзи айнияти иттилооти сатҳи сустии онҳо зиёд гардида ногузир ба таҳдиди амнияти давлати оварда мерасонад.

Оқибатҳояш:

-таҳдид ба истиқлолият ва тамомияти арзии давлат;

-таъсири дигар давлатҳо ба ташаккул ва татбиқи қарорҳо;

-вақти амалигардии фаъолияти сиёси ва иқтисодии дохили ва беруни;

-сустшавии қобилияти мудофиавии давлат;

-пастшавии суръати инкишофи иқтисоди ва техники, камшавии истеҳсол, вобастагии технологии иқтисодиёти милли аз дигар давлатҳо;

-бадшавии ҳолати криминогени.

  1. МАҚСАДИ БАРНОМА

Мақсади асосии Барнома – таъмини минбаъдаи инкишофи системаи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмилдиҳии чорабиниҳои ташкилию ҳуқуқи ва муҳандисию техники ҷиҳати таъмини фаъолияти он, аз ҷумла дар намояндагиҳои хориҷи мебошад.

  1. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

Вазифаҳои асосии Барнома аз таҳлили ҳолати воқеии системаи амнияти иттилоотии таҷрибаи байналмилали, ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии давлатҳои мутараққи, инчунин бо дарназардошти мавҷудият ба талаботи такмили сатҳи илмию техники дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.

Барои ноил гаштани иҷрои Барнома ҳалли вазифаҳои асосии зерин дар назар дошта шудааст:

-инкишофи заминаи меъёрию ҳуқуқии таҳия ва иҷрои асосҳои консептуалии сиёсати давлати дар соҳаи амнияти иттилооти, муайянсозии пайдарпай ва тартиби таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқи, механизмҳои истифодаи амалии онҳо;

-дар асоси таҳлили ҳолати заминаи меъёрии ватани ва хориҷи интихоби амнияти иттилооти, гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати ташкили чунин фонд;

-такмили ҳимояи ҷисмони, ташкили ва техникии амнияти иттилооти;

-тарбия ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи амнияти иттилооти.

  1. САМТҲОИ АСОСИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

Бо мақсади ҳалли вазифаҳои асоси Барнома татбиқи чорабиниҳоро дар солҳои 2005-2015 дар самтҳои зерин пешбини менамояд:

-такмили таъмини меъёрии ҳуқуқии амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таҳияи қонунҳои нав ва тасҳеҳоти заминаи меъерии ҳуқуқи оид ба амнияти иттилооти;

-таҳия ва ҷори намудани механизмҳои татбиқи санадҳои меъёрии ҳукуқи дар соҳаи амнияти иттилооти;

-татбиқи сиёсати давлати дар соҳаи амнияти иттилооти;

-инкишофи инфрасохтори фазои ягонаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва системаи захираҳои давлатии иттилооти;

-баланд бардоштани самаранокии роҳбарии фаъолияти воситаҳои давлатии иттилооти омма дар соҳаи таъмини амнияти иттилооти;

-таъмини ҳимояи захираҳои миллии иттилооти, аз он ҷумла дар шабакаи Интернет;

-муқобилияти маҷмӯи ба таҳдиди амнияти иттилооти;

-ташкили системаи мониторинг ва таҳлили таҳдиди амнияти иттилооти;

-ташкили технологияҳои иттилоотии бехатар ва системаҳои иттилоотию коммуникатсионии дар раванди татбиқи функсияҳои ҳаётан муҳими ҷамъият ва давлат истифодашаванда ва таъмини мустақилияти технологии кишвар дар ин соҳа;

-ташкили системаи иттилоотию телекоммуникатсионии мақомоти ҳокимияти давлати;

-ҳамоҳангсозии стандартҳои ватани бо стандартҳои байналмилали ва яксонсозии ҳуҷҷатҳои меъёри дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии технологияҳои иттилооти ва системаҳои иттилоотию коммуникатсионии таъиноти махсус ва умуми;

-пешгирии ҷинояткории компютери дар системаи иттилооти ва телекоммуникатсиони;

-дастгирии давлатии тадқиқотҳои ватани ва таҳияи тадқиқотҳо дар соҳаи амнияти иттилооти;

-инкишофи ҳамкории байналмилали, таҳия ва татбиқи чорабиниҳои маҷмӯи ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии байналмилали;

-баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқи ва маърифати компютерии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таҳия ва татбиқи барномаҳои баланд бардоштани фарҳанги хукуқии шаҳрвандон дар соҳаи иттилоот;

-таҳия ва татбиқи чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати компютери дар соҳаи амнияти иттилооти;

-инкишофи системаи тарбияи мутахассисон ва кормандони система ва шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсиони дар соҳаи таъмини амнияти иттилооти.

Нақшаи асосии татбиқи чорабиниҳои Барнома барои солҳои 2005-2015 замима мегардад.

Татбиқи Барнома таҳкими амнияти иттилоотии давлат дар маҷмӯъ ва қобилияти мудофиавии онро таъмин намуда, барои рушди ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳои хориҷи дар соҳаи амнияти иттилооти шароит фароҳам меорад.

Самараи иқтисодии татбиқи Барнома аз ҳисоби инҳо дар назар аст:

-огоҳи ва ҳимоя аз зарар, ки ба амнияти давлат метавонад расад;

-ташкили системаи боэътимоди тартиботи ҳуқуқи ва азнавтаҷҳизонии техникии сохторҳои экспертию тадқиқоти дар соҳаи амнияти иттилооти.

  1. ИДОРАКУНИИ БАРНОМА

Барномаро лоиҳаҳо, қарорҳои техникии мушаххас ва татбиқи техникаи нав дар соҳаи таъмини амнияти иттилооти ташкил медиҳанд, ки амали гардидани онҳо дар солҳои 2005-2015 ба нақша гирифта шуда, самтҳои муайян доранд.

Ҳар як фасли мавзӯи Барнома аз инҳо иборат аст: номи фасл, номгӯи чорабиниҳо, иҷрокунандагон, мӯҳлат ва интиҳои марҳилаи иҷрои кор ва ҳаҷми зарурии маблағгузори дар маҷмӯъ оид ба ин марҳила.

  1. НАЗОРАТ ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ КОР

Фармоишгари давлатии Барнома Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Татбиқи Барномаро вазорату идораҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқоти ва дигар ташкилотҳои соҳаи илму техника, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон амали менамоянд.

  1. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

Маблағгузории Барнома дар давраи солҳои 2005-2015 дар доираи маблағҳое, ки ҳамасола ба вазорату идораҳои дахлдор дар буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли пешбини мешаванд, амали мегардад.

Мутобиқи Консепсияи амнияти иттилоотии қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки маблағгузори аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати амали карда мешавад.

Фармоишгари давлати ҳар сол ҳаҷми маблағгузории барномаи солонаро бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуда, маблағҳои ҷудогардида барои татбиқи Барнома бо таъиноти мақсаднок равона карда мешаванд.

Тақсимоти маблағҳоро байни иҷрокунандагони Барнома Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад.

Замима

ба Барномаи таъмини

амнияти иттилоотии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАҚШАИ

АСОСИИ ТАТБИҚИ ЧОРАБИНИҲОИ БАРНОМА БАРОИ СОЛҲОИ 2005-2015

№ № п.п Номгӯи чорабиниҳо Иҷрокунанда Мӯҳлати иҷро Натиҷаҳои пешбинишаванда Арзиш
1 2 3 4 5 6
1. Такмили таъмини меъёрии ҳуқуқии амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон  
1.1. Таҳияи қонунҳои нав ва тасҳеҳи заминаи мавҷудаи меъёрии ҳуқуқии амнияти иттилооти  
1. Таҳлил, ворид намудани тағйирот ба қонунгузории ҷорӣ ва таҳияи лоиҳаи қонунҳои нав дар соҳаи амнияти иттилоотӣ (ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) СҲСД якҷоя бо мақомоти дахлдор 2005-2015 Маҷмӯи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Бо сомонӣ баробар ба

10 000 доллари ШМА

2. Таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубодилаи байналмилалии иттилоот дар шабакаи Интернет ва алоқаи барқӣ (ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) Хадамоти алоқа, КДАМ, СҲСД ва мақомоти дахлдор 2006-2015 Маҷмӯи қонунҳо ва санадҳои меъёрииҳуқуқӣ Бо сомонӣ  баробар ба 10 000 доллари ШМА
3. Таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи ихтироъҳои махфи ва хизмати СҲСД якҷоя бо мақомоти манфиатдор 2006 Маҷмӯи қонунҳо Бо сомони баробар ба 5000 доллари ШМА
4. Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳокимияти давлатиро бо воситаҳои ахбори омма дар масъалаҳои интиқол, нашр ва паҳн намудани маълумоти ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати алоқамандро ба танзим медароранд СҲСД якҷоя бо мақомоти манфиатдор 2005-2015 Маҷмӯи қонунҳо Бо сомони баробар ба 20 000 доллари ШМА
5. Таҳияи лоиҳаҳои санади меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби пайвастшавии шабакаи алоқаи мақомоти давлатиро ба шабакаи алоқаи баркӣ ва Интернет муайян менамоянд (ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) Хадамоти алоқа, КДАМ ва мақомоти дахлдор 2007-2015 Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Бо сомонӣ баробар ба

10 000 доллари ШМА

6. Таъмини амнияти иттилоотӣ ба воситаи инкишофи заминаи меъёрию методӣ оид ба такмили системаи сертификатсия ва литсензиякунонӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот, ташкили лабораторияҳои маҳсуси тадкикотӣ (ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) СҲСД якҷоя бо мақомоти манфиатдор 2005-2015 Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, лоиҳаҳо ва татбиқи онҳо Бо сомонӣ баробар ба 500 000 доллари ШМА
7. Харидорӣ ва таҷҳизонидани вазорату идораҳо бо воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот (ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) СҲСД бо мақомоти манфиатдор 2005-2015 Мувофиқи накша ва барномаҳо Бо сомонӣ баробар ба 190 000 доллари ШМА
1.2. Таҳия ва ҷори намудани механизмҳои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқи дар соҳаи амнияти иттилооти
8. Таҳияи методологияи ягонаи ташкили системаи амнияти иттилооти дар мақомоти ҳокимияти давлати СҲСД якҷоя бо мақомоти манфиатдор 2008 Шароити техники Бо сомони баробар ба 2000 доллари ШМА
9. Таҳияи системаи ҳифзшавандаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ ва таъсиси маркази тасдиқкунандаи калидҳои имзои электронии рақамӣ (ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) Хадамоти алоқа, СҲСД, мақомоти манфиатдор 2005-2015 Лоиҳаҳо ва татбиқи онҳо Бо сомонӣ баробар ба 50000 доллари ШМА
10. Таъсиси заминаи меъёри дар соҳаи системаи амнияти иттилооти, ки равандҳои иттилоотии дорои иҷозати ахбори маҳдудро амали менамоянд СҲСД якҷоя бо мақомоти манфиатдор 2009   Бо сомони баробар ба 20 000 доллари ШМА
2. Татбиқи сиёстаи давлати дар соҳаи амнияти иттилооти
2.1. Инкишофи инфраструктураи ягонаи фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва системаҳои захираҳои иттилоотии давлати
11. Ташкили система ва воситаҳои бехатарии иттилоотонӣ ва алоқа барои   истифода дар муассисаҳои дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) Вазорати корҳои хориҷӣ якҷоя бо СҲСД 2005-2015 Лоиҳаҳо ва татбиқи онҳо Бо сомонӣ баробар ба 50 000 доллари ШМА
3. Муқобилияти маҷмӯи ба таҳдидҳои амнияти иттилооти
12. Таҳияи протоколҳои криптографи, ки татбиқи талаботи стандартҳои амнияти иттилоотиро дар системаи иттилоотию телекоммуникатсиони таъмин менамоянд ВА бо мақомоти манфиатдор 2005-2015   Бо сомони баробар ба 100 000 доллари ШМА
13. Тадқиқ ва таҳияи усулҳо ва воситаҳои ҳифзи иттилооти дорои иҷозати маҳдуд дар хатҳои волоконию оптикии алоқа Хадамоти алоқа бо мақомоти манфиатдор(ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) 2005-2015 Шароити техники Бо сомони баробар ба 10 000 доллари ШМА
14. Ташкили системаи ҳифзи иншооти иттилоотии марказҳои иттилоотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ВКД, СҲСД 2005-2015 Лоиҳа ва татбиқи он Бо сомони баробар ба 50 000 доллари ШМА
15. Ташкили система ва воситаҳои бехатарии иттилоотонӣ ва алоқа барои   истифода дар муассисаҳои дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон(ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) Вазорати корҳои хориҷӣ якҷоя бо СҲСД 2005-2015 Лоиҳаҳо ва татбиқи онҳо Бо сомонӣ баробар ба 50 000 доллари ШМА
16. Таҳияи лоиҳаи Барномаи такмили системаи давлатии муқобилият ба разведкаи техникии хориҷи ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон СҲСД 2005-2015 Ҳисобот оид ба татбиқ Бо сомони баробар ба 100 000 доллари ШМА
3.1. Пешгирии ҷинояткории компютери дар системаҳои иттилооти ва телекоммуникатсиони
17. Харидори ва ҷори намудани воситаҳои барномавию техники, ки барои таъмини амалиёти оперативию тафтишоти дар системаҳои компютери таъин гардидаанд Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Доими Ҳисобот оид ба татбиқ Бо сомони баробар ба 50 000 доллари ШМА
18. Таъсиси сохтори махсус оид ба такмили экспертизаи ҳуқуқӣ ва техникӣ барои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои электронӣ, ҷиҳозонидани лабораторияҳои онҳо(ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) ВКД, КДАМ, СҲСД 2005-2015 Лоиҳаҳо, ташкили лабора-торияҳо Бо сомонӣ баробар ба 100 000 доллари ШМА
3.2. Инкишофи ҳамкориҳои байналмилали, таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти байналмилалии иттилооти
19. Ташкили маркази маълумоти стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, имзои электронии рақамӣ ва криптография (ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) СҲСД, КДАМ якҷоя бо Тоҷикстандарт ва мақомоти манфиатдор доми нашр Бо сомонӣ баробар ба 10 000 доллари ШМА
4. Баланд бардоштани фарҳаиги ҳуқуқи ва маърифати компютерии шаҳрвандон
4.1. Таҳия ва татбиқи барномаҳои баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи амнияти иттилооти
20 Таҳияи Барномаи баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи амнияти иттилооти СҲСД, Вазорати маориф ва дигар идораҳо Доими Нашр Бо сомони баробар ба 5 000 доллари ШМА
4.2. Таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани маърифати компютери дар соҳаи амнияти иттилооти
21. Татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.02 № 502 «Дар бораи тасдиқи Барномаи компютерикунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асоси ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007» СҲСД, Вазорати маориф ва дигар идораҳо Доими Нашр, барномаҳо Бо сомони баробар ба 10 000 доллари ШМА
22. Ташкили маркази таълимӣ ва бозомӯзии кадрҳо, сертификатсияи онҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ (ҚҲҶТ №337 аз 1.07.11с.) СҲСД 2013 Лоиҳа ва татбиқи он Бо сомонӣ баробар ба 30 000 доллари ШМА
23. Ташкили системаи тарбия ва бозомӯзии кадрҳо ва сертификатсияи онҳо дар соҳаи амнияти иттилооти СҲСД Доими   Бо сомони баробар ба 10 000 доллари ШМА
  Ҳамаги:       Бо сомони баробар ба 1.442.000 доллари ШМА

Ихтисораҳои истифодашуда:

ВА – Вазорати амният

ВКД – Вазорати корҳои дохили

СҲСД – Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон