Баргузории семинари илмӣ-тадқиқотӣ доир ба имкониятҳои техникии операторони мобилӣ дар самти густариши ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ
Бо мақсади ҳамкории пурсамар ва якҷоя дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” санаи 22-юми июни соли 2023, №586 бо ташаббуси Хадамоти алоқа семинари илмӣ-тадқиқотӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор дар мавзуи “Муаррифии имкониятҳои техникии операторони мобилӣ ҷиҳати истифодаи онҳо дар раванди татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22-юми июни соли 2023, №586” баргузор гардид.
Семинари мазкур дар маҷлисгоҳи МегаФон Тоҷикистон баргузор шуда, дар он мутахассисон аз вазорату идораҳо, муассисаву ширкатҳо ҳузур доштанд.
Дар оғоз Илҳомҷон Атоев, муовини Сардори Хадамоти алоқа иштирокдорони ин семинари илмӣ-тадқиқотиро аз номи роҳбарияти Хадамоти алоқа хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин Илҳомҷон Атоев илова намуд, ки мақсад аз ин семинар табодули афкор ва таҷрибаи бештар дар заминаи густариши табдирҳо дар раванди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад.
Дар қисмати дигари семинар Бахтиёр Мирзораҳимов муваққатан иҷрокунандаи роҳбари хадамоти маркетинг ҶДММ “Таком”, Холиқназар Ҷумъаев, мененҷер ҶСП “Вавилон- мобайл”, Масрур Ҷамилов и.в. сардори департаменти фурӯшҳо ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, Улуғбек Урунов, масъули самти хизматрасониҳои молиявии ҶСП “ТТ Мобайл”, Имомиддин Давлатмуродзода, маркетологи ҶСК “Тоҷиктелеком” доир ба имкониятҳои техникии операторони мобилӣ ҷиҳати истифодаи онҳо дар раванди татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22-юми июни соли 2023, №586 сухаронӣ намуданд.
Дар фарҷом ҳозирин дар бораи мавзуи семинар табодули афкор карданд.