Баргузории Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи “Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия”
Дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» баргузор гардид.
Дар Форуми иқтисодӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Вазири молия ва иқтисоди Туркменистон ва Вазири иноватсия, саноат ва савдои Узбекистон иштирок намуданд.
Дар Форуми мазкур баъди сессияи пленарӣ 3 сессия дар мавзуъҳои «Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар кишвар», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Мубодилаи таҷриба ва муайян кардани дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» гузаронида шуд.
Гуфта шуд, ки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) Осиёи Марказӣ дар давоми 20 сол беш аз 7 маротиба афзудааст. Суръати солонаи рушди иқтисодӣ дар ин давра 6,2%-ро афзоиш ёфтааст. Дар ин давра афзоиши миёнаи солонаи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамагӣ 2,6 фоизро ташкил дода буд. Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар ММД-и баробарии қудрати харид 1,8 баробар, гардиши савдои хориҷӣ шаш баробар, ҳаҷми сармоягузории захирашудаи мустақими дар минтақа 17 баробар, гардиши савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ шаш баробар, аҳолии Осиёи Марказӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳим аст, 1,4 баробар афзудааст.
Кишварҳои минтақа дар замони душвори рақобати афзояндаи геополитикӣ, сиёсатҳои таҳримотӣ ва бархурдҳои тиҷоратӣ зиндагӣ доранд – гуфт вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи марказӣ.
Гуфта шуд, ки дар ин ҳолат танҳо бо талошҳои муштарак кишварҳо метавонанд бо чолишҳо ва фишорҳои афзоянда ба минтақа муқовимат кунанд.
Вазири иқтисод таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушду пешрафт аз имкониятҳои зиёде бархурдоранд.
Вай илова кард, ки дар ҳоли ҳозир шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошад.