Ба муштариён тарзи фаъолияти опертори мобилӣ нишон дода шуд
Корбарони фаъоли хизматрасониҳои «МегаФон Тоҷикистон» бо чашми худ диданд, ки шабакаи иборат аз ҳазорон пойгоҳҳои базавӣ чӣ гуна кор мекунад, бо хадамоти мизоҷон аз наздик шинос шуданд ва фаҳмиданд, ки чӣ тавр дархосту шикоятҳои муштариён фавран баррасӣ мегарданд.
20 нафар муштарии оператор имконияти беназири дидани «паси парда»-и алоқаи мобилиро пайдо намуданд. Дар шуъбаи идораи фаврӣ-техникӣ онҳо шоҳиди он шуданд, ки чӣ тавр мутахассисони техникӣ шабакаро дар реҷаи 24/7 назорат мекунанд, ҳамаи пойгоҳҳои базавии ширкат зиёда аз 3 000 ададро ташкил медиҳанд, дар экрани калон инъикос меёбанд. Ба шарофати модернизатсия иқтидори шабака дар соли 2023 тақрибан се баробар зиёд карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки шумораи бештари муштариён метавонанд ба Интернет дастрасӣ пайдо кунанд ва аз он бо суръати баланд истифода баранд.
Иштирокчиёни экскурсия ба раванди хизматрасонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Меҳмонон шоҳиди он шуданд, ки мушовирон ба саволҳои муштариён чӣ гуна посух медиҳанд. Дар байни масъалаҳои бештар паҳншуда – ивази тарофа, пайвасткунии опсияҳо, кӯмак дар танзимкунии Интернет дар смартфон ва ғ. дида мешаванд. Вақти миёнаи хизматрасонӣ 2 дақиқаю 45 сония аст. Агар савол дар бораи хизматрасонии мураккаб бошад, машварат метавонад то шаш дақиқа идома ёбад.
Кормандони ширкат, баъд аз экскурсия дар идора, оид ба хизматрасониҳо маълумот доданд. Ҳамин тариқ, муштариёни оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба интиқоли фаврии маблағ ва қарзҳои «Орзу», инчунин ба хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо ёрии смартфон, дастрасӣ доранд. Роҳи қулайи истифодаи хизматрасониҳои муосири рақамӣ – ин замимаи мобилии «МегаФон Life» мебошад.
«Вақте фаҳмидам, ки кори шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» то чӣ андоза аз ҷиҳати техникӣ мушкил аст, ба таассуроти худро дигар кардам. Ин қадар пойгоҳҳои базавӣ ва ҳар кадомаш таҳти назорат аст! Экскурсия ба мо имкон дод бубинем, ки ширкат барои чӣ гуна ба муштариёнаш алоқаро таъмин мекунад», – гуфт яке аз иштирокчиёни экскурсия бо номи Ситора.
«Тӯли панҷ сол мешавад, ки муштарии ширкат ҳастам ва аз сифати хизматрасонӣ қаноатмандам. Ҳоло маълум шуд, ки чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон ба ҳамаи ин ноил мегардад!” – иброз дошт меҳмони дигари ширкат Мадина.
«Танҳо дар бораи фаъолияти мо шунидан кофӣ нест, муҳим аст, ки онро бо чашмони худ бубинем. Вохӯриҳои шахсӣ барои наздиктар шудан бо муштариён ва фаҳмотар гардидани кори мо ба онҳо кӯмак мекунанд. Аз ин рӯ, ба фикрам бояд онҳоро бештар даъват намоем!» – дар ҷамъбаст гуфт, роҳбари самти хадамоти мизоҷони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Фарангис НУРХАНОВА.