Ба кормандони ширкатҳои пешрафта чиро ва бо кадом роҳ меомӯзонанд?
Барои роҳандозии лоиҳаҳое, ки ҳоло дар кишвар мавҷуд набуданд, бояд дорои донишҳо ва технологияҳои замонавӣ буд. Пас кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки бо нерӯи худ тарофаҳои нодир, замимаҳои мобилӣ ва чат-ботҳоро таҳия менамоянду таҷрибаи беҳтарини робита бо мизоҷонро ташкил мекунанд, бо кадом роҳ сатҳи касбии худро нигоҳ медоранд? Ҳама гап сари системаи омӯзишиест, ки оператор пешбинӣ кардааст.
Якум ва аз ҳама муҳим: омӯзиш аз ҳисоби ширкат гузаронида мешавад. Албатта, мутахассисони МегаФон худ доимо дар роҳи инкишофанд, адабиёти соҳавиро мутолиа мекунанд, онлайн-курсҳоро мегузаранд, лекин дастраскунии чунин донишҳо на ҳамеша муяссар мешавад. Вале курсҳое, ки бизнес-тренерҳои касбию коршиносони даъватшуда мегузаронанд, тамоман гапи дигар аст.
Дар ширкат ҳама аз омӯзиш мегузаранд: ҳам коргарони наве, ки танҳо донишгоҳро хатм карда омадаанд ва ҳам мутахассисони ботаҷриба; кормандони Хадамоти мизоҷон, ки бевосита бо муштариён кор мебаранд, муҳандисон, маркетологҳо, мутахассисони соҳаи IT, мутахассисони қаторӣ ва топ-менеҷерҳо. Дар Душанбе ва ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон. Вобаста ба ҳамин барномаи курсҳо омода карда мешавад.
Кормандони нав аз асосҳо оғоз мекунанд. Масалан, кормандони Front Line ба таври муфассал тарофаҳо ва хизматрасониҳои рақамии ширкатро меомӯзанд, бо стандартҳои хизматрасонӣ ва фурӯшҳо бо сабки МегаФон шиносоӣ пайдо мекунанд. Кормандони Хадамоти мизоҷон пас аз чунин курсҳои муқаддимавӣ мунтазам ҷамъ омада, доир ба усулҳои нави хизматрасонӣ маълумот пайдо мекунанд, аз болои хатоҳо кор мебаранд, ҳолатҳои ғайристандартии дар рафти муошират бо мизоҷон бамиёнояндаро матраҳ мекунанд.
Барои мутахассисони ботаҷриба аллакай курсҳои умумиомӯзишӣ кифоя нестанд. Мавзӯъҳои нисбатан ҷуқур бо назардошти талаботи ин ё он зерсохтор ва хоҳишу дархостҳои кормандон ташкил карда мешаванд. Як гурӯҳ ба тайм-менеҷмент, фарҳанги мукотибаи корӣ ё усулҳои идоракунӣ шавқ дорад, гурӯҳи дигар бештар донишҳои соҳавиро дар самти IT, маркетинг ва соҳаҳои дигари марбут ба фаъолияти Ширкат меписандад. Ҳар дархост ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ва дар оғози соли навбатӣ барномаи чорабиниҳои омӯзишие, ки барои кормандон ройгон гузаронида хоҳанд шуд, тартиб дода мешавад.
Омӯзиш чӣ тавр мегузарад? Ҳар хел. Ин метавонад курси кӯтоҳмуддати иборат аз якчанд соат, тренинги серӯза ё дарсҳои якчандмоҳа бошад. Ҳамааш аз мавзӯъ, аз он, ки чӣ гуна донишҳо бештар ба кормандон лозиманд, вобаста аст. Вақтҳои охир шакли онлайн фаъолона инкишоф меёбад. Пайдокунии маълумоти зарурӣ дар платформаи корпоративии омӯзишии “Онлайн академия” ё китобхонаи электронии “МИФ” ҶСО “МегаФон”, ки алҳол ба он ҳамкорони тоҷики мутахассисони алоқаи Русия низ пайвастанд, имконпазир аст.
“Барои мо ташаккулу инкишофёби кормандон хеле муҳим аст. Мо бо ин мақсад онлайн-курсҳои махсус дастрас мекунем, мутахассисонро махсусан аз кишварҳои дигар даъват менамоем. Ҳамин тавр ба мутахассисони мо муяссар мешавад, ки дар касбу кори худ пеш раванд, маҳсулоти нодир эҷод кунанд ва талаботи баланди мизоҷонро қонеъ намоянд”, – мегӯяд директор оид ба ҳайати кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анна ЖДАНОВА.
Мехоҳӣ тавре кор кунӣ, ки аз натиҷаҳоят ифтихор намоӣ ва худро ҳаррӯза такмил диҳӣ? Ба қисми “Ҷойҳои холии корӣ”-и сомона гузар, кори дилхоҳи худро интихоб намо ва ҳамроҳи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба пешравиҳо ноил шав!