Ба кормандони Хадамоти алоқа нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Санаи 25 январ дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир ба тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Хадамот баргузор гардид.
Зимни он муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандон ва масъулини оҳаи алоқа дар кишвар расонида шуд.
Ҳамоишро муовини Сардори Хадамоти алоқа, Илҳомҷон Атоев ифтитоҳ намуда, нақш Паёмро дар рушди соҳаи алоқа дар кишвар тавзеҳ дод. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фарогири ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат буда, ба рушди тамоми соҳаҳо ва зиндагии шоистаи мардуми сарбаланди тоҷик равона шудааст.
Ҳамчунин натиҷаҳо, дастовардҳо ва дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 бармеоянд, шарҳ дода шуд.
Дар ҷамъомад иштирокдорон доир ба самтҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва пеш бурдани корҳои амалӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳое, ки дар Нақшаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба навсозӣ ва рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар давраи солҳои 2024 2028 пешбинӣ шудааст, сухан гуфтанд.