Ба ду ширкати хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани Интернети баландсуръат дода шуд
Дар Тоҷикистон тадбирҳои пай дар пай ҷиҳати баланд бардоштани суръати Интернет ва паст кардани арзиши он андешида мешавад.
Дар идомаи андешидани чораҳои зарурӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро содир намуд.
Иқдоми навбатӣ боаҳамияту муҳим буда, барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидати фаъол менамояд.