Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон «Оид ба тасдиқи низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)»

Қарор ва фармоишҳои Ҳукумат

аз 3 апрели соли 2007           № 172            ш. Душанбе

Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқи» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Низомномаи замимагардида дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав) тасдиқ карда шавад.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Э. Раҳмонов

СМҲ «Ҳуқуқ»

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2007 № 172

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМА

ДАР БОРАИ ХУСУСИЯТҲОИ ИҶОЗАТНОМАДИҲИ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ (ДАР ТАҲРИРИ НАВ)

ҚИСМИ УМУМИ

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Боби 1. Муқаррароти умуми

Боби 2. Тартиби ҷори намудани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда

Боби 3. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад

Боби 4. Амали иҷозатнома

Боби 5. Шарту талаботи иҷозатномадиҳи

Боби 6. Хироҷ барои барраси, додан, аз нав ба расмият даровардан ва дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома

Боби 7. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд

Боби 8. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома

Боби 9. Надодани иҷозатнома

Боби 10. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд

Боби 11. Дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома

Боби 12. Боздоштан, бекор кардан ва қатъ намудаыи амали иҷозатнома

Боби 13. Феҳристи иҷозатномаҳо

Боби 14. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳанда ва бурдани назорат

Боби 15. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузори оид ба иҷозатномадиҳи

Боби 16. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи имзоҳои рақамии электрони ва фаъолият дар соҳаи ҳифзи маълумот

Боби 17. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофизатшаванда аз ҷумла қоғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур

Боби 18. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ломбардҳо

Боби 19. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти аудитори

Боби 20. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти баҳодиҳи (нархгузори)

Боби 21. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгири кардани биною иншоотҳо

Боби 22. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи фурӯши аслиҳа ва лавозимоти он

Боби 23. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардори, истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва кимиёви доранд

Боби 24. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноати

Боби 25. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳанда фаъолият дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдори, истифода, паҳн кардан ва интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноати; истеҳсол ва паҳн кардани маснуоти тарфгари (пиротехники)

Боби 26. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи энергетика

Боби 27. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи сохтмон

Боби 28. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти геодези ва харитасози

Боби 29. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба корҳои маркшейдери

Боби 30. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷи ва соҳаҳои ба он алоқаманд аз ҷумла, иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванда обуҳавосанҷи ва геофизики

Боби 31. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ҷамъовари, истифодабари, безараргардони, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок

Боби 32. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти фармасевти, истеҳсоли воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизатсиони

Боби 33. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тибби ва фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда

Боби 34. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ҷамъовари ва тайёр намудани ашёи хоми дорувори

Боби 35. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии тибби

Боби 36. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илми, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропи ва фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо

Боби 37. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактиви

Боби 38. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёт

Боби 39. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавои

Боби 40. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо

Боби 41. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти туристи

Боби 42. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти кормандони масъули патенти

Боби 43. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга

Боби 44. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боби 45. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии байтори

Боби 46. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсол, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку

Боби 47. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти адвокати ваколатдор

Боби 48. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи маориф

Боби 49. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

Боби 50. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизион, радиошунавони ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали

Боби 51. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ба даст овардан, фурӯш истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамои, хизматрасони ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд

Боби 52. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа

Боби 53. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи биржа

Боби 54. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти суғуртави

Боби 55. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок

Боби 55.1. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти Бюрои таърихи қарз

Боби 56. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ташкилотҳои кредити (аз ҷумла ташкилотҳои ғайрибонки)

Боби 57. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдор

Боби 58. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи

Боби 59. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризамини

Боби 60. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд

Боби 61. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият, кор ва хизматрасони дар соҳаи истифодаи энергияи атом

Боби 1. Муқаррароти умуми

  1. Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият (минбаъд – Низомнома) мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» таҳия гардидааст.
  2. Ин Низомнома муносибатҳои амали намудани фаъолиятеро (амалеро), ки бояд барои он аз мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда иҷозатнома (литсензия) (минбаъд – иҷозатнома) гирифта шавад, ба танзим медарорад.
  3. Иҷозатномаҳо метавонанд аз ҷониби мақомоти маркази ё сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷозатномадиҳанда дода шаванд, агар ин ҳолат дар қисми махсуси ин Низомнома пешбини шуда бошад.
  4. Иҷозатномаро роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда ё муовини ӯ имзо намуда, он бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки иҷозатнома аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақомоти иҷозатномадиҳанда ё сохторҳои маҳаллии он дода мешавад, онро роҳбари воҳиди сохтори ё сохтори маҳаллии ин мақомот имзо намуда, бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ менамояд.
  5. Шахсони воқеи, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва моликият ва соҳибкорони инфироди, ки барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад, изҳори хоҳиш намудаанд, ӯҳдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин Низомнома иҷозатнома гиранд.
  6. Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияте, ки бояд барои иҷрои он иҷозатнома гирифта шавад, манъ аст.
  7. Ҳуқуқи амали намудани фаъолияти иҷозатномашаванда (литсензияшаванда) (минбаъд – иҷозатномашаванда)-ро шахси ҳуқуқи ё соҳибкорони инфироди пас аз гирифтани иҷозатнома пайдо мекунад. Иҷозатномаи ба шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди додашуда, ҳуҷҷате мебошад, ки барои машғул шудан ба намуди фаъолияте, ки дар он нишон дода шудааст, ҳуқуқ медиҳад.
  8. Намуди фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудааст, метавонад намудҳои корҳоеро дарбар гирад, ки ба ни намуди асосии фаъолият дохил мегарданд. Дар қисми махсуси ин Низомнома метавонад рӯйхати мушаххаси ин намудҳои корҳо нишон дода шаванд.
  9. Ба ҳар як намуди фаъолияти дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» номбаршуда, як иҷозатнома дода мешавад. Агар фаъолияти иҷозатномашаванда ба намуди корҳоро дар бар гирад, ин намуди корҳо дар иҷозатнома нишон дода мешаванд. Иҷозатномаи алоҳида ба намудҳои корҳое, ки ба намуди фаъолият дохил мешаванд, талаб карда намешавад.
  10. Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомнома тартиби дигар пешбини нагардида бошад, шахсони воқеи ва ҳуқуқии хориҷи, инчунин шахсони бешаҳрванд бо ҳамон шарт ва бо ҳамон тартибе, ки барои шахсони воқеи ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, иҷозатнома мегиранд. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.
  11. Иҷозатномаҳое, ки дар давлатҳои дигар гирифта шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.

Боби 2. Тартиби ҷори намудани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда

  1. Ҷори намудани намуди нави фаъолияти иҷозатномашаванда ё бекор кардани онҳо танҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» муқаррар карда мешавад.
  2. Меъёрҳои алоҳидаи танзими масъалаҳои махсуси марбуг ба иҷозатномадиҳи, ки дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи мавҷуданд, набояд хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» бошанд ва метавонанд танҳо баъди ворид намудани тағйирот ё иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» мавриди истифода қарор гиранд.
  3. Ба мақоми иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ талаб кардан ё мустақилона муқаррар кардани намудҳои иловагии ҳуҷҷатҳое, ки ба фаъояият вобастаанд ва муқаррар кардани талабот ё шартҳои иловагии дар Низомномаи мазкур пешбининагардида манъ аст. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дода мешаванд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

Боби 3. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад

  1. Дар қарор дар бораи додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунад, инҳо нишон дода мешаванд:

номи мақомоти иҷозатномадиҳанда;

барои шахси ҳуқуқи – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқи, суроғаи ҳуқуқи;

барои соҳибкори инфироди – насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;

намуди фаъолияти иҷозатномашаванда бо намудҳои кор (агар фаъолияти иҷозатномашаванда ба намудҳои кор тақсим шавад);

рақами бақайдгири, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома;

рақами мушаххаси (идентификатсионии) андозсупоранда;

рақами иҷозатнома;

рӯзи қабул кардани қарор дар бораи додани иҷозатнома.

  1. Шакли варақаҳои (бланкаҳои) иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешаванд. Варақаҳои иҷозатнома бояд ба тариқи типографи тайёр карда шуда, дараҷаи ҳифозат, силсилаи қайд ва рақам дошта бошанд. Варақаҳои иҷозатнома ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии қатъи мебошанд. Варақаҳои иҷозатномаро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба ҳисоб мегирад ва нигоҳ медорад.
  2. Ба ислоҳкуни дар варақаҳои иҷозатнома роҳ дода намешавад. Варақаҳои вайроншудаи иҷозатнома бо тартиб додани санад нест карда мешаванд.
  3. Дар сурати гум кардани иҷозатнома, иҷозатномадор барои гирифтани дубликати иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад.
  4. Тибқи дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда ва андоз иҷозатномадор ӯҳдадор аст иҷозатномаро пешниҳод кунад. Агар иҷозатномадор барои додани дубликат, азнавбарасмиятдарори ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома ариза дода бошад, пешниҳод кардани нусхаи иҷозатнома мумкин аст. СМҲ «Ҳуқуқ»

Боби 4. Амали иҷозатнома

  1. Намуди фаъолияте, ки барои амали намудани он иҷозатнома дода шудааст, метавонад танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди, ки иҷозатнома гирифтааст, анҷом дода шавад.
  2. Фаъолияте, ки мақомоти иҷозатномадиҳанда барои иҷрои он иҷозатнома додааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешавад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳолати дигарро пешбини накарда бошанд.
  3. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад.

Боби 5. Шарту талаботи иҷозатномадиҳи

  1. Яке аз шарту талаботи ҳатмии иҷозатномадиҳи ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор амали кардани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи дар ин Низомнома пешбинишуда мебошад.
  2. Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки барои амали намудани онҳо дониши махсус талаб карда мешавад, дар қисми умумии ин Низомнома метавонанд талаботи тахассуси нисбати довталаби иҷозатнома ё иҷозатномадор пешбини карда шаванд, аз ҷумла талаботи тахассуси нисбати кормандони шахси ҳуқуқи ё шаҳрванде, ки соҳибкори инфироди мебошад.
  3. Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки шартҳои махсус барои амали намудани онҳо талаб карда мешавад, дар шарту талаботи иҷозатномадиҳии дар қисми умумии ин Низомнома муқарраргардида, метавонанд талаботи ба шартҳои махсуси пешбинишуда мутобиқат намудани объекте дохил карда шаванд, ки дар он ё бо ёрии он чунин намуди фаъолият амали карда мешавад.

Эзоҳ: Дар ин Низомнома таҳти мафҳуми объект иморатҳо, иншоот, инчунин воситаҳои техникие фаҳмида мешавад, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амали карда мешавад.

  1. Номгӯи шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳии намуди мушаххаси фаъолияти иҷозатномашаванда дар қисми махсуси ин Низомнома нишон дода мешавад ва ҷузъи таркибии иҷозатномаи додашаванда мебошад (дар шакли замимаи иҷозатнома дода мешавад).
  2. Ҳангоми зарурат мақомоти иҷозатномадиҳанда мутобиқати шароити фаъолиятро ба талаботи муқарраршуда, дар ҷояш месанҷанд.
  3. Санҷишҳо аз ҳисоби маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷудогардида, гузаронида мешаванд.

Боби 6. Хироҷ барои барраси, додан, аз нав ба расмият даровардан ва дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома

  1. Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда барраси гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Барои барраси гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ ҳнишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Ин маблағҳо баргардонида намешаванд. (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)
  2. Барои додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ музди меҳнати ҳадди ақал хироҷ ситонида мешавад. Хироҷи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» пешбини шудаанд, дар фасли III қисми махсуси ин Низомнома муайян карда мешаванд.
  3. Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)
  4. Барои дароз намудани амали иҷозатнома ба ҳамон мӯҳлате, ки иҷозатнома дода шудааст, маблағ баробар ба хироҷи додани иҷозатнома ситонида мешавад.
  5. Хироҷ барои баррасии ариза ва додани иҷозатнома, инчунин барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқдунандаи мавҷудияти иҷозатнома ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз ҷониби иҷозатномадор дар шакли нақди ва ғайринақди ба буҷети ҷумҳурияви ё маҳалли пардохт карда мешаванд. Пардохт мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Барои гирифтани дубликати иҷозатнома, хироҷ ба андозае, ки барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ситонида мешавад, пардохт карда мешавад.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надоранд, ки аз довталаби иҷозатнома дигар маблағҳои пулиро ситонад.
  2. Иҷозатномадиҳи дар доираи маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷудогардида маблағгузори карда мешавад.

Боби 7. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд

  1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

-ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

барои шахси ҳуқуқи – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқи, рақами суратҳисоб ва номи бонк;

барои соҳибкори инфироди – насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;

-намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфироди ва шахси ҳуқуқи мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад;

барои шахси ҳуқуқи – нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсиси ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқи;

барои соҳибкори инфироди – нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфироди;

-нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;

-ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;

-маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома;

-рӯзи додани ариза ва имзои довталаб.

  1. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар қисми махсуси ин Низомнома пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мавҷуд будани онҳо барои амали намудани намуди мушаххаси фаъолият зарур аст, пешбини шуда метавонанд.
  2. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» ва ҳамин Низомнома пешбини нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.
  3. Ҳуҷҷатҳоро довталаби иҷозатнома ба забони тоҷики ё руси пешниҳод мекунад. Ҳуҷҷатҳое, ки шахсони хориҷи пешниҳод мекунанд ё аз хориҷа пешниҳод карда мешаванд, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.
  4. Шакли аризаро, мақомоти иҷозатномадиҳанда бо дарназардошти талаботи Низомномаи мазкур тасдиқ мекунад.
  5. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст лавҳаи иттилооти тартиб дода, дар он рӯйхати ҳуҷҷатҳо ва намунаҳои онҳоро, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, овезон кунад.
  6. Довталаби иҷозатнома барои дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ҷавобгар аст. Мақомоти иҷозатномадиҳанда, дар мавриди зарурат, ҳуқуқ дорад дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаби иҷозатномаро санҷад.
  7. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи рӯйхат бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад.

Боби 8. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда қарорро дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати на зиёда аз си рӯзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома, бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарури, баъд аз баррасии ҳуҷҷатҳо, гузаронидани экспертизаҳо, муоинаҳо ва дигар амалҳои зарури қабул мекунад.
  2. Баррасии ариза ва додани иҷозатнома аз ҷониби комиссия иҷро карда мешавад, агар дар қисми махсуси ин Низомнома ҳолати дигар пешбини нашуда бошад. Ҳайати комиссия бо фармони роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати комиссия метавонанд намояндагони дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор дохил карда шаванд. Низомномаи комиссияро мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ мекунад.
  3. Рӯз ва ҷои гузаронидани ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда бояд пешаки эълон карда шаванд. Довталаби иҷозатнома ё намояндаи ваколатдори он ҳақ дорад дар ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда иштирок кунад. Ба ҷаласа ҳозир нашудани шахсони номбурда барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.
  4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати барои қабули қарор муқарраргардида дар бораи додан ё надодани иҷозатнома пешбинишуда довталаби иҷозатномаро оид ба қарори қабулшуда ба таври хатти огоҳ намояд.
  5. Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар шакли хатти бо қайди реквизити ҳисоби бонки ва мӯҳлати пардохти маблағи хироҷи додани иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад.
  6. Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкуни фиристонида (супорида) мешавад.
  7. Мақомоти иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷи додани иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, ройгон медиҳад.
  8. Қарори мақомоти иҷозатномадиҳанда бо санади дахлдор ба расмият дароварда мешавад ва дар парвандаҳои он нигоҳ дошта мешавад. Тибқи дархости аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори он, иқтибос аз протоколи дахлдор ё нусхаи санад ройгон дода мешаванд.

Боби 9. Надодани иҷозатнома

  1. Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:

-вуҷуд дошгани маълумоти нодуруст ё таҳрифшуда дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома;

-мутобиқ набудани довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳи;

-хулосаи манфии мақомоти дахлдор вобаста ба намуди фаъолияти дархостшаванда.

  1. Дар сурати аз ҷониби довталаби иҷозатнома дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳнома дар бораи надодани иҷозатнома бартараф гардидани монеаҳои дар сархатҳои якум ва дуюми банди 1 ҳамин боб нишондодашуда, ариза бо тартиби муқаррари бе пардохти такрори мавриди барраси қарор дода мешавад. Дар сурати надодани иҷозатнома хироҷи баррасии ариза ба довталаби иҷозатнома баргардонида намешавад.
  2. Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунад (анҷом медиҳад) ё истеҳсолашро (анҷом доданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.
  3. Надодани иҷозатнома бо дигар асосҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» ва ҳамин Низомнома пешбини нагардидаанд, манъ аст.
  4. Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ дорад нисбати надодани иҷозатнома ё барои бефаъолиятии мақомоти иҷозатномадиҳанда ба суд муроҷиат намояд.

Боби 10. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд

  1. Дар ҳолати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқи, тағйир ёфтани ном ё макони ҷойгиршави ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродиро тасдиқ менамояд, иҷозатномадор – шахси ҳуқуқи шахси ҳуқуқи (вориси ҳуқуқии ӯ) ё соҳибкори инфироди ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунанд, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд.
  2. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳристи иҷозатномаҳо тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
  3. Аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи ворид гардидани аризаи дахлдор анҷом дода мешавад.
  4. То аз нав ба расмият даровардан ва гирифтани иҷозатнома иҷозатномадор метавонад фаъолиятро дар асоси нусхаи иҷозатномаи пештар гирифташуда анҷом диҳад.
  5. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории иҷозатнома санҷиши ғайринавбати, муоина, экспертиза гузаронида намешаванд.

6 Аз иҷозатномадор бо асосҳои дигаре, ки дар ин боб пешбини нагардидаанд, талаб намудани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома манъ аст.

  1. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ба суд шикоят намояд. СМҲ «Ҳуқуқ»

Боби 11. Дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома

  1. Мӯҳлати амали иҷозатнома ҳангоми ба охир расиданаш метавонад дар асоси аризаи иҷозатномадор дароз карда шавад.
  2. Мӯҳлати иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунад ва ба мӯҳлати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» барои ин намуди фаъолият пешбини гардида, дароз карда мешавад.
  3. 3. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

Боби 12. Боздоштан, бекор кардан ва қатъ намудаыи амали иҷозатнома

  1. Боздоштани амали иҷозатнома дар ҳолатҳои зерин роҳ дода мешавад:

-риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳи;

-ба шахси дигари воқеи ё ҳуқуқи додани иҷозатнома;

-истеҳсол ва ё ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифат, хизматрасонии пастсифат;

-риоя накардани дигар талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқи.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани қонуншиканиҳо (ду ва зиёда маротиба) ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздорад. Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истиснои, агар он барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногени, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо роҳҳои дигар имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда бартараф накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд.
  3. Тамоми қарорҳои марбут ба боздоштани амали иҷозатнома ё бекор кардани он дар маҷлиси мақомоти иҷозатномадиҳанда бо даъвати ҳатмии иҷозатномадор (намояндаи ӯ) барраси мегарданд. Мақомоти иҷозатномадиҳанда бояд иҷозатномадорро пешаки ба таври хатти на дертар аз 10 рӯз пеш аз оғози маҷлис хабардор созад. Дар сурати бе сабабҳои узрнок ҳузур надоштани иҷозатномадор (намояндаи ӯ), ки ба таври зарури хабардор гардидааст, қарорҳо метавонанд бе иштироки ӯ қабл карда шаванд.
  4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи боздоштани амали иҷозатномаро дар шакли хатти бо асосноксозии ваҷҳнок на дертар аз се рӯзи баъди қабули чунин қарор ба маълумоти иҷозатномадор мерасонад.
  5. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мақомоти иҷозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, хатти хабардор намояд.
  6. Мақомоти иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозатномаро боздоштааст, дар бораи барқарор намудани амали он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рӯзи баъди гирифтани хабарномаи дахлдор ва санҷидани бартараф намудани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, ба таври хатти хабар медиҳад.
  7. Мӯҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблағ ситонида намешавад.
  8. Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонуни, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолате, ки агар иҷозатномадор қонуншиканиҳоро дар мӯҳлати муқарранамудаи мақомоти иҷозатномадиҳанда ислоҳ накарда бошад, иҷозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақомоти иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то рӯзи ба қувваи қонуни даромадани қарори суд боздорад.
  9. Мақомоти иҷозатномадиҳанда метавонад иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани ҳаққи иҷозатнома бекор кунад.
  10. Маълумот оид ба боздоштан, барқарорсозии амали иҷозатнома ва бекор кардани он аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда ба мақомоти андози маҳалли қайди иҷозатномадор фиристода мешаванд ва дар ҳолатҳои зарури ба маълумоти мақомоти назоратию тафтиши фиристонида мешаванд.
  11. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби суди шикоят кардан мумкин аст.
  12. Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои барҳамдиҳии шахси ҳуқуқи ва қатъ гаштани амали шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси воқеи ба сифати соҳибкори инфироди, ба қувваи қонуни даромадани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома, ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома, инчунин дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор қатъ карда мешавад.

Боби 13. Феҳристи иҷозатномаҳо

  1. Феҳристи иҷозатномаҳо – маҷмӯи маълумот дар бораи додани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардан ва қатъ гардидани амали он мебошад. Шакли феҳрист аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда феҳристи иҷозатномаҳоро ба намудҳои фаъолияте, ки иҷозатномадиҳии онро анҷом медиҳанд, тартиб медиҳад. Ба ҳар як намуди фаъолияти иҷозатномашаванда феҳристи алоҳида тартиб дода мешавад. Дар ҳолати аз тарафи сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷозатномадиҳанда додани иҷозатнома, барои ворид намудан ба феҳрист фавран ба мақомоти иҷозаномадиҳанда фиристода мешаванд.
  3. Дар феҳристи иҷозатномаҳо маълумотҳое, ки дар моддаҳои 9 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият», инчунин маълумотҳои дигаре, ки дар Низомномаи мазкур пешбини шудаанд, ворид карда мешаванд.
  4. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда, барои ба он шинос гардидани шахсони воқеи ва ҳуқуқи кушода аст. Дар воситаҳои ахбори омма интишор намудани маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо мавҷудбуда мумкин аст.
  5. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда дар бораи иҷозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи бо пардохти маблағ дода мешавад. Андозаи пардохти маблағ барои додани маълумот як нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад ва он ба буҷети давлати гузаронида мешавад. (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)
  6. Маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба мақомоти ҳокимияти давлати бемузд дода мешавад.
  7. Мӯҳлати додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рӯз зиёд бошад. СМҲ «Ҳуқуқ»
  8. Расмиёти ворид намудани тағйирот ба феҳристи иҷозатномаҳо набояд аз се рӯзи баъди аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда қабул гардидани қарори дахлдор зиёд бошад.
  9. Феҳристи иҷозатномаҳо бо тартиби хронологи аз рӯи санаи бақайдгирии иҷозатнома ва ба он додани рақами бақайдгири тартиб дода мешавад.
  10. Роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда масъул аст:

-барои сари вақт ва дуруст бурдани феҳристи иҷозатномаҳо;

-барои сари вақт додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба шахсони манфиатдор тибқи дархости онҳо.

  1. Маълумоти феҳристи иҷозатномаҳо, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо иҷозатномаҳо дода шудаанд, панҷ сол дар парвандаҳои мақомоти иҷозатномадиҳанда нигоҳ дошта мешаванд ва баъдан мувофиқи тартиби муқарраргардида ба бойгони супурда мешаванд.

Боби 14. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳанда ва бурдани назорат

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки:

-иҷозатнома диҳанд;

-ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;

-мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд;

-амали иҷозатномаро боздоранд;

-амали иҷозатномаро барқарор созанд;

-иҷозатномаро бекор кунанд (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият»);

-феҳристи нчозатномаҳоро тартиб диҳанд;

-ба риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳи аз ҷониби иҷозатномадор назорат кунанд.

  1. Назорати аз ҷониби иҷозатномадор риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳиро мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ анҷом медиҳад.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иҷозатномадорро ҷиҳати мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатномадиҳи санҷад. Санҷишҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» гузаронида мешавад.
  3. Мақомоти давлатии пазоратию тафтишоти, инчунин дигар мақомоти ҳокимияти давлати дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳи ӯҳдадоранд ба мақомоти иҷозатномадиҳанда аз хусуси камбудиҳои ошкоргардида ва тадбирҳои андешидашуда хабар диҳанд.

Боби 15. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузори оид ба иҷозатномадиҳи

  1. Зараре, ки бинобар беасос рад намудани додани иҷозатнома ё вайрон намудани ҳуқуқу манфиатҳои иҷозатномадор ба ӯ расонида шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
  2. Бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё риоя накардани шарту талаботи литсензиони боиси ҷавобгарии маъмури ва ҷиноятии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраррагардида мегардад.

ҚИСМИ МАХСУС

ФАСЛИ II. НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТҲОИ УМУМИЕ, КИ БАРОИ АМАЛИ НАМУДАНИ ОНҲО ИҶОЗАТНОМА ЗАРУР АСТ

Боби 16. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи имзоҳои рақамии электрони ва фаъолият дар соҳаи ҳифзи маълумот

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақами, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақами, хизматрасонӣ вобаста ба тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақами; (ҚҲҶТ №203 аз 30.04.11с.)

-фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои махфи қабул намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техники таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолате, ки он барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди истифода шавад);

-фаъолият оид ба коркард ва истеҳсол намудҳои маълуми воситаҳои ҳифзи иттилооти пинҳонӣ; (ҚҲҶТ №203 аз 30.04.11с.)

-фаъолият оид ба ҳифзи техникии иттилооти пинҳонӣ; (ҚҲҶТ №203 аз 30.04.11с.)

-фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли бо мақсади харидан ва фурӯхтани воситаҳои махсуси техники тибки Номгӯи (замимаи 4), ки барои ба даст овардани иттилоотро махфи истифода бурда мешаванд, фурӯши ин воситаҳо ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш дар ҳолатҳое, ки ин намудҳои фаъолият аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкори машғул баду, амали гардонида мешавад. (ҚҲҶТ №203 аз 30.04.11с.)

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда. Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда иҷозатномаро баъди гузаронидани экспертизаи техники бо тартиби муқаррарнамудаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
  3. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-фаъолият танҳо дар объектҳои аттестатсиякардашуда, ки ба меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот мутобиқанд, амали шуда метавонад;

-асбобҳо, таҷҳизотҳои техники ва электрони бояд ба мутобиқат сертификатсия карда шаванд, асбобҳо ҳамчунин дар мақомот оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия санҷида шаванд;

-ҳайати кормандон бояд аттестатсия карда шаванд ва ба маълумоти дорои сирри давлати иҷозат дошта бошанд;

-санади экспертизаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афканишоти электромагнитии иловагии шахси мавҷуд бошад, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №203 аз 30.04.11с., ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-нақшаи шабакаҳои муҳандиси (қувваи барқ, алоқа, обистифодабари, обгардони, богармитаъминкуни, сигнализатсияи зиддисӯхтори ва посбони, шабакаи маҳаллии радиои) мавҷуд бошад.

-бо Ҳайати кормандони боихтисоси муҳандисию техникии дороӣ таҷрибаи кори бо системаҳои оператсионӣ, воситаҳои криптографии ҳифзи иттилоот, ҳамчунин бо воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот таъмин бошанд; (ҚҲҶТ №203 аз 30.04.11с.)

-бо маҷмӯи дастгоҳию барномавии сертификатсияшуда ва утоқҳои махсус ҷиҳати ҷойгиронии ин дастгоҳҳо барои фаъолияти марказ тасдиқкунанда таъмин бошанд; (ҚҲҶТ №203 аз 30.04.11с.)

-роҳбарият ва кормандоне, ки ба маҷмӯи дастгоҳию барномави истифодашаванда рухсат доранд, бояд иҷозат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ дошта бошанд; (ҚҲҶТ №203 аз 30.04.11с.)

-дорои рухсатнома ба фаъолияте, ки дар он маълумоти дорои сирри давлатӣ истифода бурда мешавад. (ҚҲҶТ №203 аз 30.04.11с.)

  1. Иҷозатномадор вазифадор аст ҳангоми дар объектҳои фаъолияташ ошкор намудани вайронкунии меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии иттилоот ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад.

Боби 17. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофизатшаванда аз ҷумла қоғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофизатшаванда, аз қоғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Барои гирифтани иҷозатнома намунаи маҳсулоти матбаавӣ, ки минбаъд тайёр карда мешавад, ҳамчун ҳуҷҷати иловагӣ ба мақоми давлатӣ пешниҳод карда мешавад. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)
  4. Шартҳо ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-мавҷуд будани раванди махсуси технологии тайёр кардани қоғазҳои қиматнок, аз он ҷумла тайёр кардани намунаҳо, шаклҳои чопкуни, рақамгузории онҳо, коркарди онҳо;

-мавҷуд будани таҷҳизоти махсус ва технологияе, ки имконияти ҳимояи пурраи бланкаҳои қоғазҳои қиматнокро аз сохтакори ва дигар суиистифодаҳо таъмин менамоянд;

-мавҷуд будани мутахассисоне, ки дорои тахассуси дахлдор мебошанд;

-таъмин намудани нигоҳдории намунаҳои ҳамаи маҳсулоти тайёркардашудаи матбаави;

-мавҷуд будани системаи ҳисобот ва шартҳо барои таъмини нигоҳдории маҳсулоти матбаави дар вақти истеҳсол.

Боби 18. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ломбардҳо

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти ломбардҳо.
  2. Мақомоти иҷозатпомадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

-нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани бинои заруриро барои иҷрокунии фаъолияти ломбардҳо тасдиқ мекунанд;

-хулосаи мусбии мақомоти оташнишони ва корҳои дохили дар бораи мувофиқ будани биноҳо ва таҷҳизотҳо ба талаботи муқарраргардида, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

  1. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ломбардҳоро оид ба қабул, баҳисобгири ва нигоҳдории моликияте, ки ба гарав ва ё барои нигоҳдори қабул мешаванд, тартиби фурӯши моликияти хариданашуда ё талабкарданашударо танзим менамоянд;

-аз тарафи ломбардҳо ба манфиати гаравдеҳ аз ҳисоби худ суғуртакунии ҳатмии молҳои багаравгузошта, бо арзиши пурраашон;

-дар ихтиёри иҷозатномадор мавҷуд будани биноҳои зарури, таҷҳизот, асбобу анҷом ва системаи ҳимояи биноҳо, ки ба талаботҳои муқарраргардида, ҷавобгӯ мебошанд.

Боби 19. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти аудитори

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти аудитори.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷети, ташкилотҳои инвеститсиони, ташкилотҳои суғуртави, аудити умуми;

Бонки миллии Тоҷикистон – барои аудити ташкилотҳои бонки, ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, ташкилоти амонатии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд.

  1. Барои гирифтани иҷозатнома мавҷуд будаии аттестатсияи тахассусии аудитори талаботи ҳатми мебошад.
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷети, ташкилотҳои инвеститсиони, ташкилотҳои суғуртави, аудити умуми:

-нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунанд;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки собиқаи на кам аз се соли кориро аз рӯи ихтисосҳои муҳосиб, иқтисодчӣ, тафтишотчӣ, корманди молия, андоз ва ҳуқуқшинос дар сурати доштани таҳсилоти олӣ ва собиқаи на кам аз панҷ соли кориро аз рӯи ҳамин ихтисосҳо дар сурати доштани таҳсилоти миёнаи махсус тасдиқ менамояд. (ҚҲҶТ №646 аз 3.12.10с.)

  1. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳи барои аудити ташкилотҳои бонки, ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, ташкилоти амонатии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд:

-ба амал баровардани фаъолияти аудитоританҳо аз тарафи ташкилотҳои аудитори;

-амали намудани фаъолияти аудитори ба сифати навъи асосии фаъолият аз тарафи довталаби иҷозатнома (ташкилоти аудитори);

-дар штати ташкилоти аудитори мавҷуд будани на камтар аз 3 аудитор, ки дорои аттестати тахассусии аудитор мебошанд;

-мавҷудияти маълумоти олии иқтисоди ё ҳуқуқи барои аудиторон;

-мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 5 сол аз рӯи ихтисосҳои муҳосиб, ревизор, иқтисодчи, ҳуқуқшинос, корманди молия дар соҳаи фаъолияти бонки.

  1. Аттестатсияи аудитҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Боби 20. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти баҳодиҳи (нархгузори)

  1. Фаъолияти иҷозатномашаваида: фаъолияти баҳодиҳи (нархгузори).
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома: нусхаи ҳуҷҷатҳои кормандон, ки мавҷуд будани дониши касби дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳиро (нархгузориро) тасдиқ мепамоянд.
  4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-дар номгӯи штатии шахси ҳуқуқи мавҷуд будани на камтар аз як корманд, ки дорои тахассуси дахлдор дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳи (нархгузори) мебошад.

Боби 21. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгири кардани биною иншоотҳо

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгири кардани биною иншоотҳо.
  2. Фаъолияти иҷрои кори васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои аз сӯхтор пешгири кардани биною иншоотҳо корҳои зеринро дар бар мегирад:

-коркарди конструксияи биною иншоот бо маводҳои ба оташ тобоваранда;

-васл, таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои автоматики ва воситаҳои дастии оташнишони;

-таъмин намудан бо воситаҳо ва маводи оташнишони;

-гузаронидани экспертизаи восита ва маводҳои бо оташ тобоваранда ва оташнишони.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Боби 22. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи фурӯши аслиҳа ва лавозимоти он

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизоми ва хизмати, қисмҳо ва лавозимоти он.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи фурӯши аслиҳа, қисмҳои асоси ва лавозимоти он нисбати тамоми кормандон заруранд:

-ҳуҷҷати тасдиқдунандаи ӯҳдадории умумии ҳарби;

-маълумотномаи мақомоти тандурусти ҷиҳати дар қайди бемориҳои рӯҳи, нашъаманди ва майзадаги қарор надоштан;

-доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муомила бо силоҳи оташфишон;

-маълумотнома дар бораи надоштани доғи суди.

  1. Шартҳо ва талаботи иловаги нисбат ба иҷозатномадор:

-мувофиқ будани бино ба меъёрҳо ва қоидаҳои нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти он;

-мавҷуд будани ҷевонҳои (сейфҳои) оҳанин барои нигоҳдории аслиҳа, қисмҳои асоси ва лавозимоти он;

-ба бинои фурӯшгоҳ роҳ додани танҳо шахсони аз 18-сола боло;

-мавҷуд будани шабакаҳои муҳандиси (қувваи барқ, алока, сигнализатсияи зиддисӯхтори ва посбони).

Боби 23. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардори, истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва кимиёви доранд

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардори (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

-истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химияви доранд.

  1. Фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардор корҳои зеринро дар бар мегирад:

-васлкуни, танзим ва истифодабарии механизмҳои борбардор;

-гузаронидани муоинаи техникии механизмҳои борбардоре, ки мӯҳлати истифодабариашон гузаштааст.

  1. Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд, корҳои зеринро дар бар мегирад:

-гирифтан, истифода бурдан, коркард, ба вуҷуд овардан, нигоҳ дошган, кашондан, безарар гардонидани моддаҳое, ки метавонад омехтаи онҳо бо оксиген ё бо ҳамдигар хатари таркиш ба вуҷуд оварад (газҳои сӯзанда, моеъҳои тездаргиранда ва сӯзанда, моддаҳои чанг бавуҷудоваранда) моддаҳои сахт ва моеъе, ки қобилияти ҷудошавии худ ба худ ва таркиданро доранд;

-истеҳсоли металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли хулаҳо дар асоси гудозиши ин металлҳо (дар дастгоҳҳои технологи бо пур кардани на камтар аз 100 кг. гудоза);

-истифодабари, васлкуни, танзим ва таъмири таҷҳизоте, ки дар зери фишори зиёда аз 0,07 МПА ё ин ки бо дараҷаи гармии зиёда аз 115° С об кор мекунад;

-гузаронидани назорати дастгоҳҳои техники ва иншоотҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок бо усули вайроннашаванда;

-ташхиси баллонҳо барои истифодабари, нигоҳдори ва кашонидани моддаҳои даргиранда, газҳое, ки зери фишори мӯътадил, ҳангоми якҷояшави бо ҳаво ё бо ҳамдигар даргиранда мешаванд ва дараҷаи ҷӯшишашон дар вақти фишори мӯътадил 20° С ё паст мебошад;

-иҷрои корҳои кӯҳи дар шахтаҳо, дигар объектҳои зеризамини, конҳои иктишофи, ки хатари ихроҷи газу чанг, афтиши ногаҳонии ҷинсҳои кӯҳи, ангишт, газ ва хатари зарбаи кӯҳиро доранд;

-таъмини бехатарии истифодабарии иншоотҳо ва гузаронидани хизматрасонии техникии қубурҳои гази, стансияҳо ва нуқтаҳои гази (СГТ, ПГТ, НГТ).

  1. Истифодабарии иншооти истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд, корҳои зеринро дар бар мегирад:

-хизматрасонии техники, таъмир ва барқарорсозии хатҳои газгузар, иншоот ва дигар объектҳои зарури барои истифодабарии шабакаҳои гази;

-корҳои кӯҳии зеризаминию рӯизамини оид ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки майли худдаргири дошта;

-корҳо дар дигар объектҳои кӯҳие, ки технологияи онҳо бурдани корҳои хавфи сӯхтанро пешбини менамоянд, аз ҷумла бурдани корҳо новобаста аз истихроҷи канданиҳои фоиданок;

-санҷиши қисми хаттии шоҳқубурҳо баъд аз анҷоми сохтмон ва таъмир;

-ташхиси қисми хаттии кубурҳои технологи, таҷҳизоти иншоотҳои доимии парки зарфҳо ва дигар таҷҳизоти объектҳои шоҳқубурҳо;

-истифодаи анбори нигоҳдории зеризаминии газ;

-лоиҳакаши ва сохтмони иншоотҳои зеризамини.

  1. Истифодабарии иншооти истеҳсолии хавфи кимиёви дошта корҳои зеринро дар бар мегирад: гирифтан (истеҳсол) истифода бурдан, коркард ба вуҷуд овардан, нигоҳ доштан, кашондан, безарар кардани моддаҳои заҳрнок ва заҳрнокиашон баланд ва моддаҳое, ки ба муҳити зист хатар меоваранд.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардори:

сархати якуми банди 7 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-рӯйхати мавҷуд будани иншооти борбардор бо нишондоди рақамҳои ба қайдгирифташуда, рақами заводи ва соли истеҳсол, инчунин нусхаи шиносномаҳои онҳо;

-нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба бехатарона истифода бурдани механизмҳои борбардори;

-нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандис техники ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳо ва дастурамалҳои бехатарона гузаронидани корҳо;

-маълумот оид ба ташкили назорати техникии идорави;

-декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

  1. Ҳуҷҷатҳои иловаги ҳангоми гирифтани иҷозатнома оид ба истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд, истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд ва истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи кимиёви доранд:

-маълумот дар бораи кадрҳо ва тахассуси онҳо;

-хулосаи мусбии мақомоти корҳои дохили ба системаи иҷозатдиҳи, ки онҳо ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноати, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-хулосаҳои мусбии мақомоти давлатии экспертизаи экологи ва санитарию эпидемологи; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-нусхаи шиносномаи техникии хавфи таркиш надоштаи иншооти истеҳсолаш хатарнок;

-нусхаи нақшаи пешгири намудан ва бартараф намудани ҳолатҳои садамави;

-нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба истифодаи бехатарии иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;

-маълумот дар бораи доштани регламентҳои техникии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои технологии бо тартиби муқаррарршуда тасдиқшуда;

-нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техники ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳои сохт ва бехатарона истифода бурдани ин объектҳо;

-маълумот оид ба ташкили назорати техникии идорави;

-декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

Боби 24. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноати

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноати.
  2. Фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноати корҳои зеринро дар бар мегирад:

-экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳави барои сохтмон, васеъкуни, таъмиркуни, аз нав таҷҳизонидан, таҷдиди техники, муваққатан хобонидан ва барҳамдиҳии иншооти истеҳсолии хатарнок;

-экспертизаи дастгоҳҳои техникие, ки дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифода бурда мешаванд;

-экспертизаи бино ва иншоотҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок;

-экспертизаи декларатсияи бехатарии саноати.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома оид ба экспертизаи бехатарии саноати:

-дар штати шахси ҳуқуқи мавҷуд будани шумораи зарурии кормандон барои гузаронидани экспертизаи бехатарии саноати, ки ба талаботҳои тахассуси мувофиқи самти экспертизаи гузаронидашаванда ҷавобгӯ мебошанд;

-соҳибкори инфироди бояд таҳсилоти олии ба самти экспертизаи гузаронидашаванда мувофиқ дошта бошад;

-маълумот оид ба базаи меъёрию техникии ташкилот;

-нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникии ташкилот;

-декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

Боби 25. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳанда фаъолият дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдори, истифода, паҳн кардан ва интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноати; истеҳсол ва паҳн кардани маснуоти тарфгари (пиротехники)

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдори, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноати;

-фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маснуоти тарфгари (пиротехники), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

-маълумот дар бораи пурра таъмин будан ва дараҷаи ихтисоси кадрҳо, ташкили омӯзиш ва аз санҷиш гузаронидани мутахассисоне, ки фаъолияташон ба истеҳсолот, объектҳо ва корҳои хатарнок вобаста аст;

-хулосаҳои мусбии мақомоти давлатии экспертизаи экологи ва санитарию эпидемологи; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноати, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумот оид ба ташкили назорати техникии идорави;

-маълумот оид ба мавҷуд будани лоиҳаи сохтмони анборҳои маводи тарканда;

-нусхаи санади қабули анбори маводи тарканда;

-маълумот оид ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои меъёри барои тайёр намудани маводи тарканда ва масолеҳ аз онҳо;

-низомномаи роҳбари оид ба корҳои таркиш (кор бо маводи тарканда);

-хулосаи мусбии мақомоти корҳои дохили оид ба мутобиқати объектҳо, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-рӯйхати коргароне, ки бо маводи тарканда сару кор доранд;

-декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок;

-нусхаи нақшаи пешгири намудан ва барҳам додани ҳолатҳои садамави.

-нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба бехатарона истифода бурдани иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;

-маълумот дар бораи доштани дастури технологии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои техникии бо тартиби муқарраршуда тасдиқшуда;

-нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техники ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳо ва дастурамалҳои бехатарона гузаронидани корҳо;

-маълумот оид ба таҷҳизоти техникии ташкилот.

Боби 26. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи энергетика

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт, газ ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафти ва гази; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-фаъолият оид ба нигоҳдори ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

-фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетики (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

-фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад).

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти сохтмон ва таъмири иншоот вобаста ба энергетика. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

  1. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

-номгӯи ҳуҷҷатҳои меъёрию техники, ки дар асоси онҳо намудҳои фаъолият иҷро карда мешаванд;

– хулосаи техникӣ барои гирифтани иҷозат ва шартҳои техникӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумот дар бораи базаи истеҳсоли – техники.

  1. Шарт ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-мавҷудияти системаи назорати сифат;

-ҳолати дурусти таъминоти моддию техники (аз ҷумла ҳолати техникии таҷҳизоти энергетики ва дастгоҳҳои энергетики);

-сатҳи тахассусию касбии кормандон бо дарназардошти дараҷаи таҳсилот, собиқаи кори дар фаолияти дахлдори энергетики;

-риоя намудани тартиби муқарраргардида дар соҳаи истеҳсолот интиқол, нигаҳдори, коркард, ҳамлу нақл тақсим, истихроҷ ва фурӯши захираҳои энергетики ва энергия.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар ҳолати зарури ҳуқуқ дорад ки барои омӯзиш ва муоинаи фаъолияти давталаби иҷозатнома коршиноси мустақилро ҷалб намояд.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷиҳати ҳалли фаврии масъалаҳое, ки бо иҷозатномакунони вобаста аст, ҳуқуқ дорад воҳидҳои минтақавии худро ташкил кунад, ки онҳо чунин вазифаро иҷро менамоянд:

-қабули ибтидои ва баррасии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома;

-пешниҳоди маводҳо ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатнома;

-бо дастури иҷозатномадеҳ санҷиши риоя гардидани шарт ва талаботҳои иҷозатномави.

Боби 27. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи сохтмон

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба корҳои лоиҳакаши ва тадқиқоти, сохтмони биноҳо, ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкуни, азнавсози, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда.
  2. банди 2 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №235 аз 31.03.14с.)
  3. банди 3 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №235 аз 31.03.14с.)
  4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  5. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

-нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси ба талаботи иҷозатномадиҳи мутобиқаткунандаи соҳибкори инфироди ё кормандони шахси ҳуқуқи;

-маълумот оид ба иморат ва биноҳои барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда доштани довталаб, ки бо ҳуқуқи моликият ё дар асоси дигари қонуни онҳоро истифода мебарад, бо зикри ном ва дигар реквизитҳои ҳуҷҷатҳо;

-хулосаи мусбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолият оид ба барқарорсозии иншоотҳои мероси фарҳанги (ёдгориҳои таърихи ва фарҳанги), ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

  1. банди 6 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №235 аз 31.03.14с.)
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳи ҳуқуқ дорад ба ҳайати комиссияи иҷозатномадиҳи намояндагони ташкилотҳои касбию эҷодии соҳаи сохтмон, меъмори ва шаҳрсози, экспертҳои мустақил, мутахассисони алоҳидаи баландихтисос, инчунин дигар шахсонро барои баҳодиҳии мустақилонаи мутобиқати довталаби иҷозатнома (иҷозатномадор) ба талабот ва шартҳои иҷозатномави ҷалб намояд.

Боби 28. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти геодези ва харитасози

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти геодези ва харитасози.
  2. Корҳое, ки мундариҷаи фаъолияти геодезиро ташкил медиҳанд:

-сохтмони (вусъати) шабакаҳои геодезии такягоҳи;

-сохтмони нишонаҳои геодези;

-гузоштани марказҳои геодези;

-ташкилсозии шабакаҳои нақшаи баландиҳо;

-корҳои аэронаворгири;

-корҳои нақшакаши;

-аксбардории роҳҳои алоқаи зеризамини;

-аксбардории фототеодолити;

-корҳои геодезии бо кӯчониш ба асл мутобиқкунонии коркарди муҳандиси – геодези, геофизики ва дигар нуқтаҳои тадқиқот алоқаманд.

  1. Корҳое, ки мундариҷаи фаъолияти харитасозиро ташкил медиҳанд:

-истеҳсоли маводи кушодаи харитасози (атласҳо, харитаҳои сиёси-маъмури; мавзӯи – бланки ва дигар намуди харитаҳо);

-иҷозатдиҳи барои тартиб додан ва ба чоп тайёр намудани харитаҳои мавзӯи, махсус ва харитаҳои дигар;

-харитаи сайёҳи.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Агентии заминсози, геодези ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вобаста ба корҳое, ки ба сохтмон алоқаманд мебошад.

  1. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

-маълумот дар бораи базаи техники.

  1. Шартҳо ва талаботи иловагии иҷозатномадиҳи:

-мутобиқати интихоби методикаи корҳо, миқёси наворҳо ва буриши релеф ба санадҳои меъёри;

-мавҷуд будани кадрҳои бо маҳорати иҷрокунанда;

-мавҷуд будани асбобҳои геодези, ки дар Феҳристи давлатии воситаҳои ченак ба қайд гирифта шудаанд ва аз санҷиши эътимодноки давлати гузаштаанд;

-мавҷуд будани таҳсилоти оли ва собиқаи кории на кам аз 3 сол дар ин ихтисос ё таҳсилоти миёнаи махсус бо собиқаи кории на кам аз 8 сол дар ин ихтисос.

  1. Иҷозатнома ҷиҳати иҷрои корҳои геодезии аз тарафи ташкилоту муассисаҳои таълими барои гузаронидани таҷрибаҳои амалии донишҷӯён, агар онҳо таъиноти истеҳсоли надошта бошанд, дода намешавад.

Боби 29. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба корҳои маркшейдери

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба корҳои маркшейдери.
  2. Фаъолият оид ба корҳои маркшейдери корҳои зеринро дар бар мегирад:

-чен кардани фазои геометрии корҳои коркарди кӯҳи ва иншооти зеризамини, муайян намудани параметрҳои онҳо, ҷойгиршави ва мувофиқати онҳо ба ҳуҷҷатҳои лоиҳави;

-таҳқиқи ҳолати қитъаҳои кӯҳкори ва асоснок кардани ҳудудҳои онҳо;

-бурдани ҳуҷҷатгузории графикии корҳои кӯҳи;

-баҳисобгири ва асоснок кардани ҳаҷми коркарди конҳо;

-муқаррар кардани минтақаҳои хавфнок ва чораҳои ҳифзи коркарди конҳо, иморатҳо, иншоотҳо ва объектҳои табиӣ аз таъсири корҳои ба истифодабарии қаъри замин вобаста.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги ҳангоми гирифтани иҷозатнома:

-маълумот оид ба таҷҳизонида шудани ташкилот бо миқдори зарурии асбобу таҷҳизоти маркшейдерию геодези, техникаи ҳисоббарори бо нишон додани тамға ва навъ, инчунин нусхаи шаҳодатномаҳо, шиносномаҳои аттестатсияи онҳо, ки аз ташкилотҳои махсус гирифта шудаанд;

-маълумот дар бораи таъминоти хадамоти маркшейдери бо бинои махсуси хизматии таҷҳизонидашуда бо нишон додани масоҳат ва таъминоти воқеи мувофиқи дастурамал оид ба гузаронидани корҳои маркшейдери;

-маълумот дар бораи таъминоти хадамоти маркшейдери бо асбобу лавозимоти ёридиҳанда, аз он ҷумла асбобҳои нақшакаши, таҷҳизоти аксбардори, дафтари ҳисоби координатаҳо ва китобчаҳои саҳрои, қоғаз ва дигар лавозимот барои тайёр кардани планшетҳо, калка ва аксҳои рӯшноидиҳанда;

-номгӯи ҳуҷҷатҳои асосии меъёрию техники (қоидаҳо, меъёрҳо, дастурҳо)-и мавҷудбуда оид ба масъалаҳои гузаронидани корҳои маркшейдери;

-маълумот дар бораи тартиби мавҷудбудаи таъмир, тафтиш ва санҷиши асбоб ва лавозимотҳои маркшейдери;

-ҳисоби шумораи даркории кормандони воҳиди маркшейдери (муҳандис ва техник-маркшейдер, картограф ва коргари шӯъба), ки дар асоси талаботи дастурамали гузаронидани корҳои маркшейдери тайёр карда шудаанд;

-штати тасдиқшудаи шӯъбаи маркшейдери ва маълумот дар бораи пуршавии воқеии он;

-маълумот дар бораи мутахассисони хадамоти маркшейдери (насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, таҳсилот, собиқаи кори аз рӯи ихтисос, вазифаи ишғолкарда, санаи аттестатсияи охирин);

-нусхаи рухсати бо тартиби муқарраргардида гирифташуда (барои шахсони воқеи) ба маълумоте, ки дорои сирри давлати мебошад;

-маълумот дар бораи талаботи асоси ҳангоми истифодабарии қаъри замин, ки тарзу усулҳои махсуси душвор ва фавқулдақиқи гузаронидани корҳои маркшейдериро талаб мекунад;

-маълумот дар бораи назорати идоравии гузаронидани корҳои маркшейдери.

Боби 30. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷи ва соҳаҳои ба он алоқаманд аз ҷумла, иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванда обуҳавосанҷи ва геофизики

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷи ва соҳаҳои ба он алоқаманд аз ҷумла, иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷи ва геофизики.
  2. Фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷи намудҳои зерини корҳоро дарбар мегирад:

-муайян намудани мушахассоти метеорологи, иқлими, аэрологи гидрологи ва агрометеорологи;

-тайёр кардан ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани иттилооти пешгӯишуда ва ҳолати ҷори;

-ташаккул додан ва ба роҳ мондани маҳзани маълумот дар соҳаи гидрометорологи, соҳаҳои ба он алоқаманд ва мониторинги сифати муҳити зист;

-муайян намудани дараҷаи олудагии (аз ҷумла, радиоактиви) муҳити табиӣ (ҳавои атмосфера, хок, обҳои сатҳи);

-барои истифодабарандагон тайёр кардан ва пешгӯи кардани иттилооти таҳлили ва ҳисоби оид ба ҳолати муҳити табиии зист ва олудагии он (аз ҷумла, олудагии радиоактиви);

-насб кардан, таъмир, пешгӯи ва тафтиши асбобу таҷҳизоти таъиноти гидрометеорологи.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати кишоварзи ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

-маълумот доир ба базаи меъёрию техники;

-мавҷуд будани сертификати мутобиқати таҷҳизот ва асбобҳо.

  1. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳи:

-мавҷуд будани шахсони дорои таҳсилоти тахассуси ва собиқаи кории на камтар аз 3 сол дошта;

-мавҷуд будани асбобу таҷҳизоти зарури барои иҷрои корхо;

-мавҷуд будани аттестати бо тартиби муқарраргардида додашудаи аккредитатсияи иҷрои корҳо дар соҳаи обуҳавосанҷи ва мониторинги сифати муҳити табиии зист барои иҷозатномагиранда;

-ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ва сохторҳои ҳудудии он бетаъхир расонидани маълумот оид ба ҳолати муҳити табиии зист олудашавии он, ҳолатҳои фавқулоддаи хислати техногени дошта, ки ба муҳити табиии зист таъсири манфи расонидааст (мерасонад, ё мумкин аст расонад);

-бо тартиби муқарраргардида ба маркази наздиктарини обуҳавосанҷи расонидани маълумоти фаврие, ки дар натиҷаи мушоҳидаҳо, ё иттилооти таъҷили ба даст оварда шудааст;

-ба Фонди ягонаи маълумотҳо оид ба ҳолати муҳити табиии зист расонидани иттилооти соҳаи обуҳавосанҷи ва мониторинги муҳити табиии зист ва олудашавии он.

Боби 31. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ҷамъовари, истифодабари, безараргардони, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ҷамъовари, истифодабари, безараргардони, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок.
  2. Фаъолият оид ба муносибат бо партовҳои хатарнок корҳоро оид ба ҷамъовари, нигоҳдори, интиқол, истифодабари, безараргардони ва дафнкунии партовҳои хатарнок дарбар мегирад.
  3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)
  4. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

-хулосаи мусбии мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи;

-хулосаи мусбии мақомоти оташнишони, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-хулосаи мусбии мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкори – дар ҳолати иҷро намудани фаъолияти вобаста ба партовҳои хатарнок, ҳангоми истихроҷ ва коркарди ашёи хоми минерали, инчунин дар қаъри замин ҷой кардани партовҳои хатарнок, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-хулосаи мусбии мақомоти геология – дар ҳолати таъсири партовҳо ба обҳои зеризамини ва канданиҳои фоиданок, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи.

  1. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳи:

-мавҷуд будани тайёрии тахассусии бо шаҳодатнома (сертификат) тасдиқёфта оид ба ҳуқуқи кор бо партовҳои хатарнок барои шахсони ба фаъолияти кор бо партовҳои хатарнок иҷозат додашуда;

-дар ихтиёри иҷозатномадор дар асоси қонуни мавҷуд будани биноҳои истеҳсоли, иншооти ҷойгиркунии партовҳо, таҷҳизоти ба меъёрҳо ва талаботҳои техники ҷавобгӯ, воситаҳои нақлиёти барои анҷом додани намуди фаъолияти иҷозатномашаванда зарури;

-дар ихтиёри иҷозатномагиранда мавҷуд будани воситаҳои назорат ва ченак, ки риоя кардани меъёрҳои таъсиррасонии ҷоизро ба муҳити зист ҳангоми иҷрои фаъолияти иҷозатномашаванда, тасдиқ менамоянд.

  1. То қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома мақомоти иҷозатномадиҳанда экспертизаи маводи пешниҳодшударо бо муайян намудани пурра ва эътимодбахш будани онҳо, бо талаботи экологии дар ҳуҷҷатҳои меъёри нишондодашуда мувофиқат доштани шароити иҷрои фаъолияти кор бо партовҳои хатарнок, анҷом медиҳад.

Боби 32. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти фармасевти, истеҳсоли воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизатсиони

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-фаъолияти фармасевти (тайёр ва истеҳсол кардани дорувори ва воситаҳои косметики, истеҳсоли молу техникаи тибби, фурӯши дорувори ва молҳои тибби, истеҳсол ва фурӯши хӯроквории табобатию профилактики);

-фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизасиони.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҲҶТ №443 аз 26.08.08с.)
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома барои ин намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:

-нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи биноҳои истеҳсолиро тасдиқ мекунад (барои тайёр ва истеҳсол);

-хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологи; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

сархати сеюми банди 3 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

сархати чоруми банди 3 хориҷ карда шуд; (ҚҲҶТ №443 аз 26.08.08с.)

-нусхаҳои дипломи таҳсилот ва дафтарчаи меҳнати;

-сетификати мутахассис, ки омодагии касбии онҳоро, барои анҷом додани навъи мушахасси фаъолияти фармасевти тасдиқ мекунад;

-нусхаи аслии иҷозатномаи қаблан додашуда ё дубликати он (ҳангоми аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома).

  1. Барои гирифтани иҷозатнома оид ба тайёр ва истеҳсол кардани маводи дорувори ва воситаҳои косметики, истеҳсоли хӯроквории табобатию профилактики ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизасиякунони ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 3 ин боб нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:

-нусхаи санади қабули иқтидори истеҳсоли (барои субъектҳои иҷозатномагирандаи навтаъсис) ё ин ки санади санҷиши истеҳсолот (барои ташкилотҳои амалкунанда), ки мақомоти иҷозатномадиҳанда медиҳад;

-дастури бакорандози ё саноати барои истеҳсолоти фармасевтии навбунёд мутобиқи стандартҳо ва талаботи муқарраршуда (барои истеҳсол дар дорухона – дастур оид ба тайёр кардани маводи дорувори);

-нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати таҷҳизотро барои анҷом додани фаъолияти фармасевти ва фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои тибби, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактики, воситаҳои косметики ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизасиякунониро тасдиқ мекунад (барои субъектҳои навтаъсис);

-харитаи дараҷаи техникии технологи ва сифати маводи дорувори ва молҳои тибби, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактики, маводи косметики ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизасиякунони;

-шаҳодатномаи таъмини ҳолати метрологи, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумотномаи мавҷудияти системаи дохилии санҷиши сифати маводи дорувори ва молҳои тибби, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактики, маводи косметики ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизасиякунони;

-мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарури (патентҳо, шаҳодатномаҳо ва ғайраҳо), ки истеҳсоли маводи дорувори, воситаҳои косметики ва молҳои тибби, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактики, маводи косметики ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизасиякунониро иҷозат медиҳад.

  1. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

сархати якуми банди 5 хориҷ карда шуд.(ҚҲҶТ №443 аз 26.08.08с.)

-мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрию техники ва шаҳодатномаи бақайдгири (ҳангоми истеҳсолот);

-мавҷуд будани мутахассисон барои амали намудани фаъолияти номбурда ва на камтар аз 1 бор дар муддати 5 сол такмил додани ихтисоси кормандони ба фаъолияти фармасевти машғулбуда;

-риояи меъёр ва талаботҳои санитари;

-иҷрои меъёрҳо ва талаботи муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи нисбат ба фаъолияти фармасевти ва муомилоти маводи дорувори ва молҳои тибби, маҳсулотҳои истеъмолии ғизоии табобатию профилактики ва воситаҳои косметики, инчунин воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизасиони.

  1. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологи ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқаррашуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.
  2. Экспертиза, азназаргузаронии иншоотҳо, тестикунони ва аккредитатсиякунонии таҷҳизоти истифодашаванда пеш аз иҷозатномадиҳи гузаронида мешавад.

Боби 33. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тибби ва фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-хизматрасонии техникии техникаи тибби (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

-фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

-хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологи;

сархати дуюми банди 3 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-нусхаҳои дафтарчаи меҳнати, дипломи таҳсилот ва сертификати мутахассис;

-маълумот дар бораи дараҷаи касби доштани мутахассисоне, ки масъули хизматрасонии техникии техникаи тибби мебошанд.

  1. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-риоя кардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техники оид ба истифодабарии таҷҳизоти тибби, ҳуҷҷатҳои истифодабари ва инчунин ҳуҷҷатҳои ташкилию меъёри оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизоти тибби;

-доштани кормандони довталаби иҷозатнома, ки барои хизматрасонии техникии техникаи тибби масъуланд, таҳсилоти оли ё миёнаи техники, тибби ё фарматсевти ва дар ихтисоси дахлдор собиқаи кории на камтар аз 3 сол;

-на камтар аз 1 бор дар муддати 5 сол такмил додани ихтисоси кормандони ба фаъолияти хизматрасонии техникии техникаи тибби ва истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда машғулбуда;

-мутобиқ будани бино, таҷҳизот ва дастгоҳлои назоратию ченкуни ба меъёрҳои техникии намудҳои фаъолияти номбаршуда.

  1. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони ба фаъолиятҳои дар боло номбаршуда ва додани сертификати мутахассисро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологи ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

Боби 34. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ҷамъовари ва тайёр намудани ашёи хоми дорувори

  1. Номгӯи намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ҷамъовари ва тайёр намудани ашёи хоми дорувори.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҲҶТ №443 аз 26.08.08с.)
  3. Иҷозатномадиҳи вобаста ба фаъолият оид ба ҷамъовари ва тайёр намудани ашёи хоми дорувори, тибқи квотаи ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда дода мешавад.
  4. банди 4 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

Боби 35. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии тибби

  1. Номгӯи намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти хусусии тибби.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҲҶТ №443 аз 26.08.08с.)
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

-хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологи;

сархати дуюми банди 3 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

сархати сеюми банди 3 хориҷ карда шуд.(ҚҲҶТ №443 аз 26.08.08с.)

-шаҳодатнома дар бораи баҳисобгирии махсус, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад – барои фаъолият оиди расонидани ёрии ортопеди-протези;

-рӯйхати намудҳои хизматрасонии тибби;

-нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи довталаби иҷозатномаро барои истифодаи биноҳои истеҳсоли тасдиқ мекунанд;

-нусхаҳои дафтарчаи меҳнати ва дипломи таҳсилот, сертификати мутахассис, ки омодагии касбии онҳоро барои анҷом додани навъи мушахасси фаъолияти тибби тасдиқ мекунанд.

  1. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳи:

-такмили ихтисоси кормандони иҷозатномадор на камтар аз як бор дар 5 сол;

-ду маротиба дар як сол пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи фаъолияти тибби.

  1. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони тибби ва додани сетификати мутахассисро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои техники ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқаррашуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

Боби 36. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илми, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропи ва фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-фаъолият оид ба киштукори растанҳои нашъадор ба мақсадҳои илми, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропи;

-фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот).

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳои дар соҳаи тандурусти истифодашаванда; (ҚҲҶТ №443 аз 26.08.08с.)

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти муомилоти қонунии прекурсорҳо.

  1. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

-хулосаи мусбии мақомоти корҳои дохилии дахлдор оид ба ҷавобгӯ будани объектҳо барои нигоҳ доштани воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумотномаи мақомоти корҳои дохили оид ба доғи суди надоштани шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо рухсат доранд;

-маълумотномаи хадамоти наркологи ба шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо рухсат доранд;

-фармони роҳбари ташкилот оид ба таъини шахсони масъул, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо рухсат доранд;

-ҳуҷҷати тахассусии шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо рухсат доранд;

-ҳангоми киштукори растаниҳои нашъаовар бо мақсадҳои илми, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъаовар ва моддаҳои психотропи, хулосаи мусбии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақсаднок будани фаъолияти мазкур;

-маънидод намудани зарурати истифодаи прекурсорҳо дар истеҳсолот.

  1. Барои гирифтани иҷозатнома барои истеҳсоли воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропи довталаби иҷозатнома бо таври илова ҳуҷҷатҳои зерринро пешниҳод менамояд:

-дастури бакорандози ё истеҳсоли барои истеҳсолоти фармасевтии навбунёд мутобиқи меъёрҳо ва талаботи тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои истеҳсол дар дорухона – дастур оид ба тайёр кардани маводи дорувори);

-нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати таҷҳизотро барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропи тасдиқ мекунад (барои субъектҳои навбунёд);

-харитаи дараҷаи техники ва сифати воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропи;

-шаҳодатномаи таъмини ҳолати метрологи, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумотномаи мавҷудияти системаи дохилии назорати сифати воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропии истеҳсолшаванда, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба анҷом додани назорати давлатии фаъолияти фармасевти дода шудааст;

-маълумот дар бораи бо мутахассисони махсус пурра таъмин будани истеҳсолот, ки ба фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропи ҳуқуқи машғул шуданро доранд;

-доштани шартнома бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба нигоҳдории объектҳое, ки ба истеҳсоли воситаҳои нашъаовар машғуланд.

  1. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-барои дорухона нусхаи иҷозатнома оид ба фаъолияти фармасевти;

-ҳар се моҳ додани ҳисобот оид ба гирифтан ва сарф кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо;

-пешниҳод кардани маълумот оид ба содирот ва воридоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо дар муддати 10 рӯз,

-нусхаи шартнома бо маҳсулотсупорандагони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропи.

  1. банди 6 хориҷ карда шуд.(ҚҲҶТ №443 аз 26.08.08с.)
  2. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологи ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.(ҚҲҶТ №443 аз 26.08.08с.)

Эзоҳ: Муқаррароти боби мазкур нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд ва муассисаҳои экспертизаи давлатии суди, вобаста ба экспертизаи воситаҳои нашъаовар татбиқ намегардад.

Боби 37. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактиви

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

-фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактиви.

  1. Фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда истеҳсол, фурӯш, истифода ва ҳамлу нақл, нигоҳдори, таъмири асбобҳое, ки манбаъҳои радиоатсионии афканишоти иондоркунандаро истифода мебаранд, инчунин несткунии манбаҳои нурафкани иондоркунандаро дар бар мегирад.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

-хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологи дар бораи коршоямии иморат ва системаҳои коммуникатсиони ва воситаҳои махсуси нақлиёти ҷиҳати амали кардани намудҳои номбаршудаи фаъолият, мавҷудияти воситаҳои ҳифз ва болопӯш;

-хулосаи мусбии мақомоти оташнишони, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-нусхаи сертификати мутобиқат, ки аз тарафи мақомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия барои маҳсулоти истеҳсолшуда, истифодашаванда ва ба фурӯш баровардашаванда дода шудааст;

-нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии моддаҳои радиоактиви;

-нусхаи сертификати аттестатсионии Агентии амнияти ядрои ва бехатарии радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҳуҷҷат дар бораи он, ки дар ҳолати воридот ва транзити сарчашмаҳои радиатсиони ба содиркунанда баргардонидани онҳо таъмин карда мешавад, агар воридот ё транзит ба охир нарасида бошад;

-хулосаи мусбии муассисаи тандурусти оид ба солимии рӯҳии роҳбар ва иҷрокунандагони чунин намудҳои кор; СМҲ «Ҳуқуқ»

-хулосаи мусбии ситемаи иҷозатдиҳии мақомоти корҳои дохили, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

  1. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мувофиқати роҳбарон ва иҷрокунандагони корҳо ба талаботҳои махсуси тахассуси, ки иҷрои корҳои дархостшударо таъмин менамоянд;

-мавҷудияти объектҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳову қоидаҳои санитарию гигиени ва сохтмони, ки барои амали гардонидани намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд ва бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти махсус ҷиҳозонида шудаанд;

-мавҷудияти сертификати аттестатсионии Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Талаботҳои махсус ба объектҳо мутобиқи дастурҳои махсуси техникии амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрие, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.

Боби 38. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёт

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-фаъолият оид ба корҳои лоиҳакаши ва тадқиқоти, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ;

-фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти автомобили;

-фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);

-фаъолият оид ба хизматрасонии техники ва таъмир дар нақлиёти автомобили ва роҳи оҳан;

– фаъолияти терминалҳои мусофиркашони ва боркашони.

  1. Фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти автомобили корҳои зеринро дар бар мегирад:

-мусофиркашони бо нақлиёти автомобили дар дохили ҷумҳури (шаҳри, наздишаҳри, байнишаҳри) ва байналмилали;

-боркашони бо нақлиёти автмобили дар дохили ҷумҳури ва байналмилали;

-фаъолияти нақлиёти – экспедитсиони дар нақлиёти автомобили.

  1. Фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти роҳи оҳан корҳои зеринро дар бар мегаирад:

-мусофиркашони дар роҳҳои магистрали;

-боркашони дар роҳҳои магистрали;

-боркашони дар роҳҳои фаръии роҳи оҳан;

-фаъолияти нақлиёти – экспедитсиони дар нақлиёти роҳи оҳан;

  1. Фаъолияти терминалҳои мусофиркашони ва боркашони корҳои зеринро дар бар мегиранд:

-фаъолияти автовокзалҳо ва вокзалу стансияҳои роҳи оҳан;

-фаъолияти саристгоҳҳо ва истгоҳҳои автомобили (бидуни истгоҳҳои сайрхатҳои дохилишаҳри);

-фаъолияти қароргоҳҳои автомобили;

-фаъолияти терминалҳои боркашонии дохили ва байналмилали.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт.
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

1) барои фаъолияти мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти автомобили дар дохили ҷумҳури:

-нусхаи шаҳодатномаи ронандагибарои фаъолияти мусофиркашонӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ ба синни 21 расида бошад ва на камтар аз 3 сол собиқаи ронандагӣ дошта бошад; (ҚҲҶТ №179 аз 1.04.08с.)

-нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии воситаи нақлиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-нусхаи талони муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаи нақлиёт; (ҚҲҶТ №702 аз 31.10.14с.)

сархати чоруми зербанди 1 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №702 аз 31.10.14с.)

-маълумот оид ба базаҳои истеҳсоли-техники (барои муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои нақлиёти автомобили);

2) барои фаъолияти мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти автомобилии байналмилали:

-нусхаи шиносномаи хориҷи;

-нусхаи шаҳодатномаи ронандагии мувофиқ бо намунаҳои байналмилали;

-нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии воситаи нақлиёт дар қаламравп Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-нусхаи талони муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаи нақлиёт; (ҚҲҶТ №702 аз 31.10.14с.)

-нусхаи дафтарчаи МДП (ТИР-КАРНЕТ) дар асоси Конвенсияи гумруки оид ба боркашонии байналмилалии автомобили бо истифодабарии китобчаи МДП (минбаъд – Конвенсияи МДП), дар ҳолате, ки боркашони дар асоси системаи ТИР-КАРНЕТ иҷро карда мешавад;

-маълумот оид ба роҳ додани воситаи нақлиётии автомобили ба боркашонии байналмилалии автомобили бо мӯҳр ва тамғаи гумруки, тибқи талаботи Конвенцияи МДП;

3) фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти роҳи оҳан:

-нусхаи сертификати таркиби ҳаракаткунандаи нақлиёти роҳи оҳан;

-нусхаи шаҳодатномаи машинисти таркиби шаракаткунанда;

-нусхаи паспорти техники ва санади санҷиши роҳи оҳан ва роҳи фаръии роҳи оҳан;

-нақшаи роҳи фаръии роҳи оҳан дар ҳар стансияи буриш;

-нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба молики роҳи фаръи будани довталаби иҷозатнома ва ё ин ки шартнома оид ба истифодабарии он;

-шартнома бо стансия оид ба истифодабарии роҳи магистрали ва фаръии роҳи оҳан (барои фаъолияти нақлиёти экспедитсиони);

-маълумот оид ба базаҳои истеҳсоли – техники (барои корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиёти роҳи оҳан);

4) барои фаъолияти терминалҳои мусофиркашони:

-маълумот оид ба мавҷудияти базаи истеҳсолию техники (аз ҷумла, намуди терминал, перрон, қароргоҳ барои истодани воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти нуқтаи гузаронидани муоинаи техникии автобусҳо ва муоинаи тиббии ронандагон пеш аз баромадан ба хатти сайр, хадамоти маълумотдиҳию иттилооти, оператори ва диспетчери);

-маълумот оид ба нақшаи хатҳои сайр ва ҷадвали ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сайр;

-маълумот оид ба мавҷудияти хизматарсонии маишию мадани ва санитарию беҳдошти ба мусофирон, ронандагон ва кормандони терминал, аз ҷумла ҷои нигоҳдории бағоҷ, утоқи дамгирии ронандагон, толори интизори, хазинаи чиптафурӯши, утоқи диспетчерон, биноҳои маъмури, утоқ барои модару кӯдак, меҳмонхона барои терминалҳои байналмилали ва ғайраҳо;

-маълумот оид ба риояи қоидаҳои умумии бехатари;

5) барои фаъолияти терминалҳои боркашони:

-маълумот оид ба базаи моддию техники (маълумот оид ба мавҷудияти нуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти қароргоҳҳо ва стансияҳо, анборҳои мувофиқ барои нигоҳдории борҳо, мавҷудияти механизмҳои боркунию-борфарори, хадамоти маълумотдиҳию иттилооти, оператори ва диспетчери);

сархати дуюми зербанди 5) хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумот оид ба мавҷудияти хизматарсонии моддию мадани, санитарию беҳдошти;

-маълумот оид ба риояи қоидаҳои умумии бехатари;

6) барои хизматрасонии техники ва таъмир:

-маълумот оид ба базаи истеҳсолию техники (мавҷудияти постҳо барои иҷрои корҳои муайян);

-маълумот оид ба корҳои иҷрошаванда;

-хулосаи санитарию эпидемиологӣ; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

7) барои фаъолияти роҳдори:

-маълумот оид ба базаҳои истеҳсоли-техники, аз ҷумла техникаҳои дигари дар асоси шартнома ҷалбкардашуда (шартномаи иҷораи техникаҳои роҳсозии ғайрихуди);

-маълумот оид ба риояи қоидаҳои бехатарии меҳнат, экология, зиддисӯхтори ва беҳдошти санитари;

-маълумот оид ба ҳайати роҳбарон;

-маълумот оид ба системаи назорати сифат дар ташкилот;

сархатҳои панҷум ва шашуми зербанди 7) хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-хулосаи санитарию эпидемиологӣ; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

  1. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-риояи шарту талаботҳои техники, санитари – экологи, қоидаҳои бехатарии меҳнат, зиддисӯхтори ва беҳдошти санитари;

-риояи меъёру стандартҳои байналмилали ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;

– риояи талаботи сархати якуми зербанди 1, банди 6 боби 38; (ҚҲҶТ №178 аз 1.04.08с.)

-мутобиқати сатҳи тахассусии иҷозатномадор ва кормандони ӯ ба меъёрҳо ва стандартҳои амалкунанда;

-ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани объектҳое, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амали карда мешавад (воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техники, таҷҳизотҳо, иншоотҳо ва ғайра);

-мутобиқати корҳои иҷрошуда ба меъёр ва талаботҳои муқарраршуда;

-риояи қоидаҳои ҳамлу нақли бор, мусофирон ва бағоҷ (риояи хати сайр, ғунҷоиш, сарбори ба тири воситаи нақлиёт ва андозаҳои габаритии борҳои кашондашаванда, мавҷудият ва мувофиқати ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақл ва ғайра) – барои ҳамлу нақл;

-мавҷудият ва ҷавобгӯ будани базаи модди-техники (аз ҷумла перрон, қароргоҳ, нуқтаи гузаронидани муоинаи техникии автобусҳо ва муоинаи тибии ронандагон пеш аз баромадан ба хати сайр, хадамоти маълумотдиҳию иттилооти, оператори ва диспетчери), хизматарсонии маишию мадани ва санитарию беҳдошти ба мусофирон, ронандагон ва кормандони терминал (аз ҷумла, ҷои нигоҳдории бағоҷ, утоқи дамгирии ронандагон, толори интизори, хазинаи чиптафурӯши, утоқи диспетчерон, утоқ барои модару кӯдак, меҳмонхона барои терминалҳои байналмилали ва ғайраҳо), нақшаи хатҳои сайр ва ҷадвали ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сайр ба шарту талаботҳои муқарраршуда – барои терминалҳои мусофирбари;

-мавҷудият ва ҷавобгӯ будани базаи модди-техники, аз ҷумла нуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти қароргоҳҳо ва стансияҳо, анборҳои мувофиқ барои нигоҳдории борҳо, мавҷудияти механизмҳои боркунию борфарори, хадамоти маълумотдиҳию иттилооти, оператори ва диспетчери, хизматрасонии маданию маиши ва санитарию беҳдошти ба меъёру стандартҳои амалкунанда – барои терминалҳои боркашони ва фаъолияти нацлиёти – экспедитсиони;

-ҷавобгӯ будани корҳои иҷрошуда ба дараҷаи масъулиятноки – барои фаъолияти роҳдори.

  1. Вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷро намудани корҳои дараҷаи вазниниаш муайяншуда дар фаъолияти роҳдори ҳангоми иҷозатномадиҳи сатҳи масъулиятноки мувофиқи «Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда дар фаъолияти роҳдори» муқаррар карда мешавад (замимаи 1).
  2. Ронандагон-соҳибкорони инфиродӣ мустақиман тавассути иҷозатнома фаъолият менамоянд. Ронандагони корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиётие, ки фаъолияти мусофиркашонӣ ё боркашониро таввассути воситаҳои нақлиёти мансуб ба моликияти ин муассиса ва ташкилот анҷом медиҳанд, инчунин ронандагоне, ки тибқи шартнома бо корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиётии мазкур ҳамкорӣ менамоянд, дар асоси иҷозатномаи ин муассиса ва ё ташкилот фаъолият менамоянд. (ҚҲҶТ №702 аз 31.10.14с.)
  3. Фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки мусофирбарӣ ё боркашониро амалӣ менамоянд, тавассути варақаи назоратӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи иҷозатномаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои фаъолияти нақлиётӣ буда, ба ҳар як воситаи нақлиёт ба мӯҳлати иҷозатнома ва бемузд дода мешавад, танзим мегардад.

Дар варақаи назорати силсила ва рақами иҷозатнома, номи иҷозатномадор, намуди фаъолият, мӯҳлати фаъолияти иҷозатномадор нишон дода шуда бо имзо ва мӯҳри роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Тамға ва рақами давлатии воситаи нақлиёт дар варақа аз ҷониби иҷозатномадор нишон дода мешавад. (ҚҲҶТ №702 аз 31.10.14с.)

11.қисми 11 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №702 аз 31.10.14с.)

  1. Ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо, санҷишҳо, баркашии воситаҳои нақлиёт оид ба мувофиқат кардани сарбори ба тир ва ғайра кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бояд аз таҷҳизот ва асбобҳое, ки мувофиқи стандарти давлати (ГОСТ) аз санҷиши давлати гузаштаанд, истифода баранд.
  2. Дар асоси натиҷаҳои санҷиш ва озмоиши воситаҳои нақлиёт ҳангоми муайян намудани ҳолатҳои бе иҷозатнома амали кардани фаъолияти иҷозатномашаванда, риоя накардан ва дағалона вайрон намудани шарту талаботҳои иҷозатномадиҳи кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт чораҳои зеринро амали менамояд: санадҳо, рапортҳо ва протоколҳо тартиб медиҳанд; огоҳнома медиҳад; қарор қабул намуда, иҷозатномадорро барои бартараф кардани камбудиҳо дар вақти муқарраршуда ӯҳдадор менамояд; чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро татбиқ менамоянд; амали иҷозатномаро то бартараф кардани камбудиҳои муайяншуда боз медоранд. Маводҳои тартибдодашуда (санад, рапорт, протокол) бояд хусусияти объективи, пурраги ва саҳеҳи дошта бошад, инчунин бо ҳуҷҷатҳои дахлдор асоснок карда шуда бошад.
  3. Ҳангоми тартиб додани протокол дар он бояд инҳо дарҷ карда шаванд: вақт ва макони тартибдиҳи, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси тартибдиҳандаи протокол, вақти содиршави ва моҳияти ҳуқуқвайронкуни, санади меъёрии ҳуқуқи, ки барои ҳуқуқвайронкунии мазкур ҷавобгариро муқаррар менамояд. Протокол аз ҷониби шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкуни ва тартибдиҳандаи он имзо карда мешавад. Ҳангоми тартиб додани протокол оиди ҳуқуқвайронкунии маъмури ҳуҷҷатҳои бақайдгирии воситаи нақлиёт то бартараф кардани ҳуқуқвайронкуни гирифта мешавад ва дар хусуси гирифтани он ба ронанла варақаи муваққатии техники додан мешавад.
  4. Роҳбарони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва шӯъбаҳои тобеи он дар давоми то 15 рӯз натиҷаҳои санҷишро барраси менамоянд.

Боби 39. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавои

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти ҳавои;

-фаъолият оид хизматрасонии техники ҳангоми парвози нақлиёти ҳавои;

-фаъолият оид ба ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавои;

-фаъолияти терминалҳои мусофиркашони ва боркашони.

  1. Мусофиркашони бо нақлиёти ҳавои ва боркашони бо нақлиёти ҳавои намудҳои зерини корҳоро дар бар мегирад:

-мусофиркашони ва боркашонии мунтазами дохили бо нақлиёти ҳавои;

-мусофиркашони ва боркашонии мунтазами байналмилали бо нақлиёти ҳавои;

-мусофиркашони ва боркашонии ғайримунтазами (чартерии) дохили ва байналмилали бо нақлиёти ҳавои;

-фаъолияти агенти оид ба фурӯши мусофиркашонии интиқоли авиатсиони;

-бо хӯроквори таъмин намудани мусофирони (экипажи) киштиҳои ҳавои.

  1. Фаъолият оид ба хизматрасонии техники ҳангоми парвози нақлиёти ҳавои намудҳои зерини корҳоро дар бар мегирад:

-таъминоте, ки бевосита ба парвоз ва нишасти ҳавопаймо вобаста аст (аэродроми, электросветотехники, радиотехники, метеорологи, штурмани, орнитологи, ҷустуҷӯи ва садамивию наҷотдиҳи, таъмини идоракунии ҳаракати ҳавои, иттилооти аэорнавигатсиони, бехатарии авиатсиони);

-таъмини муҳандисию авиатсионии ҳавопаймо;

-таъмини ҳавопаймо бо сӯзишвории авиатсиони.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт.
  2. Параметрҳои иҷозатнома барои мусофиркашони ва боркашонии мунтазами (ғайримунтазами) дохили ва байналмилали бо нақлиёти ҳавои инҳо мебошанд:

-намудҳои интиқол (мусофиркашони, боркашони, бору-мусофиркашони);

-навъи ҳавопаймо;

-намуди хизматрасонии пешниҳодшуда (фурӯш, бронкунии интиқол):

-дараҷаи (категорияи) интиқол (мунтазам, дохили, байналмилали).

  1. Интиқолдиҳандагони авиатсиони, ки ба интиқоли ғайримунтазами (чартерии) авиатсиони иҷозатнома доранд, ҳуқуқи ташкили фурӯши инфиродии интиқоли мусофирон (бор), аз он ҷумла ба сифати сарбори гирифтани бор дар ҳавопайморо бе розигии мақомоти иҷозатномадиҳанда надоранд.
  2. Иҷозатномадиҳии фаъолияти мусофиркашони ва боркашонии мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) байналмилали бо нақлиёти ҳавои дар асосҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

-санадҳои ҳуқуқии байниҳукумати дар бораи истифодаи фазои ҳавои, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст;

-шартномаҳо, протоколҳо, меморандум ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки байни мақомоти авиатсиони оид ба иҷрои парвозҳо баста мешаванд;

-иҷозати махсус, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи дода мешавад.

  1. Иҷозатнома ба ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами ҳавоии байналмилали ба ташкилотҳои авиатсионие дода мешавад, ки коди серамзии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи граждани (минбаъд – IСАО) ва ҳуҷҷатҳои интиқолии бо тартиби муқарраршуда бақайдгирифташударо дошта бошанд.
  2. Ташкилотҳои авиатсиони, ки коди серамзии IСАО-ро надоранд ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли байналмилали (чартери) метавонанд коди серамзии ташкилотҳои авиатсионии дорои ҳамин хел бақайдгириро бо шартҳои қарордоди истифода баранд.
  3. Иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазами байналмилали ба ташкилотҳои авиатсионие дода мешавад, ки онҳо таҷрибаи кориро дар хатҳои ғайримунтазами ҳавоии на камтар аз як сола дошта бошанд. Дар ин ҳолат сифати хизматрасони ба мусофирон, интиқоли мунтазам ва қонеъ гардонидани талабот ба хизматрасони дар хати парвоз ба назар гирифта мешавад.
  4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад додани иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) байналмилалиро дар асоси озмун ба амал барорад.
  5. Интиқолдиҳандаи авиатсиони, ки иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазами байналмилалиро дар хати парвоз гирифтааст, соҳиби статуси ташкилоти авиатсионии аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда мегардад.
  6. Иҷозатнома ба ҳуқуқи иҷрои мунтазами интиқоли авиатсионии байналмилали ба соҳибаш ҳуқуқ медиҳад, ки рейсҳои иловагии ғайримунтазамро (чартериро) дар хати парвози мазкур низ иҷро намояд.
  7. Иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) авиатсионии байналмилали ба ташкилоти авиатсиони бо шарти бо шартномаи суғуртави ҷуброн кардани зарари ба саломати ва молу мулки мусофирон ва соҳибони бор расонидашуда, ки дар Конвенсияи соли 1955 Варшаваги пешбини шудааст, инчунин таъмини ҷавобгарии суғуртави дар назди шахсони сеюм, ки бо Конвенсияи соли 1952 Рими муайян шудаанд, ё дигар андозаҳои бо давлати хориҷи мувофиқагардида, дода мешавад.
  8. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти ҳавои:

Иҷозатнома барои мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти ҳавои ба шахсоне дода мешавад, ки онҳо бояд:

-сертификати амалкунандаи истифодабарандаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори авиатсияи граждани додашударо дошта бошанд; нисбати шаҳрвандон ва шахсони хориҷии ҳуқуқи сертификатҳои истифодабаранда ва ё ҳуҷҷатҳои ба он монанде эътироф карда мешаванд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати хориҷи дода шуда, ба талаботҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд;

-ҳавопаймое истифода бурда шавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат ба қайд гирифта шудааст ва сертификати амалкунандаи мутобиқати аз ҷониби мақомоти ваколатдор ё давлатии хориҷи дода шудаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, дошта бошад;

-намудҳои суғуртаи ҳатмиро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

-хулосаи мусбии мақомоти назорати санитарии эпидемиологиро дошта бошад;

-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қобилияти иқтисодию молиявии дархосткунандаро ҷиҳати иҷро намудани фаъолияти иҷозатномадиҳи дошта бошад.

  1. Барои мусофиркашонию боркашонии байналмилали довталаби иҷозатнома бояд ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод намояд:

-шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ташкилоти авиатсиони ИКАО;

-рамзи сехарфаи IСАО барои мақсадҳои истифодабари;

-рӯйхати муқарраргардидаи ҳуҷҷатҳои боркашони ва мусофиркашони барои барасмиятдароии боркашони ва мусофиркашонии байналмилали;

  1. Иҷозатнома барои ҳуқуқи фаъолияти агенти оид ба фурӯши интиқоли авиатсиони ба довталаби иҷозатнома дар сурати мавҷуд будани инҳо дода мешавад:

-биноҳои худи (ё ба иҷора гирифташуда), ки бо таҷҳизоти зарури ва воситаҳои алоқа муҷаҳҳаз буда, ба анҷом додани фурӯш ва бронкунонии боркунонии тиҷорати дар ҳавопаймои интиқолдиҳандаи авиатсиони имконият медиҳанд;

-системаи муҳофизатии сигналдиҳи;

-ҳайати сертификатсияшуда;

-шартнома (қарордод) ба ҳуқуқи фаъолияти агенти (субагенти) бо на камтар аз як интиқолдиҳандаи авиатсиони.

  1. Иҷозатнома талаб карда намешавад, агар интиқолдиҳандаи авиатсиони мустақилона фурӯши интиқоли авиатсиониро бо рейсҳои аз ҷониби ҳавопаймоҳои ин интиқолдиҳанда иҷрошаванда, иҷро намояд.
  2. Иҷозатнома барои ҳуқуқи таъмини мусофирони (экипажи) ҳавопаймо бо хӯрока ба довталаби иҷозатнома дар сурати мавҷуд будани инҳо дода мешавад:

-биноҳои худии (ба иҷора гирифташудаи) бо таҷҳизоти зарури таҷҳизонидашуда;

-ҳайати шахси, ки сертификати дахлдор доранд;

-шумораи зарурии зарфҳо;

-хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологи;

-сертификати мутобиқати маҳсулоти хӯроквори ва ашёи хоми озуқави;

-шартнома (қарордод) бо на камтар аз як интиқолдиҳандаи авиатсиони оид ба иҷрои ин намуди таъминот.

  1. Иҷозатнома ба фаъолият оид ба хизматрасонии техникии ҳангоми парвози нақлиёти ҳавои ба намудҳои зерини корҳо дода мешавад:

-таъмини аэродром – ҳангоми мавҷуд будани:

шаҳодатнома дар бораи бақайдгири ва ба истифода мувофиқ будани аэродром (сертификати мутобиқат);

воситаҳои механики барои таъмир ва нигоҳдории аэродром;

-таъмини барқию рӯшноии техники ва радиотехники – дар ҳолати доштани воситаҳои худии барқию рӯшноии техники, радиотехники ва воситаҳои алоқа;

-таъмини идораи ҳаракати ҳавои – дар ҳолати доштани объектҳо ва воситаҳои техникии хадамоти ҳаракати ҳавои (минбаъд – УВД), ки ба пунктҳои диспечерии УВД дар минтақаи аэродром (аэроузел) дода шудааст ва ё дар таҷҳизоти системаи авиатсияи граждани қабул гардидааст;

-таъминоти метереологи – дар ҳолати доштани таҷҳизоти авиометереологии худи ё дар асоси шартҳои қарордоди бо мақомоти ваколатдори давлати оид ба гидрометереологии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда;

-таъмини корҳои ҷустуҷӯи ва садамавию наҷотдиҳи – дар ҳолати доштани воситаҳои садамавию наҷотдиҳи. Ба ғайр аз ин, таъмини намудҳои мазкур, инчунин таъмини штурмани, оринитологи, таъмини маълумоти аэронавигатсиони бояд дар ҳолати мавҷуд будани гурӯҳҳои дахлдори мутахассисони (воҳидҳои, хадамоти) дорои ҳуҷҷатҳои зарурии тахассуси (диплом, шаҳодатнома ва ғ.), ки ҳуқуқи иҷрои ҳар яки ин намуди таъминотро медиҳанд, амали карда мешавад;

-таъмини бехатарии авиатсиони ҳангоми мавҷуд будани:

барномаи (программаи) таъмини бехатарии авиатсиони;

иҳота доштани атрофи фурудгоҳ (аз ҷумла минтақаи кори радиомаякҳои самтнома ва глиссади, иншоотҳои УВД, таҷҳизотҳои радио ва светотехникии аэродромҳо, иншоотҳои таъминоти сӯзишвории авиатсиони ва амборҳои тиҷорати) бо навиштаҷоти пешгирикунанда, ки ба зонаҳои назоратии мазкур дохил шуданро манъ мекунанд, бо ташкили пунктҳои назорати-иҷозатдиҳи ва амали режими иҷозатдиҳи;

иҳотаи иловаги кашидан ба иншоотҳои таъминоти сӯзишвории авиатсиони ва амборҳои тиҷорати дар зонаҳои назоратии фурудгоҳҳо;

биноҳои махсус, нуқтаҳои (пунктҳои) азназаргузаронии аъзои экипаж, ҳайати хизматрасон, мусофирон (борҳои дасти), боғоҷ, аз он ҷумла хизматрасони бо воситаи толорҳои махсус барои намояндагон ва толори VIР, захираҳои борти, муросилот ва бор, инчунин толорҳои интизоршави барои мусофироне, ки аз назар гузаронида шудаанд;

равшаникунии муҳофизати дар истгоҳҳои ҳавопаймоҳо, ҳудуди иншоотҳои алоҳидаи аэропорт ва нуқтаи гузаргоҳи назорати;

биноҳои махсуси бо воситаҳои зарурии алоқа таҷҳизонидашуда барои роҳбарии амалиёт оид ба батартибдарории ҳолатҳои фавқулодда, ки ба мудохилакунии ғайриқонуни ба фаъолияти авиатсияи граждани вобаста аст;

истгоҳҳои махсус, ки барои ба ҳавопаймо хизмат расонидан дар ҳолати ғайриқонуни ба фаъолияти авиатсияи граждани мудохила кардан ҷудо карда шудааст;

хизмати бехатарии авиатсионии бо мутахассисон таъминшуда, ки дорои ҳуҷҷатҳои зарурии тахассусие мебошанд (диплом, шаҳодатнома ва ғ.), ки ҳуқуқи иҷро намудани таъминоти мазкурро медиҳанд.

-таъмини ҳавопаймо бо сӯзишвории авиатсиони-ҳангоми мавҷуд будани:

иншоотҳои худи (иҷорави), иншоотҳое, ки дар он сӯзишвори нигоҳ дошта мешавад (анбор, системаи марказонидашудаи бо сӯзишвори таъмин намудани ҳавопаймо (ЦЗС), мошинҳои махсус (ТЗ, МЗ) ва дигар воситаҳои бо сӯзишвори таъминкуни, ки дар асоси меъёрҳои амалкунанда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд;

лабораторияҳои худии (иҷоравии) назорати сифати маводи сӯзишвори ва равғанҳои молидани;

воҳидҳое (хадамоте, гурӯҳи мутахассисоне), ки ҳайати шахсии онҳо дорои ҳуҷҷатҳои зарурии тахассусии (диплом, шаҳодатнома ва ғ.) ба талаботи дар нақлиёти ҳавои қабулшуда мутобиқро дошта бошад.

  1. Қобилияти дархосткунанда, ки намудҳои мазкури таъминоти техники ва технологиро иҷро мекунад, бояд бо сертификати мутобиқат, ки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт додаст, тасдиқ карда шавад.
  2. Иҷозатнома ба фаъолият оид ба хизматрасонии техники ва таъмири техникаи авиатсиони метавонад ҳангоми мавҷуд будани инҳо дода шавад:

сохтори истеҳсолии (ташкилотҳои ТОиР) худи (ба иҷора гирифташуда) ва таҷҳизоти зарурии замини барои амалигардонии  хизматрасонии техники ва таъмири ҳавопаймо ва дигар техникаи авиатсиони;

-системаи назорати худи (ба иҷора гирифташуда) ва баҳисобгирии сифати хизматрасонии техники, ки ба муқаррароти дар нақлиёти ҳавои қабулгардида мувофиқат мекунад ва пурраю самаранокии назоратро таъмин мекунад;

-фонди гардон (қисмҳои эҳтиёти, маҳсулоти пуркунанда, равған ва моеъҳои махсуси молидани, маводҳои харҷшаванда ва ғ.) ва риоя намудани тартиби пуркунонии он, ки ба иҷро намудани намудҳои хизматрасонии техникии ин ё он намуди ҳавопаймо ё дигар техникаи авиатсиони имконият медиҳад;

-системаи таъминоти иттилоотии худи (ба иҷора гирифташуда), ки бо хизматрасонии техники ва таъмири техникаи авиатсиони алоқаманд аст.

  1. Қобилияти дархосткунанда, ки намудҳои мазкури таъминоти муҳандиси-авиатсиониро иҷро мекунад, бояд бо сертификати мутобиқат, ки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт додаст, тасдиқ карда шавад.

Боби 40. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

-нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи моликият ё дигар асоси қонунии истифодабарии биноро тасдиқ мекунанд;

-қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо (ноҳияҳои шаҳри Душанбе) оид ба муайян намудани ҷои ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо;

-хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологи дар бораи мувофиқати бино ба талаботҳои санитари;

-хулосаи мусбии мақомоти оташнишони дар бораи талаботҳои зиддисӯхтори;

-нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки сифати таҷҳизотро тасдиқ мекунанд;

-шахси ҳуқуқие, ки тотализаторҳо ва қиморхонаҳоро ташкил менамояд, ба мақомоти иҷозатномадиҳанда кафолатро оид ба пардохти фонди мукофоти ва бурдҳо пешниҳод менамояд;

-рӯйхати кормандоне, ки идоракуни ва гузаронидани бозиҳоро дар объектҳои иҷозатномашаванда анҷом медиҳанд.

  1. Шартҳо ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-мувофиқ будани бино барои муштариён ба меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиени ва зиддисӯхтори;

сархати дуюм банди 3 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

сархати чоруми банди 3 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-риоя намудани талабот оид ба нигоҳдории маблағҳои пулии нақди;

-барои ҳайати коркуноне, ки бо идоракуни ва гузаронидани бозиҳо машғул мебошанд, мавҷуд будани варақаи шахсии ҳисоботи;

-дар биноҳо барои муштариён мавҷуд будани қоидаҳои тартиби кор, қоидаи гузаронидани бозиҳо, қабули пули қимор, ки барои шинос шудан дастрас мебошанд;

-дар хазинаи ҷои гузаронидани бози мавҷуд будани маблағе, ки барои пардохти фонди мукофотии эълоншуда ё ташкилёбии фонди суғуртави кифоя бошад;

-риоя намудани қоидаҳои бурдани ҳуҷҷатҳои молияви ва ҳисоботи муҳосибави;

-ба бинои фаъолияти иҷозатномадиҳи роҳ додани танҳо шахсони аз 18-сола боло.

Боби 41. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти туристи

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти туристи

Ба фаъолияти туристи корҳои оид ба ташкили саёҳат, экскурсияҳо ва хизматрасонии ба он вобаста дар самтҳои туризми воридоти, содироти ва дохили (агентии туристи, туроператорҳо ва ташкилотҳои экскурсиони, меҳмонхонаҳо, кемпингҳо, ки бевосита бо ташкили фаъолияти туристи машғуланд) ворид мегарданд.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳи ҳангоми амали намудани фаъолияти туристи барои шахси ҳуқуқи ва ӯҳдадориҳои довталабон:

-дар воҳиди кории шахси ҳуқуқи мавҷуд будани як нафар корманди дорои таҳсилоти махсус дар соҳаи туризм ва ё бо таҷрибаи кории на кам аз 3 сол дар ҳамин соҳа;

-на камтар аз як маротиба дар се сол такмили ихтисоси кормандони шахси ҳуқуқи, ки бевосита бо ташкили саёҳат, экскурсияҳо ва хизматрасонии ба он алоқаманд машғуланд;

-мавҷуд будани утоқи хизматии хусуси ва ё иҷорави бо таҷҳизоти дахлдор;

-танҳо баъд аз ба имзо расонидани шартнома (контракт) бо мизоҷон, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, амали намудани хизматрасонии туристи;

-дастрас намудани маълумоти пурра ба ҳар як турист оид ба хусусиятҳои ба хориҷа рафтан, ворид гардидан ва будубош дар давлати хориҷи, оид ба қоидаҳои рафтор ва интизом дар вақти сафари туристи ба хориҷа;

-ба истеъмолкунандаи хизматрасонии туристи дастрас намудани маълумоти пурра оид ба реҷаи кории ташкилкунандаи хизматрасонии туристи, суроғаи ҳуқуқии он, мавҷуд будани иҷозатнома, насаб, ном ва номи падари шахсони мутасадди, ки дар пеш бурдани самтҳои мушаххаси фаъолияти туристи масъуланд;

-нусхаи шартнома бо ташкилоти суғуртави доир ба суғуртаи сайёҳон;

-мавҷуд будани системаи таъмини бехатари, расонидани ёрии тибби ва дигар кӯмакҳо ҳангоми ҷароҳат бардоштан, бемори ва дар дигар ҳолатҳо ба туристон.

  1. Талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳи ҳангоми амали намудани фаъолияти туристи барои соҳибкорони инфироди:

-омодагии касби, шаҳодатномаи тахассуси ва таҷрибаи ташкили хатсайрҳои туристи;

-хатсайри туристии таҳиягардида;

-маълумотномаи тибби оид ба ҳолати саломати.

  1. Шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди пас аз гирифтани иҷозатнома ҳангоми ташкили хизматрасонии туристи, сайёҳони хориҷшаванда ва дохилиро бо роҳхатҳои шаклашон ягона таъмин менамоянд. Барои сайёҳони воридшаванда рсестри ташрифи сайёҳи хориҷи ҷори карда мешавад. Роҳхатҳои шаклашон ягона ва реестри ташрифи сайёҳони хориҷи бо мақсади ташкили омори дақиқи хизматрасонии туристи аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои таҳия ва назорат карда мешавад. Роҳхатҳои шаклашон ягона ҳуҷҷати ҳатмие мебошанд, ки аз бастани шартнома байни ташкилотҳои туристи ва сайёҳон шаҳодат медиҳанд.
  2. Субъектҳои фаъолияти туристии дорои иҷозатнома баъд аз ташкили саёҳати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ё қабули сайёҳони хориҷи ба мақомоти ваколатдори соҳа ҳисоботи хатти пешниҳод менамоянд.
  3. Барои гирифтани иҷозатнома довталаб бояд ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод намояд:

-ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани филиалҳо, намояндагиҳо ва иншоотҳои шахси ҳуқуқиро дар минтақаҳои алоҳида, ки аз тариқи онҳо фаъолияти туристи амали карда мешавад, нусхаи низомномаҳо, фармонҳо доир ба таъини роҳбарон, боваринома ба роҳбар, суроға, суратҳисоби бонки;

-барои шахси ҳуқуқи ва воқеии хориҷи сертификати аз ҷониби мақомоти нотариали тасдиқнамудаи давлати хориҷи ё мақоми ваколатдор барои машғул шудан ба фаъолияти туристи, ки аз салоҳияти шахси ҳуқуқи ва воқеи шаҳодат медиҳад ва дар идораҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё сохторҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст.

Боби 42. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти кормандони масъули патенти

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти кормандони масъули патенти.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

-нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти оли;

-қарори комиссияи аттестатсиони.

  1. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳи:

-доштани таҳсилоти оли дар соҳаи ҳуқуқ илмҳои техники ё табиатшиноси;

сархати дуюми банди 4 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №301 аз 2.07.13с.)

-шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан.

Эзоҳ: Таҳти мафҳуми «корманди масъули патенти» дар ин боб «намояндаи патенти» фаҳмида мешавад.

Боби 43. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)
  3. Дар ҳолати амали намудани фаъолият аз ҷониби иҷозатномадор дар якчанд ҳудуди ҷудогона, иҷозатномаи алоҳида дода намешавад. Маълумот дар бораи чунин ҳудудҳо (суроға, телефон ва ғайра) бояд дар варақаи иҷозатнома нишон дода шаванд.
  4. Талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-мавҷуд будани хулосаи экспертии мақомоти иҷозатномадиҳанда оид ба мувофиқ будани шароити фаъолият ба тапаботҳои муқарраршуда;

-маълумот дар бораи таъмини техники ва технологии намуди дархостшудаи фаъолият.

Боби 44. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

– ба фаъолияти бокортаъминкуни хизматрасони ҷиҳати мусоидат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷи дар ҷустуҷӯи кори пардохтшаванда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла гирифтани иҷозат барои кор дар давлати хориҷи ва ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои меҳнати бо корфармоёни хориҷию ватани мансуб мебошад. (ҚҲҶТ №518 аз 1.10.07с.)

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти муҳоҷирати Вазорати Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии. (ҚҲҶТ №518 аз 1.10.07с., ҚҲҶТ №461 аз 5.07.14с.)
  2. Аз рӯи зарурият Хадамоти муҳоҷирати Вазорати Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҳуқуқ дорад оид ба гузаронидани экспертизаи мустақили ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида қарор қабул намояд. Дар ин сурат қарори додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати 15 рӯз аз лаҳзаи гирифтани хулосаи эксперти, вале на дертар аз 30 рӯз аз рӯзи пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои зарури қабул карда мешавад. (ҚҲҶТ №518 аз 1.10.07с., ҚҲҶТ №461 аз 5.07.14с.)
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги оид ба гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-нусхаи иҷозатномаи корфармои хориҷи доир ба ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷи ба кор, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори ин давлат дода шудааст (агар дар ин давлат ин фаъолият иҷозатнома кунонида шавад);

-шахсони ҳуқуқи ва воқеии хориҷи ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ариза, нусхаи расмии феҳристи тиҷоратии давлати ҷойи истиқомат ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи статуси ҳуқуқии худро мутобиқи қонунгузории давлати ҷойи истиқомат дар лаҳзаи таъсиси шахси ҳуқуқи бо тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷатҳои мазкур бо забони тоҷики (руси) пешниҳод менамоянд. (ҚҲҶТ №518 аз 1.10.07с., ҚҲҶТ №461 аз 5.07.14с.)

Банди 5 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №518 аз 1.10.07с.)

  1. Шарту талаботҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият оиди бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар ҷадвали штатии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани на кам аз як воҳиди кории мутахассиси дорои таҳсилоти оли ва ё миёнаи ҳуқуқшиноси;

-мавҷуд будани бино, таҷҳизот, маҳзани маълумоти таъминкунандаи алоқаи мунтазам бо биржаи меҳнати;

-вазъи молиявии қаноатбахш.

– сархати чоруми банди 5 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №461 аз 5.07.14с.)

  1. Субъекти хоҷагидоре, ки барои иҷрои фаъолияти бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифтааст, ӯҳдадор аст шартҳои зеринро риоя намояд:

-анкетаҳои ташкили манбаи маълумотии номзадҳо барои таъмини кор дар хориҷаро ройгон ба қайд гиранд ва ба шаҳрвандон пешниҳод намояд;

-муҳоҷирони меҳнатиро бо тартиби амалкунандаи давлати хориҷи ҷиҳати бо кор таъминкунии шаҳрвандони хориҷи дар ин давлатҳо ва муқаррароти қонунгузории муҳоҷират шинос намояд;

-бастани шартномаи меҳнатиро байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷи таъмин намояд ё бо супориши онҳо шартномаҳои меҳнатиро аз номи худ ба имзо расонда ба ҳар як нафар муҳоҷири меҳнати пеш аз сафар супорад;

-мутобиқи тартиби муқарраршуда барасмиятдарории шиносномаи хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои кор ба хориҷа мераванд, таъмин намояд;

-ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хоҳиши дар хориҷа иҷро намудани кори музднокро дорад бо шартҳои ҳамин Низомнома шинос намуда, суроға ва рақами телефонҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ дастрас намояд; (ҚҲҶТ №518 аз 1.10.07с., ҚҲҶТ №461 аз 5.07.14с.)

-нусхаҳои шартномаҳои меҳнатии бо иштироки ӯ байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷи басташуда ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷаро маҳфуз дорад;

-ҳар семоҳа тибқи тартиби муқарраршуда ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи харитаи баҳисобгирии омории муҳоҷирони меҳнати ҳисобот пешниҳод намояд; (ҚҲҶТ №518 аз 1.10.07с.)

-то бастани шартномаи меҳнати байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷи, ғайр аз ҳаққи хизматрасонии бо кор таъминкуни пешпардохт нарӯёнад;

-ҳатман пас аз гирифтани иҷозатнома дар давоми як сол фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа амали намояд;

-шартҳои созишномаи меҳнатии бо муҳоҷири меҳнати басташударо риоя намояд.

  1. Субъекти хоҷагидоре, ки барои иҷрои фаъолияти бокортаъминкунии шаҳрвандони хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифтааст, ӯҳдадор аст шартҳои зеринро риоя намояд:

-ҳуқуқҳои меҳнатии кормандони хориҷиро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда пешбини намудааст, риоя намояд;

-дар мӯҳлати 3 шабонарӯз дар мақомоти корҳои дохили шаҳрвандони хориҷии дар асоси шартнома барои кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо ба қайд гузорад;

-ҳар семоҳа, тибқи тартиби муқарраршуда ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳисобгирии омории муҳоҷирони меҳнати ҳисобот пешниҳод намояд. (ҚҲҶТ №518 аз 1.10.07с., ҚҲҶТ №461 аз 5.07.14с.)

Банди 9 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №518 аз 1.10.07с.)

Банди 8 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №461 аз 5.07.14с.)

Банди 11 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №518 аз 1.10.07с.)

  1. Боздоштани амали иҷозатнома, иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи бо муҳоҷири меҳнати басташударо қатъ намесозад.

Боби 45. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии байтори

  1. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти хусусии байтори.
  2. Фаъолияти хусусии байтори корҳои зеринро дар бар мегирад:

-фаъолияти хусусии табобати-пешгирикуни, оид ба ҷарроҳи, акушери-гинекологи;

-истеҳсол ва фурӯши маводи биологии байтори, воситаҳои дорувории таъиноти байтори, хӯроквори ва иловаҳои хӯроки чорво.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти байтори.
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

-хулосаи мусбии хадамоти санитарию эпидемиологи оид ба мутобиқати биноҳо (истеҳсоли, анборҳо, идорави), иншоот, таҷҳизоти раванди технологи истеҳсоли ба меъёру қоидаҳои санитари;

сархати дуюм хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумот дар бораи базаи истеҳсоли-техники;

-хулосаи мусбии мақомоти дахлдори корҳои дохили ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати техникии биноҳо барои нигоҳдории маводҳои таъсирашон сахт ва таҷҳизонидани онҳо бо воситаи сигналдиҳи, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии дорувории соҳаи байтори, ки аз тарафи Маркази давлатии назорати фаъолияти фармасевти ва тибби дода мешавад;

-ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани таҳсилоти миёна ё оли дар соҳаи байториро тасдиқ мекунад.

Боби 46. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсол, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку.
  2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки ба истеҳсолкунандагон барои гирифтани иҷозатнома заруранд:

– нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;

– хулосаи санитарию эпидемиологӣ.

  1. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

– риояи технологияи истеҳсолот;

– риояи қоидаҳои тамғакунонӣ ва фурӯш;

– дар моликияти довталаби иҷозатнома ё бо дигар асоси қонуни мавҷуд будани фондҳои асосӣ (воситаҳо), иморатҳо, иншоот, таҷҳизот, аз ҷумла озмоишгоҳи истеҳсолию технологӣ барои амалӣ намудани фаъолияти мазкур.

  1. Мавҷуд будани иҷозатнома барои истеҳсоли маҳсулоти тамоку, ҳуқуқи фаъолияти фурӯши яклухти маҳсулоти тамокуро бе гирифтани иҷозатнома медиҳад.
  2. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти тамоку, маҳсулоти худро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои иҷозатномаи фурӯши яклухт ва ё чаканаи маҳсулоти тамоку мебошанд, мефурӯшанд ё тавассути мағозаҳои фирмавии худ фурӯши онро ба роҳ мемонанд.
  3. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку.
  4. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  5. Шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ:

– мавҷуд будани анбор;

– манъи фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку дар ҳудуди ташкилотҳои тиббӣ, маориф, варзишӣ ва илмию фарҳангӣ.

  1. Ҳуқуқи фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку бо суроғае, ки дар иҷозатнома қайд гардидааст, дар муддати амали иҷозатнома дода мешавад.
  2. Фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку дар асоси иҷозатнома дар ҳолате амалӣ гардида мешавад, ки довталаби иҷозатнома дорои сертификати мутобиқат ва маҷмӯи тамғаҳои аксизӣ бошад.
  3. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку.
  4. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  5. Ба фурӯш баровардани маҳсулоти тамоку дар шакли чакана танҳо дар биноҳои статсионарӣ, майдони савдо, павилёнҳо, мағоза ва тарабхона, ки ба талаботи санитарию беҳдоштӣ мувофиқат мекунанд, иҷозат дода мешавад.
  6. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

– мавҷуд будани нуқтаи савдо, ки ба талаботи фурӯши чакана ҷавобгӯ мебошад;

– манъи фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку дар ҳудуди ташкилотҳои тиббӣ, маориф, варзишӣ ва илмию фарҳангӣ.

  1. Иҷозатномаи ҳуқуқи фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ба суроғае, ки дар иҷозатнома қайд гардидааст, дар муддати амали иҷозатнома дода мешавад.
  2. Фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку дар асоси иҷозатнома дар ҳолате амалӣ гардонида мешавад, ки маҳсулот дорои сертификати мутобиқат ва тамғаҳои аксизии дахлдор бошад.
  3. Андозаи ҳаққи додани иҷозатнома барои шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти истеҳсол ва фурӯши яклухти тамокуро анҷом медиҳад, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба андозаи бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар карда мешавад. Ба шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти фурӯши чаканаи маҳсулоти тамокуро анҷом медиҳанд, ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳар соли амали иҷозатнома андозаи ҳаққи додани иҷозатнома муқаррар карда мешавад. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

Боби 47. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти адвокати ваколатдор

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти адвокати ваколатдор
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Шарту талаботҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

-доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиноси;

-собиқаи кории на камтар аз ду сол, аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиноси;

-мавҷуд будани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судии барои ҷиноятҳои қасдан содиркардашуда;

-қарори мусбии комиссияи аттестатсионии тахассуси.

Ҳангоми зиёда аз ду маротиба ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани шикоят дар бораи бемасъулиятии иҷозатномадор иҷозатнома боздошта мешавад.

  1. Тартиби гузаштани аттестатсияи тахассуси, таъсис додани комиссияи аттестатсияи тахассуси ва тартиби фаъолияти он аз ҷониби Ваторати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Боби 48. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи маориф

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълимии томактаби ва таҳсилоти умуми (ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми).
  2. Мақомотӣ иҷозатномадиҳанда:

-Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ; (ҚҲҶТ №624 аз 31.10.09с.)

  1. Иҷозатномадиҳии литсей ва гимназияҳои назди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои таълимии аҳамияти ҷумҳуриявидошта (мактаб-интернатҳо, литсейҳои касбӣ, коллеҷҳо), муассисаҳои таҳсилоти олӣ (бакалавриат, магистратура, аспирантура, ординатура, интернатура, докторантура), таҳсилоти фосилавӣ, донишкадаҳои (марказҳои) такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, ташкилоту муассисаҳои таълимии илмӣ, ташкилоту муассисаҳои таълимии муштараки байналмилалӣ ва аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таъсисёфта, намояндагӣ ва филиалҳои муассисаҳои таълимии хориҷӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимие, ки таҳсилоти иловагиро амалӣ менамоянд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавӣ (ба истиснои муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ, ки иҷозатномадиҳии онҳо аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад) аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳандаи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (ҚҲҶТ №512 аз 2.11.13с.)
  2. Иҷозатномадиҳии фаъолияти мактабҳои олии давлатҳои хориҷи тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешавад.
  3. Иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатии томактаби, марказҳои корҳои тарбиявии беруназмактаби, мактаб-интернатҳо, литсею гимназияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои таълимие, ки дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия таъсис дода мешаванд (ба истиснои ташкилоту муассисаҳои дар банди 3 ҳамин боб нишон додашуда), мувофиқан аз тарафи райсат ё шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳия амали карда мешавад.
  4. Иҷозатномаи ҳуқуқи амали гардонидани корҳои таълимиро фақат ба он равия, ихтисос, дараҷа, мӯҳлат, шакли таълим, миқдори ниҳоии муҳассилин ва дигар нишондодҳо медиҳад, ки дар замимаи он зикр гардидаанд.
  5. Ба намудҳои зерини корҳо иҷозатнома дода намешавад:

-фаъолияти таълими дар шакли лексияҳои яквақта, коромӯзи, семинарҳо ва дигар намудҳои омӯзиш, ки дар онҳо аттестатсияи ҷамъбасти ва додани ҳуҷҷатҳо доир ба таҳсилот ва дараҷаи тахассуси сурат намегирад;

-фаъолияти меҳнатии инфиродии омӯзгорон, аз ҷумла дар соҳаи тайёрии касби.

  1. Иҷозатномадиҳии фаъолияти таълимии ташкилотҳои таълимии дини (машғул ба таълими рӯҳони) ва аз ҷониби ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) дини таъсисёфта аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳандаи дахлдор, вобаста ба дараҷаи амали намудани барномаи таълими, амали карда мешавад.
  2. Иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълими замима дорад, ки дар он нишон дода мешавад:

-номгӯи барномаҳои таълими, самт ва ихтисосҳои тайёркуни, ки аз рӯи онҳо ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълими, дараҷа ва мӯҳлати меъёрии азхудкуни дода мешавад;

-дараҷаи тахассуси, ки баъди ба охир расидани барномаи таълими ба хатмкардагони ташкилоти таълими дода мешавад;

-меъёрҳои назорати ва шумораи ниҳоии хонандагон, донишҷӯён, шунавандагон ва тарбиятгирандагон, ки ба меъёрҳои таълими рӯзона мувофиқ гардонида шудааст.

  1. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома:

-ариза бо нишон додани номгӯи барномаҳои таълими, самт ва ихтисосҳои тайёр кардашаванда;

-муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимии таҳсилоти касби нусхаи қарори шӯрои илми (педагоги), дар бораи имконияти тайёр намудани мутахассисон аз рӯи барномаи асоси ва иловагии таълими, ки барои иҷозатномагири пешниҳод намудааст; ташкилотҳои касбии таълимии дини (машғул ба таълими рӯҳони) ва ташкилотҳои таълимии ташкилотҳои дини таъсисёфта дархости роҳбарияти равияҳои диниро пешниҳод менамояд;

-муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар таркиби худ сохторҳои (гурӯҳҳои) таълими дорад ва ба тайёр намудани мутахассисони касби машғул аст, бо тартиби муқарраршуда ба тарзи илова нусхаи низомномаи тасдиқкардашудаи ин сохторҳоро (гурӯҳҳоро) пешниҳод менамояд;

-маълумот дар бораи сохтори муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои иҷозатномагиранда, пурра будани ҷадвали штати, шумораи тахминии хонандагон ва тарбиятгирандагон;

-маълумот дар бораи биноҳо, иншоотҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш, тайёрии ибтидоии ҳарби, хобгоҳ, дар бораи таъмин будани хонандагон, тарбиятгирандагон ва кормандон бо хӯрок ва хизматрасонии тибби бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқии соҳиби намудан, истифода бурдан ё ихтиёрдори намудани бино дар давраи мӯҳлати амали иҷозатнома;

-хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологи дар бораи мувофиқ будани бинои истифодашаванда барои татбиқи раванди таълим; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумот дар бораи таъминот бо адабиёти таълими ва таҷҳизоти моддию техники;

-маълумот дар бораи таъминоти кадрии раванди таълим, дараҷа омӯзгории кормандони педагоги ва шароиҳои ба фаъолияти меҳнати ҷалб кардани онҳо (барои довталабони иҷозатнома, ки мақсади тайёр намудани кадрҳоро баъди таҳсилоти олии касби доранд, маълумот дар бораи роҳбарони илми);

-созишнома ва қарори мақомоти идоракунии давлатии маорифи давлати таъсисдиҳандаи мактаби оли ва давлате, ки дар он филиали ин мактаби оли ташкил карда шудааст (барои филиалҳои мактабҳои олии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил);

-нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз рӯи онҳо барномаи таълимии касби татбиқ карда мешавад;

сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

  1. Барои гирифтани иҷозатнома муассисаҳо ва ташкилотҳои таълимии миёна, оли, таҳсилоти иловагии касби, ки технологияи таҳсилоти фосилавиро истифода мебаранд, иловатан ба номгӯи ҳуҷҷатҳои дар банди 10 нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои зайлро пешниҳод менамоянд:

-маълумоти умуми дар бораи муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълими, филиал ва намояндагиҳои он;

-нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз рӯи онҳо барномаҳои таҳсилоти касбии таълими фосилави амали карда мешаванд;

-маълумот дар бораи таъмин будан бо технологияи ахборотии замонави;

-маълумот дар бораи таъмин будан бо лабораторияҳои махсус, аудитория, кабинетҳо, заминаи чопкуни.

  1. Комиссияи иҷозатномадиҳи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашударо таҳлил намуда, дар ҷояш ташхиси заминаҳои модди, техники, кадри, илми, илми-методи, имкониятҳои молияви, таъминот бо адабиёт, барномаҳои таълимии касби, тайёрии муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимиро оид ба қабули хонандагону донишҷӯён мегузаронад.
  2. Комиссияи иҷозатномадиҳи самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимии довталаби иҷозатномаро таҳлил намуда, мувофиқати онро ба меъёрҳои мавҷуда муайян мекунад ва дар асоси он ба мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба раёсатҳои (шӯъбаҳои) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия хулоса (мусби ё манфи) пешниҳод менамояд.
  3. Қарор дар бораи додан ва надодани иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда ба истиснои муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ дар асоси хулосаи комиссияи иҷозатномадиҳи ва қарори Шӯрои мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шӯъбаҳои) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия қабул карда мешавад. (ҚҲҶТ №624 аз 31.10.09с.)
  4. Қарори мақомоти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи фармон дар бораи додани иҷозатнома ба Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои мақомоти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати (шӯъбаи) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия мутаносибан ба сардори идора, мудири шӯъбаи маориф пешниҳод карда мешавад. Баъди тасдиқи қарори Шӯро ва имзо гардидани фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идора ва мудири шӯъбаи маориф ба муассиса, дигар ташкилотҳои таълими иҷозатнома бо замимаи он дода мешавад.
  5. Иҷозатномадиҳии фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълими аз рӯи барномаҳои нави таълими, новобаста аз иҷозатномаи қаблан додашуда барои пешбурди фаъолияти таълими аз рӯи барномаҳои таълимии дигар гузаронида мешавад. Дар ин сурат иҷозатномагир ариза ва ҳуҷҷатҳоро аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои дар банди 10 боби мазкур пешбинишуда, ки номгӯи онҳоро мақомоти иҷозатномадиҳанда муайян мекунад, пешниҳод менамояд.

Номгӯи барномаҳои нави таълими ба замимаи иҷозатномаи амалкунанда ҳамроҳ карда мешавад.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад амали иҷозатномаро оид ба татбиқи фаъолияти таълими, ки дар замимаи иҷозатнома нишон дода шудааст, пурра ва ё қисман аз рӯи барномаҳои алоҳида боздорад.

Боби 49. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо).
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот; холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо. (ҚҲҶТ №668 аз 2.12.09с.)

  1. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:

1) Барои шахсони ҳуқуқи:

Сархати якуми зербанди 1) банди 3 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумотнома аз мақомоти корҳои дохили дар бораи таъмини бехатарии бинои кори ва санҷиши коргарон ба системаи иҷозатдиҳи;

-мавҷудияти тарозуи махсус барои баркашидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва маълумотнома дар бораи дурустии тарозу;

-мавҷудияти таҷҳизот ва асбобу анҷоми барои кор зарури;

-барои коркарди шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо: печҳои муфели, шкафҳои ҳавокаш, сейфҳо ва дигар асбобҳои зарури;

-барои рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо: микроскоп, печҳои муфели, шкафҳои хушккуни, дастгоҳҳои арракуни ва дигар асбобҳои зарури;

-барои хариду фурӯши яклухт ва чакана: сейфҳо, мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискали;

-барои аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо: сейф, дастаи сӯзанҳои маҳаки, реактивҳои маҳаки, рефрактометрҳо, заррабин ва дигар асбобҳои зарури;

-маълумот дар бораи тахассуси касбии кормандони довталаби иҷозатнома.

2) Барои соҳибкорони инфироди:

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқи истифодабарии бинои кори, ки дар он анҷом додани фаъолият пешбини шудааст;

-барои аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо мавҷуд будани асбобҳо ва таҷҳизотҳои зарури, ки дар сархати чоруми зербанди 1 банди 3 ин боб нишон дода шудаанд.

  1. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи барои муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:

-доштани тамғаи давлатии маҳак дар маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ё сертификати мутобиқат (барои хариду фурӯши яклухт ва чакана);

-мавҷудияти бинои мувофиқ ва шароити нигоҳдори ва фурӯш.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми додани иҷозатнома вобаста ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот; холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо; аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо ҳуқуқ дорад:

-бо мақсади дар ҷояш гузаронидани санҷишҳо оид ба мувофиқ будани шароити фаъолияти иҷозатномашаванда ба талаботҳои муқарраршуда, экспертизаҳо анҷом диҳад;

-ҳайат ва дастури кори экспертҳоро оид ба иҷозатномадиҳи муайяи намуда, экспертҳоро ҷиҳати гузаронидани экспертизаҳо дар ҷояш сафарбар созад.

Боби 50. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизион, радиошунавони ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи телевизион радиошунавони ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали.
  2. Фаъолияти соҳаи телевизиону радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали корҳои зеринро дарбар мегирад:

-истеҳсол намудани барномаҳои телевизион ва радио;

-пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио;

-истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали (истеҳсоли маҳсулоти овози (фанограмма): визуалию аудиовизуали).

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ваколати иҷозатномадиҳиро ба сохторҳои тобеи дахлдор вогузор намояд.
  3. Тартиби мазкур ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияти радиотелевизиони бо истифодаи мавҷ, кабел, ноқил, радиф, бисёршабакаи рақами (мултимеди) бо дарназардошти Интернет ва дигар шабакаҳои электронии ахбори омма, инчунин ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти овози (фанограмма), визуали, аудиовизуали дар ҳар гуна намудҳою воситаҳои сабту навор бо пурраги истифода бурда мешавад.
  4. Тартиби мазкур ба истиснои фаъолияти ташкилотҳои радиотелевизионие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, инчунин системаи радиотелевизионии шакли пӯшида (истеҳсоли, технологи, таълими, илми ва хизмати) ба ғайр аз системаҳои махсус дар меҳмонхонаҳо, комплексҳои меҳмонхонави, хонаҳои истироҳат, дигар хонаҳову истироҳатгоҳҳо, ки барои қабули умумии пулаки ташкил карда шудаанд, ҳама намудҳо ва зернамудҳои фаъолияти соҳаи телевизион ва радиоро фаро мегирад.
  5. Ташкилкунандагони системаҳои радиотелевизионии шакли пӯшида (истеҳсоли, технологи, таълими, илми, хизмати ва ғайра), ки бе иҷозатнома фаъолият менамоянд, вазифадоранд оид ба системаи ташкил намудаашон на дертар аз си рӯз ба мақомоти иҷозатномадиҳанда дар шакли хатти бо нишон додани маълумотҳои зерин огоҳинома ирсол намоянд:

-шахси масъули амалигардонандаи чунин фаъолият;

-минтақаи хизматрасонии шабака бо нишон додани ҳадди аксари истеъмолкунандагон;

-мавзӯи намунави ва тахассуси шабака.

  1. Додани иҷозатнома дар сурати маҳдуд будани басомади дар минтақаи талабкардашаванда бо таври озмун тибқи муқарраргардида сурат мегирад.
  2. Барои гирифтани иҷозатнома аризаи шакли махсус пешниҳод мешавад, ки дар он бояд маълумотҳои зерин нишон дода шуда бошанд.

-номи ташкилоти радиотелевизиони, реквизитҳо, маълумот дар бораи рамзҳо (сарахбор, нишон, ороиш);

-забони (забонҳои) пахши барномаҳо;

-намуди фаъолият (телевизиони, радиои, истеҳсоли маҳсулоти овози, визуали, аудиовизуали ва дигар);

-даврияти пахш (шабонарӯзи, ҳаррӯза ва ғайра дар соат ва дар шабонарӯз);

-мақсадҳо ва вазифаҳои барномавии пахш, мавзӯи намунави ва тахассуси барномаи телевизиони ё радиои, ҷадвали пахш, намуди маҳсулоти овози, аудиовизуали);

-аудитория (ҳудуди фарогирии пахш, (шаҳр, ноҳия ва ғайра) категорияи бинандагон ва шунавандагон, ки пахш ё истифодаи маҳсулоти аудиовизуали ба онҳо нигаронда шудааст);

-усули пахш (мавҷи, кабели, мултимеди, ноқили ва ғайра).

  1. Ба ариза ҳуҷҷатҳои иловагии зерин замима карда мешаванд:

-номгӯи воситаҳои технологии истифодашаванда бо мақсадҳои радиотелевизиони, истеҳсоли маҳсулоти овози, аудиовизуали;

-маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои асосии техникии воситаҳои таҳияи барномаҳои телевизиони ва радиои, маҳсулоти аудиовизуали;

-маълумот дар бораи манбаи таъминоти молияви;

-маълумот дар бораи мавҷудияти иҷозатномаи пештар гирифташудаи аризадиҳанда барои фаъолият дар соҳаи радиотелевизион ва дар бораи таъсиси воситаҳои ахбори умум аз ҷониби онҳо, инчунин номгӯи воситаҳои ахбори умум (ташкилотҳо), ки аризадиҳанда ҳаммуассис ё дорандаи пакети саҳмияҳо мебошад;

-сертификати мутобиқати нишондиҳандаҳои (имконияти) истифодаи дастгоҳҳо бо талаботҳои меъёри;

-маълумот дар бораи пахш намудани ахбороти иловаги ва дуюмбора, ки дар таркиби сигнали барномаҳо пахш мегарданд;

  1. Иҷозатнома дар сурати мавҷуд набудани басомади озоди пахш дар минтақаи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда дода намешавад.
  2. Пахш намудани (пахш ва пахши интиқоли) барномаҳои ташкилотҳои радиотелевизиони хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи мақомоти иҷозатномадиҳанда ва дар асоси санадҳои ҳуқуқии байнидавлати дар бораи ҳамкори дар соҳаи телевизион ва радио ва мутобиқи қарордоди байни ташкилотҳои радиотелевизионии ватани ва хориҷи сурат мегирад.
  3. Ташкилотҳои радиотелевизионе, ки воситаҳои пахшкунандаи худро доранд ва иҷозатнома гирифтаанд, бояд барои гирифтани иҷозатномаи дахлдор ҷиҳати истифодаи басомади радиои ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
  4. Ба ғайр аз талаботи муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пахши радиотелевизиони ва дигар воситаҳои ахбори умум, иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио шартҳои зерин дорад:

-дорандаи иҷозатнома (ташкилоти радиотелсвизиони) дар ҷараёни фаъолияти худ бе розигии мақомоти иҷозатномадиҳанда набояд тахассуси худ ва ҳаҷми пахшро тағйир диҳад;

-дорандаи иҷозатнома ҳуқуқи иваз кардани шабакаи пахш (басомади пахш), иқтидори дастгоҳи пахшкунанда ва дар ҳудуди бештар аз нишондоди иҷозатнома пахш намудани барномаҳои радиотелевизионро надорад;

-маводу маҳсулоти радиотелевизиони ё аудиовизуалии паҳншавандаи дорандаи иҷозатнома бояд бо риояи талаботи технологи истеҳсол шавад;

-воситаҳои техникии дорандаи иҷозатнома набояд барои бинандагон ва шунавандагон мамоният, таҳриф ва дигар нобоби ба миён орад;

-дорандаи иҷозатнома барномаро набояд бо забони дар иҷозатнома нишон дода нашуда пахш намояд;

-дорандаи иҷозатнома ҳақ надорад дар таркиби сигнали барномаҳо хабари иловаги ва дуюмбораро пахш намояд, агар он дар иҷозатнома дарҷ нашуда бошад, ғайр аз хабари ба мазмуни барномаи асоси вобаста буда;

-ба дигар шахс гузашт кардани иҷозатнома, ҳамчунин ба фурӯши иҷозатнома дар соҳаи телевизион ва радио роҳ дода намешавад.

  1. Шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванд ба гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио ҳақ надоранд. Ташкилотҳои телевизион ва радиоии аз ҷониби шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони ҳуқуқии хориҷи ва филиалу намояндагии онҳо назоратшаванда низ соҳиби иҷозатнома шуда наметавонанд. Дар ин ҷо дар зери мафҳуми назорат таъсири ҳалкунанда доштан дар қабули қарорҳо фаҳмида мешавад.

Боби 51. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ба даст овардан, фурӯш истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамои, хизматрасони ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти ба даст овардан, фурӯш истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамои, хизматрасони ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиат.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти ба даст овардан, фурӯш истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамои, хизматрасони ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд:

-шартнома байни дастраскунанда ва корхонаи истифодакунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, ҳамчунин таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи зарурати истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо ва таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

-нақшаи чорабинии корхонаи истифодакунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо оиди ботадриҷ кам кардан ва қатъ кардани истифодаи ин моддаҳо;

-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти имкониятҳои техникии ҷавобгӯи стандарт (бино, таҷҳизоти сертификатсияшуда, ҳайати мушхассисон, тайёрии тахассуси) ҳангоми фаъолият оид ба нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, ҳамчунин фаъолият оид ба васлнамои ва хизматрасонии таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

-ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи интиқоли моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, ҳамчунин таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-иҷрои дигар шарту талаботҳои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон.

Боби 52. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа:

-нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсиси;

-ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба фонди оинномави.

  1. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани биноҳои хизмати барои фаъолияти фонди ғайридавлатии нафақа;

-варақаи шахсии роҳбар ва сармуҳосиби фонди ғайридавлатии нафақа ва ташкилоти молияви.

Боби 53. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи биржа

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи биржа.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти биржави:

-қоидаҳои савдои биржави;

-ҳуҷҷате, ки ба сармояи оинномавии биржа пардохт намудани на камтар аз 50 фоизи маблағи эълоншударо тасдиқ мекунад;

-ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи истифодабарии ҷойҳои дахлдорро барои гузаронидани фурӯш тасдиқ менамояд.

  1. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-риоя намудани қоидаҳои савдои биржави;

-мавҷуд будани биноҳои дахлдор барои гузаронидани савдои биржави.

  1. Иҷозатномадор ҳар семоҳа дар хусуси натиҷаи фаъолияти худ ба мақомоти иҷозатномадиҳанда маълумот пешниҳод менамояд. СМҲ «Ҳуқуқ»

Боби 54. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти суғуртави

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти суғуртави.
  2. Фаолияти суғуртави намудҳои зерини корҳоро дар бар мегирад:

1) суғуртаи ҳаёт – бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртави, бо назардошти нархномаҳое, ки бо ёрии методҳои актуари ва истифодаи рӯйхати муриш ва меъёрҳои даромаднокии инвеститсиякунии маблағҳои озод аз захираи суғуртаи ҳаёт, аз он ҷумла ҷуброни маблағҳои суғуртавиро дар мавридҳои зерин дар бар мегирад:

-марги суғуртакардашуда;

-дар қайди ҳаёт будани суғуртакардашуда то охири мӯҳлати суғурта ё синну соле, ки дар шартномаи суғурта баён гардидиааст;

-пардохти даромади нафақа ба суғуртакардашуда то охири мӯҳлати суғурта ё синну соле, ки дар шартномаи суғурта баён гардидиааст, аз он ҷумла дар вақти амали пардохтҳои ҷори дар мавриди амали шартномаи суғурта.

2) суғуртаи ҳолатҳои нохуш ва бемори – бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртави, барои дарёфти маблағи муайяни пули, ё ин ки қисман ё пурра барқарор намудани харҷҳои иловаги (ё ҷамъи ҳарду) аз хатари маҷрӯҳ шудани шахс, аз ҷумла шахсе, ки ба фоидаи он шартномаи суғурта баста шудааст:

-аз маҷрӯҳ шудан ҳангоми ҳолати нохуш, ё ин ки ҳолати нохуши намуди махсус;

-аз даст додани қобилияти кор, дар мавриди бемори ё ҳолати нохуши, ҳамчунин ҳолати нохуши намуди махсус (ғайр аз шартномаҳое, ки ба суғуртаи саломати тааллуқ доранд), аз ҷумла маҷрӯҳии кори ва бемории касби;

-марги суғуртакардашуда ба сабаби ҳолати нохуш.

3) суғуртаи ихтиёрии тибби – бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавие, ки пардохти маблағи ҷуброни суғуртаро дар бар мегирад, дар ҳаҷми пурра ё қисман пардохти харҷҳои суғурташуда барои табобати зиёда аз нақша, бо назардошти суғуртаи ҳатмии тибби.

4) суғуртаи тиббии сайёҳон – суғуртаи харҷи тиббии шаҳрвандоне, ки ба хориҷа сафар мекунанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ё ин ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳат мекунанд, дар мавриди ҳолати нохуш ё бемории нобаҳангом.

5) дар ҳолати суғуртаи молу ашё, иҷозатнома ба корҳои суғуртавии зерин дода мешавад:

-суғуртаи молҳои нақлиёти замини – суғуртаи зидди зарар ё зиёни молҳои дар замин ҳаракаткунанда;

-суғуртаи молҳои нақлиёти ҳавои – суғуртаи тайёраҳо, аз ҷумла моторҳо, ашёҳои дохили, мебелҳо, лавозимоти тайёраҳо ва ғайра;

-суғуртаи молҳои нақлиёти оби – суғуртаи киштиҳое, ки дар баҳрҳо ва обҳои дохили истифода мешаванд, аз ҷумла моторҳо, такелаж, ашёҳои дохили, мебелҳо, лавозимоти киштиҳо ва ғайра;

-суғуртаи боркашони – суғуртаи зидди гум шудан ё зарар дидани молу ашёҳои интиқолшаванда, новобаста ба намуди нақлиёт;

-суғуртаи молу ашё аз сӯхтор ва дигар хатарҳо – суғурта аз зарар ё зиёни моликият, ғайр аз он моликияте, ки дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми ҳамин банд нишон дода шудаанд, бо сабаби сӯхтор, обхези, таркиш, кӯчидани замин, аз таъсири энергияи атом ва дигар офатҳо;

-суғуртаи хатарҳои тиҷорати ва молияви – бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавии намудҳои зерин:

эҳтимоли хатари шахсони суғурташуда, дар ҳолати муфлисшавии қарздорон ё ғайриқобилии (ба ғайр аз ғайриқобилии пардохт) пардохти маблағи қарз дар мӯҳлати муайяншудаи тарафҳо аз ҷониби қарздорон;

эҳтимоли хатари зарар дидани шахсони суғурташуда, вобаста ба мушкилотҳое, ки ҳангоми фаолияти онҳо рух медиҳад ё кам шудани ҳаҷми фаъолияти кори онҳо;

эҳтимоли хатари зарар дидани шахсони суғурташуда, вобаста ба пайдоиши харҷҳои пешбининашуда;

эҳтимоли хатаре, ки ба сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди мазкур вобастаги надоранд ва чунин нестанд, аз ин рӯ бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавии онҳоро дигар намудҳои фаолияти суғуртави дар бар мегиранд;

-суғуртаи хатари хароҷотҳои ҳуқуқи, аз ҷумла хароҷоти суди;

-дигар намудҳои суғуртаи молу ашё, ғайр аз намудҳои дар зербандҳои банди мазкур нишондодашуда;

6) дар мавриди суғуртаи ҷавобгари, иҷозатнома ба корҳои суғуртавии зерин дода мешавад:

-суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои нақлиёти автомобили – бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртави зидди гум шудан ё зарар дидан, ки аз сабаби истифодаи воситаҳои нақлиёт дар хушки рух медиҳад ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои нақлиёт бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброн кардани зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

-суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои нақлиёти ҳавои – бастан ва иҷрои шартномаҳои суғуртави оид ба гум шудан ё зарар дидан, ки аз сабаби истифодаи воситаҳои нақлиёти ҳавои ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои нақлиёт, бо назардошти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

-суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои нақлиёти баҳри – суғурта зидди гум шудан ё зарар дидан, ки бо сабаби ва ё дар натиҷаи истифодаи киштиҳо рух медиҳад ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои нақлиёти баҳри, бо дарназардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброн кардани зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

-суғуртаи ҷавобгарии касби – бастан ва иҷро намудани шартномаҳо барои суғуртаи манфиатҳои амволии шахсони ҳуқуқи, вобаста ба ӯҳдадориҳои суғурташуда, бо назардошти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зараре, ки аз тарафи шахси сеюм, дар мавриди ба амал баровардани фаолияти касбии зерини суғурташуда расонида шудааст:

нотариали;

тибби;

дигар намудҳои фаолияти касби;

-суғуртаи ҷавобгарии корхонаҳо – сарчашмаҳои эҳтимоли зиёди хатар – суғуртаи манфиатҳои амволии шахс, ки ба фоидаи ӯ шартномаи суғурта баста шуда буд ва вобаста ба ӯҳдадориҳои он шахс ҷуброни зарар, ки ба муҳити атроф ва шахси сеюм расонида шудааст, бо назардошти қонунгузории граждани;

-суғуртаи дигар намудҳои ҷавобгари – суғурта аз хатари шахсоне, ки аз бавуҷудоии ҷавобгари дар назди шахсони сеюм ва дигар хатарҳо, ки дар банди мазкур омадаанд, суғурта карда шудаанд;

7) азнавсуғуртакуни – бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртави аз тарафи як суғуртакунанда бо мақсади ҳимояи амволи суғуртакунандаи дигар мебошад;

8) фаъолияти брокери – амалиёти миёнарави ва машварати байни суғуртакунанда ва суғурташаванда.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома: асосноккунии техники-иқтисодии фаъолияти ташкилоти суғуртави, ки дар он роҳҳои расидан ба мақсади дар ҳуҷҷатҳои таъсиси пешбинишуда, муайян карда шудаанд;

-шарт ва қоидаҳои суғурта;

-маълумот дар бораи тарифҳои суғуртави;

-маълумот дар бораи иштирокчиёни ташкилоти суғуртави, ки 10 ё зиёда фоизи ҳиссаи ташкилоти суғуртаро доро мебошанд;

-рӯйхати аъзои мақомоти идоракуни, аз он ҷумла насаб, ном, номи падар, суроға, инчунин, маълумот дар бораи мувофиқати онҳо ба талаботҳои квалификатсионии муқарраргардида.

  1. Ташкилоти суғуртави, ки ба инвеститсияҳои хориҷи асос ёфтааст, барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод менамояд:

1) ташкилоти суғуртавии хориҷи:

қарори мақомоти дахлдори ташкилоти суғуртаи хориҷи дар бораи иштироки он дар таъсиси ташкилоти суғуртави дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

тасдиқи хаттии мақомоти ваколатдори давлати хориҷи дар бораи он, ки ташкилоти суғуртавии хориҷи дорандаи иҷозатномаи барои амалигардонии фаъолияти суғуртави мебошад, бо нишон додани намудҳои фаъолияти суғуртави;

расман интишор намудани баланси се соли охир.

2) шаҳрвандони хориҷи:

-маълумотномаи бонки ё дигар ҳуҷҷати расмие, ки вазъи мусоиди молиявии соҳибкори инфиродиро тасдиқ менамояд.

  1. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-анҷомдиҳии намудҳои фаъолияти суғуртави, ки дар иҷозатнома пешбини шудаанд;

-риояи қоидаҳое, ки бо ташкилёби ва истифодаи захираҳои суғуртави ва фонди оинномави алоқаманд мебошанд;

-бемувофиқа паст накардан ё баланд набардоштани тарифҳои суғуртави;

-иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртакунанда дар назди суғурташаванда;

-дар мӯҳлати муайян, пешниҳод намудани маълумот дар бораи тағйироте, ки ба ҳуҷҷатҳои таъсиси ворид шудаанд.

Боби 55. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Роҳбарон ва мутахассисон соҳибкорони инфироди бояд ба талаботҳои тахассусии зерин ҷавобгӯ бошанд:

1) мавҷудияти таҳсилоти оли – барои роҳбарони шахси ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди;

2) мавҷудияти таҳсилоти оли ё миёнаи махсус – барои мутахассисон.

  1. Довталабе, ки фаъолияти депозитариро иҷро менамояд, ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод менамояд:

-маълумот дар бораи базаи моддию техникии довталаби иҷозатнома;

-маълумот дар бораи тартиби муқоиса кардани дорандаи қоғазҳои қиматноки муштари бо бақайдгирандаи махсус ва депозитарияи маркази;

-маълумот дар бораи шартҳои ҳимояи саҳмияҳо ва ё сертификати саҳмияҳо;

-маълумот дар бораи таъмин намудани системаи бехатари, яъне гузоштани воситаҳои сигналдиҳи, кодҳо, ҳимояи воситаҳои копютери;

-маълумот дар бораи таъмин намудани системаи алоқа байни шӯъбаҳои депозитария, депозитария ва дигар иштирокчиёни бозор;

-маълумот дар бораи шартҳои ҳимоя ва нигоҳ доштани маълумоти компютери;

-маълумот дар бораи системаи нигоҳ доштани маълумот, аз ҷумла дар бораи усулҳои нигоҳ доштани навиштаҷоти депозитарие, ки аз ҷониби депозитарий барои иҷро намудани фаъолияти депозитари истифода бурда мешаванд;

-маълумот дар бораи таъмин ё кафолати ҷуброн, барои ҷуброни талафи активҳои муштари.

  1. Барои ташкил намудани фаъолияти миёнарави дар бозори қоғазҳои қиматнок ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:

-қоидаи савдои қоғазҳои қиматнок;

-тартиби нигоҳ доштан ва ҳимояи ахборот;

-қоидаи листинг ва делистинг;

-тартиби кушодани иттилоот.

  1. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадҳи:

-тибқи қоидаҳои муқарраргардида анҷом додани фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок;

-пешниҳод намудани ҳисобот оид ба фаъолият дар бозори қоғазҳои қиматнок ба мақомоти иҷозатномадиҳанда;

-дар давоми на камтар аз як соли пас аз гирифтани иҷозатнома амали намудани аҳдҳо бо қоғазҳои кимматнок;

-бастани аҳдҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Боби 55.1. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти Бюрои таърихи қарз

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти Бюрои таърихи қарз.
  2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

-асоснокии техникиву иқтисодии (нақшаи кории) фаъолияти Бюрои таърихи қарз, ки дар он роҳҳои ба мақсад расидан дар мӯҳлати банақша гирифташудаи на камтар аз 3 сол бо тартиб додани ҳисоботи молиявии пешгӯишаванда барои мӯҳлати нишондодашуда муайян карда шудаанд;

-нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди заминаи техники ва ҳифзи маълумоти Бюрои таърихи қарз аз дастрасии ғайриқонуни ё ба таври ғайриқонуни пешниҳод намудани он;

-маълумот дар бораи роҳбарони Бюрои таърихи қарз (таҳсилот, собиқаи кори);

-маълумот оид ба пуррагӣ ва тахассуси кормандоне, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи маълумот алоқаманд аст;

-ҳуҷҷате, ки ташкили сармояи оинномавиро дар ҳаҷми на камтар аз 50 фоиз ҳаҷми эълоншудаи сармояи оинномави тасдиқ мекунад;

-ҳуҷҷате, ки ҳуқуқ ва мӯҳлати истифодаи бинои мувофиқро тасдиқ менамояд.

  1. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

-мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилие, ки сиёсати ҳифзи (амнияти) иттилоотро ба танзим медароранд;

-мавҷуд будани бинои зарурӣ барои бехатар ҷойгиркунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи техникии системаҳои иттилоотӣ, маҳзани маълумоти таърихи қарз;

-истифодаи таъминоти барномавии дорои иҷозатнома бо шарти кафолати амалкунанда аз ҷониби таьмин кунандаи барнома;

-надоштани доғи суди барои ҷинояти қасдан содиркардашуда аз ҷониби муассисон, роҳбарони Бюрои таърихи қарз, муносибон ва кормандоне, ки фаъолияташон ба ҳифзи маълумот алоқаманд аст;

-доштани собиқаи кори на камтар аз се сол аз рӯи ихтисос барои мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ.(ҚҲҶТ №62 аз 12.02.10с.)

ФАСЛИ III. НОМГӯИ НАМУДҲОИ МАХСУСИ ФАЪОЛИЯТЕ, КИ БАРОИ АМАЛИ КАРДАНАШОН ИҶОЗАТНОМА ЗАРУР АСТ

Боби 56. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ташкилотҳои кредити (аз ҷумла ташкилотҳои ғайрибонки)

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

-фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонки;

-фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷи.

  1. Дар иҷозатнома амалиёти бонки ва навъҳои фаъолияти дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонки» ва моддаҳои 20, 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» пешбинишуда, ки бонк, ташкилоти молиявии ғайрибонки, ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд барои анҷом додани онҳо ҳуқуқ доранд, инчунин асъоре, ки ин амалиёт ва навъҳои фаъолият бо он анҷом дода мешаванд, нишон дода мешаванд.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
  3. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонки ва амалиёт бо асъори хориҷи бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонки, танзими асъор ва назорати асъор ба танзим дароварда мешавад.
  4. Барои додани иҷозатномаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонки ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад. (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)
  5. Барои додани иҷозатномаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷи ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад.(ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

Боби 57. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдор

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдор.
  2. Фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдор корҳои зеринро дарбар мегирад:

Сархати якуми банди 2  хориҷ шуд.(ҚҲҶТ №368 аз 16.07.12с.)

– истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши яклухти спирти этилӣ ва машрубот; (ҚҲҶТ №212 аз 30.04.12с.)

– фурӯши чаканаи машрубот (инчунин дар шакли рехта);

– истеҳсоли пиво; (ҚҲҶТ №212 аз 30.04.12с.)

Сархати панҷуми банди 2  хориҷ шуд.(ҚҲҶТ №368 аз 16.07.12с.)

– истеҳсол ва фурӯши яклухти маҳсулоти спиртдор.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)
  2. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

1) барои истеҳсолкунандагон:

-шиносномаи завод;

-хулосаи мақомоти санитарию эпидемологи;

сархати сеюми зербанди 1) банди 4 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-сертификати мутобиқат оид ба нишондиҳандаҳои бехатари, ки бо тартиби муқарраргардидаи мақомоти сертификатсия ва метрология дода шудааст;

2) барои фурӯши чакана:

-қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия (ноҳияҳои шаҳри Душанбе) оид ба муайян намудани ҷои фурӯши чаканаи машрубот.

  1. Шарт ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

1) барои истеҳсолкунандагон:

-риояи технологияи истеҳсолот;

сархати дуюм хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №212 аз 30.04.12с.)

-риояи қоидаҳои тамғакуни ва фурӯш;

-дар моликият ва ё бо дигар асоси қонунии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани фондҳои асоси (воситаҳо), биноҳо, иншоот, таҷҳизот, аз ҷумла лабораторияи истеҳсолию технологии барои анҷомдиҳии фаъолияти дахлдор;

-таҷҳизоти технологи бояд ба талаботи истеҳсоли пива, шампан, арақ, коняк, спирти этили ва дигар маҳсулоти спиртдор мувофиқ бошад;

-мавҷуд будани ченкунакҳо дар хатҳои технологи, ки миқдори истеҳсолотро муайян месозад ва барои андозбанди мусоидат мекунад;

-риоя намудани регламентҳои техникӣ; (ҚҲҶТ №212 аз 30.04.12с.)

сархати ҳаштум хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №212 аз 30.04.12с.)

-амалигардонии фаъолияти иҷозатномави дар муддати на камтар як сол пас аз гирифтани иҷозатнома;

2) барои фурӯши чаканаи машрубот:

-мавҷуд будани сертификати мутобиқат барои фурӯши машрубот;

-мавҷуд будани тамғаҳои аксизи ба машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

-дар моликият ё бо дигар асоси қонунии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани иморатҳо, магазинҳо, дӯконҳо, анборҳо, нуқтаҳо ё ошхонаҳои хӯроки умуми;

-шароити мувофиқи биноҳои савдое, ки бехатарии муҳити зист, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин кафолати сифати машруботро таъмин менамояд;

-мавҷуд будани счет-фактура;

-фурӯхтани машрубот бо тамғаҳои аксизи.

  1. Андозаи ҳақи иҷозатномадиҳи барои ташкилотҳое, ки фаъолияти истеҳсол ва муомилот спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдорро анҷом медиҳанд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ба андозаи ҳафтоду шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад. Барои ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди, ки фурӯши чаканаи машрубот ва маҳсулоти спиртдорро анҷом медиҳанд, барои додани иҷозатнома ба андозаи дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома ҳақ муқаррар мешавад. (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с., ҚҲҶТ №212 аз 30.04.12с.)

Боби 58. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи
  2. Иҷозатномаҳо барои амали намудани намуди муайяни фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи умуми ва инфироди мебошанд.

1) Иҷозатномаи умуми инҳоро дарбар мегирад:

-хизматҳои алоқаи радифии глобалии шахси (персонали);

-хизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳри тавассути шабакаи операторон;

-хизматҳои алоқаи телефонии байналмилали тавассути шабакаи операторон;

-хизматҳои алоқаи транки (бо ҷудонамои аз рӯи ҳар як стандарт);

-хизматҳои хадамоти телематики (ба истиснои IР-телефония);

-хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла, алоқаи телеграфи ва IР – телефония) тавассути шабакаи операторон;

-хизматҳо, ҷиҳати истеҳсол, сохтан ва насби шабакаҳо, системаҳо дастгоҳҳои алоқаи барқи, радиоалоқа, радиошунавони ва телевизион;

-васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии стансияҳои автоматикии телефонии хурд (мини АТС-ҳо);

-васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектрони (радиостансияҳо, телефонҳои радифи ва радиои, стансияҳои рӯизамини, радиомодемҳо ва ғайра).

2) Иҷозатномаи инфироди инҳоро дарбар мегирад:

-банақшагири, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа (аз ҷумла ба истифода додани каналҳо шоҳроҳҳои алоқа);

-хизматҳои алоқаи телефонии маҳалли;

-хизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳри;

-хизматҳои алоқаи телефонии байналмилали;

-хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфи ва IР-телефония);

-хизматҳои алоқаи кандуии мутаҳаррики истифодаи умум, бо ҷудонамои аз рӯи ҳар як стандарт;

-хизматҳои радиодаъвати шахси (персонали);

-хизматҳо ҷиҳати ба истифода додани шабакаҳои пахши барномаҳои телевизион ва радио.

-хизматҳои хадамоти телематикӣ, аз ҷумла хизматрасонии контент-провайдерӣ (ба истиснои IP – телефония); (ҚҲҶТ №396 аз 1.08.12с.)

  1. Мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон.(ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.)
  2. Дар варақаи иҷозатнома илова бар маълумотҳои дар банди 1 боби 3 ин Низомнома мавҷудбуда нишон дода мешаванд:

-категорияи иҷозатнома (умуми ё инфироди);

-рақами телефонҳо, факс, е-mail;

-ҳудуди амали иҷозатнома;

  1. Иҷозатномаи намунави талаботҳои иловаги ва шартҳои зерин дорад:

-намуди фаъолият дар соҳаи алоқа, ки барои дар доираи иҷозатнома амали намудани он иҷозат дода мешавад;

-ҳудуде, ки дар он амали намудани фаъолияти иҷозатномашаванда иҷозат дода мешавад:

-мӯҳлати амали иҷозатнома;

-тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот аз рӯи шаклҳои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда муқарраргардида оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

-тартиб ва мӯҳлати ҳар семоҳа пардохти маблағи иҷозатномави барои додани иҷозатнома;

-таъмини сертификатсияи воситаҳои техникии алоқа ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таъмини меъёрҳои муқарраршудаи сифати хизматрасониҳо мутобиқи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда;

-ба маълумоти истифодабарандагон расонидани тартиби хизматрасониҳо, тарифҳо ва ахбороти иттилооти, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;

-таъмини сирри гуфтугӯи телефони, иттилооти телеграфи ва дигар ахбороти тавассути шабакаҳои алоқа додашаванда, амнияти иттилооти, аз ҷумла амният ва ҳифзи объект ва иншооти алоқа;

-пешниҳод намудани иттилооти дархосташаванда оид ба фаъолияти иҷозатномадор.

  1. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст хизматрасониро на дертар аз се моҳи пас аз гирифтани иҷозатнома шурӯъ намояд.
  2. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст дар ҳар як семоҳа на дертар аз рӯзи 10 моҳи авали семоҳаи баъдина ба мақомоти ваколатдор ҳисоботи молиявию омори аз рӯи шаклҳои муқарраргардида пешниҳод намояд.
  3. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст сирри махфии ахбороти тавассути шабакааш додашаванда, инчунин дигар ахбори ба он дахлдоштаро, ба ғайр аз мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳфуз дорад.
  4. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст дар объектҳо ва маҳалли хизматрасони ба истифодабарандагон мавҷуд будани нусхаи иҷозатномаҳоро таъмин намояд.
  5. Иҷозатномадор бо дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда бояд дар бораи ҳолат ва андозаи хизматгузориҳои пешниҳодшаванда да мӯҳлати муқарраркардаи мақомоти иҷозатдиҳанда ахборот пешниҳод намояд.
  6. Иҷозатномаи инфироди шартҳои зайл дорад:

-намуди фаъолият дар соҳаи алоқа, ки иҷрои он дар доираи иҷозатнома роҳ дода мешавад;

-ҳудуде, ки дар он фаъолияти иҷозатномашуда татбиқ карда мешавад;

-тавсифоти техникии таҷҳизот (меъёру стандартҳо), воситаҳои алоқа, ки ҷиҳати бунъёди шабака ва иншоот истифода мешаванд;

-номинал ё минтақаи радиобасомади (рақами каналҳои телевизион, номи стандартҳои радиои алоқаи мутаҳаррик ва дастрасии бесим ва ғайра) ҷудокардашуда;

-тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот тибқи шаклҳои муқарраргардидаи мақомоти иҷозатномадиҳанда оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

-тартиб ва мӯҳлати ҳар семоҳа пардохтани маблағҳои ҳақи иҷозатнома барои додани иҷозатнома;

-нақшаи ташкил ва дурнамои рушди шабака (азхудкунии масоҳати фарогири, тавсияи иқтидори фиристанда, теъдоди муштариён ва ғайра);

-таъмини сертификатсияи воситаҳои техникии алоқа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таъмини меъёрҳои муқарраргардидаи сифати хизматрасониҳо;

-тартиби васли шабакаи иҷозатномадор ба шабакаи истифодаи умум;

-тартиби гузаронидани трафики телефонии байнишаҳри ва байналмилали, истифодабарии рамзҳои (кодҳои) телефон, рақамҳо;

-талаботи таъмини кори воситаҳои алоқа ба манфиати амният ва мудофиаи давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои махсусан муҳими ҷамъиятию сиёси, аз ҷумла таъминоти техникии системаи чораҳои фаврию (оперативию) ҷустуҷӯи;

-тартиби истифодаи номиналҳои таъиншуда ё қитъаи радиобасомад;

-ба истифодабарандагон хабар додани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳо, тарифҳо ва ахбороти истеъмоли, аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма;

-таъмини сирри (маҳрамияти) гуфтугӯи телефони, телеграфи ва ғайра ахбороти тавассути шабакаи алоқа додашаванда, амнияти иттилоот, аз ҷумла амният ва ҳифзи объектҳо ва иншоотҳои алоқа;

-омодасози ва тахмини кори шабакаҳои алоқа ҳангоми вазъияти фавқулодда;

-тарҳрези ва сохтмони шабакаҳо, иншоот ва объектҳои алоқа;

-таъмини ҳамоҳанги бо системаи идораи фаврию (оперативию) техники;

-пешниҳоди иттилооти дархостшаванда оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

-мавҷуд будани хулосаи техникии мақомоти ваколатдор барои истифодабарии шабака, густариши он ва ба истифода додани таҷҳизоти нав;

-дастраси доштан ба шабакаи истифодабарии умум дар асоси одилона ва бидуни поймолкунии ҳуқуқ.

  1. Ба иҷозатномадор ҷойгир намудани воситаҳои техники дар ҷойҳои зарури, ҷойгир ва истифода намудани хатҳои кабелию радиорелеии ва таҷҳизоти иловаги барои насб намудани стансияҳои асоси бо таҷҳизоти коммутатории шабака ва нуқтаҳои пайвастшави бо ҳар як шабакаи дигари алоқа бо мувофиқаи тарафҳои манфиатдор иҷозат дода мешавад.
  2. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мутобиқи барномаи рушди шабака хизматрасонии алоқаро таъмин намояд.
  3. Дар мавриди ба истифода додани таҷҳизоти нав ва тавсеаи шабакаҳо, иҷозатномадор бояд аз мақомоти ваколатдор иҷозати дахлдор ва хулосаи техники гирад.
  4. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст таҷҳизоти ба стандартҳои байналмилали ҷавобгӯ ва сертификати мутобиқат доштаро, ки мақомоти ваколатдори сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додаанд, истифода барад.
  5. Иҷозатномадор бояд хизмати хушсифати алоқаи кандуии на бештар аз 5 фоиз радия доштаро пешниҳод намояд. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст ба иҷозатномадеҳ ҳар моҳ дар бораи теъдоди раддияҳо ахборот диҳад.
  6. Шахси иҷозатномадори хизматрасонии алоқаи телефонии байналмилали ӯҳдадор аст шартҳои иловагии зеринро иҷро намояд:

-шабакаҳои ташкилдиҳандаи алоқаи байналмилали дар таркиби худ ақаллан як стансияи байналмилалии телефони (СБТ), стансияҳои марказии байнишаҳри дар вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад;

-таҷҳизоти истифодашаванда бояд ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида буда, сертификатҳои мутобиқати дахлдор дошта бошанд;

-стансияи байналмилалии телефони (СБТ) бояд ақаллан ба ду шабакаи марказии шабакаи байналмилали пайванд буда, тавассути роҳи нақлиётии мустақим пайваст шуда тавонад;

-шабакаи алоқаи байналмилали бояд имконияти техникии муайян намудани пайвастҳои байнишаҳриро бо кулли дастгоҳҳои абоненти таъмин карда тавонад;

-шабакаҳои алоқаи байналмилалию байнишаҳри бояд аз маркази идоракунии оператори дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, идора карда шаванд.

Оператори алоқаи телефонии маҳаллии истифодабарии умум барои хизматрасонии алоқаи байналмилали дар сурати иҷрои шартҳои зерин иҷозатномаи инфироди гирифта метавонад:

-то лаҳзаи хизматрасонии алоқаи телефонии байналмилали ва байнишаҳри ба муштариён бо истифодабарии воситаҳои техникии худ ба на камтар аз се вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат расонида тавонад;

-оператори алоқа вазифадор аст, ки дар қаламрави бо иҷозатнома пешбинишудаи хизматрасонии алоқаи телефони, дар деҳотҷойҳо дастгоҳҳои абоненти насб намояд.

  1. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст, ки шартҳои иловагии зеринро иҷро намояд:

-таҷҳизоти барои ташкили шабака ва хизматрасонии «IР- телефония» истифодашавандааш бояд ҷавобгӯи талабот ва меъёрҳои стандартҳои байналмилали буда, сертификатҳои мутобиқати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилооти додаро дошта бошад;

-таҷҳизот бояд на камтар аз 2 фарзияи протоколҳои SIР ё H.323 – ро дастгири карда тавонад;

-таҷҳизот бояд яке аз кодекҳои G.711, G.726 ё G.728 – ро дастгири намояд;

-шабакаи IР-телефония мувофиқи тавсияҳои Иттифоқи байналмилалии алоқаи барқи ITҒ – Т, Н.323 ё SIР созмон ёфта, ҷамъи дастгоҳҳои зерини тавассути IР – шабака пайвастшударо инҳо ташкил диҳанд:

-шлюз (gatӯway);

-диспетчер (gatӯkӯӯpӯқ);

-монитор (administқation managӯқ);

-хизматрасонии IР-телефония бояд ба тавсифоти баҳомонии МОS ҷавобгӯ буда, дар он сифати хизматрасонии IР-телефония аз рӯи тавсифоти асосии зерин бояд арзёби гардад:

садо бидуни вайрони шунида шавад;

зудии гумшавии пакети садоҳо набояд аз 2 фоизи шумораи умумии пакетҳои додашаванда зиёд бошад;

вақти таъхири байни талаффузи калимаи муштарии якум ва лаҳзаи онро шунидани муштарии дуюм на бештар аз 150 – 200 миллисония бошад;

зичии қитъаи гузарониши канал набояд аз 16 кб/с бештар бошад.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шартҳои иҷозатнома вобаста ба ҷори кардани стандартҳо, меъёру қоидаҳои истифодабарии шабакаҳои алоқаи барқи тағйирот ворид менамояд.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда оид ба мӯҳлатҳои дар амал ҷори намудани ин гуна тағйирот ва иҷрои шартҳои нав бояд иҷозатномадорро пешаки огоҳ намояд.
  3. Бо аризаи довталаби иҷозатнома иҷозатномаи инфироди ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол ва иҷозатномаи умуми ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол дода мешавад.
  4. Дар мавридҳои зайл ба гирифтани иҷозатнома зарурат нест:

-агар, фаъолият бо бартарафкунии оқибатҳои табиӣ, эпидемияҳо, садамаҳои калон, ки ба ҳаёту саломатии аҳоли тахдид карда, гузаронидани корҳои наҷотдиҳию барқароркунии оқибатҳои садамаро талаб намояд;

-дар мавридҳое, ки сохтан ва амал кардани шабакаҳо дар соҳаи алоқа танҳо барои мақсадҳои идораи давлати, амният ва ҳифзи тартибот истифода бурда мешаванд;

-дар мавриди ташкили шабакаҳои алоқаи дохилиидорави.

  1. Фаъолият дар соҳаи алоқа, ки барои амали гардонидани он иҷозатнома дода шудааст, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, агар дар аризаи довталаби иҷозатнома чизи дигар пешбини нашуда бошад, инчунин дар сурати мавҷуд будани радиобасомадҳо ва захираи рақамҳо ва имконоти техникии пайваст бо шабакоти мавҷуда.
  2. Барои гирифтани иҷозатномаи инфироди довталаби иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зайлро пешниҳод менамояд:

-феҳристи воситаҳои техникии алоқа бо нишондоди тавсифоти онҳо, диапазон ва номиналҳои радиобасомад (агар онҳо истифода шаванд);

-барномаи ташкили шабакаи алоқа ва дурнамои рушди шабака бо нишон додани теъдоди муштариён (абонент), ҳаҷми ҷараёни пайвастҳои гузаронандаи истгоҳҳои (стансияҳои) байнишаҳри, байналмилали, система ва шабакаҳои интиқоли маълумот, минтақаи хизматрасони, инчунин тавсифоти техникии шабакаҳои мушаххас ё иншоотҳои алоқа;

-ҳуҷҷатҳое, ки имконияти иҷро намудани шартҳои иҷозатномавиро аз тарафи довталаб тасдиқ мекунанд:

-асосноккунии техникию иқтисодии амали намудани фаъолият дар соҳаи алоқа;

-тавзеҳномаи инъикоскунандаи чунин масъалаҳои техники, мисли принсипҳои асоси ва нақшаи ташкили алоқа, хусусияти таҷҳизоти истифодашаванда ва хизматрасониҳо, инчунин нишондиҳандаҳои техникию иқтисоди (даромад, хароҷот, фоида, вақти ҷуброн);

сархати шашуми банди 24 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-дар сурати пешбинии истифодабарии таҷҳизоти каси дигар, тасдиқи иҷораи (ҳуқуқи истифодабарии) ин таҷҳизот пешниҳод мешавад. Тасдиқнома мумкин аст ба намуди шартнома ё нусхаи он, ки ба тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда шавад.

  1. Барои гирифтани иҷозатномаи умуми довталаби иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳоро мутобиқи банди 1 боби 7 қисми умумии Низомномаи мазкур пешниҳод менамояд.
  2. Иҷозатнома дар ҳолатҳое, ки анҷом додани намуди муайяни фаъолият бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамин гуна категорияи субъектҳо ё системаи алоқа ва хизматрасони манъ шудааст, ҳангоми мавҷуд будани маҳдудияти техники ва маҳдуд будани радиобасомадҳо ва кам будани захираи рақам, инчунин агар ариза барои анҷом додани хизматрасоние пешниҳод шуда бошад, ки он муваққатан бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст, дода намешавад.
  3. Иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқи метавонад дар асоси озмун тибқи тартиби муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
  4. Барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқи дар ҳар семоҳа ба андозаи 2,5 фоиз аз даромади иҷозатномадор ба буҷети давлатӣ хироҷ ситонида мешавад. (ҚҲҶТ №472 аз 29.08.09с.)

Боби 59. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризамини

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: истифодаи сарватҳои зеризамини.
  2. Фаъолияти соҳаи истифодаи сарватҳои зери замин корҳои зеринро дар бар мегирад:

-омӯзиши геологи, аз ҷумла ҷустуҷӯ, арзёби ва иктишофи геологии конҳои канданиҳои фоиданок ва дигар тадқиқотҳои геологи;

-истихроҷи канданиҳои фоиданок;

– истихроҷи нафту газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.) 

-истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул;

-ҷамъоварии коллексияҳои минералоги, палеонтологи ва ҷинсҳои кӯҳи.

Эзоҳ: Фаъолияти истихроҷи обҳои зеризамини дар асоси иҷозат барои истифодабарии махсуси об ва фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда амали карда мешавад. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда – Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зеризаминӣ ва ҷамъоварии коллексияҳои минералӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ;

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи нафт ва газ; Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи ангишт, истифодаи дигар сарватҳои зеризаминии маъданӣ ва ғайримаъданӣ аз ҷумла истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани куҳӣ ва коркарди он);

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи нафт ва газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда; Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

  1. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои додани иҷозатнома вобаста ба истифодабарии сарватҳои зери замин:

-розигии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумотнома оид ба имкониятҳои молияви, техники, технологи ва ҳайати кадрҳо; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумотнома оид ба нишондодҳои техникию иқтисодии фаъолият дар 5 соли охир, ба ғайр аз маротибаи аввал ба истифодаи қаъри замин гирифтани иҷозатнома; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

– маълумотнома оид ба мавзеи истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул, ки хуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи захираҳои об бо дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-маълумотнома оид ба омӯзиши геологии қитъаи иҷозатномашавандаи қаъри замин;

-нақшаи тиҷорати оид ба истифодабарии қаъри замини иҷозатномашаванда; (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-шартнома бо мақомоти махсуси ваколатдор барои пурра кардани фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо оид ба таҳвили ашёи минералии истихроҷкардашуда ё маҳсулоти моли, дар сурати истихроҷи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

-хулосаи экспертизаи давлатии экологи.

  1. Барои гузаронидани корҳои геологию геофизики, аксбардории геологи, ҷустуҷӯи ва иктишофи, ки аз ҳисоби давлат маблағгузори мешаванд, ҷустуҷӯҳои инженерию геологи, илмию тадқиқоти, палеонтологи ва корҳои дигари ба омӯзиши қаъри замин равонашуда, корҳои геологии оид ба пешгӯии заминҷунби, таъсис ва пешбурди мониторинги муҳити зист, ҳамчунин дигар корҳое, ки бутунии қаъри заминро ба таври ҷидди халалдор намесозанд, гирифтани иҷозатнома зарур нест. Корҳои мазкур бо тартиби муқарраршуда дар Фонди давлатии иттилооти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Барои омӯзиши геологии қаъри замин ҳуқуқи бурдани аксбардории геологи, ҷустуҷӯи, иктишоф ва арзёбии конҳои канданиҳои фоиданок истифода карда мешаванд.

Истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул тибқи Номгӯи замимаи 3 дар асоси захираҳои дар Баланси давлатии захираҳои маводи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда иҷозат дода мешавад. (ҚҲҶТ №566 аз 1.10.09с.)

Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯй, арзёбӣ ва иктишофи геологии канданиҳои фоиданоки маъмул аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин бе гирифтани иҷозатнома, вале дар асоси лоиҳаи бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ шуда амалӣ карда мешавад. Барои анҷом додани чунин корҳо истифодабарандаи қаъри замин метавонад дар асоси шартнома ташкилотҳои дигари соҳавиро ҷалб намояд. (ҚҲҶТ №566 аз 1.10.09с.)

Дар ҳолате, ки кони канданиҳои фоиданоки дар ҷараёни ҷустуҷӯ ошкоршуда ва арзёбигардида аз ҳудуди қитъаи геологии тибқи иҷозатнома додашуда берун барояд, он гоҳ бо дархости иҷозатномадор қитъаи ба ӯ додашуда ба андозае, ки тамоми конро дарбар гирифта тавонад, васеъ карда мешавад.

Баъди аз экспертизаи давлати гузаронидани иттилооти геологи оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаи қаъри замин, ки дар мавриди он иҷозатномаи омӯзиши геологии қаъри замин амал мекунад, соҳиби ин иҷозатнома, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро бо маблағ таъмин мекунад, ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани иҷозатномаи истихроҷи кандании фоиданокро дорад. Ин ҳуқуқ агар дар давоми ду соли баъди тасдиқи захираҳои ашёи хоми маъдании кони иктишофшуда истифода нагардад, эътибори худро гум мекунад.

Барои истихроҷи кони канданиҳои фоиданок, ҳамзамон ҳуқуқи бурдани иктишофи вайро (дар ҳудуди қитъаи кӯҳкори), ҳамчунин коркарди партовҳои ташкилотҳои истихроҷи маъдан ва коркарди вобаста ба онро медиҳад.

Иҷозатнома барои истихроҷи тамоми кони кандании фоиданок ё як қисми алоҳидаи он метавонад дода шавад. Истихроҷи як кони канданиҳои фоиданок аз тарафи истифодабарандагони гуногуни қаъри замин бояд мувофиқи нақшаи технологии мувофиқашудае, ки ба истихроҷи ғайриоқилонаи қаъри замин роҳ намедиҳад, гузаронида шавад. Ҳамоҳангсозии фаъолияти истифодабарандагони қаъри замин бо қарори онҳо ба зиммаи яке аз ташкилотҳое, ки ба он дигар ташкилотҳо иҷрои вазифаи ҳамоҳангсозро бовар мекунанд, гузошта мешавад. Шарти мазкур дар иҷозатномаи истихроҷи ин кон сабт мегардад.

Чун қоида, иҷозатнома танҳо барои истифодаи як кон дода мешавад. Дар мавридҳои истиснои, иҷозатнома барои истифодаи гурӯҳи конҳои хурде, ки дар шароити якхелаи кӯҳи-геологи мавҷуданд, барои коркарди комплекси муттаҳид карда шудаанд, агар коркардашон аз ҷониби як истифодабарандаи қаъри замин аз назари иқтисоди самаранок бошад, дода мешавад.

  1. Иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зери замин бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда дода мешавад. Нисбати канданиҳои фоиданоки маъмул қарор дар бораи иҷозатномадиҳи аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, иҷозатнома аз ҷониби ин мақомот дода мешавад.
  2. Пешниҳод оид ба додани иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зери замин бо вазорату идораҳои зерин бояд мувофиқа карда шаванд:

-вобаста ба корҳои ҷустуҷӯи, арзёби ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ва ҷамъоварии коллексияҳои минералоги, палеонтологи ва ҷинсҳои кӯҳи бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҲҶТ №566 аз 1.10.09с., ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

-вобаста ба истихроҷи нафт, газ ва ангишт, истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъдани ва ғайримаъдани, аз ҷумла истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳи ва коркарди он бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсози, геодези ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҲҶТ №566 аз 1.10.09с., ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

  1. Мутобиқи иҷозатнома қаъри замин ба шакли қитъаҳои иборат аз блокҳои геометрии қаъри замин, ки бо қитъаи кӯҳкори ё геологи муайян карда мешавад, пешниҳод мегардад.
  2. Додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин баъд аз гирифтани иҷозатнома ва қитъаи кӯҳкори ё геологи бо тартиби муқаррарнамуда амали карда мешавад.
  3. Барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ гирифтани иҷозатнома зарур нест ва он дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда амалӣ карда мешавад. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)
  4. Андозаи пардохтҳои махсус дар қарордод оид ба истифодаи қаъри замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда мешавад.
  5. Мӯҳлати амали иҷозатномаро бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» мақомоти иҷозатномадиҳанда муқаррар менамояд ва он мувофиқи боби 6 ҳамин Низомнома дароз карда мешавад. Ҳангоми дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома сифат ва самаранокии кори иҷрошуда ва тадбирҳо дар бобати ҳифзи қаъри замин ва муҳити зист, пардохтҳои саривақтии истифодаи қаъри замин ва ғайра ба эътибор гирифта мешавад.
  6. Иҷозатнома аз ду қисм иборат аст: Варақаи унвони ва мазмунии (шартҳои) иҷозатнома (замимаи 2). Ба иҷозатнома қитъаи кӯҳкори ё қитъаи геологи замима мегардад, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода мешавад.
  7. Додани иҷозатнома барои истифодаи қаъри замин бо роҳи музокироти мустақим, ҳамчунин доир намудани озмун (тендер) тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.
  8. Бо роҳи озмун (тендер) додани иҷозатнома дар сурате амали карда мешавад, ки агар барои як объект якчанд дархост пешнидод гардида бошад.
  9. Баъди қабули дархост ба истифодабарандаи қаъри замин барои таҳияи нақшаи тиҷорати ё ҳисобҳои техники-иқтисодии корҳо, маҷмӯи кӯтоҳи иттилооти геологи оид ба қитъаи қаъри замин пешниҳод мегардад.
  10. Мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда дар мӯҳлати як моҳ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди давлатии маълумоти геологи оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷозатномаи додашуда хабардор намуда, нусхаи бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро ба Фонди давлатии маълумоти геологи оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдорӣ месупорад. (ҚҲҶТ №566 аз 1.10.09с.)
  11. Баъд аз додани иҷозатнома соҳиби вай ҳуқуқ дорад, ки бо пардохти маблағ ҳаҷми зарурии иттилооти геологиро оид ба қитъаи қаъри замини додашуда, гирад. Дар ҳолати мавҷуд набудани нусхаи озоди ҳисобот, нусхаи аз ҳисоби маблағи иҷозатномадор аксбардоришудаи маводҳо (ҳисоботҳо) дода мешавад.
  12. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳи барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии сарвати зери замин пардохти яккаратаи муқаррари буда, дар ҳаҷми зерин пардохта мешавад:

-вобаста ба корҳои ҷустуҷӯи, арзёби ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

-вобаста ба ҷамъоварии коллексияҳои минералоги, палеонтологи ва ҷинсҳои кӯҳи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

-вобаста ба истихроҷи нафту газ сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

-вобаста ба истихроҷи ангишт ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

-вобаста ба истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъдани сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

-вобаста ба истифодаи сарватҳои зери заминии ғайримаъдани ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

-вобаста ба истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳи ва коркарди он шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

-вобаста ба истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо; (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

-вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули заршӯии худфаъол ва худбиёр шаст ҳнишондиҳанда барои ҳисобҳо. (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

Эзоҳ: Барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолияте, ки якчанд намуди корро дар бар мегирад, танҳо маблағи ҳадди баландтар ситонида мешавад.

  1. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати то 1 сол аз рӯзи бақайдгирии иҷозатнома фаъолияти худро оғоз намояд. СМҲ «Ҳуқуқ»

Боби 60. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд

  1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.
  2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти назорати давлати оид ба истифода ва ҳифзи табиат.
  3. Иҷозатномадиҳи вобаста ба истифодаи фонди объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, тибқи квотаи ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  4. Мӯҳлат ва тарзҳои ба даст овардани объектҳои олами наботот ва ҳайвонот мувофиқи мақсадҳои истифодабарии онҳо муайян карда мешаванд ва набояд ба афзоиши табиии ин объектҳо зарар расонанд.
  5. Воситаву усулҳои ба даст овардани ҳайвоноти ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида бояд мақсади интихоби доштани амалиётро таъмин намоянд, расонидани ҷароҳати ҷисмони ба ҳайвоноти дигар ва халалдор кардани оромии онҳоро то ҳадди имкон кам гардонанд.
  6. Барои додани иҷозатномаи истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвонот ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад. (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

Боби 61. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият, кор ва хизматрасони дар соҳаи истифодаи энергияи атом

  1. Номгӯи намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият, кор ва хизматрасони дар соҳаи истифодаи энергияи атом.
  2. Фаъолият, кор ва хизмати соҳаи истифодаи энергияи атом корҳои зеринро дар бар мегирад:

-истеҳсоли энергияи атом;

-фурӯши энергияи атом;

-ҳамлу нақли манбаҳои энергияи атом.

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Маълумоти ҳатми оид ба истеҳсол, истеъмол, ба фурӯш баровардан ва ҳамлу нақли манбаҳои энергияи атоми иловатан дар варақаи бланкаи иҷозатнома сабт карда мешавад.
  3. Ҳуҷҷатҳои иловаги барои гирифтани иҷозатнома:

-хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологи дар бораи коршоямии иморат ва системаҳои коммуникатсиони ва воситаҳои махсуси нақлиёти ҷиҳати амали кардани намудҳои номбаршудаи фаъолият, мавҷудияти воситаҳои ҳифз ва болопуш;

-нусхаи сертификати мутобиқат, ки аз тарафи мақомоти сертификатсия барои маҳсулоти истеҳсолшуда, тайёркардашуда, истифодашаванда ва ба фурӯш баровардашаванда ва ҳамлу нақли он дода шудааст;

-барои шаҳрвандони хориҷи – ҳуҷҷате, ки нострификатсия шудани ҳуҷҷатҳои таҳсилотии довталаби иҷозатномаро бо тартиби муқарраршуда тасдиқ менамояд;

-нусхаи сертификати аттестатсионнии Агентии амнияти ядрои ва бехатарии радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сархати панҷуми банди 5 хориҷ карда шуд. (ҚҲҶТ №830 аз 31.12.14с.)

  1. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳи:

-мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мувофиқати роҳбарон ва иҷрокунандагони корҳо ба талаботҳои махсуси тахассуси, ки иҷрои корҳои дархостшударо таъмин менамоянд;

-мавҷудияти объектҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳову қоидаҳои санитарию гигиени ва сохтмони, ки барои амали гардонидани намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд ва бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти махсус ҷиҳозонида шудаанд;

-мавҷудияти сертификати аттестатсионии Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Талаботҳои махсус ба объектҳо мутобиқи дастурҳои махсуси техникии амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрие, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.
  2. Барои додани иҷозатнома ба маблағи бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад. (ҚҲҶТ №613 аз 2.12.08с.)

Замимаи 1

ба банди 8-и боби 38 Низомнома

дар бораи иҷозатномадиҳи ба

баъзе намудҳои фаъолият

ТАРТИБИ

муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолияти роҳдори

  1. I. Муқаррароти умуми
  1. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда дар фаъолияти роҳдори ҳангоми додани иҷозатнома, вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷро намудани корҳои дараҷаи мураккабиашон муайяншуда, муқаррар карда мешавад.
  2. Меъёрҳои баҳодиҳи чунинанд.

-мавҷудияти кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дорои сертификати ихтисос;

-мавҷудияти техника ва таҷҳизоти зарури;

-мавҷудияти таҷриба ва собиқаи кори;

-ташкили назорати сифат;

-азхудкунии технологияи ҳозиразамон;

-таъминоти иттилооти;

-мавҷудияти гурӯҳҳои озмоишии аттестатсияшуда;

-сертификати мувофиқат барои маҳсулот;

-сертификатҳои системаи сифат;

-сифати корҳои иҷрошаванда;

  1. Иҷозатномадор ҳуқуқи татбиқи он корҳоеро дорад, ки сатҳи масъулиятнокиашон дар иҷозатнома нишон дода шудааст. Иҷрои корҳои сатҳи масъулнокиашон баландтар манъ аст ва иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокиашон пастар манъ карда намешавад.

Ба ташкилотҳои навтаъсис танҳо барои иҷро кардани корҳои сатҳи масъулнокиаш IV иҷозатнома дода мешавад.

Барои иҷро намудани корҳои сатҳи масъулнокиашон I, II ва III дар ҷадвали штати мавҷуд будани ҳайати доимии муҳандиси-техникии дорои сертификати ихтисос ва коргарони ботаҷриба оид ба иҷрои ҳама намудҳои кор, инчунин техникаҳо, таҷҳизотҳо ва механизмҳои худро доштан зарур аст.

Сатҳи масъулиятнокии намуди фаъолиятҳо ҳангоми амали иҷозатнома дар ҳолати вайрон кардани шартҳои иҷозатномадиҳи паст карда мешавад ва дар асоси аризаи иҷозатномадор ва хулосаи экспертиза баланд карда мешавад.

  1. II. Сатҳи масъулиятнокии иншоотҳои роҳ ва намуди корҳо

Корҳои лоиҳакаши, сохтмони, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ:

  1. Сатҳи масъулиятнокии I:

-лоиҳакашии иншоотҳои асоси (кӯпрукҳои дарозиашон зиёда аз 40 метр, нақбҳо, долонҳо, роҳҳои автомобилгард ва оҳан, инчунин фурудгоҳҳо ва аэродромҳо);

-сохтмони кӯпрукҳои дарозиашон зиёда аз 50 метр, нақбҳо ва долонҳо, роҳҳои категорияи I, Iа ва Iб, сохтмони роҳҳои оҳан, фурудгоҳ ва аэродромҳо.

  1. Сатҳи масъулиятнокии II:

-корҳои лоиҳакаши (кӯпрукҳои дарозиашон то 50 метр, роҳҳо ва кӯчаҳои категорияҳои II ва III, кӯчаҳои шаҳри, қубурҳо, эстакадаҳои дарозиашон 0-100 метр);

-коркарди асфалту бетон.

  1. Сатҳи масъулиятнокии III:

-корҳои лоиҳакаши, таъмир, васлкуни, коркарди қуму шағал (карер);

-сохтмони кӯпрукҳои дарозиашон то 30 метр;

-сохтмони категорияи III ва роҳҳои маҳалли дар кӯҳсор, сохтмони роҳҳои ғайриистифодаи умум.

  1. Масъулиятнокии дараҷаи IV: гузаргоҳҳои дохиликвартали, роҳҳои автомобилгарди дохилихоҷаги, роҳҳои фаръии автомобилгард ба масофаи то 1 км: қубурҳои обгузар дар роҳҳои автомобили бо гузариши оби аз сел эмин то 5 куб. м/сония ва ба тартиб даровардани гирду атрофи роҳ ва иншоотҳои он.

Ташхиси сатҳи техникии конструксия ва иншоотҳо.

  1. Сатҳи масъулиятнокии I: ташхиси умумии объектҳои масулиятнок ва конструксияҳо бо назардошти баҳодиҳии қобилияти мустаҳками дар вақти заминҷунби, озмоиши конструксияҳо, деталҳо, ҷузъҳо ва корҳои озмоиши, коркарди қарорҳои техники оид ба мустаҳкамии онҳо, барқароркуни ва таҷдид.
  2. Сатҳи масъулиятнокии II: ташхиси омодагии конструксия ва иншоотҳо бо назардошти баҳодиҳии вазъи физикии онҳо ва додани хулосаю пешниҳодҳо оид ба таҷдид ва мустаҳкамии конструксияҳо.
  3. Сатҳи масъулиятнокии III: ташхиси таъҷилии конструкция ва иншоотҳо бо назардошти баҳодиҳии ҳолати амалии онҳо, додани хулоса оид ба қобилияти истифодабарии дарозмуддат ва қобилияти таҷдиди конструксияи вайроннашаванда.
  4. Сатҳи масъулиятнокии IV: ташхиси визуалии конструксия ва иншоотҳо бо гузаронидани корҳо ва тартиб додани санади нуқсон барои иҷрои таъмири ҷори ва асоси (капитали).

Замимаи 2

ба банди 13 боби 59 Низомнома дар

бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба

баъзе намудҳои фаъолият

(ҚҲҶТ №566 аз 1.10.09с.)

ШАКЛИ

иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИҶОЗАТНОМА

барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба ______________________________________________________________________________________ дода шуд.

(номи истифодабарандаи қаъри замин)

Объект __________________________________________________________________________________________

(номи объект, кандании фоиданок)

бо мақсади _______________________________________________________________________________________

(намуди иҷозатнома)

Мӯҳлати амали иҷозатнома:

Оғоз «____»_____________________________________

Анҷом «____»___________________________________

Силсилаи ______________________________________________ № ___________________

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

________________________________________________________________________________________________

(вазифа)

________________________________________________________________________________________________

(фамилия, ном, номи падар, имзо)

Замима ба иҷозатномаи

силсилаи ______________________________________________ № ___________________

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин иҷозатномаи

силсилаи ________________________ №________________ ҳуқуқи истифодабарии қаъри заминро ба

_________________________________________________________________________________________________

(номи истифодабарандаи қаъри замин)

____________________________________________________________________________________ медиҳад.

(намуди объект ва кандании фоиданок)

мазмуни иҷозатнома

(шартҳои иҷозатномадиҳи)

  1. _______________________________________________________________________________________________

(маълумот дар бораи истифодабарандаи қаъри замин)

  1. _______________________________________________________________________________________________

(таъиноти мақсадноки корҳои бо намуди иҷозатномаи вобаста буда)

  1. _______________________________________________________________________________________________

(ҳудудҳои арзии қитъаи кӯҳкори)

  1. _______________________________________________________________________________________________

(ҳудудҳои арзии қитъаи қаъри замин)

  1. _______________________________________________________________________________________________

(мӯҳлати амали иҷозатнома)

  1. _______________________________________________________________________________________________

(пардохтҳои марбут ба истифодаи қаъри замин, қитъаи замин)

  1. _______________________________________________________________________________________________

(ҳаҷмҳои истихроҷи ашёи минерали)

  1. _______________________________________________________________________________________________

(тақсимоти саҳмии маҳсулоти бадастоянда)

  1. _______________________________________________________________________________________________

(ҳуқуқ ба иттилооте, ки дар ҷараёни истифодаи қаъри замин ба даст меояд)

  1. ______________________________________________________________________________________________

(ӯҳдадориҳо дар бобати истифодаи оқилона, ҳифзи қаъри замин ва муҳити зист,

_________________________________________________________________________________________________

бехатарии пешбурди корҳо)

  1. ______________________________________________________________________________________________

(тартиби бурдани назорат)

  1. ______________________________________________________________________________________________

(шартҳои дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома)

  1. ______________________________________________________________________________________________

(ҳаҷм ва намудҳои партовҳои истеҳсоли ва обҳои гандидаи саноатии ба

_________________________________________________________________________________________________

қаъри замин партофташаванда, экспертизаи экологи)

  1. ______________________________________________________________________________________________

(шартҳои дигар)

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

______________________________________________________________

(вазифа)

______________________________________________________________ Ҷ.М.

(фамилия, ном, номи падар, имзо)

«____»__________________________________________

Замимаи 3

ба бандҳои 3 ва 6 боби 59 Низомнома

дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ

ба баъзе намудҳои фаъолият

(ҚҲҶТ №566 аз 1.10.09с.)

НОМГӯИ

КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОКИ МАЪМУЛ

  1. Рег
  2. Омехтаи регу шағал
  3. Гил
  4. Гилхок
  5. Санги бинокорӣ
  6. Регсанг
  7. Бур
  8. Квартсит
  9. Доломит
  10. Мергел
  11. Оҳаксанг
  12. Оҳаксанги ковок
  13. Варақсанг
  14. Аргиллитҳо ва алевролитҳо
  15. Сангҳои магматикӣ, вулконӣ ва метаморфӣ

Замимаи 4

ба сархати панҷуми

банди 1 боби 16 Низомнома

(ҚҲҶТ №203 аз 30.04.11с.)

НОМГӯИ

ВОСИТАҲОИ МАХСУСИ ТЕХНИКИИ БАРОИ БА ТАВРИ МАХФӢ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ИТТИЛООТ ПЕШБИНИШУДАЕ, КИ КОРКАРД, ИСТЕҲСОЛ, ФУРӯШ ВА ИНЧУНИН ХАРИДИ ОНҲО БО МАҚСАДИ ФУРӯШ АЗ ТАРАФИ СОҲИБКОРОН ВА ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ БА СОҲИБКОРӢ МАШҒУЛБУДА АМАЛӢ ГАРДОНИДА МЕШАВАД

1) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ба таври махфӣ гирифтан ва сабт кардани (ба қайд гирифтани) иттилооти овозӣ:

-системаҳои алоқаи симӣ, ки барои ба таври махфӣ ба даст овардан ва қайд намудани иттилооти акустикӣ пешбинӣ шудаанд;

-дастгоҳҳои радиоӣ, ки барои ба таври махфӣ ба даст овардан ва ба қайд гирифтани иттилооти акустикӣ пешбинӣ шудаанд.

2) Воситаҳои махсуси техникӣ барои назорати махфӣ ва ҳуҷҷаткунонӣ:

 а) камераҳои аксбардорӣ, ки дорои ақаллан яке аз аломатҳои зерин мебошанд: зери ашёи маишӣ ва ашёи дигари истифодаи умумӣ ниқобпӯш карда шудаанд; дорои чашмаки воридшавии баровардашуда (PIN-HOLӯ) мебошанд; бе манзура; нуқтаҳои баровардашудаи идоракунии камераро доранд;

б) камераҳои телевизионӣ ва видеоӣ, ки дорои ақаллан яке аз аломатҳои зерин мебошанд: зери ашёи маишӣ ва ашёи дигари истифодаи умумӣ ниқобпӯш карда шудаанд; дорои чашмаки воридшавии баровардашуда (PIN-HOLӯ) мебошанд; дар ҳолати кам будани равшании объект (0,01 лк. ва камтар), ё дар ҳолати будани равшании 000,1 лк ва камтар дар элементи қабулкунанда кор карда метавонанд;

в) маҷмӯи дастгоҳҳои интиқоли акси видеоӣ тариқи шабакаҳои ноқилӣ, радио ва оптикӣ.

3) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ба таври махфӣ гӯш кардани гуфтугӯи телефонӣ: системаҳои алоқаи ноқилӣ, ки барои ба таври махфӣ гӯш кардани гӯфтугӯҳои телефонӣ пешбинӣ шудаанд; дастгоҳҳои радиоӣ, ки барои ба таври махфӣ гӯш кардани гӯфтугӯҳои телефонӣ пешбинӣ шудаанд.

4) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ба таври махфӣ ғасб ва ба қайд гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа.

5) Воситаҳои махсуси техникӣ барои назорати махфии хабарҳо ва муросилоти почтавӣ.

6) Воситаҳои махсуси техникӣ барои таҳқиқи оперативии махфии ашё ва ҳуҷҷатҳо:

-дастгоҳҳои хурдҳаҷми интиқолии рентгеноскопӣ ва рентгенотелевизионӣ.

7) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ба таври махфӣ ворид шудан ва муоина намудани биноҳо, воситаҳои нақлиётӣ ва дигар объектҳо: воситаҳо барои кушодани василаҳои қулфкунанда; дастгоҳи хурдҳаҷми интиқолии рентгеноскопӣ ва рентгенотелевизионӣ.

8) Воситаҳои махсуси техникӣ барои назорати оперативӣ ва пинҳонии ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ ва дигар объектҳо.

9) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ба таври махфӣ гирифтани (тағйир додани, нобуд кардани) иттилоот аз воситаҳои техникии нигоҳдорӣ, коркард ва таҳвили он.

10) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ҳаммонандкунии махфии шахсият: дастгоҳи бақайдгирандаи бисёрканалаи вокуниши психофизиологии шахс.

11) Воситаҳои махсуси техникӣ барои азназаргузаронии оперативии шахсии молу ашё.

Эзоҳ: Воситаҳои махсуси техникӣ метавонанд дар зери ашёи маишӣ ва дигар ашёи истифодаи умумӣ ниқобпӯш карда шуда бошанд ва ё ниқобпӯш набошанд, агар ин махсусан нишон дода шуда набошад.

Замимаи 5

ба боби 27 Низомнома

дар бораи хусусиятҳои

иҷозатномадиҳӣ

ба баъзе намудҳои фаъолият

(ҚҲҶТ №235 аз 31.03.14с.)

ТАРТИБИ

МУАЙЯН НАМУДАНИ САТҲИ МАСЪУЛИЯТНОКӢ БАРОИ КОРҲОИ ИҶРОШАВАНДА ҲАНГОМИ ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА КОРҲОИ ЛОИҲАКАШӢ ВА ТАДҚИҚОТӢ, СОХТМОНИ БИНОҲО ВА ИМОРАТУ ИНШООТ, АЗ ҶУМЛА ВАСЕЪКУНӢ, АЗНАВСОЗӢ, ТАЪМИР ВА БАРҚАРОР КАРДАНИ ОБЪЕКТҲОИ МАВҶУДА

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  1. Фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ корҳои марбут ба таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии шаҳрсозӣ, таҳияи нақшаҳои шабакаҳои муҳандисии маҳалҳои истиқоматӣ ва ҳудудҳо, тарҳрезии меъморӣ, тарҳрезӣ ва нақшакашии сохтмон, тарҳрезии шабакаҳо ва системаҳои муҳандисӣ, таҳияи фаслҳои махсуси лоиҳа, тарҳрезии технологӣ (аз рӯи соҳаҳои саноат ва унсурҳои алоҳидаи хоҷагӣ), таҳияи лоиҳаҳои намуди дохилии иморат ва дизайн, иҷрои вазифаҳои лоиҳакашии куллро дар бар мегирад.
  2. Фаъолият оид ба сохтмони биноҳо, иморату иншоот корҳои омодасозии майдончаи сохтмон, корҳои заминӣ, сохтмони таҳкурсӣ ва таҳдеворҳо, сохтмони конструксияҳои асосӣ ва деворҳои иморату иншоот, сохтмони шабакаҳо, таркиботи шабакаҳои муҳандисии берунӣ ва таҷҳизот, таркиботи шабакаҳои муҳандисии дохилӣ, корҳо оид ба ҳифзи конструксияҳо ва таҷҳизот, корҳои пардозгарӣ, васлкунии таҷҳизоти технологӣ, иҷрои вазифаҳои пудратчии кулл ва иҷрои вазифаи фармоишгарро дар бар мегирад.
  3. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва баркарор кардани объектҳои мавҷуда (минбаъд – сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда) вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷрои корҳои дараҷаи мураккабиашон муайяншуда муқаррар карда мешавад.
  4. Талабот ва шартҳои умумии иҷозатномадиҳӣ:

– на кам аз 50 фоизи шумораи штатии роҳбарон ва мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5 сол дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон доштани шахси ҳуқуқӣ;

– таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи кори дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакаши, сохтмон доштани соҳибкори инфиродӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи таҳқиқ ва барқарорсозии иншооти мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ), ҳайкалу муҷассамаҳо доштани соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ;

– мавҷудияти иморат, биноҳо, таҷҳизот ва ҷиҳозу олот, мошинҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, асбобҳои механики ва дастӣ, таҷҳизоти технологӣ, дастгоҳҳои сайёр ва энергетикӣ, воситаҳои таъмини бехатарӣ воситаҳои назорат ва ченкунӣ доштани довталаби иҷозатнома, ки бо ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунӣ ба ӯ тааллуқ доранд ва барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда заруранд;

– мавҷуд будани системаи назорати сифати корҳои анҷомдодашаванда, мавод, конструксияҳо, маснуоти қабулшаванда ва хизматрасонии метрологии асбобҳо ва воситаҳои ченкунӣ;

– иҷрои фаъолияти иҷозатномашаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатии дахлдор ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар сохтмон;

– номгӯи шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ дар қисми 2 Тартиби мазкур нишон дода мешавад.

  1. САТҲИ МАСЪУЛИЯТНОКИИ КОРҲОИ ИҶРОШАВАНДА
  1. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми фаъолияти лоиҳакашӣ, тадқиқотӣ ва сохтмонӣ ба се дараҷа ҷудо карда мешаванд:

а) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи -1;

б) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи – II;

в) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи – III.

  1. Иҷозатномадор ҳуқуқи иҷрои намудҳои муқарраргардидаи корҳоеро дорад, ки сатҳи масъулнокии онҳо дар иҷозатнома нишон дода шудааст.
  2. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I метавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II ва дараҷаи III – ро иҷро иамояд. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II метавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III – ро иҷро намояд. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III ҳуқуқи иҷро намудани корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I ва дараҷаи II – ро надорад.
  3. Аз як сатҳ ба сатҳи масъулиятнокии дигар гузаштан, сарфи назар аз мӯҳлати амали иҷозатнома, дар асоси аризаи иҷозатномадор ва талаботи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
  4. Дар ҳолати аз тарафи иҷозатномадор риоя накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда паст карда мешавад.
  5. Ба корхонаҳои навтаъсис ва шахсони воқеӣ танҳо барои иҷро кардани корҳои сатҳи масъулиятнокиаш дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.
  6. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз ҳисоби маблағҳои худашон, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои буҷети маҳаллӣ, аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорон ё дар асоси қарордод вазифаҳои фармоишгар ва назорати техникиро дар сохтмон ба иҷро мерасонанд, танҳо барои иҷрои вазифаҳои фармоишгар ва назорати техникӣ дар сохтмон иҷозатнома дода мешавад.
  7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба имкониятҳои доштаашон метавонанд танҳо барои иҷрои қисмҳои алоҳидаи корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ ё корҳои махсуси сохтмонӣ ва қисмҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ иҷозатнома гиранд.
  1. САТҲИ МАСЪУЛИЯТНОКИИ КОРҲОИ ИҶРОШАВАНДА ҲАНГОМИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАКАШӢ ВА ТАДҚИҚОТӢ
  1. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ на камтар аз 75 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ё на камтар аз 75 фоизи муҳандисони лоиҳакаш, идораи корӣ, озмоишгоҳ, базаи истеҳсолӣ, асбобу таҷҳизоти тадқиқотию лоиҳакашӣ ва санадҳои меъёрии сохтмониву меъмориро доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I иҷозатнома дода мешавад.
  2. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I корҳои зерин дохил мешаванд:

– корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии бинову иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии аз 12- ошёна зиёд;

– иншооти гидротехникию мелиоративӣ;

– иншооти энергетикӣ;

– васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда.

  1. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штати на камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ё на камтар аз 50 фоизи ҳайати муҳандисони лоиҳакаш, идораи корӣ, асбобу таҷҳизоти тадқиқотию лоиҳакашӣ ва санадҳои меъёрии сохтмони ва меъморӣ доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II иҷозатнома дода мешавад.
  2. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II корҳои зерин дохил мешаванд:

– корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 12- ошёна;

– биноҳои истеҳсолӣ ва маишии корхонаҳои саноатӣ;

– биною иншооти кишоварзӣ;

– иншооти муҳандисӣ;

– васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;

– иҷрои вазифаҳои лоиҳакаши генералӣ.

  1. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штати камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ва камтар аз 50 фоизи муҳандисони лоиҳакаш доранд, идораи корӣ, озмоишгоҳ ва асбобу таҷҳизоти худро бо дигар асосҳои қонунӣ ташкил намудаанд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.
  2. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III корҳои зерин дохил мешаванд:

– корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 3- ошёна;

– васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;

– қисмҳои алоҳидаи лоиҳа;

– таҳияи лоиҳаҳои дохили бино ва дизайн.

  1. САТҲИ МАСЪУЛИЯТНОКИИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ
  1. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ зиёда аз 75 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ, коргарони қаторни ботаҷриби оид ба иҷрои ҳама намудҳои кор (доимӣ ё шартномавӣ), инчунин техника, дастгоҳу таҷҳизот, механизмҳо ва замимаи моддию техникии худро доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I иҷозатнома дода мешавад.
  2. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I корҳои зерин дохил мешаванд:

– сохтмони биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии аз 12 – ошёна зиёд;

– иншооти гидротехникию мелиоративӣ;

– иншооти энергетикӣ;

– васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда.

  1. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штати на камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ, заминаӣ моддию техники с техникаю таҷхизоти худро доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II иҷозатнома дода мешавад.
  2. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II корҳои зерин дохил мешаванд:

– сохтмони биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 12 – ошёна;

– иншооти муҳандисӣ;

– биноҳои истеҳсолӣ ва маишии корхонаҳои саноатӣ;

– биною иншооти таъиноти кишоварзӣ;

– васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;

– иҷрои вазифаҳои пудратчии генералӣ.

  1. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатиашон камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ доранд ва идораи корӣ, заминаи моддию техникӣ, техникаю механизмҳоро бо дигар асосҳои конунӣ барои анҷомдиҳии фаъолияташон истифода мебаранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.
  2. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III корҳои зерин дохил мешаванд:

– сохтмони биною иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии то 3 – ошёна;

– васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;

– иҷрои корҳои махсуси сохтмонӣ;

– иҷрои намудҳои алоҳидаи корҳои сохтмони дар бунёди иморату иншоотҳо;

– иҷрои вазифаҳои фармоишгар ва назорати техникӣ.

  1. Иҷозатномаҳое, ки то қабули Тартиби мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.