Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунин давлатӣ»

Қарор ва фармоишҳои Ҳукумат

аз 3 декабри соли 2010                       №629              ш. Душанбе

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорату идораҳо фаъолияти гурӯҳҳои кории таъсисшавандаро таъмин намуда, ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва маводи таҳлилӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттиллоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ахбор пешниҳод намоянд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 декабри соли 2010 № 629

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ

ЧОРАБИНИҲОИ МИНБАЪДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНИ БАРОИ ТАКМИЛИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӣ

т/р Чорабинӣ Натиҷа Мӯҳлати иҷро Мутасаддӣ
1 Таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ ва гузаронидани таҳлили қонунгузории амалкунанда, таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани таuйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи марбут ба соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони Мувофиқат намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳо июли 2011 Вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ассотсиатсияҳои соҳибкории соҳавӣ
2 Таҳияи лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани таuйиру иловаҳо ба Низомномаи Шуро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоннок намудани фаъолияти Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марти 2011 Вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 Омӯхтани ҳолати мубодилаи дохилиидоравӣ ва байниидоравии ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ (пешбурди коргузорӣ мувофиқаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қабули ҳисобот, пардохтҳо ва uайр ба таври электронӣ) дар сурати зарурӣ таҳия намудани тавсия оид ба такмил додани системаи мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо Мусоидат дар татбиқи пурсамари Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», фаъол гардонидани ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Аз муддати таъсис додани Котиботи Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то октябри 2011 Вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шуро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 Таҳияи лоиҳаи намунави оид ба татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар мақомоти идораи давлатӣ
5 Тибқи тартиби муқарраршуда таҳия, мувофиқа ва тасдиқи истилоҳоти ягонаи соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони ва ҷойгир намудани онҳо дар шабакаи Интернет
6 Васеъ намудаии номгӯи тахассусҳои соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони, ки дар мактабҳои олӣ ва мактабҳои миёнаи махсус тайёр карда мешаванд, таҳия ва тасдиқи стандартҳои таҳсил барои тахассусҳои нав ҷоришаванда
7 Таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Консепсияи Ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ Июни 2011

Вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиботи Шуро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон