аз 30 декабри соли 2011 №643 ш.Душанбе
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми танзим, назорат ва ҳамоҳангсозии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад. (ППРТ №655 от 15.11.12с.)
3) Вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи Консепсияи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2011, №643
тасдиқ шудааст.
КОНСЕПСИЯИ
ТАШАККУЛИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Муқаррароти умумӣ
1) Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Консепсия) бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, №1174 тасдиқ шудааст, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, №468 тасдиқ шудааст, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, №451 тасдиқ шудааст ва Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марта соли 2006, №1713 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
2) Консепсияи мазкур мақсад ва афзалияти инкишофи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмӯҳлат, стратегияи амалиётро ҳангоми иҷро кардани дурнамоҳо ва барномаҳо муайян мекунад.
3) Асоси ташаккули ҳукумати электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил шудан ба мақсадҳои зерин ташкил медиҳад:
– баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК);
– баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд;
– содда гардонидани қоидаҳо ва кам кардани мӯҳлатҳои расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, инчунин кам кардани (коҳиш додани) хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматҳо вобастагӣ доранд;
– баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
– ташаккули системаи ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ ва пайвастшавии доимӣ ба система ва шабакаҳои маҳдуди баҳисобгирии алоқаи ҳамаи истифодабарандагон;
– ҳавасмандкунии иқтисодии истифода аз Интернет ва технологияҳои муосири технологӣ.
4) Иҷрои ҳадафҳои ҳукумати электронӣ ба ҳалли вазифаҳои зерин кӯмак менамояд:
– кор карда баромадан ва ҷррӣ намудани системаҳои иттилоотӣ – таҳлилии вазифавӣ (минбаъд СМТ), ки ҷараёни қабул гардидани қарорҳои идоракуниро дар доираи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷонибдорӣ (тарафдорӣ) менамоянд;
– автоматикунонии ҳамкориҳои мутақобилаи байниидоравӣ дар ҷараёни қабул кардани қарорҳои идоравӣ.
– баланд бардоштани дараҷаи шаффофияти – ошкорбаёнии иттилоот дар барои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, васеъ намудани имконоти дастрасӣ доштан ва иштироки бевоситаи шаҳрвандон, муассисаҳо ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷараёнҳои ташаккул ва ташхиси қарорҳое, ки дар ҳама сутӯҳи идоракунии давлатӣ қабул карда мешаванд.
– баланд бардоштани сифати ҷараёнҳои маъмурию идоракунӣ;
– таъмини фаврият ва назорати натоиҷи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
– таъмини сатҳи тақозошавандаи амнияти иттилоотии ҳукумати электронӣ ҳангоми фаъолияти он;
– рушд ва истифодаи васеи васоити таъмини дастрасии шаҳрвандон ва муассисаҳо аз маҳаллоти дур ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
– бартараф намудани «нобаробарии рақамӣ» (нобаробарӣ дар байни шаҳрвандон дар истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки ба асоси тафовути иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва мавқеияти ҷуғрофиёӣ муаяйн карда мешавад), ки яке аз вазифаҳои марказии таъмини самаранокии ҳукумати электронӣ буда, аз тариқи рушди ТИК – инфрасохтор (рушди шабакаҳои алоқаи ҳудудӣ, баланд бардоштани сифати алоқа, копмютеркунонии аҳолӣ, рушди Интернет дар қаламрави кишвар) амалӣ карда мешавад.
5) Ҳалли вазифаҳои гузошташуда, мутобиқан, ба самтҳои асосии мазкур ва механизмҳои татбиқи Консепсия амалӣ карда мешаванд;
– таъсиси заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқии ташаккули ҳукумати электронӣ, бо иловаи таъсиси инфрасохтори ягонаи таъмини ҳамкории мутақобилаи электронии ҳуқуқии аҳамиятнок.
– ташаккули қисматҳои асосии инфрасохтори ҳукумати электронӣ;
– ташаккул ва рушди хизматҳои электронии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
– таъсис ва рушди системаҳои байниидоравӣ ва системаҳои якхелаи идоравии иттилоотӣ;
– таъсис ва рушди захираҳои иттилоотӣ ва системаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
– рушди системаи таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот;
– рушди портал ва равзанаҳои тадохули (шлюзҳои) ҳукумати электронӣ;
– таъсиси системаи давлатии автоматикунонидашудаи идоракунии захираҳо;
– таъмини муҳофизати ифрасохтори иттилоотӣ;
– такмил додани таъминоти кадрии ҳукумати электронӣ;
– таҳияи сохтор (архитектура), таъсис ва рушди заминаҳои стандартҳо дар соҳаи ТИК.
6) Дар зери мафҳуми ҳукумати электронӣ дар Консепсияи мазкур шакли нави ташкил намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҳисоби истифодаи васеи ТИК сатҳи нави фаврият ва муносиби аз ҷониби шаҳрвандон ва муассисаҳо дарёфт намудани хизматҳои иҷтимоӣ ва иттилоот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин мекунад, фаҳмида мешавад.
Ташкил кардани ҳукумати электронӣ, вазифаҳои ба ҳам алоқамандро ҷиҳати беҳтар намудани ҳамкориҳои мутақобила дар дохили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ дар асоси ҳуҷҷатгузории бекоғаз, инчунин таъмини татбиқи бештаре аз вазифаҳои идоракунии давлатиро, ки ба ҳамкории мутақобилаи дастгоҳи давлатӣ бо субъектҳои боқимондаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаӣ ТИК равона гардидааст, дар бар мегирад.
7) Татбиқи ҳукумати электронӣ ба тағйиротҳои мусбат дар муносибатҳои ҳукумат бо тамоми истифодабарандагон, аз ҷумла шаҳрвандон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони тиҷорат, оварда мерасонад.
Натиҷаи амалӣ намудани Консепсия, беҳтар гардидани сифат ва кӯтоҳкунии мӯҳлатҳои пешниҳоди хизматҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба шаҳрвандон ва муассисаҳо ба ҳисоб рафта, боиси таъмини дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шуда ва дар оянда (дурнамо) бошад, бо дарназардошти такмилёбии системаи маъмурӣ – ба таъсиси дастгоҳи давлатии самаранок ва аз нигоҳи таркиб муносиб, оварда мерасонад.
8) Таъсиси ҳукумати электронӣ бояд тамоми зинаҳои идоракунии давлатиро аз ҳамкориҳои мутақобилаи байниидоравӣ то ба ҳамкориҳои мутақобилаи байни давлат ва шаҳрвандон азнавсозӣ кунад ва инкишоф диҳад.
- ПРИНСИПҲОИ ТАШАККУЛИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
9) Сиёсати ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:
– мутобиқ гардонидани ҷараёни иттилоотонӣ ба вазифаҳои афзалиятноки системаи идораи давлатӣ ва рушди иҷтимоӣ – иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– пуррагӣ ва ягонагии инфрасохтори иттилоотӣ – коммуникатсионии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
– мувофиқаткунонӣ ва ҳамоҳангсозии суръат ва самтҳои иттилоотонии мақомоти иҷроияи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ;
– стандартизатсияи ҷараёни иттилоотонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- СОХТОРИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
10) Инфрасохтори ҳукумати электронӣ – системаҳои ба ҳам мувофиқи иттилоотӣ – технологӣ ва ба назм даровардани ҷараёнҳои маълумотро дар бар мегирад. Ҳамзамон инфрасохтори мазкур қоидаҳоеро ба худ ҳамроҳ менамояд, ки ҳамаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои давлатии ҷумҳурӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ, ба хусус, дар ҳолатҳое, ки ин вазифаҳо аз ҷониби якчанд мақомот дар як вақт иҷро карда мешаванд, ҳамчун дастуруламал истифода менамоянд.
11) Қисматҳои асосии инфрасохтор аз инҳо иборатанд:
– архитектурам (сохтори) ягонаи давлатӣ;
– гардиши воситаҳои имзои электронӣ – рақамӣ;
– ҳуҷҷатгузории электронӣ;
– савдои электронӣ;
– системаи электронии пардохтҳо;
– смарт – кортҳои қабулкунандагони хизматҳо;
– смарт- кортҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
– алоқаи мобилӣ;
– системаи моҳворагӣ;
– ҳуҷҷатҳои интерактивӣ.
- АФЗАЛИЯТҲОИ АСОСӢ ВА САМТҲОИ ТАШАККУЛИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
- 4.1 ТАЪСИСИ ЗАМИНАИ ЗАРУРИИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ТАШАККУЛИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
12) Таъсиси заминаи меъёрии ҳуқуқии ташаккули ҳукумат электронӣ ба мақсади таъмини шароитҳои ҳуқуқӣ барои фаъолият ҳукумати электронӣ, ташаккули заминаи ҳуқуқӣ, ҷиҳати таъмини истифодаи босамари ТИК дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар ин соҳа равона гардидааст.
13) Дар чаҳорчӯбаи мукаммалгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмини масоили зерин зарур аст:
– омодасозии системаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти ҳокимияти давлатиро дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои ба онҳо вобаста ба тартиб медарорад;
– ҳаммонанд кардани (айният додани) иштирокчиёни ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти давлатӣ дар раванди мубодилаи иттилоотии электронӣ;
– рушди қонунгузорӣ, ки истифодаи имзои электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамоҳанг мекунад;
– кор карда баромадани тартиботи электронии маъмурӣ дар танзими ҷанбаҳои институтсионалии инфрасохторӣ ва амалӣ;
14) Самти мустақими такомулдиҳандаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ мебошад, ки дар худ тамоми самтҳои дар боло зикргардидаро ворид месозад.
15) Такмилдиҳии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳукумати электронӣ ворид намудани тағйирот ва иловаҳоро ба ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ, инчунин кор карда баромадани ҳуҷҷатҳои нави меъёрии ҳуқуқиро дар назар дорад. Ин ба рафъ кардани ақибмонии қонунгузорӣ дар ин соҳа нисбат ба талаботи ҷомеа ва хислати муносибатҳои иҷтимоӣ имкон дода, ба таъсиси системаи мукаммали ҳуқуқӣ ва ба ҳамоҳангсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёру принсипҳои эътирофшудаи ҳуқуқии байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Мусоидат кардан ба ҷалби сокинони кишвар ба истифодаи маводи иттилоотии ватанӣ дар интернет, ташаккули домени TJ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқии рӯзмаррае, ки ба татбиқи ҳукумати электронӣ дахл доранд.
- 4.2. ТАШАККУЛИ СОХТОР ВА ҚИСМАТҲОИ АСОСИИ ИНФРАСОХТОРИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
16) Фаъолияти инфрасохтори ҳукумати электронӣ дар заминаи таъсиси қисматҳои асосии сохтори он, ба мисли: портал ва тадохули (шлюзи) ҳукумати электронӣ, «равзанаи пардохт», системаи ҳаммонанд кардани миллӣ, фазоӣ ягонаи наклиётии мақомоти давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Ба мақсади бунёди сохтори ягонаи ҳукумати электронӣ, вазифаи техникӣ оид ба ташаккул (ва таъсис)-и қисматҳои асосии ҳукумати электронӣ кор карда баромада мешавад. Дар чунин сурат зарур аст шабакаҳои мавҷудаи технологияҳои иттилоотӣ байни мақомоти идораи давлатӣ рушд ва такомул дода шавад ва ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо ва таъмини гардиши электронии иттилоот, аз ҷумла маълумотҳои захиравии иттилоотӣ, барои мисол, захираи маълумотҳои ҳуқуқии иттилоотии «Адлия» ва гардиши электронии рӯйхати хизматчиёни давлатӣ тадбирҳо андешида шаванд.
Таъмини фаъолияти босамари ҳукумати электронӣ ҳамроҳшавии (якшавии) системаҳои иттилоотонии мақомоти давлатиро аз тариқи ҳамкориҳои мутақобил бо портал ва равзанаи (шлюзи) ҳукумати электронӣ талаб менамояд. Дар айни ҳол, ҷузъи асосии пайвасткунандаи ҳамроҳшавӣ (якҷояшавӣ), шакли умумии коммуникативии маълумот дар ҷараёни мубодилаи иттилоот ба ҳисоб меравад.
17) Портал – дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои мутақобилаи зикргардида, яке аз қисмҳои пайвандкунандаи зеҳнӣ (ақлонӣ) байни пешниҳодкунанда (расонанда) ва истифодабарандагони хадамоти электронӣ ҳисоб мешавад. Таъсиси қисмати интерфейси портал дар асоси принсипи «равзанаи ягона» ё худ «як равзана» сурат гирифта, пешниҳоди хадамоти электронии ягонаи интерфейсӣ, ҳаракати (навигатсияи) мувофиқ ва механизм (роҳ)-ҳои ҷустуҷӯиро аз рӯи тамоми захираҳои дастрасбудаи иттилоотӣ таъмин менамояд.
Ба мақсади таъмини ба як шакл даровардани маълумотҳо, ки дар системаи ҳукумати электронӣ ба шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ гардиш менамоянд, қоидаҳои ягонаи танзим ва ба навъҳо ҷудо кардани маълумотҳо кор карда баромада мешаванд. Пуррагӣ ва ҳифозати маълумотҳои додашуда, аз ҳисоби ба бойгонии марказонидашуда гузошта шудани онҳо, инчунин истифодаи таҷҳизоти захиравӣ таъмин карда мешавад. Системаҳои якҷояшудаи иттилоотии мақомоти давлатӣ, ҳам ба тозагӣ таҳиягардида ва ҳам то ба ҳол мавҷуд буда бояд интерфейси якҷояшавиро доро бошанд ва ё он интерфейс ба онҳо ҳамроҳ карда шавад, ки бо истифода аз механизмҳои стандартии мубодилаи маълумот дар шакли коммуникативӣ сохта мешавад. Ҳамзамон, амалӣ гардидани системаи иттилоотию технологии равзана (шлюз)-и ҳукуматӣ сурат мегирад, ки он якҷояшавӣ ва ҳамкории мутақобилаи системаҳои иттилоотии мақомоти давлатиро таъмин менамояд. Бо омода гаштани хадамоти электронии мақомоти давлатӣ, мунтазам ба кор даровардани онҳо аз тариқи портали ҳукумати электронӣ сурат мегирад.
18) Татбиқи вазифаҳои ҳаммонанд кардан ва саҳеҳгардонии (аутентификатсияи) истифодабарандагони хизматрасониҳои электронӣ яке аз самтҳои асосии ташаккули инфрасохтори ҳукумати электронӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, чорабиниҳои қаблан оғозгардида дар мавриди таъсиси захираҳои давлатии маълумот ба мисли «шахсони воқеӣ» ва «шахсони ҳуқуқӣ», ки вазифаи асосии онҳо ба миён овардан ва додани рақамҳои шохисгардонӣ ба шахсони воқеӣ, рақамҳои тиҷоратӣ – ҳаммонандкунӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аст, ба итмом мерасанд. Ба мақсади якҷоя намудани майдони (фазои) суроғавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини имконоти коркарди мошинии cypoғaҳo «Феҳристи суроғавӣ»-и ягона бо додани рақами ҳаммонандкунӣ ба ҳар як суроға таъсис дода мешавад.
19) Амалӣ намудани системаҳои мазкур ба мақсади содда гардонидани ҷараёни бақайдгирии субъектҳо, суроғавӣ будани хизматҳои электронии расонандашаванда, ҳамоҳангсозии чорабиниҳои оид ба таъсис ва рушди системаҳои иттилоотӣ, такомул додани ҳамкориҳои мутақобил байни системаҳои иттилоотии байниидоравӣ, дар асоси истифодаи рақамҳои ягонаи ҳаммонандкунӣ сурат мегирад. Дар робита ба ин, тағйироти марбута ба асоси меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи рақамҳои ҳаммонандкунӣ (тиҷорати – ҳаммонандкунӣ)-и ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва иттилооти суроғавӣ ворид карда мешавад.
Таъсиси механизми ҳаммонандкунии истифодабарандагони хизматҳои электронӣ аз ҳисоби ворид сохтани инфрасохтори калидҳои кушода (боз), ки имкон медиҳад то тавассути силсилаи муносибатҳои боэътимод, ҳангоми мубодилаи иттилоотӣ, ки механизми имзои рақамии электронӣ истифода мегардад, таъмин карда мешавад.
Инфрасохтори калидҳои кушода (боз) дар заминаи истифодаи шаҳодатномаҳои бақайдгирие асос меёбад, ки калидҳои пӯшидаи инфиродии истифодабарандагонро бо калидҳои кушодаи (бози) онҳо мепайвандад. Барои татбиқи инфрасохтори калидҳои кушода (боз) дар назар аст, то маркази махсуси тасдиқкунандаи имзои рақамии электронии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар ин маврид, ҳамчун воситаи боэътимод барои дарёфт, нигаҳдорӣ ва истифодаи маълумотҳои ҳаммонандкунӣ ва калидҳои имзоҳои рақамии электронӣ, истифодаи смарт – технологияҳо ба нақша гирифта шудааст.
Бо дарназардошти он ки имзои электронии рақами дар натиҷаи дигаргунсозии криптографии иттилоот созмон дода мешавад, мақомоти ваколатдор дар соҳаи сертификаткунонии воситаҳои криптографии ҳифзи иттилоот ва пешбурди ин соҳа муайян карда мешавад.
Таъсиси системаи миллии шохисгардонӣ имкон медиҳад, то дастрасии иҷозат дода шуда ба системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти давлатӣ таъмин карда шавад.
- 4.3. ТАЪСИС ВА РУШДИ СИСТЕМАҲОИ БАЙНИИДОРАВӢ ВА ЯКХЕЛАИ ИДОРАВӢ, АЗ ОН ҶУМЛА СИСТЕМАИ МУҲОФИЗАТШУДАИ БАЙНИИДОРАВИИ ГАРДИШИ ЭЛЕКТРОНИИ ҲУҶҶАТҲО
20) Бо мақсади якхела намудан ва ҳамроҳ кардани захираҳо ва системаҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ, лоиҳаҳои байниидоравӣ ва системаҳои иттилоотии якхелаи идоравӣ, аз ҷумла бо истифодаи алоқаҳои нурию нахӣ ва ҳам алоқаи электронии дигар, амалӣ карда мешаванд. Ба ин системаҳо дохил мешаванд: ҳуҷҷатгузории электронии муассисавӣ ва байнимуассисавӣ, бойгоникунии ҳуҷҷатҳо, системаи иттилоотии фаъолияти маъмурию идоравӣ, захираи маълумотҳои иттилоотию ҳуқуқи, феҳристи автоматикунонидашудаи хизматчиёни давлатӣ, феҳристи андозсупорандагон ва объектҳое, ки мавриди андозбандӣ қарор мегиранд, интернет портали ҳукуматӣ.
Корҳо оид ба автоматикунонии равандҳои технологии ҳуҷҷатгузорӣ (гардиши ҳуҷҷатҳо) дар мақомоти давлатӣ, инчунин омода кардан ва ворид намудани ҳуҷҷатҳо ба система, бақайдгирӣ, тақсимот ва ирсол таҳрир ва тағйирдиҳӣ, нигоҳдории фаврӣ ва бойгоникунӣ, ҷустуҷӯ ва азназаргузаронӣ, гирифтан ва таҷдиди ҳуҷҷатҳо, назорати иҷрои онҳо, маҳдуд намудани дастрасӣ, гирифтани маълумот аз ҳуҷҷатҳо ва таҳлили он идома дода мешавад.
Ҳамкориҳои мутақобилаи шаҳрвандон ва муассисаҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳамчунин дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ҷараёни иттилоотонӣ гузариш аз ҳуҷҷатгузории коғазӣ ба ҳуҷҷатгузорӣ дар шакли электронӣ имкон хоҳад дошт.
21) Системаҳои иттилоотии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бояд иттилооти фавриро дар робита ба масъалаҳои фаъолияти ҳаётии минтақа, харидориҳои давлатӣ пешниҳод намуда, нақши «қабулгоҳи виртуали»-ро барои баррасӣ ва назорати муроҷиатҳои шаҳрвандон амалӣ намуда, дастрасиро ба шаклҳои электронии ҳуҷҷатҳо ва ғайраҳоро таъмин намоянд.
Зарур аст, то дар минтақаҳо барномаҳо оид ба иттилоотонӣ, ки ба талаботи сохтори ягонаи ҳукумати электронӣ мутобиқ буда, ба мақомоти ваколатдор дар соҳаи иттилоот ва алоқа мувофиқа карда шудаанд, кор карда баромада шаванд.
Ба мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи минтакавии ҳукумати электронӣ бо роҳи муттаҳид намудани захираҳои молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ як силсила қарорҳои лоиҳавии намунавӣ кор карда баромада мешавад.
Ҳамкориҳои мутақобилаи электронии шаҳрвандон ва муассисаҳо бо органҳои иҷроияи маҳаллӣ дар шароити амалӣ намудани фазои ягонаи нақлиётӣ (транспортӣ) аз тариқи портали ягона ва равзанаи тадохули (шлюзи) ҳукумати электронӣ сурат мегирад. Дар чунин ҳолат вазифаи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, аз пешниҳоди хизматҳои электронӣ дар заминаи ташаккул ва рушди захираҳо ва системаҳои иттилоотии худӣ иборат аст.
Хизматрасонии электронӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба сатҳи рушди системаи иттилоотии муассисавӣ алоқаманд аст, бинобар ин, реҷаи ҳамкории мутақобилаи системаҳои иттилоотии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бо системаҳои иттилоотии муассисаҳо кор карда баромада мешавад;
22) Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ корҳо оид ба таъсис ва ворид намудани системаи технологии муҳофизатшавандаи ҳуҷҷатгузории электронии байниидоравӣ, ки мубодилаи фаврии иттилоотӣ ва ҳуҷҷатгузориро байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия ва дигар муассисаҳо таъмин менамояд, талаб карда ба итмом расонида шавад.
Дар айни ҳол ба эътимоднокӣ ва комил будани иттилоотӣ интиқолдодашаванда кафолат дода мешавад.
Системаи ҳуҷҷатгузории электронии байнимуассисавӣ, барои амалӣ намудани мубодилаи муҳофизатшудаи иттилоияҳои электронӣ, бо ишораи маҳдудкунандаи «Барои истифодаи хизматӣ» таъсис дода мешавад.
- 4.4. РУШДИ СИСТЕМАИ ТАЪМИНИ ДАСТРАСИИ ШАҲРВАНДОН БА ИТТИЛООТ
23) Ба хотири таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва хизматҳои давлатие, ки аз ҷониби онҳо пешниҳод карда мешавад, дар назар аст, то марказҳои дастрасии ҷамъиятӣ дар замини шуъбаҳои алоқа, китобхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии ба ин мақсад мувофиқ, таъсис дода шаванд.
Марказҳои дастрасии ҷамъиятӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва хизматҳои давлатие, ки аз ҷониби онҳо расонида мешаванд, метавонанд ҷойҳои кории автоматикунонидашуда ва ё терминалҳои иттилоотии ба шабакаи Интернет пайвастшударо дошта бошанд.
24) Ба мақсади васеъ гардонидани имконоти дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дар замини истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ- коммуникатсионӣ, зарур аст шароитҳо барои масъалаҳои зерин омода карда шаванд:
– рушди Интернет дар маҳалҳо, баланд бардоштани имконоти дастрасӣ ба он;
– таъсиси хатмии саҳифа (сайт)-ҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи вазоратҳо ва муассисаҳои кишвар дар Интернет, ки дар оянда дар портали ягонаи иттилоотӣ-маълумотии Ҳукумат мутаҳҳид карда мешаванд;
– рушди саҳифаҳои идоравии Интернет (сайтҳо), ки ба таври мукаммал ва дар сари вақт ҷо ба ҷо намудани иттилоотӣ марбутаро дар онҳо таъмин менамояд:
– таъсиси шабакаҳои компютерии дохилии вазоратҳо ва муассисот ва дар оянда муттаҳид намудани онҳо дар шабакаи ягона, ба мақсади давра ба давра ворид намудани ҳуҷҷатгузории электронии (бекоғази) байниидоравӣ;
– ташаккули инфрасохтори дастрасии ҷамъиятӣ ба иттилооте, ки дар шабакаи Интернет дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва хизматҳои давлатие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешавад, ҷо ба ҷо мегардад;
– таъсиси системаи ягонаи ҷонибдории иттилоотӣ-маълумотии шаҳрвандон оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ва ҳамкории мутақобилаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ;
25) Ба мақсади ҷонибдории ҳаматарафаи маълумотии шаҳрвандон оид ба ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ системаи ягонаи иттилоотӣ-хидматӣ таъсис дода мешавад.
- 4.5. РУШДИ ПОРТАЛ ВА РАВЗАНАҲОИ (ШЛЮЗҲОИ) ТАДОХУЛИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
26) Тавассути портал ва равзанаҳои (шлюзҳои) тадохули ҳукумати электронӣ пардохтҳои электронӣ, дастгирии Интернети мобилӣ ва ҷонибдории стандартҳои нави порталӣ барои муоширати мустақим ва кушодаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, хадамоти гуногуни иҷтимоӣ, кумитаҳо, муассисаҳо таъмин карда мешавад.
27) Тибқи стратегияи ислоҳоти маъмурӣ, таъсис ва рушди Интернет-портали мақомоти давлатӣ барои ҳалли масъалаҳои асосии зерин равона карда мешаванд:
– пешниҳоди имконоти техникӣ барои ҳамкориҳои мутақобилаи уфуқии вазоратҳо ва муассисаҳо;
– таъсиси махзани ягонаи донишҳо (маълумот);
– пешниҳоди замини техникӣ барои ҷобаҷогузории хизматҳои давлатӣ барои аҳолӣ ва хизматҳо барои мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби системаҳои муассисавӣ пешниҳод карда мешаванд.
28) Феҳристи (реҷаи) техникии амалӣ намудани хизматҳои транзаксионии ҳукумати электронӣ тартиб дода шуда, тасдиқ мегардад ва ҳамзамон муқаррароти меъёрӣ – техникии равзанаи пардохти ҳукумати электронӣ таъсис дода мешавад. Равзанаи пардохт, ҳамчун яке аз қисмҳои асосии ҳукумати электронӣ таъсис дода шуда, ба кор дароварда мешавад.
- 4.6. ТАЪСИС ВА РУШДИ ХИЗМАТҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ
29) Иттилоотонии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо назардошти талаботи ҳукумати электронӣ, интиқол ё худ гузаришро аз самти зарурият ба эҳтиёҷоти дохилиидоравӣ ба самти эхтиёҷот ва вазифаҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар назар дорад.
Таъсис додан ва амалӣ намудани хизматҳои электронии мақомоти давлатӣ дар ҷаҳорчӯбаи эҷод ва рушди системаҳои иттилоотии идоравӣ сурат мегирад. Ташаккули хизматҳои электронии мақомоти давлатӣ дар замини таҳлили вазифавии реҷаҳои (феҳристи) расонидани хизматҳои давлатӣ ва иҷро намудани ҷараёнҳои маъмурӣ амалӣ карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои таҳлилҳои анҷомдодашуда, дар назар аст, то пешниҳодҳо оид ба азнавсозии системаи идораи давлатӣ ва амалӣ намудани равандҳои маъмурӣ кор карда баромада шаванд.
30) Пешниҳоди хизматҳои электронӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ворид намудани тағйиротро дар системаҳои иттилоотии муассисавии мавҷуда ва ё кор карда баромадани системаҳои иттилоотии навро бо назардошти стандартҳои ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо барои ҳамроҳ (ворид) шудан ба портали ҳукумати электронӣ, дар назар дорад.
Дар заминаи ситемаи иттилоотии муассисавӣ, хизматҳои электронӣ, бар иловаи хизматҳои иттилоотӣ ва интерактивӣ расонида мешавад. Тибқи соҳаҳои асосии ҳаётии фаъолияти шаҳрвандон ва фаъолияти ташкилотҳо, феҳристи хизматҳои асосии электронӣ тартиб дода мешавад.
31) Дар таъмини ҳалли масъалаҳои идораи захираҳои мақомоти давлатӣ, ворид намудани принсипҳои идораи муштараки захираҳо, ворид кардани таҷрибаҳои беҳтарини чаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалии идоракунӣ муносибати (комплексӣ) ҳамаҷониба ва системавӣ зарур аст. Муносибати ҳамаҷониба ва системавӣ оид ба автоматикунонии идоракунии захираҳо, аз интихоби сохтори марказонидашудаи автоматикунонӣ дар маҷмӯъ барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, равандҳои тиҷоратӣ (корӣ) иборат буда, тавассути ташхисҳо, таҳлилҳо, якҷоякуниҳо ва стандартикунонии маълумотҳои равандҳои тиҷоратӣ (корӣ) сурат мегирад.
Муносибати системавӣ оид ба автоматикунонии хизматҳои давлатӣ ба мисли – таъсис ва рушди хизматҳои электронӣ (пешниҳоди аризаҳо ва дархостҳо, гирифтани маълумотномаҳо, иттилоияҳо, иҷозатномаҳо) амалӣ карда мешавад, ки онҳо аз шаклҳои афзалиятноки хизматҳои давлатӣ барои шаҳрвандон ва тиҷорат ба ҳисоб мераванд. Онҳо, аз рӯи вақту пайт, бо ҳуҷҷатҳо (санадҳо)-и қабул карда мешудаи марбутаи меъёрию ҳуқуқи алоқаманд ва ҳамроҳ хоҳанд шуд.
- АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ
32) Ворид намудани системаи иттилоотии ҳукумати электронӣ ва таъмини амнияти иттилоотии ин система як силсила мушкилоти тадорукотӣ, иқтисодӣ, қонунгузорӣ, ҳуқуқи, технологӣ ва қадриро доро мебошад, ки ҳаллу фасли онҳо бояд ба муносибати системавӣ ва ҳамаҷониба асос ёбад.
Дар айни замон яке аз вазифаҳои асосӣ, амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи сирри давлатӣ» ва «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» ба шумор меравад.
Барои таъмини амнияти иттилоотӣ барномаи кори ҳукумати электронӣ ҷорӣ карда шуда, баҳри таъмини амнияти заминаи ахбори (маълумоти) умумӣ, дар ҳар як сатри барнома мафҳуми он нишон дода мешавад.
- ТАКМИЛДИҲИИ ТАЪМИНОТИ КАДРИИ ТАШАККУЛИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
33) Ба мақсади таъмини сатҳи мутолибашавандаи (зарурии) ихтисосии хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси системаи марказонидашудаи миллии омода намудан ва такмилдиҳии кадрҳо зарур аст.
Таркиби ин ситема аз қисмҳои зерин иборат аст:
– муайян намудани талаботҳои ихтисосӣ оид ба категорияҳои гуногуни хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи истифодаи ТИК;
– арзёбии малакаҳои ихтисосии кормандони мақомоти давлатӣ дар соҳаи татбиқи ТИК;
– марказ ва ё системаи марказҳо оид ба омода кардан ва баланд бардоштани сатҳи ихтисосӣ хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи ТИК;
– муайян намудани сатҳи дониши хизматчиёни давлатӣ дар қисмати системаҳои барномавӣ ва кор бо барномаҳои компютерӣ;
– барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ТИК барои категорияҳои гуногуни хизматчиёни давлатӣ.
- ТАШКИЛ КАРДАН ВА ҲАМОҲАНГ СОХТАНИ ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯ
34) Қабл аз ҳама бояд эътироф намуд, ки таъсиси ҳукумати электронӣ дар кишвар яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади амалӣ намудани консепсия, дар назар гирифта мешавад, то барномаи марбутаи сесолаи рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар бо муайян намудани вазифаҳои гузошташуда, бархурдҳо оид ба ҳpаллу фасли онҳо, натиҷаҳое, ки аз амалӣ шудани онҳо интизор меравад, арзёбии арзиши чорабиниҳо (тадбирхо), манбаъхои захираҳо барои амалӣ намудани онҳо, иҷрокунандагон ва мӯҳлатҳои иҷро кор карда баромада шаванд.
- МАБЛАҒГУЗОРИИ ҶАРАЁНИ АМАЛӢ ШУДАНИ КОНСЕПСИЯ
35) Маблағгузории ҷараёни амалӣ гардидани консепсия аз ҳисоби маблағҳои умумии системаи вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо барои соли навбатии молиявӣ, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин қарзҳо ва грантҳо сурат мегирад.
36) Таъсис, рушд ва таъмини фаъолияти системаҳои иттилоотии муассисавӣ ва минтақавӣ ба асоси қарорҳои якхелаи лоиҳавӣ, аз ҳисоби маблағҳое, ки барои таъмини мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои иттилоотонии муассисавӣ, инчунин барномаҳои иттилоотонии субъектҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар гирифта шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
37) Дар чаҳорчӯбаи ислоҳоти маъмурӣ, амалӣ гардидани лоиҳаҳои пилота (таҷрибавӣ) бо иштироки доираи васеи мақомоти минтақавиӣ ҳокимияти давлатӣ ҷонибдорӣ (дастгирӣ) карда мешавад.
Барои самаранок идора кардани захираҳои мавҷуда ва ба хадафҳои консепсияи мазкур расидан, зарур аст, то самаранокии ҳамоҳангии кӯмакҳои эҳдокунандагон (донорҳо) ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои дар назар гирифташуда боло бурда шавад.
- МАРҲАЛАҲОИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯ
38) Дар назар гирифта шудааст, то татбиқи консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се давра амалӣ карда шавад:
а) Дар давраи аввал (солҳои 2012-2013)
– шабакаи ягонаи технологияҳои иттилоотӣ, ки 48 вазорат ва муассисаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутаҳид намуда, қисмати калидии (асосии) ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ба кор андохта мешавад;
– дар чаҳорчӯбаи шабакаи мазкур феҳристи автоматикунонидашудаи хизматчиёни давлатӣ, ки маркази он дар Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, рушд дода шуда, такмил карда мешавад.
– аз он ҷумла, дар чаҳорчӯбаи шабакаи мазкур иттилоот оид ба махзани маълумоти ҳуқуқии «Адлия» ҷо ба ҷо гардида, ба он дастрасии васеъ таъмин карда мешавад;
б) Ҳамчунин ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ:
– шабакаҳои маҳаллии компютерӣ ва барномаҳои иттилоотонии соҳавӣ ва муассисавиро оид ба татбиқи ТИК дар соҳаи фаъолияти худ, инчунин сайтҳои (саҳифаҳои) хешро дар Интернет таъсис медиҳанд;
– фазои муштараки иттилоотиро, ки ҳузури (иштироки) ҳамаи сохторҳо ва минтақаҳоро бо ҳамкории мутоқобилаи электронии онҳо таъмин менамояд, ба миён меоваранд;
– кор карда баромадани лоиҳаи таъсиси даргоҳи (портали) ҳукуматиро таъмин менамоянд;
– ба таври васеъ ва самаранок шабакаи мавҷудаи технологияҳои иттилоотиро байни мақомоти идоракунии давлатӣ истифода менамоянд;
– тадбирҳоро оид ба таъмини дастрасӣ ба хизматҳои электронӣ амалӣ менамоянд.
39) Дар давраи мазкур, ҳамзамон зарур аст, то қарорҳои технологии идоравии намунавӣ оид ба дастгирӣ кардани пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ва таъмини дастрасӣ доштан ба иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар замини ТИК кор карда баромада шавад. Инчунин, дар назар гирифта мешавад, то лоиҳасозӣ ва таъсиси қисматҳои амалкунандаи байниидоравии ҳукумати электронӣ ба итмом расонида шаванд, ки онҳо аз масоили зерин иборатанд:
– системаи ягонаи ҷонибдории (дастгирии) иттилоотӣ-маълумотии шаҳрвандон, инфрасохтори ҳамкории мутақобилаи байниидоравии электронӣ, бо системаи муҳофизатшавандаи ҳуҷҷатгузории (гардиши ҳуҷҷатҳои) электронии байниидоравӣ.
40) Дар давраи дуюм ( солҳои 2013-2015) – дар амал татбиқ, намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз тариқи қарорҳои технологии байниидоравӣ сурат мегирад, ки он иборат аст аз:
– такмил додани шароитҳои ҳуқуқӣ, тадорукотӣ ва техникии таъсиси ҳукумати электронӣ;
– ташаккул додани механизмҳои робитаи (музокираи) дуҷониба ва бисёрҷониба ба мақсади ворид намудани ҳуҷҷатгузории ягонаи электронӣ;
– васеъ намудани захираҳои иттилоотии идоравӣ ва байниидоравӣ;
– аз байн бурдани нобаробарии рақами дар қаламрави ҷумҳурӣ;
– таъсиси системаҳои байниидоравии ҳукумати электронӣ дар сохтори мақомоти ҳокимияти иҷроия.
41) Давраи сеюм (солҳои 2015-2020)-и рушди ҳукумати электронӣ, автоматикунонии раванди пешниҳоди хизматҳои давлатиро ба аҳолӣ ва муассисаҳо, инчунин гирифтани хизматҳоро аз муассисаҳо барои ниёзмандиҳои (заруриятҳои) давлатӣ дар назар дорад. Ҳамзамон, рушди хизматҳои ҳукумати электронӣ ба мисли портали ҳукуматӣ ва равзанаи тадохули (шлюзи) ҳукумати электронӣ (системаи иттилоотӣ, ки барои интегратсияи (ҳамроҳшавии) системаҳои иттилоотӣ дар чаҳорчӯба, амалӣ гардидани хизматҳои электронӣ муайян гардидаанд), дар назар гирифта шудаанд.
42) Равзанаи (шлюзи) пардохт ҷиҳати ҳамкории мутақобила бо системаи бонкӣ, инчунин:
– таъсиси системаи миллии ҳаммонандкунӣ (системаи ягонаи компютеркунонидашудаи шинохт ва эътирофи ин ё он объект ва ё субъект);
– татбиқи хизматҳои транзаксионӣ (муомилотӣ) (фаъолият ба асоси мувофиқаи ҷонибҳо ва амалӣ намудани пардохтҳо ва ё амалҳои дигар бо истифодаи имзои электронии рақамӣ);
– татбиқи лоиҳаҳо оид ба тиббӣ телевизионӣ, таҳсилоти (таълими) масофавӣ (фосилавӣ) ва тадбирҳои дигар.
43) Баланд бардоштани сатҳи маърифат дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҳимтарин вазифаи ҳамаи се давраи таъсиси ҳукумати электронӣ ба шумор меравад.
- ИСТИЛОҲОТИ ИСТИФОДАШУДА
Дастуроти маъмурӣ
– тавзеҳоти расмикунонидашудаи вазифаҳои истисноии мақомоти ҳокимият, ҳуқуқ, инчунин шаклҳои ташкили ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимият дар ҷараёни таҳия, тайёркунии марҳилаи мувофиқакунонӣ ва тасдиқи қарорҳо, аз ҷумла доираи ваколат ва масъулият, тибқи қонунгузорӣ нисбати мӯҳлат, сифат, хусусияти иҷрои вазифаҳои муқарраршуда ва намудҳои алоҳидаи кор дар доираи ҳамин вазифа. Дастуроти маъмурӣ метавонад пешниҳоди хизматгузориҳоро ба шаҳрвандону ташкилотҳо танзим намояд.
Низоми геоиттилоотӣ
– низоми воситаҳои дастгоҳию барномавӣ ва расмиёти алгоритмӣ, ки барои ҷонибдории рақами, пурракунӣ, идоракунӣ, кор кардан, таҳлил, моделикунонии математикию картографӣ ва тасвири фасеҳи симои ҷуғрофии маълумот (нисбатдиҳии масоҳатӣ) таҳия шудаанд;
Хизматрасонии давлатӣ
– хизматрасонии муқарраргардидаи меъёрие, ки аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ба шаҳрвандон ва муассисаҳо бо мақсади анҷом додани коргузории маъмурӣ тибқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад;
Меъмории ягонаи давлатӣ
– ҷузъи маҷмӯи идоракунии давлатие, ки дар асоси ТИК ва тавсифоти фаъолияти ҳокимияти давлатӣ аз мавқеи мафҳумоти мантиқӣ (аз қабили ҷараёни амали якҷояи ҷараёни тиҷоратӣ, тиҷорат – қоидаҳо, иттилоотӣ зарур, сохтор ва ҷараёни иттилоот мавқеи ҷойҳои кори хизматчиёни давлатӣ) ва мавқеи мафҳумҳои техникӣ (аз қабили воситаҳои дастгоҳ, таъминоти барномавӣ, маълумоти коммуникатсияҳо, ҳифозату амният, стандартҳои истифодашаванда) тартиб дода шудааст. Бо ифодаи дигар, сохтори усулҳои роҳбарикунанда (барномаҳо, қоидаҳо, қолабҳо, интерфейсҳо ва стандартҳо) мебошад;
Мониторинг
– низоми мушоҳидаҳои доимӣ, санҷиш, пешгӯии тағйирёбии ягон объект;
Захираҳои муттаҳиди иттилоотии давлатӣ
– захираҳои иттилоотии давлатӣ, ки дар асоси базаҳои стандарти ягона, методикаи ҷамъоварӣ, коркард ва истифодабарии иттилоотӣ интегратсияшуда, дастрасии дастаҷамъиро ба маълумоти идорот ва ташкилотҳои гуногун таъмин менамояд;
Портал
– саҳифае мебошад, ки ҳамчун идтиҳоди бонизоми бисёрдараҷаи захираҳо ва хизматгузориҳои гуногун ташкил шудааст;
Таҳвилкунандагони хизматрасониҳои электронӣ
– мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки хизматрасониҳоро тавассути ТИК таъмин мекунанд;
Истифодабарандагони хизматрасонии электронӣ
– шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо;
Смарт-карта (корт)
– корти дорои микропротсессоре, ки амалиёти молиявии зеринро анҷом медиҳад: қарздиҳӣ (афзуншавӣ), қарздор кардан, (аз корт баровардани маблағ) ва хондани тароз. Сатҳи баланди ҳимояи маблағро таъмин менамояд;
Хизматрасонӣ
– натиҷаи фаъолиятҳои воқеӣ ва ҳуқуқии хизматгузор ҷиҳати конеъ гардонидани дархости истифодабаранда;
Дараҷаи сифати хизматҳо (стандарти хизматрасонӣ)
– бо маҷмӯи аломатҳои амалиёти иҷрошуда тавассути мӯҳлат, захираҳои сарфшуда, теъдоди истеъмолкунандагони хизматрасонидашуда, яъне тавассути нишондиҳандаҳои шуморавӣ мушаххас гардида, бо меъёр муайян карда мешаванд;
Нобаробарии рақамӣ (тафовути рақамӣ)
– шаҳрвандон дар истифодабарии технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, бо тафовути иҷтимоию иқтисодӣn ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ фарқ мекунанд;
Дастуроти маъмурии Электронӣ
Чузъи электронӣ
– сабти дастуроти маъмурӣ ба шакли электронӣ, ки нигаҳдории маълумот, иҷрои дархостҳоро ба бойгонии иттилоот, назорати муаддаби маълумоти дар ҳуҷҷат маҳфуз, тафтиши муносибатҳои дохилии ҳуҷҷат ва чорикунии стандарти ягонаи сохтории ҳуҷҷатро таъмин менамояд;