Харидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар “МегаФон Life” имконпазир шуд
Харидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ акнун бо ёрии смартфон дар замимаи мобилии “МегаФон Life” имконпазир гардидааст.
Банди “Хизматрасонӣ оид ба хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ” дар қисми “Хизматрасониҳо”-и ҳамёни замимаи мобилии “МегаФон Life” қарор дорад. Истифодабарандаро зарур аст, ки нуқтаи таъинот ва санаро қайд карда, дараҷаи парвозро интихоб кунад. Барои ҷустуҷӯи нисбатан дақиқ метавон филтрҳои қисми болоии экранро ба кор бурда, ширкати ҳавопаймоӣ, хатсайри қулай, парвоз бо бағоҷ ё бе он, миқдори барофароҳоро интихоб намуд. Баъди пахши тугмаи “Пайдокунии чиптаҳо” дар экран ҳамаи вариантҳои дастрас инъикос меёбанд.
Бо интихоби чиптаи даркорӣ истифодабаранда метавонад маблағи онро бо қайди маълумоти худ ва сипас бо гузаштан ба қисми пардохт бо ёрии “Ҳамён”-и мобилӣ, бо истифода аз корти бонкии дар замима бақайдгирифташуда ё кэшбэк пардохт намояд. Харидани чипта инчунин ба насия тавассути маҳсулоти қарзии “Орзу” аз ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” имконпазир аст. Чиптаи ҳавопаймоиро сипас метавон ба почтаи электронӣ ирсол намуд, боргирии он дар қисми “Фармоишҳои ман” дастрас боқӣ мемонад. Худи ин ҷо метавон ҳолати чиптаи бандкардашударо пайгирӣ кард.
“Афзалиятҳои асосии хизматрасонии нав – сарфаи вақт ва қулайнокии пардохт мебошанд. Акнун чиптаи ҳавопайморо метавон аз хона ё идора набаромада ба даст овард. Тамоми маълумоти барои ин кор зарурӣ дар як ҷой ҷамъ оварда шудааст, аллакай зарур намеояд, ки вориди сомонаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ шуда, пешниҳодҳои онҳоро муқоиса намоед, гузашта аз ин, рафтан ба хазинаҳои фурӯши чиптаҳо умуман лозим нест”, – мегӯяд роҳбари самти хизматрасониҳои молиявии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Улуғбек УРУНОВ.
Замимаи “МегаФон Life”-ро метавонед аз App Store, Google Play ва Huawei App Gallery боргирӣ намоед.