АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ- МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ тавассути сиёсати фарҳангпарварона, дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон барои худшиносии миллӣ, ҳамчунин шиносонидани ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихии тоҷикон аҳамияти ҷудогона касб намуд.
Мояи хурсандӣ аст, ки тавассути ин ташаббусҳо бо қарори дахлдори ЮНЕСКО ҷашни олими бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ (973-1048), ки дар илмҳои физика, риёзиёт, ахтаршиносӣ, илмҳои табиӣ, таърих, гоҳнигорӣ, забоншиносӣ, ҳиндшиносӣ, заминшиносӣ, ҷуғрофия, фалсафа, нақшанигорӣ, мардумшиносӣ, ахтарбинӣ, кимиё, пизишкӣ, равоншиносӣ, илоҳиёт, дорушиносӣ, таърихи дин ва маъданшиносӣ машҳури ҷаҳон ва эътирофи оламиён гаштааст, соли 2023 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мешавад. Матлаби мазкур бардоште аз ҳаёту фаъолияти илмӣ ва зиндагиномаи ин шахсияти бузурги илмию таърихӣ аст.
Дар таърихи тамаддуни башар шахсоне зуҳур намудаанд, ки пешрафти илму маърифати инсоният ба дониш, осор ва фаъолияти онҳо бевосита марбут аст. Абурайҳони Берунӣ дар радифи донишмандоне қарор дорад, ки кӯшидаанд гиреҳҳои мушкили рози ҳастиро кушоянд ва ҳаёти худро ба таҳқиқ ва интишори илм бахшанд. Ӯ бо фурӯғи дониши худ роҳи инсониятро равшан намуда, дар тамаддуни башар нақши нозудуданӣ гузоштааст.
Олим, мутафаккир ва ҳакими фарҳехта Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ соли 973 дар шаҳри Коси тобеи Хоразм таваллуд шудааст. Бояд таъкид намуд, ки мавқеи ҷуғрофии Хоразм ва тадбирҳои сулолаи Африғиён (305-995), ки гузаштагони худро аз Сиёвушу Кайхусрав медонистанд, заминаи рушду равнақи илмҳои гуногуни асрро фароҳам оварда буд. Чунин доираи илму маърифати Хоразм Беруниро, ки атои беҳамтои табиат буд ва ифтихори башарият гардид, дар домани худ парвард ва ба камол расонд.
Берунии соҳиби истеъдоди фавқулода кӯшиш намуд, ки аз бозёфт ва кашфиёти илмии Эрону Юнону Ҳинд, суриёниёну иброниёну калдониён ба таври бояду шояд баҳраманд гардад. Ӯ ҳамзамон бо фаро гирифтани асосҳои илми Шарқу Ғарб саъй намуд, ки забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, ибрӣ ва паҳлавиро биомӯзад. Баъд аз омӯхтани ин забонҳо боигарии маънавии онҳоро ба куллӣ аз худ намуда, ба олиме табдил ёфт, ки доир ба илмҳои ситорашиносӣ, фалсафа, математика, тиб, ҷуғрофия, маъданшиносӣ, массоҳӣ (геодезия) ва таърих на танҳо баҳсу мунозира менамояд, балки роҷеъ ба ҳар яки он асарҳои мукаммале эҷод намуд.
Баробари ин Абурайҳони Берунӣ ҳамчун як нафар зодаи сарзамини Хоразм ва тарбиятгирифтаи сулолаи гузаштагони он чунин баён доштааст: «Бо ворид шудани Сиёвуш- писари Кайковус ва салтанати Кайхусрав ва хонадони ӯ дар Хоразм таърих гузоштанд. Ва ин воқеа наваду ду сол пас аз сохтани Хоразм буд. Сипас, хоразмиён аз раъйҳои эрониён дар таърих, ки ба ҳар як зодагони Кайхусрав, ки ба «Хоразмшоҳ» маъруф мешуданд, пайравӣ карданд, то он ки Офриғ, ки аз нажоди Кайхусрав буд, ба шоҳӣ расид».
Илова бар ин, олим борҳо ба Сосониёну суғдиён мансуб будани хоразмиёнро гӯшзад менамояд. Шояд, ки ҳамин муҳаббат ва майлу рағбати таърихи бостонии халқу ватанаш ӯро бештар водор намуда бошад, ки раҳи мусофиратро пеш гирад.
Абурайҳони Берунӣ қариб понздаҳ сол азоби саргардонӣ ва ғарибӣ кашид, дар ин муддат бо шаҳрҳои мухталиф ва олимону шахсони бузурги таърихӣ шинос шуд ва баҳси сиёсию илмӣ намуд.
Аммо маҳз дар ҳамин солҳо осори муҳимтарину безаволи худро, ки хидмати ҷовидонии олим ба таърихи тамаддуни башарӣ маҳсуб мешавад, таълиф намуд.
Абурайҳони Берунӣ бармало тасаввур менамуд, ки анҷом додани асаре, ки он масъалаҳои пайдоиши солшуморӣ, ҷиҳатҳои муҳими илми ситорашиносӣ, таъсиси оину кешҳои гуногун, ошкорсозии таърихи тамаддуни ҳар сулолаву халқҳо, қисматҳои илми табиатшиносӣ, баёни хусусияти хоси ҷуғрофии ин ё он мамлакат ва афкори иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фалсафии халқҳоро дар бар гирад, кори басе душвор буда, дониши амиқи илмҳои дақиқ, таърих, мардумшиносӣ ва ҳикматро дархост менамуд. Ғайр аз ин, Берунӣ дар назди худ вазифа мегузорад, ки тамоми сарчашмаҳои ба забонҳои гуногун мавҷударо бо ахбори мутахассисони алоҳида дар якҷоягӣ санҷида, арзиши илмии онҳоро муайян намояд ва асосан бо методи танқидӣ-илмӣ, ки мо минбаъд дар эҷодиёти олим ба камол расидани чунин равияро хуб мушоҳида менамоем, мавзуи тадқиқу таҳқиқи ин асарро ҳал бикунад.
Ҷолиби диққат аст, ки барои Абурайҳони Берунӣ дар масъалаи
Баён намудани ҳақиқати таърихӣ ақидаҳои фалсафӣ, асоснокии мавзуи баҳсу тадқиқ, тафовути урфу одат, оину кеш ва мазҳабии ин ё он халқ тақрибан аҳамият надорад. Вай дар ин бобат шахсан таъкид менамояд, ки «мо тарафдорӣ аз касе накардаем ва беғаразона фикрронӣ намудаем».
Мундариҷаи «Осор-ул-боқия»-ро масъалаҳои баҳси олимони Машриқзамин оид ба пайдоиши олам, ҳаёт, нуқтаи назари пурихтилофи халқҳои гуногун нисбат ба воқеаҳои бузурги таърихӣ, воқеоти одӣ ва ғайриодии табиӣ, сабабу тарзҳои пайдоиши оину кешҳо, мояи пайдоиш ва шакл гирифтани тақвими ҳиндуён, руму яҳудиён, тоҷику форс, арабу қибтиён ташкил додаанд. Маҳз ҳамин асар нишон медиҳад, ки доираи дониши Абурайҳони Берунӣ бениҳоят васеъ буда, на танҳо доир ба таърихи пайдоиши маданияти ин ё он халқ маълумот медиҳад, балки ба он таҳаввулоте, ки дар соҳаҳои ҳаёти маданӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо бо мурури замон ба амал омадаанд, назар меафканад. Аз ин ҷост, ки имрӯз, яъне пас аз 1023 сол маҳз «Осор-ул-боқия»-и Берунӣ барои тоҷикону форсҳо, ҳиндуёну яҳудиён, арабону румиён ва ғайра яке аз манбаъҳои гаронбаҳот баҳри омӯхтани андешаҳои гузаштагон ва муайян намудани ҳиссаи ҳар яке аз он халқҳо, ки бар такомули афкори илмӣ, фалсафии инсоният гузоштаанд, мебошад.
Моҳияти дигари ин асари донишманд иборат аз он аст, ки муаллиф сарчашмаҳои то давраи ӯ мавҷуда, асарҳои илмӣ-тадқиқотии давр, ҳуҷҷатҳоеро, ки аз мушоҳидаҳои одамон нақл ёфтаанд, ба таври васеъ истифода бурдааст. Дар натиҷа «Осор-ул-боқия»-ро метавон маҷмуи таҳлили илмии асарҳои тадқиқотии давр ва инчунин то давраи Абурайҳони Берунӣ ҳисоб намуд.
Бинобар ин, «Осор-ул-боқия»-ро на танҳо чун асари муътабари гоҳшуморӣ, балки ба қатори беҳтарин асарҳои нодири таърихӣ гузоштан раво аст, зеро ки дар он оид ба Сабииён, Ҳаррониён, Калдониён, Пешдодиён, Сосониён ва гузашта аз ин дар бораи Искандари Зулқарнайн, Монӣ, Зардушт, Ибни Муқаннаъ, муборизаҳои намояндагони дину мазҳабҳои гуногун ва ғайра маълумоти пурқимат оварда шудааст.
Абурайҳони Берунӣ ҳамчунин устоди забардасти забони тоҷикӣ аст. Ӯ дар баробари забони модарияш ҳамчунин аз лаҳҷаву гӯишҳои мухталифи ин забон хуб огоҳ буд. Шаҳодати возеҳи он «Китоб-ус-сайдана фӣ тиб(б)» аст, ки дар он рустаниву маъдану доруҳоро ба забонҳои хоразмию суғдию тахорӣ ва гӯйишҳои гуногуни забони модарии мо, аз ҷумла бухороӣ, самарқандӣ, систонӣ (сиҷзӣ), балхӣ, нишопурӣ, тирмизӣ, бустӣ, зобулӣ, хутталӣ (хатлонӣ) ва ғ. ном мебарад.
Аммо беҳтарин намунаи устодии ӯ дар таълифи осор ба забони модарии мо «Китоб-ут-тафҳим» аст. Ин китоб ягона асари Берунӣ аст, ки нахуст ба тоҷикӣ навишта шуда, баъдан муаллиф онро айнан ба арабӣ гардонидааст. Берунӣ дар ин китоб дар баробари истилоҳоти арабии илмҳои машҳури замонаш: ҳандасаву шумору нуҷуму ҷуғрофияву ғайра муодили тоҷикӣ сохтаву баргузида, дар ҳақиқати ҳол кори бузургу шоистаи таҳсине анҷом додааст, ки чунин иқдом дар таърихи ташаккули забони модарии мо ба сифати забони илм беназиру бесобиқа аст.
Омӯзиш ва таҳқиқи осори Берунӣ бори аввал дар байни солҳои 1876-1878 бо нашри «Осор-ул боқия» дар асоси чор нусхаи дастхатӣ дар Лейпсиг сар мешавад. Эдуард Захав баъдтар, соли 1879 бо кумаки ду муҳандис асарро ба забони англисӣ тарҷума кард ва бо ҳамин доираи паҳншавии «Осор-ул-боқия»-ро дар байни донишмандону мухлисони илм васеъ намуд. Дар соли 1923 ба муносибати дастрас шудани дастхатҳои нав бо такмилу тасҳеҳи матни арабии «Осор-ул-боқия» китоби Эдуард Захав аз нав нашр шуд.
Мутарҷим ва донишманди маъруфи Эрон Акбари Доносиришт соли 1943 барои дастраси хонандагони форсизабон намудан «Осор-ул-боқия»-ро ба забони форсӣ тарҷума намуд, ки ин дар илм хидмати фавқулодаи бузурге маҳсуб мебошад. Шарқшиноси маъруф Михаил Салйе соли 1957 дар ин асос асарро ба забони русӣ тарҷума намуд.
Солҳои 1970 ва 1980 олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон аз осори Берунӣ «Китоб-ут-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-ро ба чоп тайёр намуданд. Дар вақти ба табъ ҳозир намудан лозим омад, ки аввалан то андозае барои ба фаҳми хонандагони тоҷик наздик намудани матни тарҷумаи форсии «Осор-ул-боқия» калимаву ибора ва баъзе истилоҳот мувофиқи талаботи забони тоҷикӣ андаке дигар ислоҳ шаванд.
Ба муносибати 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон «Китоб-ут-тафҳим»-ро бо муқаддимаи муфассал, шарҳи луғоту истилоҳот ва тавзеҳот зери назари инҷониб тавассути нашриёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Дониш» (2022) ба нашр расонд. Ҳамчунин ба ин муносибат Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба таҳия ва нашри осори мутафаккир пардохт. Зимни ин барнома «Осор-ул-боқия» дубора дар муқоиса бо нусхаҳои дастрас таҳия ва нашри факсимилии «Китоб-ут-тафҳим» анҷом дода шуд.
Инчунин Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва муассисаҳои пажуҳишии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чандин монография ва рисолаҳои донишмандони тоҷикро роҷеъ ба осор ва аҳволи Абурайҳони Бурунӣ ва замони ӯ нашр намуданд, ки ду асари узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон «Аллома Абурайҳони Берунӣ» (2023) ва «Берунинома» (2023) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Инчунин асари академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов «Абӯрайҳони Берунӣ-донишманди доиратулмаориф» низ ба ин муносибат аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нашр расид ва тавсия мешавад, ки дӯстдорони илму адабу фарҳангу таърихи миллат аз онҳо баҳравар гарданд.
Фарҳод Раҳимӣ,
Президенти Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон
Бознашр аз АМИТ “Ховар”