Ҳуччатхое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд
(барои шахсони ҳуқуқӣ)
Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
1. Ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешавад:
2. Ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк;
3. Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва муҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад;
4. Нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
5. Нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
6. Асосноккунии техникию иқтисодии, мактуби тавзеҳотӣ, нақшаи ташкили алоқа;
7. Ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад 500 сомонӣ ба буҷети Ҷумҳури дар расиди бонкӣ рамзи Хадамоти алоқа дарҷ карда мешавад № 78;
8. Маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома;
9. Рузи додани ариза ва имзои довталаб.
Формаи заявкаҳо
Ҳисоботи пайвасткунии муштариён ва гузаронидани маблағ
Дастурамали пур кардани ҳисобот
Шаклҳои 2.1. – 212