Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Хонаи навовариҳои технологии Эрон шинос шуданд
Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Хонаи навовариҳои технологии Эрон дар шаҳри Теҳрон шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки Хонаи навовариҳои технологии Эрон марказе аст, ки дар он навтарин дастоварду ихтирооти илмӣ ва нанотехнологии Эрон дар соҳаҳои гуногуни саноат, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, вояҳои чорво ва паранда, доруҳои растанӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шудааст.
Таъкид гардид, ки ин ниҳод таҳти сарпарастии ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён фаъолият менамояд.
Хонаи навовариҳои технологии Эрон бо мақсади васеъ намудани содироти маҳсулоти илмӣ ва рушди ҳамкории муштараки илмию техникии байни Эрон ва кишварҳои хориҷӣ бо ниҳодҳои давлативу илмии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҳамин ҷо бо мақсади рушди ҳамкории илмию техникӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ва пешбурди муносибатҳо дар соҳаи технологияҳо ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Маркази инноватсионию технологии Тоҷикистон ва Эрон доир гардид.
Ба Ёддошти тафоҳум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён Руҳулло Деҳқонии Фирӯзободӣ имзо гузоштанд.