Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои сокинони ноҳияи Дарвоз дар Маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи сайëҳию истироҳатии “Чорчаман” аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони ноҳияи Дарвоз дидан намуданд.
Дар растаҳои алоҳида маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Дарвоз, аз қабили калсит ва маводи аз он истеҳсолшаванда, санги мармар, маҳсулоти пластикӣ, бомпӯш, рангҳои ороишӣ, маҳсулоти қаннодӣ, ордӣ ва меваю сабзавоти хушки бо сифати баланд ва замонавӣ бандубастшуда, обҳои ташнашикан армуғонҳо ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти дар ноҳияи Дарвоз истеҳсолшаванда, аз ҷумла ба тарзи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалӣ банду баст шудани меваю сабзавот баҳои баланд дода, барои тарғиби бештари намудҳои гуногуни ин номгӯи маҳсулот ба масъулон дастури мушахас доданд.
Ба дарназардошти фаровонии гулу гиëҳ дар куҳсори минтақа соҳибкорони ватандӯст дар Парки инноватсионию технологии ноҳияи Дарвоз корхонаи “Гулоба” ташкил намуда, истеҳсоли атриëтро ба роҳ мондаанд, ки дар намоишгоҳ номгӯи зиëди маҳсулоти он муаррифӣ карда шуд. Ин таҷриба, яъне истеҳсоли маҳсулоти атторӣ дар кишвар бори аввал ба роҳ монда мешавад.
Занбуриасалпарварӣ дар ноҳияи Дарвоз аз шуғли асосии сокинон маҳсуб меëбад. Асали табииро бо усули махсус ва сифатнок бандубаст намудаанд, ки таваҷҷуҳи харидорро дар бозор ба худ ҷалб менамояд.
Дар ноҳияи Дарвоз ба ин самт аҳамияти хоса зоҳир намуда, асалро дар бастаҳои диққатҷалбкунанда пешкиши харидор менамоянд.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди парвариш ва истеҳсоли моҳии сурх, ки оянда дар ноҳияи Дарвоз ва дигар минтақаҳои мувофиқ ба роҳ монда мешавад, муаррифӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки парвариши моҳии сурх дар Осиëи Марказӣ ҳанӯз роҳандозӣ нашудааст ва ин нақша бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз технологияи нав амалӣ мешавад.
Моҳии сурх асосан дар баҳр сукунат мекунад. Мутахассисон бо пайдо намудани роҳҳои нав парвариш ëфтани онро дар Тоҷикистон имконпазир донистаанд.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ маҳсулоти коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хоса қолинбофӣ ба намоиш гузошта шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари дастии занону духтарони ноҳияи Дарвоз мароқ зоҳир намуда, ҷалби бештари ҷавондухтаронро ба омӯзишӣ ҳунарҳои мардумӣ муҳим шумориданд.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин бозëфтҳои таърихӣ, аз ҷумла лавозимоти рӯзгор, ки аз ҳудуди шаҳраки Дарвози қадима — қалъаи Карон пайдо гардидаанд, ба маъраз гузошта шуд.
Маҷмааи сайëҳию истироҳатии “Чорчаман” дар Тоҷикистон аз ҷойҳои писандидаи сайëҳони дохилию хориҷӣ маҳсуб меëбад.
Табиати рангин, гулу дарахтони зебо ва шаршараю дарëи пуртуғëни ин мавзеъ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои сокинони шарафманди ноҳияи Дарвозро назаррас арзëбӣ карда, истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои табиии мавҷударо амри муҳим шумурданд.