Иштироки Илҳомҷон Атоев дар Ҷаласаи сеюми вазирони Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ оид ба ТИК дар Теҳрон
Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи сеюми вазирони Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ оид ба ТИК, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ширкат намуд.
Ин Ҷаласа аз санаи 12.07.2023 оғоз шуда, имрӯз ба кори худ хотима бахшид. Дар ин Ҷаласа ҳамкориҳои минтақавии мавҷуда дар арсаи марбут ба ТИК ва мусоидат ба фаъолиятҳоb минбаъда дар оянда баррасӣ гардид.
Дар нишаст вазирон ва раисони ҳайатҳо татбиқи «Стратегияи минтақавии ТҲИ (ECO) барои тавсеаи ҷомеа ииттилоотӣ то соли 2025»-ро, ки аз ҳадафҳои меҳаврии ин созмон ба шумор меравад, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки яке аз аҳдофи баргузории ин нишаст расидан ба роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба байни кишварҳои узв мебошад.
Дар поёни Ҷаласаи сеюми Вазирони Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ (ТХИ) оид ба ТИК Эъломияи Теҳрон аз чониби хайатхои кишвархои узв қабул гардид. Дар доираи эъломияи қабулкардаи ҳайатҳои кишварҳои узв оид ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи ТИК ҳамчун санги асос барои рушди устувори иқтисодӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ 52 сол пеш бо ҳамкории се кишвар: Эрон, Туркия ва Покистон ташкил шудааст. Дар ҳоли ҳозир 10 кишвар узви Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ ҳастанд ва кишварҳои Покистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон узви муштараки Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай мебошанд.