Баргузории  конфронси минтақавӣ дар Хоруғ доир ба ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот 

Ахбороти технологияҳо Навид

Баргузории  конфронси минтақавӣ дар Хоруғ доир ба ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот

Дар маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ Конфронси минтақавӣ таҳти унвони «Ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид, ки зимни он масъалаи марбут ба иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Тавре мухбири минтақавиии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конфронс иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкили инфрасохтори соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд таҳким ёфта, шароити мусоид дар ин самт ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонда шудааст.

Ҳамзамон таззакур дода шуд, ки пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҷомеа моро водор месозад, ки дар таъмини амнияти иттилоотӣ корҳои муассирро дар самти корбарӣ муайян намуда, тақвият бахшем.

Иштирокдорон фаъолияти низоми махфӣ дар асоси дастурамалҳои мансабӣ ва низомнома дар идораву муассиаҳо ва воҳидҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳрро муҳим маънидод намуда, ташкили ҳар чи бештари омӯзишҳои соҳавӣ барои масъулини мақоми низоми махфиро зарур шумориданд.

Дар ҷараёни конфронс вобаста ба масъалаи рушди минбаъдаи соҳа дар шароити босуръати илму техника ва технологияҳои муосир, роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, чораҳои пешгирии паҳншавии иттилоот ҳангоми тадбиқи ҳукумати электронӣ, ҷанбаҳои илмии ҳифзи иттилоот дар замони муосир ва дигар мушкилоти ҳалталаби соҳа баррасӣ гардида, баҳри дарёфти роҳҳои афзалиятнок пешниҳодҳои судманд баён гардиданд.