АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ ШАХС ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Ахбороти технологияҳо Навид ТИК

АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ ШАХС ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

 

Амнияти иттилоотии шахс дар Интернет ин ҳолат ва ҳузури шахс дар фазои иттилоотӣ, истифодаи сомонаҳои гуногун ва мессенҷерҳое мебошад, ки дар доираи он ҳуқуқу озодиҳои мо амалӣ мегарданд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо имкон медиҳад, ки озодона муошират кунем ва мубодилаи иттилоот намоем.

Мисолҳои зиёде мавҷуданд, ки иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳадафҳои мусбат дастраси шахсони сеюм мегардад, аз қабили кӯмак ба хадамоти махсус, ҷустуҷӯи шахсони гумшуда бо истифода аз захираҳои интернетӣ барои ташкили кори волонтёрон ва ғайра. Мутаассифона, бо назардошти он ки худи корбарон маълумоти зиёди шахсиро дар сомона барои пур кардани саҳифаҳои хусусӣ ва ҷузвдони шабакаҳои иҷтимоӣ дар мағозаҳои интернетӣ ва истифодаи маълумоте, ки ҳангоми таҳлили чунин маълумот ба даст омадааст, мегузоранд ва ин метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Дар бораи ҷамъоварӣ, коркард ва ба шахсони сеюм интиқол додани маълумоти шахсӣ дар хусуси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сухан ронда, мо метавонем шабакаи маъруфи “ВКонтакте”-ро мисол биёрем. Дар натиҷа маълум мешавад, ки ин шабакаи иҷтимоӣ ба ҷуз аз меъёрҳо ва хусусиятҳои худ маълумотҳои дигарро дар бораи корбарон, аз қабили:

  • мавқеи ҷойгиршавии қаблии дастгоҳи мобилӣ;
  • хусусиятҳои наздиктарин нуқтаҳои дастрасии Интернет;
  • тамоми амалҳое, ки дар дастгоҳои мобилӣ анҷом дода мешаванд;
  • тамоми маълумот дар бораи худи дастгоҳ, аз ҷумла маълумот дар бораи симкорт.

Албатта, дар шартномаи корбар (қоидаҳои истифода) гуфта мешавад, ки сомонаи иҷтимоии “ВКонтакте” маълумотро интиқол медиҳад, аммо бидуни нишон додани шахсони сеюм: “Маъмурияти сомона ҳуқуқ доранд, ки маълумоти пешниҳодкардаи корбар, аз ҷумла маълумоти шахсиро истифода барад”.

Имрӯзҳо гуруҳҳои зиёди ифротие мавҷуданд, ки тавассути сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шуури инсонҳо таъсир манфи расонида одамонро ба шуриш ба майдонҳои ҷангҳои муосир ва ҷалб намудан ба гуруҳои ифротӣ талқин мекунанд. Дар гузашта ин амалҳоро агар таассути гурруҳои махсус ва равияву мазҳабҳо анҷом медоданд ҳоло бошад, ифротиён ин амалҳоро бо истифода аз имкониятҳои васеи технологияҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои интернетӣ роҳандозӣ менамоянд, зеро тамоми маълумот дар бораи одамон дар саҳифаҳои интернетии худи онҳо дастрас мебошанд. Одамон доимо дар шабакаҳои иҷтимоӣ муошират намуда дар бораи худ маълумоти зиёде нашр мекунанд ва ба ин васила маълумоти шахсии худро дастраси умум мегардонанд. Муайян кардан хеле осон аст, ки одамон ба чӣ кор машғуланд, дар бораи чӣ фикр мекунад, чӣ мушкилот доранд. Масалан, бозии хеле ҳаяҷонбахш (Кити кабуд), ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди, сомонаи иҷтимоии “ВКонтакте” хело паҳн гардидааст. Аксар вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ кӯдакон ва наврасон ба бозӣ ҷалб карда мешаванд, зеро шуури онҳо бештар осебпазир аст. Ба ин монанд дигар гуруҳҳо хело зиёдан, ки ба шуури одамон бо ҳадафҳои ғаразнок таъсир мерасонанд. Аз ин ҷиҳат хело эҳтиёткор бояд буд. Ҳар гуна маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда барои соҳиби чунин маълумот хатари бузург дорад. Маълумотҳои бардуруғ ва молҳои ғайриқонуниро дар шабакҳое ба монанди “Darknet” (Интернети торик) хело осон пайдо намудан. “Darknet” (Интернети торик) ин ҷузъи шабакаи Интернет буда, маълумотҳое, ки аз инҷо пайдо менамоед аз сомонаҳое, ки фаъолияти қонунӣ доранд пайдо карда наметавонед. Дар Интернети торик фурӯши ғайриқонунии маводи мухадир, силоҳ, одамон ва дигар ҷиноятҳоро дидан мумкин аст. Барои давлат назорати Интернети торик хело душвор аст, зеро доменҳои сомонаҳо метавонанд ҳар рӯз тағйир ёбанд. Дар Интернети торик ҳама гуна доду гирифт тавассути криптовалюта сурат мегирад, зеро онҳо ба харидор ва фурӯшанда бе ошкор намудани ном сурат мегирад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.11.2014 сол, № 1164 “Дар бораи иттилоот” истифодаи Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, мақсад, вазифа, принсип, субъект ва объектҳои муносибатҳои иттилоотиро ба танзим дароварда, сиёсати давлатии иттилоотиро дар ҷомеа муқарар менамояд. Гап сари он аст, ки ба ин васила дигар боздид аз сомонаҳои мамнуъ ғайриимкон хоҳад буд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф аз татбиқ намудани қонунҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳн кардани маводи ифротгароёна ва дигар маълумоти мамнӯъ пешбинӣ гардидааст.

Васоити ахбори оммаи иҷтимоӣ як роҳи тамос бо дӯстон ва оила аст, аммо он метавонад барои мақсадҳои ғаразнок истифода шавад. Аз ин рӯ, мо бояд нисбат ба худ бештар бодиққат ва масъулият бошед, то аз зарурати паҳн кардани маълумоти шахсӣ огоҳ бошем. Бояд қайд кард, ки баъзе қоидаҳое, ки имкон медиҳанд, ба ёд орем ҳаётро то ҳадди имкон бехатар созад:

1. Рамз. Дар бораи рамзе фикр кунем, ки то ҳадди имкон мураккаб ва дароз бошад. Дар навиштани рамзи худ эҷодкор бошем: зодрӯзи худ, номи ҳайвонот ва ғайраро ҳамчун рамз истифода набарем. Сарлавҳаи шеър, санаи рӯйдодҳои таърихӣ ва ғайраро истифода барем. Ба рамзи худ аломатҳо, ҳарфҳои алифбои забонҳои бегона ва рақамҳо илова кунем. Барои ҳар як шабакаи иҷтимоӣ рамзи шахсии худро фикр кунем, ҳамин тавр амнияти мо ва саҳифаҳои мо таъмин мегардад.

2. Маълумоти камтари шахсӣ. Дар сафҳаи интернетии худ то ҳадди имкон камтар дар бораи худ, сафарҳо, рақамҳои телефон ва ғайра камтар маълумот ворид намоем.

3. Сурат. Пеш аз интишори акс ба ҳар як ҷузъиёт бодиққат назар кунем: намуди зоҳирии худ, гирду атроф, одамони гирду атроф ва ғайра.

4. Махфият. Имконоти махфиятро танзим кунем. Одамоне, ки мо намешиносем, набояд маълумоти муҳимми дар саҳифаи мо ҷойгир бударо бубинанд.

5. Браузерҳои бехатар. Танҳо аз сарчашмаҳои боэътимод истифода барем ва браузерҳои боэътимод ва насб намудани барномаи зидивирусиро фаромӯш накунем. Ҳамчунин, ба шабакаи иҷтимоӣ тавассути истинодҳои тасодуфӣ аз Интернет ворид нашавем.

6. Ҳеҷ гоҳ истинодҳои ношиносро пахш накунем аз ҷониби одамоне, ки мо намешиносед, фиристода шудаанд.

7. Санҷиши барномаҳо. Пеш аз насб кардани барнома, бодиққат дар бораи он ва бехатарии он маълумот гирем.

8. Ҳангоми муошират бо дӯстон дар шабакаҳо эҳтиёт шавем. Саҳифаҳои онҳоро ҳакерҳо мумкин аст рахна кунанд. Ба ҳар як паёми шубҳанок аз дустатон фавран ҷавоб диҳем.

9. Вохӯрӣ. Ҳангоми интихоби дӯстон эҳтиёт шавем. Агар шахси ношинос ба мо илова карда шавад ё паём фиристад, бодиққат фикр кунем, ки оё ба ӯ ҷавоб диҳем.

10. Барои ба даст овардани барномаҳои дуздӣ аз сомонаҳои мубодилаи файл истифода набарем, зеро ба ҷои онҳо метавонад вирус бошад.

11. WiFi. Ҳангоми истифодаи Wi-Fi эҳтиёт шавем. Одатан, қариб ҳар як шахс, вақте ки нуқтаи дастрасии ройгон пайдо мекунад, фавран ба он пайваст мешавад ва ин метавонад моро дар хатар гузорад.

Ҳамин тавр, амнияти ҳар як шахс дар шабакаҳои интернетӣ аз фарҳанги иттилоотӣ ва ҳуқуқии ӯ ҷиҳати истифодаи самаранок ва оқилонаи интернет ва сомонаҳои интернетӣ ба ҳисоб меравад. Бе мақсад ва бе низоми ҳангоми истифода ва сайр дар сомонаҳои иҷтимоӣ метавонад ба паёмадҳои ногувор оварда расонад. Ҳар як шахсро зарур аст, ки пеш аз ҳама шинохти иттилоотӣ дошта бошад ва ҳангоми бархурд бо иттилооти гуногун дар сомонаҳои инернетӣ мавқеи худро дар ин ҷараён муайян созад ва ҳолати ҷойдоштаро ба таври мусбӣ баҳогузорӣ карда тавонад.