Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон «Маркази коркарди маълумот» ифтитоҳ ёфт
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон «Маркази коркарди маълумот» ифтитоҳ ёфт Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маркази коркарди маълумот» таъсис ёфт. Мақсади ташкили ин Марказ идоракунии ҷараёни иттилоот ва таҳлили маълумот мебошад. Инчунин он вокуниши саривақтиро ба тағйироти вазъ таъмин намуда, имкон медиҳад, ки барои пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ тадбирҳои самаранок андешида шавад. […]