Зимистонгузаронӣ. Насби дизел-генератор ва аккумуляторҳо – василаи алтернативӣ ва эҳтиётии таъмини доимии алоқаи барқӣ
Бо назардошти пеш омадани як зумра мушилоте, ки дар тирамоҳу зимистони солҳои гузашта дар таъмини доимии алоқаи барқӣ дар гӯшаву канори мамлакат ба миён омад, Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторони мобилӣ тасими гирифтанд, ки роҳҳои алтернативӣ ва эҳтиётии таъмини истгоҳҳои базавии алоқаро бо барқ тақвият бахшанд.
Баҳри фаъолияти истгоҳҳои базавӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз тарафи ширкатҳои алоқаи барқӣ оид ба харидорӣ намудани дизел-генератор ва аккумуляторҳо ва насби онҳо шартномаҳо ба имзо расонида буданд.
Дар натиҷа аз таърихи 1 июли соли равон ҶДММ “Индиго Тоҷикистон” 545 адад дизел-генератор ва аккумуляторҳоро ворид сохта насбу роҳандозии 500 адади онҳоро амалӣ намудааст. Аз тарафи ҶСП “ТТ Мобайл” 332 маҷмуъ аккумуляторҳо ворид карда шуда 168 адад истгоҳҳои базавӣ таъмин карда шуданд. Аз тарафи ҶДММ “Таком” 90 маҷмуъ аккумуляторҳо ворид карда шуда 50 адад сайтҳо бо аккумуляторҳо таъмин карда шуданд, корҳо дар ин самт ба пуррагӣ ба анҷом расонида шуданд. ҶСП “Вавилон М” 130 адад аккумуляторҳоро ворид сохта дар 90 сайтҳо насб ва роҳандозӣ намудааст.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе 76 адад сайтҳо мавҷуданд, ки ҳамаи онҳо 100% таъмин карда шуданд.
Бо наздик шудани фасли сармо корҳои техникӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ аз ҷониби ҳама операторони мобилӣ шиддат ёфта, харидорӣ ва насби дизел-генератор ва аккумуляторҳои бештар амалӣ мешавад. Қобили зикр аст, ки ин гуна чораҳо зина ба зина идома меёбад. Дар ин зимн айни замон таваҷҷуҳи асосӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда, насбу роҳандозии истгоҳҳои базавӣ, аккумуляторҳо, ворид сохтан ва таъмири дизел-генераторҳо бо суръат идома дорад.
Ин чораҳо дар шароити хос, монанди садамаҳо, офатҳои табиӣ ва боришоти аз меъёр зиёд, ки умдатан дар фасли зимистон ба вуҷуд меоянд, муассир мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки кулли истгоҳҳои базавии алоқа дар ҷумҳурӣ ба воситаи зеристгоҳҳои барқии кишвар бо неруи барқ таъмин мешаванд. Бинобар ин, Хадамоти алоқа ва операторони алоқаи барқӣ ҳамкории худро бо ҶСК “Барқи Тоҷик” бо мақсади омода намудани системаҳои барқрасон ба фаслҳои тирамоҳу зимистон идома медиҳанд.