ZET-MOBILE ДАР АВВАЛИН БИЗНЕС-ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “РОСТ” АЛОҚАИ УСТУВОР ПЕШНИҲОД КАРД

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои Хадамот

ZETMOBILE ДАР АВВАЛИН БИЗНЕС-ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “РОСТ” АЛОҚАИ УСТУВОР ПЕШНИҲОД КАРД

Ширкати миллии мобилии ZET-MOBILE ба ҳайси шарики бизнес-форуми байналмилалии «РОСТ», ки дар шаҳри Гулистон баргузор гардид, баромад кард.

Ширкат макони баргузории чорабиниро бо интернети баландсуръат таъмин намуда, 2 минтақаи Wi-Fi ташкил намуд. Суръати миёна дар шабакаи 4G 50 Мбит/с-ро ташкил дод. Меҳмонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогҳо лаҳзаҳои барҷастаи ин чорабиниро онлайн пахш карда, аксу наворҳоро тавассути паёмрасонҳо фиристоданд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин ҳамоиш зиёда аз 300 нафар ширкат доштанд. Мавзуи асосии чорабинӣ «Сармояи инсонӣ ҳамчун манбаи рушди ширкат ва ташкилот» буд. Ҳадафҳои асосии форум таъсиси як платформаи доимии бисёрформати мубодилаи афкор ва таҷрибаҳо, омӯхтан ва ҷустуҷӯи ғояҳои нав буд. Дар ҳайати баромадкунандагон роҳбарон, коршиносони ширкатҳо ва сохторҳои тиҷоратии Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, ки ба соҳаҳои гуногуни фаъолият машғуланд, шомил буданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ майдонҳои мубоҳисавӣ оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ ва самтҳои рушди соҳибкорӣ, мусоҳибаҳои самимӣ бо иштирокчиён, қиссаҳои пасту баландиҳо, инчунин робита бо соҳибкорони фаъол ва муваффақи Осиёи Марказӣ ва Русия ташкил карда шуданд.

Аз номи ширкат ба иштирокчиёни фаъоли форуми тиҷорӣ рақамҳои тилло тӯҳфа карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ҷанбаи муҳими кори ZET-MOBILE на танҳо пешниҳоди хадамоти боэътимоди алоқа, балки, дар маҷмуъ, дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ширкат форумҳо ва чорабиниҳои гуногунро фаъолона дастгирӣ мекунад, ки дар онҳо намояндагони бахши тиҷорат метавонанд мубодилаи таҷриба намуда, шарикони нав пайдо кунанд ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Чорабиниҳои ZET-MOBILE на танҳо рӯйдодҳо, балки платформаи вохӯрӣ ва табодули афкор мебошанд. Ширкат саъй мекунад фазоеро ба вуҷуд орад, ки дар он ҷомеаи соҳибкорӣ тавонанд роҳҳои ҳалли муштаракро ҷустуҷӯ кунанд, масъалаҳои муҳимро муҳокима ва имкониятҳои рушдро пайдо намоянд.

Ёдовар мешавем, ки фаъолиятҳои мунтазами иҷтимоӣ, ки арзишҳои ширкатро инъикос мекунанд, ҳамзамон як қисми стратегияи корпоративии ZET-MOBILE мебошанд. Дар тӯли 4 сол оператор лоиҳаҳоро дар соҳаҳои маориф, тиҷорат, сайёҳӣ, варзиш ва фарҳанг фаъолона дастгирӣ мекунад.