Зеҳн, тафаккур ва роботҳо: аз табиӣ то сунъӣ
Фикр мекунам, айни замон маҳдудиятҳо барои рушди беназорати зеҳни сунъӣ зиёданд. Дар навбати аввал маҳдудаҳо дар самти қонунгузорӣ, яъне санаду меъёрҳои соҳавӣ хеле зиёданд. Инҳо ҳам ҷанбаи этикию ахлоқӣ ва ҳам нигаронии ҷомеа ва ҳар як инсонро дар алоҳидагӣ барои ояндаи хеш дар бар мегиранд. Чун ин ҳолати табиии ҷомеа маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон, аз нуқтаи назари техникӣ низ таъмини рушди босуръати он саҳлу осон нест. Таърихи беш аз ҳафтодсолаи рушди зеҳни сунъӣ собит менамояд, татбиқи нақшаҳои он дар амал хеле мушкил аст. Агар ба ёд биёрем, поягузорони ин раванд, ҳанӯз 70 сол муқаддам мушт бар сари сина зада, мегуфтанд, ки дар давоми як-ду моҳ мо метавонем фаъолияти мағзи сари инсонро ба кулли аз бар намоем. Тавре мебинем, ин ду моҳ ба 70 сол тӯл кашид ва то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадаст.
Албатта, кашфи дастгоҳе, ки тавонад масъалагузорӣ кунаду дар асоси қонуниятҳои илмӣ ҷанбаҳои ниҳонии ин ё он масъаларо дарёбад, ба қавли дигар бо роҳҳои гуногуни таҷриба ва муқоисаҳо, ҷамъоварии маълумот ва ғайра фаъолият намояд, имконпазир аст. Чун гипотеза ё худ фарзияи якум он аст, ки кулли маълумоте, ки ба узвҳои ҳиссии мо ворид мешаванд, яъне дар шакле, ки мо дар зиндагӣ эҳсос мекунем, хоҳ нохоҳ дар нейронҳои системаи асаби мо нақш мебанданд ва аз нейрон ба нейрон мегузаранд.
Ҳамзамон, дар баробари ана ҳамин гузариш ё худ интиқол дар дохили сари мо муҳити идроки ҳама ҳолатҳои қабули иттилоъ ба вуҷуд меояд, ки онро таъсири феноменологӣ меномем. Масалан, эҳсосот ё худ идроке, ки мо бо дидани ранги сурх сурхии онро дарку эҳсос мекунем.
Роман Душкин
таҳиягари системаҳои зеҳни сунъӣ