Заминаҳои таърихии ба даст омадани Истиқлолият

Навид

Заминаҳои таърихии ба даст омадани истиқлолият

 

Тоҷикон таърихи бою куҳан доранд. Ҳануз дар асрҳои IX – VII давлатхои Суғду Бохтар, Порту Марғиёна ва Хоразми Бузургро созмон дода, дар рушди тамаддуни башар ҳиссагузорӣ кардаанд. Дар масири таърих борҳо тавассути ҳамлаҳои давлатҳои абарқудрат истиқлолияти худро аз даст дода, боз соҳиби давлату шаҳомат гаштаанд.

Ҳамлаҳои Ҳахоманишиҳо, Искандари Макдунӣ, Сосониён, арабҳо, салҷуқиёну ғазнавиҳо, қарохониҳо, чингизиён боиси давра ба давра аз байн рафтани давлатҳои куҳан, сарзаминҳои бобоӣ ва ба сарзамини камзамин табдил ёфтани мулки тоҷикон гардид. Ҳамеша ҳисси истиқлолиятхоҳи озодидусти ниёгонамонро ба корнамоиҳою шуҷоатмандӣ даъват мекард. Мисоли он баъди тасарруфи арабҳо хонадонҳои маъруфи ибтидои садаи нуҳум Тоҳириён, Саффориён, Сомониён муваффақ гаштанд, ки ба давлату маданияти милли эҳё бахшанд. Абадмардони миллат чун Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ тавонистанд аз ҳайати хилофати араб бурун гашта, давлати муттамаркази соҳибихтиёру миллии тоҷиконро асос гузоранд. Ки маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқияти тоҷик ва тамоми унсурҳои он марзи ягона, забони адабии тоҷикӣ, маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Бехуда нест, ки олимон ин давраи таърихӣ халқи моро – давраи тиллои меноманд. Дар ин давра илму фарҳанги мо бисёр нобиғаҳои нотакрорро чун Абунасри Форобӣ, Абуали Сино, Берунӣ, Ал Хоразмӣ, Рӯдакию Фирдавсиро ба тамаддуни башар пешкаш кард.

Бинобар, ин соли 1999 мо 1100 солагии таъсиси ин давлатро ҷашн гирифтем, то пояи ифтихори миллӣ,хисси хештаншиносии худро боло барем. Соли 999 давлати Сомониён зери зарбаҳои қабилаҳои турк салҷуқиёну қарохониҳо ва ғазнавиён аз байн рафт. Инони истиқлоли тоҷиконро онҳо рабуданд.

Солхои 60-80- уми асри 19 Россияи подшоҳи сарзамини Осиёи Миёнаро забт кард. Дар ин вақт ҳам мардуми мо зери зулми дутарафа буд.

Фақат соли 1924 дар натиҷаи тақсимоти миллию марзии (инро олимон таърих табартақсим ҳам меноманд) Осиёи Миёна дар харитаи сиёсии шӯравӣ аввал чун ҷумҳурии мухтор ва аз соли 1929 чун ҷумҳурии шӯравӣ арзи ҳастӣ кард. Ин зинаи аввали расидан ба истиқлолият баъди сукути давлати Сомониён буд. Лекин ин истиқлоли комил набуд.

Ин истиқлолият дар доираи қонунҳои Иттиҳоди шӯравӣ буд. Дар ҳайати ин иттиҳод ҳар як ҷумҳурии иттифоқӣ бо иҷозати давлати Шӯравӣ сиёсати дохилиро амалӣ мекард. Сиёсати хориҷӣ монополияи давлати Шӯравӣ буд. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистон дар тули мавҷудияти худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти нисбати ҳамсояҳои хориҷии худ ба комёбиҳо ноил гашт.

Дар миёнаи солхои 80-ум ба вуҷуд омадани вазъи буҳронӣ эҳсос мешуд, шартномаи иттифоқӣ аз соли 1922 амал мекард ва он вокеияти реалиро инъикос намекард. Аз солҳои 80-ум саркарда, ҷумҳуриҳои назди Балтика баъд Кавказ ва Осиёи Миёна кушиши аз ИҶШС баромадан карданд.

Дар Тоҷикистон истиқлолиятхоҳӣ аз воқеаҳои февралии соли 1990 сар шуд. Иборат аз 17 нафар «Комитети халқӣ» таъсис ёфт.

Ҳизбҳои демократӣ ва наҳзати ислом, созмонҳои «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» ташкил шуда, минбаъд ситоди «Наҷоти Ватан» ба вуҷуд омад.

Сохибистиқлоли дар Тоҷикистон хусусияти хос дошта, аз руи нақшаю барномаи муайян амалӣ нашуд.

24 –уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурӣ Эъломия кабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард, ки «Ҷумхурии ТоҶикистон давлати мустакили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Дар тамоми ИҶШС (СССР) ҷунбише барои дигаргунии сиёсӣ ба вуҷуд омад. Декабри соли 1990 анҷумани чоруми Шӯроҳо дар бораи 17 марти соли 1991 гузаронидани райъпурсии умумииттифоқӣ қарор кард. 71,3 % – и аҳоли тарафдори  нигоҳ доштани ИҶШС буд.

19 августи соли 1991 дар шаҳри Москва Комитети давлатии фавқулода таъсис ёфт. Аз 20-уми август сар карда, Эстония, Украина, Белоруссия, Озорбойҷон, Ӯзбекистон ва дигарҳо худро соҳибистиқлол эълон карданд. Ин маънои амалан аз байн рафтани ИҶШС – ро дошт. 8-уми декабри соли 1991 дар Беловежск дар бораи Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) созишнома бастанд. Cарони 11 ҷумҳуриҳо дар Алмаато ба ИДМ ворид шуданд. 25 -уми декабри соли 1991 Президенти ИҶШС М.С. Горбачёв аз вазифа даст кашид. Давлати абарқудрати Шӯравӣ аз байн рафт. Дар Тоҷикистон вазъиятии сиёсӣ муташанниҷ гашт. Ҳизбу созмонҳои нав барои ҳокимият мекушиданд.

9 сентябри соли 1991 аввалин маротиба рузи Истиқлолият қайд карда шуд. Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд. Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Пас аз нисбатан ором шудани вазъ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати вокеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ – муовини ректор оид ба

корҳои таълимии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент