Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Нахуст дар Қасри миллат меҳмонони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифданд. Сипас маросими аксбардории роҳбари кишвари мизбон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президентҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Озарбойҷон дар толори Қасри миллат сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро, ки ин навбат таҳти раёсати Тоҷикистон сурат мегирад, ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Сарвари давлат зимни суханронии худ бо хушҳоли иброз намуданд, ки Пойтахти Тоҷикистон маркази баргузории ҳамоишҳои минтақавӣ ва сатҳи байналмилалӣ гардидааст. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осиёи Марказӣ ба фазои ҳамкориҳои мутақобилан судмани кишварҳои минтақа табдил ёфта, дар ин муддат ҳамкориҳои истиқосди, сармоягузорӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ густариш ёфтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ аз вазъи зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо барои пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муоссир, мисли тероризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромилӣ таъкид намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ зикр намуданд, ки сатҳи баланди ҳамкориҳои сиёсӣ миёни кишварҳои минтақа имкон медиҳад то ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар минтақа густариши бештар пайдо кунад. Дар ин замина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар айни замон 30 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кори Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ва инчунин ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, вобаста ҳолати кунунӣ ва дурнамои самтҳои мухталифи ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ суханронӣ намуданд.