“Вавилон-Мобайл” корҳоро барои таъмини пайвасти устувории алоқа дар тамоми кишвар идома медиҳад!

Навид

“Вавилон-Мобайл” корҳоро барои таъмини пайвасти устувории алоқа дар тамоми кишвар идома медиҳад!

Бо наздик шудани мавсими зимистон, ширкати “Вавилон-Мобайл” тадбирҳои муҳимеро барои таъмини иртиботи устувор ва бетаваққуфи хизматрасонии алоқ меандешад.

Дар ҳафтаҳои охир, ширкат дар як қатор минтақаҳои муҳими ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе, кӯчаи Карамов 65, Варзоб- Харангон, Рӯдакӣ -Сарикиштӣ, Хоҷабулбулон, Ҳисор – Чептура Марказ, Заря Востока, Регар – Пахтаобод ва Ёвон – Уртакайнар, батареяҳои литий-ионӣ бо тавоноии захиравии беш аз 10 соат насб намуд.

Ин чораҳо барои устувории инфрасохтор ва таъмини фаъолияти пайвастаи шабака ҳатто дар шароити душвори иқлимӣ равона шудаанд.

Насби батареяҳои нави захиравӣ ва манбаъҳои алтернативии энергия дар истгоҳҳои асосӣ имкон медиҳад, ки муштариёни “Вавилон-Мобайл” ҳатто дар ҳолатҳои маҳдудияти таъминоти барқ дар иртибот бимонанд ва аз Интернет истифода баранд.