«Вавилон-Мобайл» барои шахсони фаъол ва нерӯманд ҷадвали нави тарофаҳоро пешниҳод мекунад!
Ширкати «Вавилон-Мобайл» бо ифтихор аз роҳандозӣ кардани ҷадвали нави тарофаҳои «Ҷавонӣ» хабар медиҳад! Ҷавонӣ – ин замонест, ки Шумо мехоҳед дар маркази рӯйдодҳо бошед, муошират кунед ва таассуроти худро мубодила кунед! Маҳз, мо ҷадвали тарофаҳои «Ҷавонӣ»-ро роҳандозӣ кардем, ки ба Шумо имкон медиҳад, ҳамеша дар тамос бошед. Тарофаҳои мазкур барои истифодабарандагони фаъол, ки ҳаёти худро бе интернет ва муошират тасаввур карда наметавонанд, беҳтарин пешниҳод аст!
Афзалиятҳои пайвастшавӣ ба ҷадвали тарофаҳои «Ҷавонӣ»:
Миқдори зиёди МЕГАБАЙТҲОИ НАСӮЗАНДА барои интихоби Шумо!
Яке аз хусусиятҳои асосии ҷадвали нави тарофаҳои «Вавилон-Мобайл» ин миқдори таъсирбахши мегабайтҳо мебошад, ки Шумо метавонед онро бо ихтиёри худ – 100 000 ё 200 000 ҳазор интихоб кунед, дар мавриди саривақт пардохт кардани ҳаққи пардохти муштарӣ онҳо НАМЕСӮЗАНД!
Ин маънои онро дорад, ки минбаъд ба Шумо лозим нест, ки трафикро сарфа кунед ё хавотир шавед, ки он дар номуносибтарин лаҳза тамом мешавад. Бо ҷадвали тарофаҳои «Ҷавонӣ» -и мо, Шумо озодона метавонед интернетро барои муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тамошои видео, кор ва вақтхушӣ истифода баред.
Интернети бемаҳдуди шабона!
Барои онҳое, ки шабҳо дар интернет вақт гузаронданро дӯст медоранд, мо як хабари хуш дорем – ИНТЕРНЕТИ БЕМАҲДУДИ ШАБОНА! Ин, қарори беҳтарин барои онҳое мебошад, ки тамошои филмҳо, силсилафилмҳои телевизионӣ ва гузаронидани видеоконфронсҳо ва ё танҳо дар Интернет шабона муошират карданро афзалтар мешуморанд. Бо интернети бемаҳдуди шабона аз «Вавилон-Мобайл», Шумо метавонед аз тамоми бартариятҳои шабака бидуни андеша кардан дар бораи маҳдудиятҳо ва хароҷоти иловагӣ ҳаловат баред.