Тоҷикистон ва Туркия дар самти илмиву пажӯҳишӣ байни ниҳодҳои тадқиқотӣ ҳамкориро густариш мебахшанд
Ӯ изҳор дошт, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст бо марказҳои зеҳнӣ ва пажуҳишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия ҳамкории илмӣ ва табодули таҷриба намояд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия Умут Аҷар дар навбати худ ба рушди робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Туркия баҳои баланд дода, таҳкими онро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.
Ӯ таъкид кард, ки Ҷумҳурии Туркия яке аз аввалинҳо шуда Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд.
Номбурда аз муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии халқҳои Тоҷикистон ва Туркия ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус бахши иқтисодиёту тиҷорат, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.
Сафир изҳор намуд, ки Сафорати Ҷумҳурии Туркия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар байни марказҳои зеҳниву таҳлилии Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои илмиву пажуҳишӣ барқарор гардад, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду давлати дӯсту ҳамфарҳанг аст.